Муаллиф: Зафар Сайидзода
Ба истиқболи Рӯзи Президенти Тоҷикистон -16 ноябр
Беҳтар кардани сифати таълими забон
дар низоми омӯзишии кишвар
Шароити истиқлолияти милливу давлатӣ ва равандҳои умдаи густариш ва такомули шахсият, ҳамчун инсони худшинос, тақозо мекунанд, ки мактабу донишгоҳ дар маркази ҷаҳду талош баҳри расидан ба ҳадафҳои бузурги пешрафту тавсеа дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт қарор гиранд. Тарбият кардани шахсиятҳои бархӯрдор аз донишҳои комили ҷаҳони муосир, инсонҳои худшинос, хирадпеша ва қодир ба ҳифз ва густариши ҳарчи бештари ваҳдати миллӣ бидуни ба онҳо омӯзондани забони модарӣ ғайримумкин аст. Агар инсоне чандин забон донад, вале дар сухан гуфтан ба забони модарӣ қодир набошад, ӯро наметавон шахси пешрафта номид.
Нақши мактаб барои омӯзишу фарогирии забони модарӣ ниҳоят бузург аст, вале, мутаассифона, шеваҳо ва усулҳои таълими забони модарӣ мусоидат бар он намекунанд, то ки мактабиён пас аз ёздаҳ соли таълим забони адабиро ба андозаи кофӣ аз бар намоянд ва ба таври озод навиштану суҳбат карданро ёд гиранд.
Бо таваҷҷуҳ ба нақши муассири мактаб ба забономӯзонӣ ва нокоромадии усули кунунии таълими забон, Президент Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, ки вазифаи асосии мактабу маориф имрӯз ба насли наврас омӯзонидани забони умумитоҷикӣ – забони меъёр, забоне, ки бояд батадриҷ забони тамоми тоҷикон, новобаста аз маҳаллу минтақаи зисташон, гардад, мебошад.
Сарвари давлат усули кунунии таълими забони модариро, ки бар асоси шеваҳои куҳна бунёд ёфтааст, барои имрӯз ғайри қобили баҳрабардорӣ арзёбӣ намуда, ба ниҳодҳои марбута, аз ҷумла Вазорати маориф ва илм, супориш додааст, ки сабку равиши таълим бояд таҷдиди назар карда шавад. Зеро чунин усули таълими забони модарӣ барои соҳибзабонон ва намояндагони забонҳои дигари сокини кишвар чандон самарабахш нест. Президенти кишвар ҳамчунин супориш додааст, ки таҳия ва ҳамгунсозии истилоҳоти забон, таҳияи китобҳои дарсӣ, вожаномаву фарҳангҳои истилоҳии соҳавӣ, маводи таълимӣ ва дигар васоити омӯзишии марбута бояд ҳатман аз ташхиси забоншиносӣ гузаранд ва фақат баъд аз он ба чоп тавсия шаванд.
Нокоромадии усулу шеваҳои имрӯзаи омӯзиши забон аз ин суханони бо таассуф иброздоштаи Президент Эмомалӣ Раҳмон ба равшанӣ намоён мегардад: «Пас аз ёздаҳ соли таълим дар мактаби таҳсилоти умумӣ ва панҷ соли омӯзиши забон дар мактабҳои олӣ иддае аз хатмкунандагон забони адабиро ба андозаи кофӣ аз бар карда наметавонанд ва бо ин забон ба таври озод навиштан ва суҳбат карданро ёд намегиранд».
Муаллифи ин сатрҳо, ки солҳои дароз ба сифати котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипас сарвари Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ифои вазифа намудаам ва, метавон гуфт, дар маркази роҳбурди забони меъёр қарор гирифта будам, аз вазъи дар воқеъ номатлуб ва нигаронкунанда дар ҳавзаи забон ба хубӣ огоҳ ҳастам. Бавижа, ҳангоми кор дар хабаргузории миллии «Ховар» бо афроде бархӯрд кардаам, ки бо вуҷуди омӯзиши рӯзноманигорӣ доштан, наметавонистанд як мақола ё хабареро ба таври бояду шояд ва бехато ба риштаи таҳрир дароваранд.
