ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

Муаллиф: Махмедов Муҳаммадҷон

Расм

        Рӯзи Президент ҷашнест, ки миллатро дар атрофи арзишҳои бунёдии демократия ва ваҳдати миллӣ  муттаҳид мекунад. Ин ид  масъулияти ӯро дар назди мардум ва давлат ёдоварӣ мекунад. Дар ин рӯз дар кишвар чорабиниҳои идона, роҳпаймоиҳо, маросимҳои ҷоизасупорӣ, гирдиҳамоиҳо ва суханрониҳои коршиносон баргузор мешаванд.Ҳамчунин  чорабиниҳои сатҳи  давлатӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо  намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок мекунанд. Барои шаҳрвандони кишвари мо  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-  рӯзи ёд кардани арзишҳои демократӣ, масъулият ва аҳамияти ҳокимияти олии давлатӣ маҳсуб меёбад. Дар баъзе кишварҳо, ин ид инчунин ҳамчун  рӯзи имконияти изҳори ватандӯстӣ ва ифтихор аз Ватани худ хизмат мекунад.

        Корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин намуна барои ҳар соҳибватан дар ҳама арсаи зиндагӣ мебошад. Ватандӯстиву худшиносӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, меҳрубонӣ ба ҳамватанон, устуворӣ, фазилат, бурдборӣ дар рафъи мушкилот, ки аз вижагиҳои ахлоқии Пешвои миллатанд, метавонанд барои  ҳар як шаҳрванд ва инсони дорои ахлоқу маънавиёти баланд нақши бузург гузоранд.

        Пешвои миллат доимо ба таҳкими сулҳу субот ва амнияти мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд, зеро маҳз пойдории сулҳу субот аст, ки дар тули 34 соли соҳибистиқлоли кишвари мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Лозим ба  ёдоварист, ки мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз ҷаҳонӣ гаштааст, зеро аз минбарҳои бонуфуз  ҷаҳонӣ ба мисли СММ суханронӣ намуда, эшон бо пешниҳодҳои нотакрори худ ҳамеша башарро ба сулҳу дустӣ даъват менамоянд. Донишмандони тоҷик дар васфи корнамоиҳои Пешвои миллат бо забонҳои тоҷикиву хориҷӣ китобҳо нашр карда истодаанд. Аз ҷумла 11 ноябри соли 2025 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китоби тозанашри академик Фарҳод Раҳимӣ бо унвони “Абармарди таърихсоз” инчунин маҳфили хирад бо иштироки донишмандони тоҷик баргузор гашт. Аз ҷумла мудири шуъбаи Аврупои Институти омузиши масъалаҳои Давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои таърих, профессор Воҳидова Санавбарбону оид ба китоби “Абармарди таърихсоз” суханронӣ намуда таъкид доштанд, ки нақши Пешвои миллат ва хидматҳои ин абармади нексиришт дар таърихи наву навтарин хело бузург буда, ӯ махсусан Академияи илмҳои Тоҷикистонро аз вартаи нест шудан  маҳфуз дошт. Маҳбубтарин ва машҳуртарин хислати мардуми тоҷик рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек, маҳсуб мешавад, ки инро мо дар хислатҳои Пешвои миллат мушоҳида  менамоем.

        Пешвои миллат бо хислатҳои наҷибонаи хеш доимо бо намояндагони аҳли зиё, фаъолон, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа мулоқот менамоянд. Маҳз роҳҳои муассиртари пойдор доштани сулҳу оромиро ба муҳокима мегузорад. Имрӯз бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷуҳурии Тоҷикистон дар дунё чун кишвари сулхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Ҳамчунин бо дастуру супоришҳои ӯ  аз даврони бадастовардани соҳибистиқлолӣ барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба суй ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, ва дунявӣ интихоб намоем. Ҳамин тариқ Пешвои миллат, тақвиятбахшандаи пояҳои воқеии истиқлолият ба шумор мераванд. Мо кормандони илмӣ, аз сиёсати худшиносии миллӣ, сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷонибдории комил намуда, иқдому ташабусҳои роҳбари давлатро самимона пазироӣ мекунем ва содиқона дар амал татбиқ менамоем: чунонеки шоир фармудааст:

Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазраи пок,

Ба ҷуз меҳр, ба ҷуз ишқ, дигар тухм накорем.

Бо эътимоди қавӣ изҳор менамоям, ки мардуми ватандӯсту заҳматкаши мо, ба дастовардҳои бузурги Пешвои миллат, ки бузургони гузаштаи мо орзу доштан, шинохта шудааст.

Ҷовидон бод сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, дастовардҳои  бузурги Пешвои миллати тоҷик!

 

МАХМЕДОВ Муҳаммадҷон,

ходими хурди илмии шуъбаи Аврупои

Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои – АМИТ

 

 

БОЗГАШТ