ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲАМЧУН АСОСГУЗОР ВА РОҲБАРИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ДАВЛАТИ СОҲИБИХТИЁР ВА МУСТАҚИЛ

Муаллиф: Зафар Сайидзода

Расм

Аннотатсия

          Дар мақола таҳаввулоти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи тағйирёбии низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ таҳлил мегардад. Ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузор ва роҳбари сиёсати хориҷии давлат диққати махсус дода мешавад. Асосҳои контсептуалии сиёсати хориҷӣ, ки аз ҷониби ӯ дар суханронии 28 декабри соли 1993 дар иҷлосияи 18-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудаанд, инчунин институтсионализатсияи онҳо дар контсепсияҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони марбут ба солҳои 2002 ва 2015 баррасӣ мегарданд. Аҳамияти дипломатияи об ва иқлим ҳамчун абзорҳои мавқеъгирии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок карда мешавад. Хулоса бароварда мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон модели устувори дипломатияи «равзанавӣ» -и давлати масоҳатан хурд ташаккул ёфтааст.

Калидвожаҳо: сиёсати хориҷӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дипломатияи об, сиёсати иқлим, дипломатияи равзанавӣ, муносибатҳои байналмилалӣ.

1. Муқаддима: давлати аз нигоҳи ҳудуд хурд дар шароити тағйирёбии низоми ҷаҳонӣ

          Дар шароити мураккабшавии меъмории муносибатҳои байналмилалӣ, ташаккули низоми бисёрқутбӣ  ва таназзули тадриҷии марказҳои анъанавии қудрат, таҳлили стратегияҳои сиёсати хориҷии давлатҳои хурд аҳамияти махсус пайдо мекунад. Равишҳои муосир дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ таъкид менамоянд, ки маҳдудияти захираҳо метавонад бо фаъолиятҳои институтсионалӣ, иштирок дар созукорҳои (механизмҳои) бисёрҷониба ва ташаккули ҷойгоҳи нодири дипломатӣ ҷуброн карда шаванд.

          Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги амалӣ ва илмӣ дорад. Бо рафъи паёмадҳои муноқишаи шаҳрвандии солҳои 1990-ум, давлати тоҷикон тавонист стратегияи пайдарпайи сиёсати хориҷиро бунёд намояд, ки ба рушди устувор, амнияти экологӣ ва ҳамкории гуманитарӣ равона гардидааст. Дар ин раванд нақши марказиро Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бозидааст, ки фаъолияти ӯ ҷанбаҳои институтсионалӣ ва муҳтавоии сиёсати хориҷии давлатро муайян кардааст.

2. Дипломатияи об ҳамчун унсури ташаккулдиҳандаи сохтори сиёсати хориҷӣ

2.1. Институтсионализатсияи рӯзномаи об дар доираи СММ

         Яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломатияи об гардид. Бо истифода аз минбари Созмони Милали Муттаҳид, ҷумҳурӣ як қатор қарорҳои байналмилалиро ташаббус намуд, ки ба додани мақоми ҷаҳонӣ ба масъалаи оби нӯшокӣ равона шудаанд.

Аз ҷумла ташаббусҳои муҳимтарин:

-Соли байналмилалии оби нӯшокӣ (2003);

-Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005–2015);

-Соли байналмилалии ҳамкории об (2013);

-Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» (2018–2028).

Ин қарорҳо имкон доданд, ки манфиатҳои миллии кишвар дар рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор, пеш аз ҳама дар доираи СММ ва Ҳадафҳои рушди устувори он, ба инобат гирифта шаванд.

2.2. «Раванди оби Душанбе» ҳамчун платформаи дипломатӣ

          Созукори (механизми) амалии татбиқи дипломатияи об «Раванди оби Душанбе» мебошад, ки қароргоҳи он дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Ин корпоя (платформа) намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи коршиносиро муттаҳид менамояд.

Он вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

-ҳамоҳангсозии талошҳои байналмилалӣ;

-мубодилаи донишҳои илмӣ ва амалӣ;

-татбиқи меъёрҳои истифодаи устувори захираҳои об.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши худро ҳамчун яке аз марказҳои ҷаҳонии дипломатияи об мустаҳкам намудааст.