Умедвор ҳастем, ки донишмандону коршиносони соҳаи забон ва масъулони низоми омӯзишии кишвар баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳду талош менамоянд ва муваффақ ба эҷоди роҳу усули муассиру муносиб дар таълиму тадриси забони модарӣ мегарданд.
Неру бахшидан ба раванди табдили забони
адабии тоҷикӣ ба забони умумимиллӣ
Нерумандатарин забон ҳамон забон аст, ки сохтори забони меъёр бо сохтори гӯишу лаҳҷаҳои гӯяндагонаш фарқи хеле кам дошта бошад. Масалан, забони русӣ ба чунин дараҷаи такомул расидааст, ки сохтори забони адабӣ бо сохтори забони гуфторӣ тақрибан фарқ надоранд.
Дар сурате, ки имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсат, қонунгузорӣ, коргузорӣ, муоширати байни сокинони кишвар, забони илму фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма дар истифодаи васеъ қарор дорад ва ба ин забон санадҳои ҳуқуқӣ, созишномаҳо ва қарордодҳои муҳими байналмилалӣ таҳия мегарданд, дар минбарҳои бузург ва муътабари ҷаҳонӣ забони давлатӣ танинандоз аст ва дар сатҳи ҷаҳонӣ беш аз пеш маъруфият касб менамояд, ҳамаи ин моро водор месозад, ки ба забони худ арҷ гузорем ва барои рушду такомули он ба таври ҳамагонӣ талош варзем. Кӯшиш намоем, забони модарии худро ба забони фарогири корӣ ва муошират, яъне ба забоне, ки на фақат дар саҳифаи китобҳову рӯзномаҳо менависему аз минбарҳо ва дар телевизион гап мезанем, балки дар ҳаёти одӣ ва бо наздикону дӯстону ҳамсоягону ҳамватанон бо он суҳбат мекунем, табдил диҳем.
Чунин ба назар мерасад, ки гӯё мо як фурсати мусоидеро мунтазирем, то ин ки ба сухан гуфтан бо забони меъёр оғоз кунем, дар сурате ки ин фурсат кайҳост, ки оғоз шудааст. Мо бояд дар ҷомеа чунин муҳите барпо кунем, ки ҳар фард пеши худ вазифа гузорад: ӯ бояд на танҳо забони давлатиро хуб донад, балки онро дар гуфтор бо ҳама кас ва дар ҳама ҷо ба кор гирад.
Ба манзури ҷиддӣ намудани талаботи забондонии онҳое, ки довталаби вазифаҳои роҳбарӣ ва намояндагӣ дар парлумони кишвар ва мақомоти намояндагӣ дар маҳалҳо мешаванд, бо супориши Сарвари давлат дар як зумра санадҳои марбут меъёрҳое дохил карда шуданд, ки донистани хуби забони давлатиро ба таври ҳатмӣ тақозо мекунанд. Чунин талабҳо нисбати кадрҳои сатҳҳои миёнаи роҳбарӣ низ ҷорӣ карда шудаанд.
Умед аст, ки иқдомҳои мазкур дар якҷоягӣ бо фаъолиятҳои муносиби ниҳодҳои таъсиргузор, ба монанди мактаб ва расонаҳо, дар амри ҳарчи бештар ва пештар ба забони умумимиллӣ табдил гардидани забони меъёр мусоидат хоҳанд кард.
Меъёр ва ҳусни баён
Шевову равон ва дурусту беғалат сухан гуфтан мавзӯи ҳамешагӣ дар ҳар забон аст. Вале дар забони мо ин масъала аҳамияти бунёдӣ дорад, зеро зебоӣ, латифӣ, ширинӣ аз вижагиҳои забони тоҷикӣ мебошанд. Забони тоҷикӣ – бо вожагони зебову савти дилнишин ва баҳамомезии мавзуни калимаҳо – гӯши шунавандаро менавозад ва ҳамчун нағмаҳои парандагони хушхон бо навоҳои дилангез қалбу рӯҳи инсонро фараҳманд мегардонад.
