САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛИ ДИПЛОМАТИЯИ ЭКОЛОГИИ САТҲИ ГЛОБАЛӢ

Муаллиф: Сангинзода Дониёр

Расм

(дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити минтақавии экологӣ дар мавзуи «Диди муштарак барои ояндаи устувор» аз 22.04.2026,Остона Қазоқистон)

         Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити минтақавии экологӣ дар Остона (22 апрели соли 2026) ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ баромад мекунад, ки масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим, таназзули низомҳои экологӣ, норасоии захираҳои об ва офатҳои табииро дар доираи ҳуқуқи байналмилалии муҳити зист баррасӣ менамояд. Ин суханронӣ дар шароите садо дод, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон бо мушкилоти умумиҷаҳонӣ рӯбарӯ ҳастанд.

         Пеш аз ҳама, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич Тоқаев барои даъват ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуданд. Ин иқдом ҳамчун нишонаи эҳтироми ҳуқуқӣ ба соҳибихтиёрии давлатҳо ва принсипи ҳамкории байналмилалӣ арзёбӣ мешавад.

         Дар қисмати аввали суханронии худ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: «Саммит дар шароите баргузор мегардад, ки тағйирёбии иқлим, таназзули низомҳои экологӣ, норасоии захираҳои об ва офатҳои табиӣ ҳам барои минтақаи мо ва ҳам барои тамоми ҷаҳон ба мушкилоти ҷиддӣ табдил меёбанд. Бешубҳа, ин вазъият аз мо тадбирҳои муштараку ҳамоҳангро тақозо менамояд».

         Ин изҳорот комилан бо принсипи масъалаи умумии тамоми ҷомеаи башарӣ ҳамоҳанг аст, ки дар Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (1992), Созишномаи Париж (2015) ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мустаҳкам шудааст. Аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ, чунин мушкилотҳо уҳдадории умумиро барои ҳамкории фаъолона муайян мекунанд, ҳамзамон эҳтиром ба ҳуқуқи соҳибихтиёрӣ ва баробарии давлатҳо – принсипҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ – ҳифз карда мешавад.

         Дар айни ҳол тағйирёбии иқлим тибқи омори расмии Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (СҶМ) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар шаклҳои зерин зоҳир мешавад:

1. Гармшавии бесобиқаи ҳарорати ҷаҳонӣ. Солҳои 2015–2025 ҳамчун гармтарин 11-солаи таърихӣ ба қайд гирифта шудаанд. Соли 2024 гармтарин сол буд (тақрибан +1.55°C нисбат ба давраи пешазсаноатӣ 1850–1900). Соли 2025 дуюм ё сеюм гармтарин сол шуд (+1.43°C ± 0.13°C). Ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ ҳоло тақрибан 1.4–1.5°C аз ҳадди пешазсаноатӣ боло рафтааст ва тамоюли болоравӣ идома дорад.

2. Номутаносибии энергетикӣ (номатлубии тавозуни энергияи Замин). Ин нишондиҳандаи нав дар гузориши СҶМ-и соли 2025 ба қайд гирифта шуда, ба сатҳи рекордӣ расидааст. Зиёда аз 90 фоиз гармии изофӣ дар уқёнусҳо ҷамъ мешавад. Уқёнусҳо ҳар сол тақрибан 18 маротиба энергияи солонаи истеҳсоли инсонро ҷаббида мегиранд.  Суръати гармшавии уқёнусҳо аз соли 2005 беш аз 2 маротиба зиёд шудааст.

3. Обшавии босуръати пиряхҳо ва яхҳо. Пиряхҳои ҷаҳонӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 1 метр ғафсӣ гум мекунанд. Масоҳати яхи баҳрии Арктика дар ҳадди рекордӣ паст аст. Масоҳати яхи Антарктида сеюм пасттарин нишондиҳандаро нишон медиҳад. Обшавии Гренландия ва Антарктида дар давраи 2011–2020 нисбат ба 2001–2010 38 фоиз зиёдтар буд.

4. Баланд шудани сатҳи баҳр. Сатҳи баҳр ҳоло тақрибан 11 сантиметр аз соли 1993 баландтар аст. Суръати баландшавӣ дар солҳои охир тақрибан 4.7 миллиметр дар як сол мебошад.