3. Дипломатияи иқлим ва амнияти криосфера

3.1. Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо

         Рӯзномаи иқлим идомаи мантиқии дипломатияи об гардид. Барои кишвар масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо, ки манбаи асосии захираҳои оби минтақа мебошанд, аҳамияти хос дорад.

Бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷмаи Умумии СММ соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд, инчунин Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо (21 март)-ро муқаррар намуд. Татбиқи ин ибтикор бо иштироки ЮНЕСКО ва Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ амалӣ мегардад.

3.2. Рушди рӯзномаи криосфера

         Дар доираи рушди ин ибтикор Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафдори чунин тадбирҳо мебошад:

-тақвияти мониторинги илмии пиряхҳо;

-рушди ҳамкории фаромарзӣ;

-институтсионализатсияи амнияти криосфера.

Ин пешниҳодҳо муқаррароти Созишномаи Парижро такмил дода, меъмории ҷаҳонии иқлимро густариш медиҳанд.

4. Сиёсати экологӣ ва стратегияҳои рушди «сабз»

4.1. Сабзгардонӣ ва барқарорсозии экосистемаҳо

         Сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Даҳсолаи СММ оид ба барқарорсозии экосистемаҳо (2021–2030) ҳамоҳанг мебошад. Барномаҳои миллӣ ба мубориза бо таназзули заминҳо ва ҳифзи гуногунии биологӣ равона шудаанд.

4.2. Иқтисоди «сабз» ва энергетика

         Стратегияи иқтисоди «сабз» ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи неру (энергия), пеш аз ҳама гидроэнергетика равона шудааст. Ин ҳолат сатҳи пасти партовҳои карбонро таъмин намуда, ба ташаккули модели рушди аз ҷиҳати экологӣ устувор мусоидат мекунад.

5. Дипломатияи иқтисодӣ ва ҳамгироии минтақавӣ

         Дипломатияи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самтҳои зерин равона шудааст:

-ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ;

-рушди инфрасохтори нақлиётӣ;

-таҳкими пайвастагии минтақавӣ.

Иштироки фаъол дар ташаббусҳои Созмони ҳамкории Шанхай талоши кишварро барои афзоиши иқтидори транзитӣ инъикос менамояд. Ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ва ФАО ба рушди бахши кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунад.

6. Дипломатияи фарҳангӣ ва андозаи гуманитарӣ

          Сиёсати фарҳангӣ-гуманитарӣ як абзори муҳими «неруи нарм» мебошад. Эътирофи ҷашни байналмилалии «Наврӯз» дар сатҳи СММ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳомили анъанаҳои қадимаи фарҳангӣ таҳким бахшид.

Ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ва рушди муколамаи байнифарҳангӣ мусоидат мекунад.

7. Густариши рӯзномаи сиёсати хориҷӣ

          Сиёсати муосири хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ибтикоротро дар соҳаҳои зерин дар бар мегирад:

-бунёди сулҳ;

-муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ;

-маърифати ҳуқуқӣ.

Ин самтҳо асосан тавассути корпояҳои (платформаҳои) байналмилалии муколама амалӣ гардида, равиши маҷмӯӣ ба чолишҳои ҷаҳониро инъикос менамоянд.

8. Асоси консептуалӣ-меъёрии сиёсати хориҷӣ: Нақши ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва паёмҳои президентӣ

          Унсури калидии институтсионализатсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклгирии меъёрӣ ва контсептуалии он мебошад. Дар ин раванд нақши ҳалкунанда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, ки таҳти роҳбарии ӯ ҳуҷҷатҳои асосии стратегӣ — контсепсияҳои сиёсати хориҷии солҳои 2002 ва 2015 таҳия ва қабул гардиданд.

