Шоир ҷунин менигорад, ки ин Ватан ва замине, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, фақат барои мо муқаддас аст ва маҳз бо дар назардошти ин ақида ҳифзи он сарзамин, ки бо номи тоҷик муаррифӣ мешавад, бароямон чун ҷон азиз аст.
Ҷунбиши гоҳвора, набзи аллаҳои модарон,
Кард маъруф ин Ватан бисёр дар рӯи ҷаҳон.
Ба қавли Ниҳонӣ, чун гаҳвора меҷунбад ва садои самимонаи модарон ба гуш мерасад, ҷахон эҳсос хоҳад кард, ки Ватани тоҷикон чӣ дар гузашта ва чӣ имруз маъруф буду мемонад.
Мо бузургему Ватан дорему ҳам поси вучуд,
Фарру фарҳангу тамаддун, савту оҳангу суруд.
Дар нигоҳи Ниҳонӣ сутудани Ватану халқ ва Пешво баробар сурат мегиранд, чунки шоир Пешворо бидуни Ватан тасаввур намекунад. Шояд аз ин хотир бошад, ки ватандориро дар доштани қудрат аз фарру фарҳангу тамаддун медонад, чунки қудратдорӣ дар замони муосир бидуни фарру фарҳангу тамаддун қобили кабул намебошад.
Ин ҳама гуфто Ниҳонӣ, низ гуфт аҳли башар:
Пешво ҳомии амн асту кафили баҳру бар.
Тасмими Ниҳонӣ ҷиҳати як ҳарфи башар қобили истиқбол аст. Тибки андешаи шоир, дар ҳама давлатҳо ва миллатҳо новобасга аз шакли идорашавии қудрат Сарвари давлат хомии амну осоиштагӣ мебошад ва ин нуқта андоми он шеърест, ки мусаввир дар васфи Сарвари давлат нигоштааст.
ҚУРБОНОВА Ширин,
сарходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омузиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,