Зоти забони тоҷикӣ ширин аст ва дар ҳамбастагӣ бо савтиёти гуворо ва маънову мафҳумҳои баланд, зинату зевари ҳунариву бадеӣ некутарин ва баландтарин мақому ҷойгоҳро дар ҷамъи забонҳои дунё соҳиб гаштааст. Бисёре аз шарқшиносони номдори ҷаҳон забони тоҷикии форсиро медонанд. Ва ҳангоме ки аз онҳо мепурсанд, ки чаро забони моро омӯхтаанд, посух медиҳанд, ки осори навишташуда ба забони форсии тоҷикӣ ганҷинае аз илму донишу маърифат аст, аз ин рӯ, мехоҳанд худашон, бидуни миёнҷӣ, ба ин ганҷи гаронбаҳо даст ёбанд ва баҳра гиранд.
Дар Банглодеш дар маросими таваллуди навзодон мардуми ин кишвар ашъори Мавлоноро ба забони асл аз ёд мехонанд, ҳарчанд ки забони тоҷикиро хуб намедоданд.
Ё ин ки суруди миллии кишвари Покистон ба забони тоҷикӣ аст ва бисёре аз андешамандон, бузургони илму адаб ва сиёсати ин мамлакат ба забони тоҷикии форсӣ ошноӣ доранд.
Мо, ки меросдори азамати таърихии ин забони тавоно ва шево ҳастем, бояд аз соҳиби чунин забони оламгир будан бинозем, талош кунем, ки бар тавоноиву шевоияш биафзоем, бо ишқу дилдодагӣ ба ҳифзу ҳиросаташ камар бандем ва поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷинаи гаронбаҳоро вазифаи фарзандии худ шуморем.
Аммо набояд ин ҳама изҳори муҳаббату садоқат ба яке аз муҳимтарин рукни фарҳанги миллиамон фақат ҷанбаи эъломӣ дошта бошад, балки дар амал, бо тарзи гуфтори дурусту бурро, бо риоя намудани қоидаҳои имло ва бо ба кор бурдани санъати каломи бадеӣ собит намоем, ки мо ворисони сазовори ниёгонамон ҳастем.
Мутаассифона, имрӯзҳо дар радио ва телевизион, ки конуни омӯзиш дар ҳавзаи забони меъёр бояд бошад, гоҳе корҳое надониста рух менамоянд, ки ба забони расмии кишвар осеб мерасонанд ва нақши ин созмонро ба ҳайси ниҳоди омӯзишӣ коста мегардонанд. Ва ин дар сурате рух медиҳад, ки гӯяндагони радио ва телевизион бояд оинаи забони адабии меъёр бошанд ва беҳтарин намунаҳои гуфтори адабиро ба мардум намоиш диҳанд.
Бисёре аз роҳбарон дар идора ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар ҷаласаҳои сатҳи баланд ва ҳатто парлумон, аз тариқи радио ва телевизион бо забоне ҳарф мезананд, ки фосилаҳо аз забони меъёр дур мебошад. Шумораи ками роҳбароне ҳастанд, ки забони адабиро медонанд, имло ва меъёрҳои онро риоя мекунанд ва ба ҳамкорону тобеони худ ибрати муоширати баландро нишон медиҳанд.
Забони баъзе рӯзномаву маҷаллаҳо – бо калимаҳову истилоҳоти ғалату душворфаҳм – ба талаботи забони меъёр ва завқи солим ҷавобгӯ нест. Дар маводи чопкардаи ин рӯзномаҳо меъёрҳои муқарраргардидаи забони адабӣ ва ҳатто қоидаҳои қабулшудаи имло риоя намешаванд.
Чунин муносибат ба қоидаҳои имло, ки аз ҷониби Ҳукумат тасдиқ гардидааст, саҳлангорию бемасъулиятии муаллифон ва роҳбарони чунин нашрияҳо дар амри риоя намудани Қонуни забон мебошад.
Мусаллам аст, ки ҳар қаламкаш дар доираи донишу малакааш эҷод мекунад, вале ин маънои онро надорад, ки ҳар кас худсарона ва бе риоя кардани қоидаҳои имло ва сабки хоси забони тоҷикӣ чизҳое нависад, ки барои доираи васеи хонандагон умуман фаҳмо нестанд. Рӯзноманигорон ва аҳли эҷод худашон бояд дар масъалаи риояи Қонун дар бораи забон, тозагии он ва рушди забони модарӣ намунаи ибрат ба дигарон бошанд.
Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик аз вазифаву рисолати касбии рӯзноманигорон сухан ронда, аз ҷумла, гуфт: «Бо забони содаву оммафаҳм ва салису равон расонидани иттилоот ва матолиби таҳлилӣ яке аз вазифаҳои асосии матбуот ва, умуман, аҳли қалам мебошад. Аҳли қалам ва рӯзноманигорон худашон бояд дар масъалаи риояи қонун дар бораи забон, тозагии он ва рушди забони ширин ва шоиронаву шевои тоҷикӣ намунаи ибрати дигарон бошанд. Ба андешаи ман, ин яке аз рисолатҳои касбӣ ва қарзи шаҳрвандии рӯзноманигорон маҳсуб мешавад».
Ин панди устодонаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат барои ҳамаи аҳли қалам ва хусусан барои рӯзноманигорон, бояд сабақи бузург ва дар фаъолияти ҳаррӯзаашон чароғи роҳнамо бошад.
Компютерӣ кардани забони тоҷикӣ
Компютерӣ кардани забони тоҷикиро Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон яке аз омилҳои нерубахш ба раванди густариши забони тоҷикӣ медонад.
Компютерӣ кардани забони тоҷикӣ, пеш аз ҳама, маънои ба вуҷуд овардани фазои ягонаи компютерӣ ва ба низом даровардани коргузории расмии идораҳо ва муассисаҳои давлатиро дар асоси истифодаи василаҳои техникӣ дорад.
Барои ба вуҷуд овардани низоме, ки ба талаботи даврони истиқлол ва рушду тавсеаи забони давлатӣ мусоидат намояд, дар марҳалаи аввал бояд ба ҳалли ду масъала кӯшиш намоем. Ин ду масъала ба ҳамаи компютерҳо насб кардани сафҳакалиди (клавиатураи) тоҷикӣ ва таъмин намудани компютерҳо бо вироишгари матнҳои тоҷикӣ мебошанд.
Имрӯз бо итминон метавон гуфт: компютерикунонии мактабҳо, ки бо супориши Сарвари давлат чанд сол идома дошт, ба охир расидааст ва ҳамаи мактабҳои ҷумҳурӣ пурра бо компютерҳо фаро гирифта шудаанд. Вале дар шароите, ки компютер дар мактабҳо ба як унсури ҷудонопазири воситаҳои таълим мубаддал гаштааст, аксари ин компютерҳо то имрӯз барномаи ягонаи тоҷикӣ надоранд. Дар сурате, ки ҳоли ҳозир ҳам сафҳакалиди тоҷикӣ ва ҳам вироишгари матнҳои тоҷикӣ аз ҷониби олимони тоҷик ба вуҷуд оварда шудаанд.
Вироишгари матнҳо, ки ба таври худкор имлои калимаҳоро баррасӣ мекунад ва дар мавриди ташхиси хатое дар вожаҳо шакли дурусти онҳоро пешниҳод менамояд, ба коҳиш ёфтани ғалатҳои имлоӣ, ки имрӯзҳо матни рӯзномаҳову китобҳову дигар маводи чопӣ аз онҳо огандаанд, кумак хоҳад кард ва дар роҳи тавсеаи забони давлатӣ ба андозаи қобили мулоҳизае мусоидат хоҳад намуд.
Дурусту беғалат нигоштани лавҳаҳо,
овезаҳо, боннерҳову плакатҳо
Яке аз мушкилот дар иҷрои муқаррароти Қонуни забон ба масъалаи эълону реклама, лавҳаю овезаҳо, номгузории муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ марбут аст.
Дар баъзе мавридҳо навиштаҷоти рекламаи ороиши берунӣ ва дигар лавҳаю овезаҳо бар хилофи Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия мешавад, ки ин як навъ қонуншиканӣ мебошад.
Имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва шаҳру ноҳияҳо номҳои фаровони хориҷӣ, ки ба қонунгузории мо мухолифат доранд, ба мушоҳида мерасанд. Номгузорӣ ба забонҳои хориҷӣ беэҳтиромӣ ба арзишҳои фарҳангӣ, истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.
