Муаллиф: Файзуллаева Нигора
27-уми апрел дар таърихи нимҷазираи Кoрея ҳамчун оғози марҳалаи оштӣ ва сулҳу созиш миёни ду давлат сабт гардидааст. Сарварони Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ тайи чанд даҳсолаи охир аввалин маротиба сари мизи музокирот нишаста, тавофуқномаи муҳимро дар бораи қатъи амалҳои душманона ва ваҳдату дӯстии ду кишвар ба имзо расониданд.
Соли 1945 халқи Корея аз тасарруфи ҷопониҳо раҳо шуда, 15-уми августи ҳамон сол истиқлолияти худро эълон намуданд. Аммо пас аз чанде таҳти фишори кишварҳои абарқудрат – Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА ин кишвари тозаистиқлол ба Кореяи Чанубӣ ва Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея тақсим гардид. Қисми Кореяи Шимолӣ низоми сотсиалистиро интихоб намуда, ҳамкории густардаро бо ИҶШС ба роҳ монд. Кореяи Ҷанубӣ бошад низоми сармоядорӣ ва иқтисоди бозориро афзал дониста, равобити худро бо ИМА тақвият ва густариш дод. Сеул пойтахти Кореяи Ҷанубӣ ва Пхенян маркази Кореяи Шимолӣ гардид.
Аз соли 1945 ба баъд ин ду давлат бо якдигар муносибати душманона дошта, аҳолии ҳар ду кишвар аз муносибатҳои хешу таборӣ ва рафтуо ба давлати ҳамсоя маҳрум буданд. Ҷанги хунини солҳои 1950–53 мухолифати ин ду кишварро шиддат бахшид.
13-уми декабри соли 1991 бо миёнаравии СММ Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея ва Кореяи Ҷанубӣ ба Созишномаи сулҳ имзо гузошта, барои қатъи ҷанг, рушди ҳамкорӣ ва додугирифти дуҷониба замина фароҳам оварданд. Ҳар ду кишвар истиқлолияти якдигарро эътироф намуданд. Вале дертар бар асари задухурди навбатӣ ин созишнома эътибори худро аз даст дод. Танҳо солҳои охир тарафҳои мухолиф барои наздик шудан ба ҳамдигар ташаббус нишон доданд. Натиҷаи назарраси ин иқдомҳо буд, ки соли 2018 ҳангоми баргузории бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пхенчхани Кореяи Ҷанубӣ варзишгарони ин ду кишвар таҳти як парчам баромад карданд.
Баъд аз бозиҳои олимпӣ Ким Чен Ин раҳбари Кореяи Шимолӣ дар тӯли ҳафт соли ҳукумронии худ аввалин бор ҳайати вакилони Кореяи Ҷанубиро қабул кард. Пхенян 21-уми апрел қатъ намудани ракетаҳои ядроиро эълон намуд ва инчунин, машқҳои ядроиро дар самти шимол қатъ кард.
Сарони ин ду кишвар бо мақсади таъмини дӯстию ваҳдати ин халқи пароканда 27-уми апрели соли 2018 дар сарҳади Пхенян бо ҳам вохӯрданд. Баъд аз гузашти даҳсолаҳо сарвари Кореяи Шимолӣ сарҳадро убур карда, ба тарафи Кореяи Ҷанубӣ қадам ниҳод. Роҳбарон берун аз нақшаи корӣ сӯҳбати дӯстона доир намуданд. Мун Ҷе Ин қайд намуд, ки: “Акнун, ки Шумо сарҳадро убур намуда, нахустин қадамҳои худро ба тарафи ҷануб гузоштед, ман ҳам маҷбурам, ки ба тарафи шимол қадам бардорам”. Пас аз ин гуфтугўи Ким Чен Ин аз дасти Мун гирифт ва ҳар ду марзи Шимолро убур карда, сӯҳбати худро давом доданд. Ким Чен Ин ҳадафи худро аз ин мулоқот чунин иброз кард: “Имрӯз ман ба он хотир дар ин ҷо қарор дорам, ки ба сулҳи миёни Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ оғоз бахшам. Умедворам ин мулоқоти мо самимӣ буда, дар рафти баргузории он мо масъалаҳоеро муҳокима мекунем, ки барои ҳар ду ҷониб муҳим мебошанд. Ҳамчунин, ман аз ин мулоқот натиҷаҳои хубро умедворам”.
