ПАРЧАМАТ ТО АБАД БОДО ПАРАФШОН ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

Муаллиф: Холназаров Назар

Расм

         Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоте мебошад, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар қатори Нишон, Конститутсия ва Суруди миллӣ дар  Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ моҳи ноябри соли 1992 қабул гардидааст.

         Парчам танҳо аз як материали дорои се ранг иборат набуда, балки яке аз он рамзҳои муқаддасе мебошад, ки ҳастии миллат ва нишони сохибистиқлолиро инъикос намуда, яке аз пояҳои муҳими давлатдорӣ ба шумор меравад. Парчам дар ҳақиқат яке аз он муқаддасоте мебошад, ки обрӯю эътибор, озодӣ, соҳибдавлатӣ  ва мустақилияти ҳар як давлатро ҳам дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва ҳам дар замони муборизаҳо мардумро дар пояаш муттаҳид карда, онҳоро барои меҳнати софдилона, созанда ва  ободкорона савқ дода пеш мебарад. Дар замони муборизаҳову  муноқишаҳо бошад, муборизонро ба по хезонида онҳоро барои ғалаба бар душман рӯҳбаланд карда, яке аз омилҳои таъминкунандаи пирӯзӣ ба     ҳисоб меравад. Вақте, ки парчами давлатӣ дар фазо партавафшон мешавад, дили ҳар як фарди тоҷик аз эҳсоси фараҳ, ифтихор ва муҳаббат ба Ватан лабрез мегардад.

          Парчами давлатии Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз баландтарин парчамҳо ба шумор рафта, ба китоби Гиннес дохил  гардидааст ва тақрибан аз тамоми гӯшаву канори пойтахт ба назар мерасад. Парчами давлатӣ имрӯзҳо ҳамчун рамзи озодиву итиқлолият дар тамоми марказҳои ноҳияву шаҳрҳо, бисёре аз  ҷамоатҳову деҳоти алоҳидаро зеб дода, ҳамчун ҷойи муқаддас барои нишастану дам гирифтан ва фароғати мардум дар вақтҳои холигӣ аз кор хидмат карда истодааст. Ёдам меояд, ки ду соли пеш дар маросими кушодашавии иншооти ҷашнӣ дар яке аз дурдасттарин деҳаи ноҳияи Айнӣ-деҳаи Дарғ иштирок доштам. Дар ин деҳаи зебо чандин корхонаҳои истеҳсолӣ, мактабҳо, биноҳои нави маишию фароғатӣ, бемористон ва дигарҳо аз ҳисоби ашхоси ватандӯсту саховатманди деҳа сохта шуда, омодаи аз ҷониби роҳбарияти ноҳияву вилоят кушода шудан ва мавриди баҳрабардорӣ  қарор додан буданд. Дар миёни ҳамаи ин иншоотҳо дар як гӯшаи то он рӯз нообод ва он ҳам дар мавзеи даромади деҳа дар соҳили дарё боғе обод карда  ва дар васати он боғ парчамеро бо иртифои 43 метр насб карда буданд, ки хело ҳам бо ҳашамат ва зебову дилчасп ба назар мерасид. Ин парчам ҳанӯз аз 2-3 километр нарасида ба деҳа намоён мегардад. Вақте ба пояи парчам мераседу ба иртифои он назар меандозед,чунон манзарае пеш меояд, ки гӯё парчам ҳамқади кӯҳи рӯ ба рӯи деҳа -“Пешкӯҳа”, ки аз парчам дар масофаи 400-500 метр дуртар қад кашидаву тақрибан 2-2,5 км иртифо дорад, баробар бошад. Ҳоло ин ҷой барои мардуми деҳа яке аз ҷойҳои муқаддас ба шумор рафта, рӯз аз рӯз ободтару зеботар гардонида шуда, барои тарбияи ҷавонону наврасони деҳа нақши муҳим мебозад. Парчами дар боло ёдшуда аз ҷониби як нафар ватандӯсти асил, марди бо нангу ор, собиқ чӯпони колхоз Одина Одинаев сохта шуда, ба деҳа ҳусну зебогии иловагӣ зам кардааст. Падари Одина-марҳум Бобо Одинаев ҳанӯз аз 15 солагияш ба чӯпонӣ машғул гардида,38 соли умрашро ҳамчун сарчӯпон гузаронидааст. Бобо дорои одоби баланд ва меҳнатдӯст буда, дар солҳои Шуравӣ борҳо ҳамчун сарчӯпони пешқадам ба Маскав барои ширкат дар Намоишгоҳи хоҷагии халқи Шуравӣ фиристода шуда, бо унвони “Устоди чорвои Иттиҳоди Шуравӣ”, нишони “Байрақи Сурхи Меҳнат” ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардида буданд.

         Агар ба таърих назар андозем, мебинем, ки тоҷикон дар Осиёи Марказӣ, яке аз халқҳои бумӣ ва қадимии ин сарзамин ба шумор рафта, ҳанӯз аз давраҳои пеш аз ислом дорои рамзҳо ва муқаддасоте буданд, ки миёни онҳо Парчам яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст.

