ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИҚДОМҲОИ САТҲИ ҶАҲОНӢ

Муаллиф: Рухшона Азизхонова

Расм

Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16 ноябр

         Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид (СММ) яке аз барҷастатарин саҳифаҳои сиёсати хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷавон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 ба саҳнаи байналмилалӣ ворид гашт ва 2 марти соли 1992 узви СММ гардид. Дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ворид шудан ба арсаи байналмилалӣ ва ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ албатта кори осон нест. Аммо бо вуҷуди мушкилот, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист зарфияти дипломатии кишварро ба таври муассир истифода бурда, Тоҷикистонро ба як кишвари ташаббускори глобалӣ табдил диҳад.

         Яке аз самтҳои марказии фаъолияти байналмилалии Тоҷикистон масъалаи об мебошад. Тоҷикистон дорои зиёда аз 60 % захираҳои оби тозаи Осиёи Марказӣ буда, дар қаламрави он бузургтарин пиряхҳои минтақа, аз ҷумла пиряхи Федченко, ҷойгиранд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо дарки аҳамияти ҳаётан муҳими об барои инсоният, ин мавзӯъро аз доираи миллӣ ва минтақавӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ бароварданд. Ҳанӯз дар аввали солҳои 2000-ум Тоҷикистон расман ба СММ ташаббуси эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» (2005–2015)-ро пешниҳод намуд ва ин ташаббус соли 2003 тавассути қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ таҳти рақами A/RES/58/217 қабул гардид. Ин барои таърихи дипломатияи Тоҷикистон қадами бесобиқа буд, зеро бори аввал ташаббуси глобалӣ аз ҷониби давлати тозаистиқлол пешниҳод ва қабул гардид. Дар давоми даҳ соли амалисозии ташаббус дар ҷаҳон садҳо лоиҳаҳои обӣ, омӯзишӣ ва илмӣ татбиқ гардиданд, ки ба беҳтар шудани дастрасӣ ба оби тоза барои миллионҳо нафар мусоидат намуданд.

         Баъди анҷоми даҳсолаи аввал, Пешвои миллат масъалаи обро дар рӯзномаи байналмилалӣ боз ҳам устувортар гардониданд. Соли 2013 бо пешниҳоду роҳбарии Тоҷикистон СММ «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об»-ро эълон намуд. Ин иқдом ба кишварҳои ҷаҳон имкон дод, ки ҳамкорӣ ва идоракунии муштараки захираҳои обиро тақвият бахшанд. Тоҷикистон бо як кишвари дорои захираҳои бузурги об, вале бидуни дастрасӣ ба баҳр, нишон дод, ки масъалаи об танҳо масъалаи иқтисодӣ нест, балки масъалаи сулҳ, амният, дипломатия ва рушди устувори ҷаҳонист.

         Давраи навбатии ташаббусҳои ҷаҳонӣ соли 2016 оғоз шуд, вақте ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбари СММ зарурати эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028)-ро ба миён гузоштанд. Ин ташаббус соли 2017 бо қатъномаи A/RES/71/222 пазируфта шуд. Даҳсолаи дуюм ҳамоҳанг бо Ҳадафҳои рушди устувори СММ (то соли 2030) роҳандозӣ гардид ва Тоҷикистон мутобиқ ба ин ташаббус ҳамасола чорабиниҳои сатҳи баланд баргузор менамояд. Далели равшани саҳми Тоҷикистон дар ин раванд конфронси ҷаҳонии оби СММ дар соли 2023 дорои аҳамияти хос мебошад, ки дар шаҳри Ню-Йорк баргузорӣ шуд ва Тоҷикистон аз кишварҳои асосии ташаббускору раисикунандаи конфронс буд. Ин рӯйдод бори аввал баъд аз соли 1977 баргузор шуд ва нишон дод, ки дипломатияи обии Тоҷикистон на танҳо дар сатҳи назариявӣ, балки дар шакли амалӣ таъсиргузор аст.

         Ташаббусҳои Тоҷикистон ба масъалаҳои об маҳдуд намешаванд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минбари СММ масъалаҳои амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи мероси фарҳангиро борҳо матраҳ кардааст. Аз ҷумла, дар суханронии худ дар Маҷмааи Умумии СММ дар соли 2024 пешниҳод намуд, ки «даҳае барои пешбурди сулҳ барои наслҳои оянда» қабул карда шавад. Ин пешниҳод нишон медиҳад, ки Тоҷикистон масъалаи сулҳро ҳамчун унсури ҷудонашавандаи сиёсати ҷаҳонии худ қабул кардааст.

         Далелҳои таърихии ташаббусҳои Тоҷикистон собит месозанд, ки фаъолияти Пешвои миллат дар дипломатияи ҷаҳонӣ пайваста, дониши стратегӣ ва дурбинии сиёсӣ дорад.

         Ҳамин тариқ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва сиёсати хориҷии дурбинона мамлакатро аз доираи давлатҳои эҳтиёткор дар фазои пасошӯравӣ ба сатҳи давлатҳои ташаббускори ҷаҳонӣ баровард. Тоҷикистон имрӯз дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун кишвари сулҳпарвар, дорои иқтидори илмӣ ва дипломатии баланд ва ҳамчун «маркази дипломатияи ҷаҳонии об» маъруф аст. Ин дастоварди бузург на танҳо ифтихори миллӣ аст, балки саҳми воқеии Тоҷикистон ба ҳалли мушкилоти глобалии башарият ба шумор меравад.

 

АЗИЗХОНОВА Рухшона

ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои  давлатҳои Осиё ва Аврупои  АМИТ

БОЗГАШТ