Дар баъзе лавҳаҳо, боннерҳо ва овезаҳо бо табрику таманноҳои идона қоидаҳои одитарини имлои забони тоҷикӣ риоя карда намешаванд ва онҳо пур аз ғалату иштибоҳ мебошанд. Ҳатто дар лавҳаҳое бо дуруди наврӯзӣ ғалатҳои имлоӣ ба чашм мехӯранд.
Матни норавону пурғалати овеза ва шиору рекламаҳо беэҳтиромиро ба забони модарӣ ба миён меоварад. Ин падидаи номатлубро на фақат дар шаҳру ноҳияҳо, балки дар пойтахт низ мушоҳида кардан мумкин аст.
Бино бар ин, агар ҳаллу фасли оқилонаву равшангаронаи ин масъала, аз як сӯ, вазифаи ороишгарону рассомону тарҳрезон бошад, аз сӯи дигар, вазифаи роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Беҳбуд бахшидан ба сифати тарҷумаи
филмҳои истеҳсоли хориҷӣ ба забони тоҷикӣ
Сифати тарҷумаи филмҳои истеҳсоли хориҷӣ боз як мавзӯи печида аст. Аксари филмҳои истеҳсоли хориҷие, ки дар замони истиқлол ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд, бо калимаҳову таркибҳои номуносиби бо усули таҳтуллафзӣ баргардоншуда ба одитарин талаботи тарҷумаи касбӣ посухгӯ нестанд.
Дар шароите, ки бисёре аз ҳамватанони мо ба филмҳо мароқи зиёд доранд, пахши чунин филмҳо бо забони шикаста, калимаҳои номуносиб ва лаҳни ноҳинҷор аз тариқи чунин манбаи муҳими таъсиргузоре, чун телевизион, мӯҷиби паст фаромадани завқи бадеӣ ва коста гардидани малакаи забондонии мардум мегардад.
Тарҷума дар баробари кори душвору заҳматталаб буданаш аз тарҷумон маҳоратҳову малакаҳои гуногунро тақозо мекунад.
Дар бораи тарҷумони хуб назарҳову ақидаҳои зиёде баён шудаанд. Дар нигоҳи аввал ба назар мерасад, ки тарҷумони хуб бояд ду забонро фаро гирифта бошад. Аммо барои тарҷумони хуб будан, илова бар ду забонро донистан, аз баъзе маҳоратҳо ва вижагиҳои дигар низ бархӯрдор будан лозим аст. Истеъдоди нависандагии тарҷумон бояд дар ҳудуди истеъдоди муаллифи асари тарҷумашаванда бошад. Агар касе натавонад як асари хубу хонданӣ нависад, аз эҳтимол дур нест, ки тавоноии тарҷумаи як асари хубу хонданиро низ надорад. Тарҷумони хуб бояд, мисли ҳунарпешаи хуб, ба калимаҳо ҳаёту ҳаракат бахшад ва, муҳимтар, ҳатман бояд нависанда бошад.
Аммо, мутаассифона, аксари тарҷумонҳои филмҳо ба забони тоҷикӣ касоне мебошанд, ки аз ҳунари нависандагӣ хабаре надоранд.
Вижагиҳои тарҷумони хубро коршиносон аз инҳо иборат донистаанд:
– муҳтавои матн ва ҳадафи нависандаро ба хубӣ дарк кунад;
– аз дониши васеъ дар матни аслӣ бархӯрдор бошад;
– аз тарҷумаи лафз ба лафз, ки ҳам ба мафҳуми матни аслӣ ва ҳам ба зебоии он зарба ворид мекунад, парҳез намояд;
– бо шаклҳои гуфтории роиҷ ва маъмул дар ду забон хуб ошно бошад ва ба таври муносиб ба кор гирад;
– аз тариқи интихобу тартиби муносиби калимаҳо таъсири ҳамаҷониба ва лаҳни матни аслиро ба тарҷума интиқол диҳад.
Умед аст, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Давлат ва Ҳукумати кишвар бобати баланд бардоштани фарҳанги забондонӣ ва устувор кардани пояҳои забони миллӣ ин масъала низ ҳалли худро пайдо менамояд ва тамошобинон на фақат аз муҳтавои мароқангези филмҳо, балки аз гуфтори ширину шевои тоҷикона эҳсоси лаззат ва ризоятмандӣ мекунанд.
