Дар шароити феълӣ яке аз омилҳои адами субот дар Ховари Миёна ба созиш нарасидани панҷ қудрати ҷаҳонӣ дар мавриди тарҳҳои минтақа мебошад. Як қисми бузург ва муҳимми кишварҳои Шарқи Наздикро Халиҷи форс ташкил медиҳад ва кучактарин чолиш ва низоъ дар ин минтақа ба сиёсати ҷаҳонӣ таъсиргузор мебошад. Халиҷи Форс минтақае ҳассосест, ки кӯчактарин таҳаввулот ва тағйирот дар ин минтақа метавонад ба сиёсати ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ таъсиргузор бошад.
Агар байни ИМА, Русия ва Чин (ва то андозае Иттиҳоди Аврупо ва Ҳиндустон) дар бораи ояндаи Ховари Миёна созиш ҳосил шавад, гумон кардан мумкин аст, ки Британия ва Фаронса аз он розӣ мешаванд.
Дар ниҳояти кор, фаъолияти давлатҳои бузург дар Шарқи Наздик як қисми муборизаи бисёртарафа ва бисёрқутбаи умумиҷаҳонии байни худ мебошад. Онро аз мубориза барои хукмронӣ дар дигар минтақаҳои муҳимми ҷаҳон алоҳида дидан мумкин нест.
Дар асоси ду давлат ҳал кардани масъалаи Фаластин аҳамияти ниҳоят калон дорад. Давлати мустақили Фаластин бо марзҳои соли 1967 ва пойтахти он Қудси шарқӣ бояд дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шавад. Иҷрои ин ба мавқеи Исроил вобаста аст.