8.1. Контсепсияи сиёсати хориҷии соли 2002: Ташаккули асосҳо

          Қабули Контсепсияи сиёсати хориҷӣ аз 24 сентябри соли 2002 марҳалаи муҳими ташаккули сиёсати хориҷии давлат дар давраи баъдинизоъӣ гардид. Ҳуҷҷат чунин принсипҳоро мустаҳкам намуд:

-бисёрсамтӣ ва кушодагӣ;

-авлавияти ҳамзистии осоишта ва ҳамсоягии нек;

-иштироки фаъол дар созмонҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама дар Созмони Милали Муттаҳид.

Ин контсепсия заминаи гузариш аз дипломатияи реактивӣ ба сиёсати хориҷии стратегӣ ва муназзамро фароҳам овард.

8.2. Контсепсияи сиёсати хориҷии соли 2015: Навсозӣ ва густариши афзалҳо

         Контсепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 январи соли 2015 тасдиқ гардида буд, тағйироти сифатии муҳити байналмилалӣ ва афзоиши ҳадафҳои давлатро инъикос намуд. Дар он чунин самтҳо рушд ёфтанд:

-принсипҳои прагматизм ва иқтисодикунонии сиёсати хориҷӣ;

-тақвияти нақши «неруи нарм» ва дипломатияи гуманитарӣ;

-пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонӣ, бахусус дар соҳаҳои об ва иқлим.

Диққати махсус ба таҳкими мавқеи кишвар дар сохторҳои бисёрҷониба, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин ба густариши ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ равона гардид.

Ҳамин тариқ, Контсепсияи соли 2015 ба абзори мутобиқсозии сиёсати хориҷӣ ба шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати афзоянда табдил ёфт.

8.3. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парламенти кишвар ҳамчун созукори (механизми) идоракунии стратегӣ

          Дар ташаккул ва такомули сиёсати хориҷии давлат паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони кишвар аҳамияти муҳим доранд. Дар ин суханрониҳои барномавӣ Эмомалӣ Раҳмон:

-афзалҳои асосии сиёсати хориҷиро барои дурнамои миёнамуҳлат муайян мекунад;

-вазъи байналмилалиро арзёбӣ менамояд;

-вазифаҳоро барои корпуси дипломатии миллӣ мушаххас месозад.

Хусусияти хоси ин паёмҳо таваҷҷуҳи устувор ба масъалаҳои зерин мебошад:

-дипломатияи об ва иқлим;

-амнияти минтақавӣ;

-густариши ҳамкории иқтисодӣ;

-таҳкими  обрӯю нуфузи байналмилалии кишвар.

Паёмҳо вазифаи роҳнамоии стратегии тамоми низоми ниҳодҳои (институтҳои) сиёсати хориҷиро иҷро намуда, пайдарҳамӣ ва ҳамоҳангии амалҳоро таъмин менамоянд.

Начало формы

Конец формы

  1.   Сарчашмаҳои доктринаи сиёсати хориҷӣ: Суханронии парлумонии Сарвари давлат аз таърихи 28 декабри соли 1993 ҳамчун пояи контсептуалӣ

        Ташаккули сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру мустақил аз давраи аввали бунёди давлатдорӣ, дар шароити ноустувории сиёсӣ ва тағйироти пасоҷангӣ оғоз меёбад. Рӯйдоди калидӣ дар ин раванд суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 1993 дар иҷлосияи 18-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

        Маҳз дар ҳамин суханронӣ бори аввал принсипҳои асосии сиёсати хориҷии давлати соҳибистиқлоли тоҷик ба таври низомманд баён гардиданд. Бо вуҷуди шароити бисёр мураккаби дохилӣ, самтҳои стратегии рушд муайян карда шуда буданд, ки аҳамияти худро дар даҳсолаҳои минбаъда низ нигоҳ доштаанд.

9.1. Принсипҳои калидӣ, ки моҳи декабри соли 1993 эълом шуда буданд

        Аз ҷумлаи муқаррароти бунёдие, ки дар ин суханронии таърихӣ баён шудаанд, метавон нуктаҳои зеринро ҷудо кард:

-пайравӣ ба ҳалли осоиштаи низоъҳо ва даст кашидан аз истифодаи неру ҳамчун воситаи сиёсати хориҷӣ;

-кушодагю омодагӣ ба ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамгироӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ;

-афзалияти муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, бахусус дар доираи минтақаи Осиёи Марказӣ;

-бисёрсамтии сиёсати хориҷӣ, ки рушди муносибатҳоро бо марказҳои гуногуни қудрат пешбинӣ менамояд;

-эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун пояи ҳамкории байнидавлатӣ.