5. Афзоиши ҳодисаҳои экстремалӣ (офатҳои табиӣ). Ҳодисаҳои экстремалӣ (гармӣ, сел, тӯфонҳои тропикӣ, хушксолӣ, тӯфонҳои чанголуд) зуд-зуд ва шадидтар мешаванд. Аз соли 1995 то 2024 зиёда аз 9700 ҳодисаи экстремалӣ сабт шуда, беш аз 832 000 нафар ҳалок шудаанд ва зарари иқтисодӣ тақрибан 4.5 триллион доллари ИМА расонидааст. Ин ҳодисаҳо миллионҳо нафарро таҳти таъсир қарор медиҳанд ва иқтисодиётро хароб мекунанд.

6. Сатҳи газҳои гулхонаӣ. Консентратсияи гази карбондиоксид (CO₂) дар атмосфера ба ҳадди баландтарин дар 2 миллион соли охир расидааст (дар соли 2025 аз 430 ppm гузашт). Сатҳи метан ва газҳои дигар низ рекордӣ аст.

         Обшавии босуръати пиряхҳо (дар Тоҷикистон аз 14 ҳазор пирях беш аз 1300-то пурра об шудаанд) боиси норасоии об, тағйири реҷаи дарёҳо ва афзоиши хавфи селҳо мегардад. Афзоиши басомади тӯфонҳои чанголуд (дар Тоҷикистон соли гузашта зиёда аз 60 ҳодиса бо давомнокии умумии 7 моҳ). Ин тамоюлҳо ба саломатӣ (Ҳадафи 3 – Саломатӣ ва некӯаҳволӣ), амали иқлимӣ (Ҳадафи 13 – Амали иқлимӣ) ва ҳаёти рӯи замин (Ҳадафи 15 – Ҳаёт дар замин) таъсири манфӣ мерасонанд.

         Тағйирёбии иқлим дигар «пешгӯӣ» нест — он аллакай «воқеияти нав» шудааст. Ҳароратҳо рекордӣ мебошанд, системаи иқлимӣ номутаносиб аст ва ҳодисаҳои экстремалӣ зуд-зуд мешаванд. Бидуни чораҳои фаврӣ барои коҳиши партовҳо, гармшавӣ метавонад то охири аср ба 2.3–2.8°C расад.

         Дар айни ҳол (апрели соли 2026) тибқи омори расмии Созмони Миллали Муттаҳид (UN-Water, UNESCO, FAO) ва гузоришҳои байналмилалӣ норасоии захираҳои об дар ҳолати ҷиддӣ қарор дорад. Ҷаҳон ба давраи «норасоии глобалии об» ворид шудааст, ки дар он системаҳои обӣ аз ҳадди барқароршавӣ гузаштаанд. Омори ҷаҳонии норасоии об (2025–2026) чунин аст: 2.1 миллиард нафар ҳанӯз ҳам ба оби нӯшокии бехатар ва идорашаванда дастрасӣ надоранд; 3.5 миллиард нафар ба системаҳои тоза кардани партовҳои обӣ (санатсияи бехатар) дастрасӣ надоранд; тақрибан 4 миллиард нафар (қариб 2/3 аҳолии ҷаҳон) ҳар сол ҳадди ақал як моҳ бо норасоии шадиди об рӯбарӯ мешаванд; тақрибан 72–75% аҳолии ҷаҳон (5.5 миллиард нафар) дар кишварҳое зиндагӣ мекунанд, ки аз нигоҳи амнияти обӣ «ноамн» ё «критикӣ ноамн» ҳастанд. Танҳо 12% аҳолӣ дар кишварҳои амн аз нигоҳи об зиндагӣ мекунанд; зиёда аз 1.42 миллиард нафар (аз ҷумла 450 миллион кӯдак) дар шароити осебпазирии баланд ё хеле баланди обӣ қарор доранд; дар даҳсолаи охир дастрасии захираҳои оби барқароршаванда ба ҳар нафар 7 фоиз коҳиш ёфтааст (аз 5326 м³ то 5719 м³); ҳар сол ҷаҳон 324 миллиард метри мукааб оби тозаро талаф медиҳад, ки ин барои қонеъ кардани ниёзҳои 280 миллион нафар кофӣ аст; тақрибан 800 миллион нафари аҳолии ҷаҳон ҳатто ба оби асосӣ дастрасӣ надоранд. Тағийри иқлимӣ боиси он мегардад, ки норасоии об то соли 2030 метавонад ба 40 фоиз аз ҳисоби талабот ва пешниҳод расад.  Ҳодисаҳои хушксолӣ ва талафоти обӣ ҳар сол тақрибан 307 миллиард доллари ИМА зарар мерасонанд.