Эҷоди асарҳои баландмазмун
ва баландғоя
Имрӯз вазифаи аввалиндараҷаи ҳар қаламкаш тарғиби арзишҳои олии фарҳанги миллӣ, ки забон унсури асосии он аст, мебошад. Адибон, ки дар ҳамаи давру замон дар сафи пеши созандагӣ, эҳёи арзишҳои милливу инсонӣ ва густариши донишу маърифат қарор доштанд, имрӯз низ бояд бо офаридани асарҳои пурмазмуну баландғояашон насли ҷавонро ба ватандӯстӣ, гиромидошти забони модарӣ, илмомӯзӣ ва, умуман, инсони комил шудан ҳидоят намоянд.
Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти ин ки шароити истиқлолияти миллӣ ба аҳли сухан шароити озоди эҷод карданро фароҳам овардааст, бо муроҷиат ба адибон гуфтааст: «Имрӯз майдони сухан барои аҳли эҷод фарох аст. Шумо асарҳои баландғоя эҷод намоед, онҳо, албатта, бо дастгирии Ҳукумат нашр хоҳанд шуд. Эҷоди асарҳои пурмазмун ва таблиғкунандаи арзишҳои волои милливу умумибашарӣ барои тарбияи кӯдакону наврасон хеле муҳим мебошад».
Ҳамчуноне ки дар саҳифаҳои гузашта гуфта шуд, адабиёт, пеш аз ҳама, маъно ва ҳикмат аст, – маъно ва ҳикмате, ки дар қолаби сухани дилчасп, нақли ҷолиб ва бо истифода аз санъатҳои баланди бадеӣ, ташбеҳу истиораву таносуби калом офарида шудааст. Яъне китобҳои бадеӣ фақат баёни қиссаву ривоят ва зодаи қалампардозиҳо ва хаёлбофиҳои нависандагон нестанд. Нависандагон мекӯшанд, то дар қолаби каломи дилписанд достони ҳақиқатҳои талхи рӯзгоронро бозгӯянд ва парда аз бедодгариҳо, палидиҳо, ситамгариҳо, номуродиҳо ва нобасомониҳои боварнакарданӣ бардоранд. Онҳо – гоҳе аз забони худ ва гоҳе аз забони қаҳрамонони романҳову достонҳои хеш – андарз мегӯянд ва ба хонанда роҳи хушбахтӣ ва некфарҷомиро нишон медиҳанд. Дар романҳову достонҳо некиву бадӣ, дӯстиву душманӣ, дурустиву нодурустӣ, ростиву кажӣ, якрангиву дурӯӣ, вафову хиёнат, ишқу нафрат, меҳрубониву хушунат ва дугонигиҳои бисёри дигаре дар канори ҳам қарор дода мешаванд, то хонанда беҳтар ва бештар биомӯзад ва панди бихрадонаи нависандаро бо ҷону дил бипазирад ва бо роҳе равад, ки ба шодкомиву хушномӣ расад ва беҳрӯзиву пирӯзиро ба даст оварад.
Рӯиҳамрафта адабиёт бо ҳама нақши бузурги иҷтимоиаш, пеш аз ҳама, сарчашмаи омӯзиши гуфтори адабӣ мебошад. Китоби хуб он китоб аст, ки мазмунҳои баланд бо забони зебову шево, содаву салис ва суфтаву равон баён шуда бошанд ва хонанда аз хондани он китоб эҳсоси лаззат ва ризоятмандӣ кунад. Китоби хуб на танҳо саргармкунанда аст, балки ҷанбаҳои омӯзишӣ низ дорад ва ба хонанда донистаниҳои тозае медиҳад.
Ҳамчуноне Президент Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, «хонандаи мо имрӯз зиёдтар ба асарҳое ниёз дорад, ки дастовардҳои даврони истиқлолият, кору пайкори қаҳрамонони сохтмонҳои бузурги кишварамонро бо ҳақиқатнигорӣ ва завқи баланди бадеӣ инъикос менамоянд.
Ба хотири он ки наслҳои оянда аз корномаи падарону бобоёни шуҷои худ ба нафъи Тоҷикистони соҳибистиқлол огоҳ бошанд, асарҳои арзанда ва мондагор бояд офарид. Ин қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва рисолати эҷодии онҳост.