Дар рафти гуфтушунид сарони ду кишвар декларатсияи сулҳ ва қатъномаи ҳама гуна амалҳои душманӣ байни ягдигарро имзо намуданд. Сеул ва Пхенян бо кӯмаки ИМА ва Чин тасмим гирифтанд, ки бо ба имзо расонидани шартномаи сулҳ ба ҷангҳо дар нимҷазира хотима мебахшанд.
Дар созишномаи баимзорасида аз ҷумла қайд шудааст, ки ба вуҷуд омадани ҳусни тафоҳум миёни Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ барои тақвияти муносибатҳои хешутаборӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, иттиҳоди кореягиҳо, ояндаи дурахшон ва муштараки онҳо мусоидат хоҳад намуд.
Президенти ИМА Доналд Трамп ҳамроҳ бо сарвари Кореяи Ҷанубӣ Мун Ҷе Ин, ва сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ рӯзу соат ва макони вохурӣ бо сарвари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Инро муҳокима намуда, ба қароре расиданд, ки мулоқот дар Сингапур доир карда шавад. Аввалин бор дар таърих сарони ду кишвар Доналд Трамп ва Ким Чен Ин вохурӣ намуданд. Трамп ва Ким дар меҳмонхонаи ҷазираи курортии Сентоса вохӯрӣ намуданд. Баъд аз дастфушории самимона онҳо бе иштироки шахсони бегона ба макони музокирот равон шуданд. Пеш аз сӯҳбат Доналд Трамп қайд намуд, ки “ӯ ба муносибатҳои беҳтарини оянда бо сарвари Кореяи Шимолӣ шакку шубҳае надорад”. Дар навбати худ Ким ҳам қайд намуд, ки ин ду кишвар “ҳама гуна мушкилиро барои гузаронидани ин ҳамоиш паси сар намуданд”. Интизор меравад, ки сарони ду кишвар дар мулоқоти худ муносиботи нави ду кишвар ва денуклеаризатсия дар нимҷазираи Кореяро муҳокима намуданд. ИМА ва ҶХДК аз соли 1953 ин ҷониб расман дар ҳолати ҷанг қарор доштанд.
Дар Сингапур сарони ду кишвар Доналд Трамп ва Ким Чен Ин ҳамоиш баргузор намуданд, ки мавзӯи асосии он халъи силоҳи ядроии ҶХДК буд. Сарварони ду кишвар тақрибан 50 дақиқа сӯҳбати алоҳида доштанд. Баъдан ба онҳо мушовирон ва намояндагони олимақоми ҳар ду кишвар ҳамроҳ шуданд. Дар анҷоми ҳамоиш сарони ду кишвар Трамп ва Ким Чен Ин бо чеҳраи кушод баромада, боз як бори дигар ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, дастфишорӣ намуданд.
Билохира, сарони ду кишвар созишнома оиди “Ба роҳ мондани муносибатҳои нав байни ИМА ва ҶХДК мувофиқи талаботи замон” ва халъи силоҳи ядроиро имзо намуданд. Дар созишнома омадааст, ки бо розигии тарафайн Кореяи Шимолӣ истеҳсоли яроқи ядроиро қатъ мекунад. Сарони ҳар ду кишвар аз ин ҳамоиши баргузоргашта қаноатманд шуданд. Ким Чен Ин барои ташкили ин музокирот ба Трамп изҳори миннатдорӣ намуд.
Хулоса, созишномаи дӯстӣ байни Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ, инчунин Кореяи Шимолӣ ва ИМА дар оянда чӣ натиҷае ба бор хоҳад овард, ҳанӯз маълум нест. Вале сарони ин кишварҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин гуфтушунидҳо ва созишномаҳои дустӣ умеди зиёд доранд. Натиҷаи ин умедвориҳоро вақт нишон хоҳад дод.
Нигора Файзуллоева,
корманди Институт
Манбаъҳо:
#InterKoreanSummit#tictocnews pic.twitter.com/povdQBnw07
https://ru.wikipedia.org/w/index.php?title=История_КНДР&oldid=89643814