         Дар минтақа тақрибан 82 фоиз оби кашидашуда барои кишоварзӣ истифода мешавад ва самаранокии истифода паст аст. Аз соли 2015 инҷониб дастрасии об ба ҳар нафар дар Осиёи Марказӣ 12 фоиз коҳиш ёфтааст. Соли 2025 яке аз солҳои хушк дар даҳсолаҳои охир мебошад: ҳаҷми об дар ҳавзаҳои Амударё ва Сирдарё аз меъёр пасттар аст, ки боиси норасоии об барои кишоварзӣ ва энергетика мегардад. Обшавии босуръати пиряхҳо дар кӯҳҳои Помир дар кӯтоҳмуддат обро зиёд мекунад, аммо дар дарозмуддат хатари норасоии ҷиддиро афзоиш медиҳад. Сатҳи стрессҳои обӣ дар минтақа ҳанӯз ҳам баланд аст (дар солҳои қаблӣ тақрибан 70 фоиз). Ҷаҳон аз «бӯҳрони об» ба «норасоии об» гузаштааст, ки системаҳои табиӣ дигар ба ҳолати қаблӣ барнамегарданд. Бе чораҳои фаврӣ (ҳамкории минтақавӣ, самаранокӣ, ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии устувор) вазъ боз ҳам бадтар мешавад.

         Яке аз суханони муҳим ва мубрами Пешвои миллат ин буд, ки: «Тавре маълум аст, дар ҳудуди кишвари мо то 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд. Ин нақши муҳими низоми экологии кӯҳии Тоҷикистонро дар таъмини обрасонӣ ва рушди устувор дар минтақа собит менамояд».

         Ин изҳорот на танҳо далели географиву воқеӣ, балки ҳуҷҷати ҳуқуқии ҳимоятӣ мебошад. Аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалии об Тоҷикистон ҳамчун давлати кӯҳӣ ва «давлати манбаъ» барои ҳавзаҳои трансмиллӣ (аз ҷумла ҳавзаи дарёҳои Амударё ва Сирдарё) масъулияти махсус дорад. Ин мавқеъ бо Конвенсияи байналмилалии оид ба истифодаи ғайриҳарбӣ ва ҳифзи захираҳои обии трансмиллӣ (Конвенсияи Ню-Йорк, 1997) ва Конвенсияи Ҳелсинки (1992) ҳамоҳанг аст.

Принсипҳои асосӣ, ки дар ин ҷо амал мекунанд, инҳо мебошанд:

- Истифодаи одилона ва оқилонаи захираҳо;

- Уҳдадории ҳамкорӣ;

- Принсипи нарасонидани зарари ҷиддӣ ба давлатҳои поёноб.

         Обшавии босуръати пиряхҳо ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ зикр шудааст: «Аз чордаҳ ҳазор пиряхи Тоҷикистон беш аз 1300 адади онҳо аллакай пурра об шудаанд». Ин рақамҳо бо маълумотҳои илмӣ ва Созмони ҷаҳонии метеорологӣ мувофиқанд ва принсипи эҳтиёткорӣ (Принсипи 15-и Декларатсияи Рио-92)-ро талаб мекунад. Ҳатто дар ҳолати номуайянӣ оид ба андозаи зарар, давлатҳо уҳдадоранд чораҳои пешгирикунанда андешанд.