         Дар замони аввалин давлати тоҷикон - давлати Сомониён (асрҳои IХ ва Х), ки поягузори аввалин давлати тоҷикон ба шумор меравад, онҳо парчами рангаш сафедро ҳамчун нишони покӣ ва адолат истифода мекарданд.

         Дар асрҳои баъдӣ бошад, бо тағйир ёфтани шароити сиёсӣ, парчам низ тағйири рангу шакл карда бошад ҳам, тоҷикон ҳеҷ гоҳ рамзҳои миллии худро фаромӯш накардаанд, зеро онҳо дар қалби миллат ҷой гирифтаанд.

         Дар асри ХХ баъди таъсиси Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон (1929) ҷумҳурии мо соҳиби парчами худ гардида буд, ки шабоҳат ба парчами Иттиҳоди Шуравӣ дошт. Парчами мазкур дорои ранги сурх-рамзи инқилоб ва меҳнат буда, дар гӯшааш нишонаҳои болға, дос ва ситора ҷой дода шуда буд, ки аз ҳамбастагии коргару деҳқон хабар медод.

         Пас аз пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ, халқи тоҷик ба орзуву ормонҳои деринаи худ расид, соҳиби  давлати мустақил гардид. 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Баъди як сол, рӯзи 24 ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи 16 Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар Қасри таърихии Арбоб (Хуҷанд) баргузор шуд, Парчами давлатии Тоикистон расман қабул гардид. Ин рӯйдод дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷикон бо ранги тиллоӣ сабт гардидааст. Аз ҳамон сол инҷониб 24 ноябр ҳамчун “Рӯзи  Парчами давлатӣ” дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон ба таври тантанавӣ ҷашн гирифта мешавад.

         Парчам дар Қувваҳои Мусаллаҳ дорои мавқеи бисёр ҳам муҳим мебошад.  Дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ, Парчам ҳамчун  пости рақами 1 шинохта шуда. дорои аҳамияти бузург мебошад ва дар ин пост на ҳамаи сарбозонро нигоҳбон мегузоранд. Дар ин пост сарбозону ефрейторҳо ва сержантҳое гузошта мешаванд, ки дорои интизоми оҳанин, иродаи қавӣ буда, аз назари сиёсӣ ҳушёру  зирак мебошанд ва дар пости рақами 1 нигоҳбон буданро барои худ шараф ва ифтихори бузург медонанд.

         Парчам дар замони ҷанг дорои аҳамияти хоса мебошад.Ҷанговарон дар зери партавафшонии парчам ба ҳамла бархоста, ба душман зарбаҳои ҷонкоҳ мезананд. Дар ҳақиқат парчам дорои қувваи руҳбаландкунанда  ва ба ваҷдоваранда буда, барои расидан ба пирӯзӣ омили беҳтарин мебошад. Дар баробари ин ҳама омилҳои  беҳтарин, парчам дорои душманони зиёде низ мебошад. Дар ҷангҳои рӯ ба рӯ душман кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки байрақбардоронро аз байн бурда, парчамро аз дасташон рабояд. Ҳар қисми ҳарбие, ки парчамашро аз даст медиҳад, шарманда ва белаёқат ҳисобида шуда, командираш ё  ҳабс ва ё  парронида мешуд (дар замони ҷанг). Ҳайати шахсии қисми ҳарбии парчамгумкарда  ҳатман муталошӣ гашта ба қисмҳои ҳарбии дигар гузаронида мешуданд. Вобаста ба  шароити ҳодисаи рухдода ҷазоҳо таъйин мекарданд.

         Дар паради ҳарбии соли 1945, ки бештар ба паради Ғалаба машҳур аст, садҳо парчами қисмҳои ҳарбии немисҳоро,  ки сарбозони мо ба даст оварда буданд, ба пояи мақбараи В.И.Ленин партофта шуданд. Аз ин рӯ, дар замони ҷанги Бузурги Ватанӣ байрақбардоронро бештар аз ҳисоби ҷанговарони пурқувват ва чусту чолок таъйин намуда, боз гурӯҳеро барои ҳимояти онҳо вазифадор мекарданд. Дар Қувваҳои Мусаллаҳ боз парчамҳое мавҷуданд, ки онҳоро парчамҳои сайёр низ мегӯянд. Ин парчамҳо дар ҷаласоти ҷаъбастӣ ба қисми ҳарбие дода мешаванд, ки дар давраи омӯзишӣ ва амалӣ нишондиҳандаҳои беҳтаринро ба даст оварда бошад.

         Хулоса, Парчам яке аз унсурҳои муҳим ва муқаддасоти давлатдорӣ буда, ҳам дар замони сулҳу осоиштагӣ ва ҳам дар замони ҷанг нақши муҳиме дорад.

                            ...Зи  дурии замонаҳо расидаем,

                            Ба зери парчами ту саф кашидаем,

                                                                                  кашидаем....

“Парчамат то абад бодо парафшон Тоҷикистони азиз!”

                                     

Холназаров Назар

ходими илмии шуъбаи Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики  

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои  Осиё  ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

БОЗГАШТ