Ин принсипҳо амалан муқаррароти ҳуҷҷатҳои контсептуалии минбаъдаро пешбинӣ намуда, ба асоси идеологии сиёсати хориҷии давлати тоҷикон табдил ёфтанд.

9.2. Аҳамияти таърихии суханронӣ

         Суханронии декабрии соли 1993 аз чанд ҷиҳат аҳамияти махсус дорад:

Аввалан, он пояи доктриналии сиёсати хориҷиро ҳатто пеш аз қабули контсепсияҳои расмии солҳои 2002 ва 2015 гузошт.

Сониян, дар шароити маҳдудияти захираҳо ва буҳрони дохилӣ дурбинӣ ва дидгоҳи стратегии роҳбарияти давлат нишон дода шуд.

Сеюм, равишҳои пешниҳодшуда пайдарпайии сиёсати хориҷиро таъмин намуда, дар оянда имкон доданд, ки онҳо дар доираи ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои байналмилалӣ ба таври институтсионалӣ таҳким ёбанд.

9.3. Пайдарпайӣ ва рушди ғояҳо

         Таҳлил нишон медиҳад, ки муқаррароте, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 1993 баён намуда буд, минбаъд рушд ёфтанд:

-дар Контсепсияи сиёсати хориҷии соли 2002 — дар сатҳи таҳкими институтсионалӣ;

-дар Контсепсияи соли 2015 — дар сатҳи мутобиқшавӣ ба чолишҳои нави ҷаҳонӣ;

-дар паёмҳои ҳарсолаи Президенти кишвар ба Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон — дар сатҳи идоракунии стратегии ҷорӣ.

Ҳамин тариқ, суханронии мазкури декабрии соли 1993-ро метавон нуқтаи ибтидоии раванди ташаккули доктринаи мукаммали сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ кард.

  1. Афзалҳо, самтҳо ва манфиатҳои миллӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бар асоси Контсепсияи соли 2015)

Марҳалаи муосири рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муқаррароти Консепсияи сиёсати хориҷӣ, ки 27 январи соли 2015 тасдиқ шудааст, муайян мегардад. Ин санад, ки таҳти роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудааст, ифодаи низомманди манфиатҳои миллӣ, афзалҳои стратегӣ ва самтҳои асосии фаъолияти байналмилалии давлат мебошад.

10.1. Манфиатҳои миллӣ дар соҳаи сиёсати хориҷӣ

Консепсияи соли 2015 низоми бисёрсатҳии манфиатҳои миллиро муқаррар менамояд, ки дар марказашон инҳо қарор доранд:

-таъмини соҳибихтиёрии давлатӣ ва тамомияти арзӣ;

-таҳкими амният ва суботи байналмилалӣ;

-фароҳам овардани шароити мусоиди хориҷӣ барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ;

-ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ;

-ташаккули имиҷи мусбати байналмилалии давлат.

Ба пешбурди ибтикорот дар доираи Созмони Милали Муттаҳид аҳамияти махсус дода мешавад, ки ин ба уҳдадории давлат нисбат ба дипломатияи бисёрҷониба ишора менамояд.

10.2. Афзалҳои асосии сиёсати хориҷӣ

Дар Контсепсияи соли 2015 самтҳои афзалиятноки зерин ба таври возеҳ муайян шудаанд:

  1. Суботи минтақавӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ
    Ба рушди муносибатҳои созанда бо давлатҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад, ки аз умумияти фазои таърихию фарҳангӣ ва вобастагии мутақобила дар соҳаи амният ва захираҳо бармеояд.