         Сухани дигари мубрами Пешвои миллат он аст, ки: «Дар Тоҷикистон танҳо соли гузашта беш аз шаст тӯфони чанголуд ба қайд гирифта шуд. Давомнокии умумии онҳо тақрибан ҳафт моҳро ташкил дод. Дар ҳамин ҳол, дар аввали солҳои навадуми асри гузашта басомади чунин зуҳуроти обу ҳаво танҳо ду ё се маротиба дар як сол буд».

         Ин тамоюл нишондиҳандаи таназзули экосистемаҳо ва тағйирёбии иқлим аст. Аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, чунин зуҳуротҳо ба уҳдадориҳои давлатҳо дар доираи Созишномаи Париж – кам кардани партовҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим – алоқаманданд. Инчунин, онҳо бо Ҳадафҳои Рушди Устувор (Ҳадафи 3 – Саломатӣ ва некӯаҳволӣ, Ҳадафи 13 – Амали иқлимӣ, Ҳадафи 15 – Ҳаёт дар замин) мувофиқанд, зеро ба саломатии аҳолӣ ва муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд.

          Тӯфонҳои чанголуд яке аз таҳдидҳои ҷиддии экологӣ ба ҳисоб мераванд, ки ҳаворо бо ҳиссаҳои хуби чанг (PM10 ва PM2.5) ифлос мекунанд ва ба системаҳои нафаскашӣ, дилу рагҳо ва саломатии умумии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд. Тибқи омори расмии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ва Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (СҶМ), ин ҳодисаҳо аллакай ба таҳдиди глобалӣ табдил ёфтаанд. Мувофиқи Бюллетени чанги ҳавоӣ №9-и СҶМ (июли 2025), тӯфонҳои чанголуд ҳар сол тақрибан 330 миллион нафар дар 150 кишварро бевосита таҳти таъсир қарор медиҳанд. Аз соли 2018 то 2022, 3,8 миллиард нафар (тақрибан 49% аҳолии ҷаҳон) ба сатҳи чанги PM10 болотар аз ҳадди бехатарии СҶТ дучор шудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба давраи 2003–2007 31 фоиз афзудааст. Зарраҳои ҳавоӣ аз тӯфонҳои чанголуд ҳар сол ба 7 миллион марги бармаҳал мусоидат мекунанд, ки қисми муҳими ифлосшавии ҳаво мебошад.

          Дар рӯзҳои тӯфонҳои чанголуд хавфи марг аз бемориҳои дилу рагҳо 2,33 фоиз ва аз бемориҳои нафаскашӣ 3,99 фоиз афзоиш меёбад. Афзоиши хавфи марг аз ҳамаи сабабҳо тақрибан 0,65 фоиз барои ҳар 10 мкг/м³ афзоиши чанги PM10 мебошад. Таъсирҳои асосӣ ба саломатӣ аз гузоришҳои СҶТ ва таҳқиқотҳои эпидемиологӣ (2025) чунинанд: афзоиши ҳолатҳои бемориҳои нафаскашӣ (астма, бронхит, пневмония, бемории музмини обструктивии шуш – COPD); афзоиши ҳодисаҳои дилӣ (инфаркти миокард, сактаи мағзӣ, гипертония); сӯхтани чашм (конюнктивит), ҳолатҳои аллергия, мушкилоти ҳомиладорӣ, дарди сар ва сулфаи шадид. Таъсири кӯтоҳмуддат ба афзоиши беморхонаҳо ва ҳолатҳои ҳассос оварда мерасонад, дар ҳоле ки таъсири дарозмуддат хатари бемориҳои музмин ва мушкилоти системаи асабро зиёд мекунад.

          Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон чунин тӯфонҳо ба саломатии аҳолӣ, хусусан ба гурӯҳҳои осебпазир (кӯдакон, пиронсолон ва шахсони дорои бемориҳои музмин) таъсири манфӣ мерасонанд ва боиси зиёд шудани ҳолатҳои нафаскашӣ ва дилӣ мегарданд. Ин масъалаҳо бо Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ 3 – Саломатӣ ва некӯаҳволӣ ва ҲРУ 13 – Амали иқлимӣ) алоқаманданд.

          Хулосаи мутахассисон аз СҶТ ва СҶМ (2025) чунин аст: тӯфонҳои чанголуд дигар ҳодисаи маҳаллӣ нестанд, балки таҳдиди глобалӣ мебошанд, ки бо тағйирёбии иқлим ва таназзули заминҳо вобастаанд. Таъсири онҳо ба саломатӣ афзуда истодааст ва ҳар сол миллионҳо нафарро таҳти хатар қарор медиҳад. Барои пешгирӣ зарур аст, ки системаҳои огоҳии барвақтӣ, мониторинги ҳаво ва чораҳои ҳифзи саломатӣ (аз ҷумла истифодаи ниқобҳо дар рӯзҳои тӯфон) тақвият дода шаванд.

          Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Саммити минтақавии экологӣ (22 апрели 2026, Остона) инчунин таъкид намуданд, ки: «Кишвари мо дар доираи Раванди оби Душанбе талошҳои пайвастаи худро барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим идома медиҳад. Имрӯз қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар марҳилаи татбиқи фаъол қарор дорад».

           Раванди оби Душанбе (аз соли 2018) ҳамчун платформаи муҳим ва доимии дипломатияи об дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ мешавад. Ин раванд бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ҳадафи асосии онро дастгирии татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028) ташкил медиҳад, ки бо Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) қабул шудааст. Раванди мазкур конференсияҳои байналмилалии сатҳи баландро ҳар ду сол як маротиба дар Душанбе баргузор менамояд ва ҳамчун минбари муассир барои мубодилаи таҷриба, таҳияи ҳамкориҳо ва пешбурди амалҳо дар соҳаи об кор мекунад.

           То соли 2026 Раванди оби Душанбе се конфронси калонро (солҳои 2018, 2022 ва 2024) баргузор кардааст ва ҳоло дар марҳилаи омодагӣ ба Конфронси чорум (25–28 майи 2026) қарор дорад. Ин конфронс на танҳо идомаи талошҳо барои татбиқи Даҳсолаи об аст, балки ҳамчун марҳилаи муҳими тайёрӣ ба Конфронси байналмилалии обии СММ дар соли 2026 (ҳамчун ҳамкориҳои Сенегал ва Амороти Муттаҳидаи Араб) хизмат мекунад. Раванд бо Ҳадафи 6-уми Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ-6 – Об ва санитария) алоқамандии қавӣ дорад ва ба ҳалли масъалаҳои глобалии об, аз ҷумла дастрасии ба оби тоза, идоракунии устувори захираҳои обӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд.

            Яке аз саҳмҳои муҳим ва намоёни Тоҷикистон дар доираи ин раванд эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошад, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ (A/RES/77/158) қабул гардид. Дар ин замина, дар шаҳри Душанбе аз 29 то 31 майи соли 2025 Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки зиёда аз 2600 иштирокчии аз 90 кишварро ҷамъ овард. Конфронс натиҷаҳои муҳим дошт: қабули Декларатсияи Душанбе оид ба пиряхҳо ва Мурҷиаи Душанбе, ки давлатҳои аъзои СММ ва ҷонибҳои манфиатдорро ба тақвияти ҳамкории ҷаҳонӣ дар ҳифзи криосфера даъват менамояд.

            Ин чорабиниҳо на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷаҳонӣ дар бораи обшавии босуръати пиряхҳо мусоидат карданд, балки заминаи қавӣ барои Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (2025–2034) фароҳам оварданд. Аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ, чунин ташаббусҳо ҳамчун ҳуқуқи нарм арзёбӣ мешаванд. Онҳо қувваи ҳатмии ҳуқуқӣ надоранд, аммо дорои аҳамияти сиёсӣ ва ахлоқии баланд буда, ба ташаккули одатҳои ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии сиёсатҳои миллӣ ва минтақавӣ, инчунин пешбурди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим мусоидат менамоянд.