  2. Бисёрсамтӣ ва тавозуни манфиатҳо
    Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳамкории мутавозинро бо марказҳои гуногуни қудрат амалӣ намуда, аз вобастагии якҷониба худдорӣ мекунад ва чандирии сиёсати хориҷиро таъмин менамояд.

  3. Дипломатияи об ва экологӣ
    Пешбурди рӯзномаи глобалии об ва ташаббусҳо дар соҳаи тағйирёбии иқлим яке аз афзалҳои калидӣ буда, тахассуси байналмилалии кишварро таҳким мебахшад.

  4. Иқтисодисозии сиёсати хориҷӣ
    Таваҷҷуҳ ба ҷалби сармоягузорӣ, рушди савдои хориҷӣ ва густариши робитаҳои нақлиётию логистикӣ, аз ҷумла иштирок дар пружаҳои Созмони ҳамкории Шанхай, равона гардидааст.

  5. Таъмини амният
    Мубориза бо таҳдидҳои муосир — терроризм, экстремизм ва ҷинояткории фаромиллӣ, инчунин таҳкими ҳамкорӣ бо сохторҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи муҳим дорад.

10.3. Самтҳои калидии фаъолияти сиёсати хориҷӣ

Контсепсияи соли 2015 якчанд самти ба ҳам алоқаманди татбиқи сиёсати хориҷиро ҷудо менамояд:

-самти сиёсӣ-дипломатӣ — рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла бо шарикони стратегӣ ва ҳампаймонон, иштирок дар созмонҳои байналмилалӣ;

-самти иқтисодӣ — ҳамгироӣ ба иқтисоди авруосиёӣ ва ҷаҳонӣ, рушди иқтидори энергетикӣ ва нақлиётӣ;

-самти гуманитарӣ — тарғиби мероси фарҳангӣ, аз ҷумла арзишҳои вобаста ба ҷашни “Наврӯз”;

-самти экологӣ — пешбурди ташаббусҳо дар соҳаи захираҳои об ва амнияти иқлим;

-самти ҳуқуқӣ — таҳкими заминаи ҳуқуқии байналмилалии ҳамкорӣ.

10.4. Хусусиятҳои институтсионалии татбиқ

Контсепсияи соли 2015 нақши пешбарандаи рукни (институти) ҳокимияти президентиро дар ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ таъкид менамояд. Дар ин замина, Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун меъмори стратегӣ, балки ҳамчун ҳамоҳангсозу роҳбари фаъолияти ҳамаи ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ баромад мекунад.

Воситаҳои муҳими татбиқи Консепсия инҳоянд:

-барномаҳои давлатӣ;

-созишномаҳои байниҳукуматӣ;

-паёмҳои ҳарсолаи Президенти кишвар ба Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-ташаббусҳои байналмилалӣ.

  1. Асосҳои назариявию методологии таҳқиқот

Таҳлили сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо такя ба равишҳои муосири назариявӣ дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ анҷом дода шавад.

Аввалан, равиши неореалистӣ қобили татбиқ аст, ки ба маҳдудияти захираҳои давлатҳои хурд ва талоши онҳо барои таъмини амният тавассути тавозун ва иштирок дар институтҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ медиҳад.

Сониян, институтсионализми неолибералӣ нақши муҳими тавзеҳдиҳанда дорад, ки мувофиқи он иштироки фаъол дар фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои байналмилалӣ ба давлатҳои масоҳатан хурд имкон медиҳад нобаробарии имконҳоро ҷуброн намоянд.

Сеюм, консепсияи «дипломатияи равзанавӣ» имкон медиҳад, ки тахассусёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои об, иқлим ва гуманитарӣ ҳамчун стратегияи оқилонаи таҳкими субъективияти байналмилалӣ шарҳ дода шавад.

Асоси методологии таҳқиқотро ташкил медиҳанд:

-равиши системавӣ;

-таҳлили муқоисавӣ;

-таҳлили институтсионалӣ.