            Саҳми Тоҷикистон дар Раванди оби Душанбе ва ташаббусҳои вобаста ба пиряхҳо намоиши равшани ташаббускории кишвар дар дипломатияи обӣ ва экологӣ мебошад. Ин талошҳо на танҳо масъалаҳои миллӣ ва минтақавиро (аз ҷумла ҳифзи 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ) ҳал мекунанд, балки ба пешрафти ҳадафҳои глобалии рушди устувор, аз ҷумла ҲРУ-6 (Об ва санитария), ҲРУ-13 (Амали иқлимӣ) ва ҲРУ-15 (Ҳаёт дар замин) мусоидат менамоянд. Дар шароити тағйирёбии иқлим ва норасоии захираҳои об, Раванди оби Душанбе ҳамчун модели муассири ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ намунаи барҷаста боқӣ мемонад.

             Муҳимтарин натиҷаи Саммити минтақавии экологӣ дар мавзуи «Диди муштарак барои ояндаи устувор», ки 22 апрели соли 2026 дар Остона (Қазоқистон) баргузор гардид, қабули Эъломияи муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва тасдиқи Барномаи минтақавии амал то соли 2030 мебошад. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуданд: «Имрӯз мо Эъломияи муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказиро қабул намуда, Барномаи минтақавии амалро то соли ду ҳазору сӣ тасдиқ мекунем. Ин санадҳо, бешубҳа, заминаи дигареро барои рушди минбаъдаи ҳамкории экологӣ дар минтақа фароҳам меоранд».

             Ин ду ҳуҷҷат ҳамчун натиҷаи муштараки панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон) баромад карданд ва ҳадафи асосии онҳо ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои об, барқарорсозии ландшафтҳо, идоракунии партовҳо ва пешбурди иқтисодиёти «сабз» мебошад. Эъломия принсипҳои муштаракро муайян карда, уҳдадориҳои сиёсиро барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳити зист ва иқлим таъкид менамояд, дар ҳоле ки Барномаи минтақавии амал механизмҳои амалӣ, лоиҳаҳои муштарак ва нишондиҳандаҳои мониторингиро барои давраи то соли 2030 пешбинӣ мекунад.

             Аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ, ин Эъломия ва Барнома ҳамчун ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи нарм арзёбӣ мешаванд. Онҳо қувваи ҳатмии ҳуқуқӣ  надоранд, аммо дорои аҳамияти сиёсӣ ва ҳуқуқии баланд мебошанд. Чунин санадҳо заминаи мустаҳкам барои ҳамоҳангсозии сиёсатҳои миллӣ, таҳияи стандартҳои минтақавӣ, мутобиқсозии қонунгузорӣ ва пешбурди мавқеъҳои ягонаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар форумҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид, Конфронсҳои тарафҳои Созишномаи Париж ва дигар платформаҳои глобалӣ фароҳам меоранд. Онҳо метавонанд ба ташаккули одатҳои ҳуқуқӣ оварда расонанд ва дар ҳалли низоъҳои трансмиллӣ оид ба захираҳои об, ҳавзаҳои дарёҳо ва масъалаҳои экологӣ (масалан, дар ҳавзаи Арал) нақши мусбат бозӣ кунанд.

             Таъкид шудааст, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла Раванди оби Душанбе (аз соли 2018), пайваста аз ҷониби шарикони минтақавӣ ва байналмилалӣ дастгирӣ меёбанд. Раванди мазкур ҳамчун платформаи беназир барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва иқлим кор мекунад ва аллакай се конфронси сатҳи баландро (2018, 2022, 2024) баргузор кардааст. Идомаи ин талошҳо Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028) мебошад, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Ин конфронс на танҳо натиҷаҳои Раванди оби Душанберо ҷамъбаст мекунад, балки ҳамчун марҳилаи муҳими омодагӣ ба Конфронси байналмилалии обии СММ дар соли 2026 хизмат менамояд.

              Қабули Эъломия ва Барномаи минтақавӣ дар Саммити Остона-2026 ҳамчун қадами ҷиддӣ ба сӯи ҳамкории амиқтари минтақавӣ арзёбӣ мешавад. Онҳо бо дигар механизмҳои минтақавӣ, аз қабили Стратегияи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ, Барномаи RESILAND CA+ (барқарорсозии ландшафтҳои устувор) ва фаъолиятҳои Маркази минтақавии ҳифзи муҳити зист (CAREC) ҳамоҳанганд. Ин санадҳо имконият медиҳанд, ки кишварҳои минтақа ҳамоҳангшуда дар арсаи ҷаҳонӣ баромад кунанд, сармоягузориҳои «сабз»-ро ҷалб намоянд ва ба ҳалли мушкилоти умумӣ, аз ҷумла обшавии пиряхҳо, тӯфонҳои чанголуд, таназзули заминҳо ва норасоии об мусоидат намоянд.

              Дар маҷмӯъ, қабули ин ҳуҷҷатҳо натиҷаи муҳимтарини Саммит буда, заминаи нав барои рушди устувори минтақа фароҳам меорад. Санадҳои мазкур танҳо ҳамкории экологӣ байни панҷ кишвари Осиёи Марказиро тақвият мебахшанд, балки саҳми Тоҷикистонро ҳамчун пешсафи дипломатияи экологӣ дар минтақа ва ҷаҳон боз ҳам баландтар мебардоранд.

               Суханронии Пешвои миллат ҳамчун даъвати ҷиддӣ ба ҳамкории минтақавӣ ва ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти экологӣ садо дод. Аз матни суханронӣ метавон пешниҳодҳои стратегӣ ва амалиро ҷудо кард, ки барои рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва ҳамкории Осиёи Марказӣ равона шудаанд:

1. Тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва ҷаҳонии экологӣ: андешидани тадбирҳои муштараку ҳамоҳанг барои мубориза бо тағйирёбии иқлим, таназзули экосистемаҳо, норасоии об ва офатҳои табиӣ; рушди механизмҳои сохтории ҳамкории минтақавӣ ва таҳияи мавқеъҳои ҳамоҳангшудаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар арсаи байналмилалӣ; истифодаи Маркази минтақавӣ оид ба идоракунии партовҳо дар Душанбе ҳамчун платформаи самараноки минтақавӣ.

2. Ҳифзи захираҳои обӣ ва криосфера: эътироф ва ҳифзи нақши Тоҷикистон ҳамчун манбаи 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ: тақвияти талошҳо дар доираи Раванди оби Душанбе барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим; дастгирии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028); таъсиси Маркази минтақавии омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо ва криосфераи Осиёи Марказӣ дар Душанбе таҳти сарпарастии Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO); баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об (майи 2026, Душанбе) ва даъват ба иштироки фаъоли ҳайатҳои кишварҳои минтақа;

3. Гузариш ба иқтисодиёти сабз ва энергияи тоза: рушди гидроэнергетика ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҳамчун афзалияти стратегӣ барои Тоҷикистон; сафарбарсозии сармоягузориҳои экологӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои бозории дастгирии рушди «сабз»; барориши вомбаргҳои «сабз» ва ҳамгироӣ ба низоми ҷаҳонии маблағгузории устувори иқлимӣ; баррасии ташаккули бозори минтақавии карбон барои коҳиши партовҳо ва ҷалби сармоягузориҳои нав.

4. Ҳифзи гуногунии биологӣ ва барқарорсозии экосистемаҳо: амалӣ намудани Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 (шинонидани зиёда аз 1 миллиард дарахт); афзоиши масоҳати ҳудудҳои махсус ҳифзшавандаи табиӣ аз 2,5% то 22%; ҳифзи намудҳои нодири ҳайвоноти кӯҳӣ, аз ҷумла бабри барфӣ, бузи пармашох (морхӯр), гӯсфанди кӯҳӣ ва архар (гӯсфанди Марко Поло).

             Дар суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо мушкилоти ҷорӣ (обшавии пиряхҳо, тӯфонҳои чанголуд, норасоии об)-ро нишон доданд, балки пешниҳодҳои амалӣ ва стратегиро манзур намуданд, ки Тоҷикистонро ҳамчун пешсафи дипломатияи экологӣ дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ менамояд. Пешниҳодҳо ба принсипҳои ҳамкорӣ, рушди устувор ва истифодаи одилонаву оқилонаи захираҳо асос ёфтаанд ва метавонанд ҳамчун замина барои ҳамкории минтақавӣ ва ҷалби сармоягузориҳои байналмилалӣ хизмат намоянд.

 

САНГИНЗОДА Дониёр

сарходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

доктори имлҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

БОЗГАШТ