12.Навоварии илмӣ ва аҳамияти амалӣ

Навоварии илмии таҳқиқот дар бар мегирад:

-таҳлили мукаммали таҳаввули (эволютсияи) сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 то имрӯз;

-муайян намудани нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун омили асосии шаклдиҳандаю татбиқкунандаи сиёсати хориҷӣ;

-асоснок намудани дипломатияи об ва иқлим ҳамчун шакли тахассуси байналмилалии равзанавӣ.

Аҳамияти амалии таҳқиқот дар имкони истифодаи натиҷаҳо зоҳир мегардад:

-дар фаъолияти мақомоти сиёсати хориҷӣ;

-дар барномаҳои таълимии муносибатҳои байналмилалӣ;

-ҳангоми таҳияи санадҳои стратегӣ.

Хулосаҳои ҷамъбастӣ

Таҳлил нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон модели муассири дипломатияи равзанавиро, ки бар рӯзномаи об, иқлим ва гуманитарӣ асос ёфтааст, ташаккулу густариш додааст. Нақши калидии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар институтсионализатсияи ин самтҳо ва ҳамгироии кишвар ба созукорҳои (механизмҳои) глобалии идоракунии рушди устувор зоҳир мегардад.

Ҳамин тавр, таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит месозад, ки ҳатто давлатҳои аз нигоҳи қаламрав хурд метавонанд дар равандҳои байналмилалӣ таъсири назаррас дошта бошанд, агар сиёсати хориҷии стратегӣ ва иштироки фаъол дар ниҳодҳои (институтҳои) бисёрҷониба таъмин гардад.

Ҳамчунин бояд ба назар гирифт, ки Эмомалӣ Раҳмон ду Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 сентябри соли 2002 ва 27 январи соли 2015-ро тасдиқ намуда, ба татбиқи амалии онҳо роҳбарӣ мекунад. Дар паёмҳои ҳарсолаи ӯ ба Парлумони кишвар бахши сиёсати хориҷӣ ҳамеша мавқеи муҳим дорад.

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дараҷаи баланди ташаккули институтсионалӣ ва идоракунии стратегӣ фарқ мекунад. Консепсияҳои солҳои 2002 ва 2015, инчунин паёмҳои ҳарсолаи Президенти кишвар унсурҳои ба ҳам такмилдиҳандаи низоми ягонаи банақшагирии сиёсати хориҷӣ мебошанд.

Нақши ҳалкунандаи Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар муайян намудани самтҳои стратегӣ, балки дар таъмини татбиқи пайдарпайи онҳо зоҳир мегардад, ки ин имкон медиҳад ӯро ҳамчун меъмор ва роҳбари олии сиёсати хориҷии Тоҷикистони муосир арзёбӣ намоем.

Муқаррароти контсептуалии хусусияти бунёдӣ оид ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 1993 дар иҷлосияи 18-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд.

Контсепсияи сиёсати хориҷии соли 2015 гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба модели мукаммалтар ва прагматикии рафтори сиёсии хориҷӣ инъикос менамояд. Он тавозуни байни манфиатҳои миллӣ ва масъулияти глобалиро таъмин намуда, устуворӣ ва пешгӯишавандагии сиёсати хориҷиро тақвият мебахшад.

Нақши пешбарандаю калидии Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва татбиқи ин Контсепсия мақоми ӯро ҳамчун субъекти калидии ташаккули сиёсати хориҷии муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешбурди пайдарпайи он дар арсаи байналмилалӣ тасдиқ мекунад.

 

Сайидзода Зафар Шералӣ,

мудири шуъбаи кишварҳои ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

фиристодаи фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих

 

 Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра,

 доктори илмҳои фалсафа

 

Рӯйхати адабиёт

  1. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015).

  2. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002).

  3. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 18-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28 декабри соли 1993).

  4. Қарорҳои Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои об.

  5. Ҳисоботҳои ЮНЕСКО оид ба захираҳои об ва иқлим.

  6. Маводи Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор.

  7. Keohane R. After Hegemony. Princeton University Press.

  8. Nye J. Soft Power: The Means to Success in World Politics.

  9. Ҳисоботҳои БРСММ оид ба рушди устувор.

  10. Созишномаи Париж дар доираи UNFCCC.

БОЗГАШТ