Китобҳое бояд ба нашр расонд, ки рисолати таърихии миллатро рӯшан намоянд, неруи зеҳниро бедор кунанд, моро ба донишандӯзию ҷаҳоншиносӣ бихонанд, оташи муҳаббатро ба Ватан, обу хоки поки он, рамзҳои муқаддаси миллӣ дар дили мардум барафрӯзанд. Ба андешидан водор созанд, ки мо кистем, аз куҷоем ва дар пайи чистем, моро бедории милливу фарҳангӣ ва ҳушёрии сиёсӣ бахшанд, то бидонем, дӯст ва душмани мо кист, чӣ касе ба сарзамини мо аз дари дӯстӣ даромада, чӣ касе бо ғаразҳо ва ҳадафҳои нопок. Он гоҳ метавон гуфт, ки мо вазифаи муқаддаси худро дар назди миллату Ватан анҷом додаем».
Навиштани китобе бо чунин вижагиҳо шояд кори сахте бошад, аммо ҳар як нависанда, чун қалам барои эҷоди асари бадеӣ мебардорад, пеши худ биандешад, ки ӯ барои тарбияи завқи бадеии хонандагон – ҳамватанони хеш – масъулият дорад.
Чопи китоби олимон ва адибони гузашта
Мо бояд мероси гаронбаҳои ниёгонамонро, ки ганҷинаи бузурги маънавӣ мебошад, барои тарбияи мардум дар рӯҳи худогоҳию ватандӯстӣ истифода намоем. Осори илмӣ, адабӣ ва фалсафии бузургони миллати мо осори куҳнашудаи гузашта нест, балки он имрӯз ҳам чун сарчашмаи ҳалли мушкилоти ҷомеаи муосир хизмат карда метавонад. Ин мероси пурбаҳои адабӣ барои кишвари соҳибистиқлоли мо, ки рӯ ба ҷомеаи ҳуқуқбунёди дунявӣ ниҳодааст, хеле муҳим ва зарур мебошад. Зеро бунёди ҷомеаи нав инсони худшиносу худогоҳ ва дорои ахлоқи неку маънавиёти баландро тақозо менамояд. Ва, хушбахтона, осори адабии ниёгони мо саршори андешаҳои волои ахлоқиву башардӯстӣ буда, дар тарбияи эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва ваҳдату ҳамбастагии мардум нақши бузург мебозад.
Дуруст аст, ки дар даврони шӯравӣ бо саъю талоши олимону нависандагон теъдоди зиёди осори арзишманди классикони адабиёти мо ба алифбои муосири тоҷикӣ баргардонида шуданд. Аммо садҳо дафтару девон ва даҳҳо рисолаҳои илмиву бадеии дигар аз назари хонанда дур мондаанд. Ин китобҳоро ба расмулхати имрӯзаи тоҷикӣ баргардондан кори бо аҳамият ҳамроҳ мебошад. Вале бояд дар ин замина низ масъулиятшинос бошем ва ин осори пурарзишро беғалат баргардон кунем ва дар шакли китобҳои хушсифату бобақо ба мардум дастрас намоем.
Аз соли 2004-ум инҷониб ҳамасола аз Хазинаи эҳтиётии Президенти мамлакат барои табъу нашр ба таври мақсаднок маблағ ҷудо мешавад. Дар натиҷа ҳар сол аз тариқи нашриёти «Адиб», «Ирфон» ва дигар муассисаҳои табъу нашр даҳҳо номгӯй китобҳои адибони гузашта ба табъ расида, дастраси ихлосмандони каломи бадеъ мегарданд.
Президенти ҷумҳурӣ дар ин замина таъкид мекунад: он китобҳоеро бояд ба нашр расонд, ки рисолати таърихии миллатро равшан намоянд, неруи зеҳниро бедор кунанд, моро ба донишандӯзию ҷаҳоншиносӣ бихонанд, оташи муҳаббатро ба Ватан, обу хоки поки он, рамзҳои муқаддаси миллӣ дар дили мардум барафрӯзанд.
Омӯзиши хати ниёгон
Президенти кишвар мавзӯи суръату сифати тоза бахшидан ба раванди омӯзиши хати ниёгонро муҳим арзёбӣ намуда, ба Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дастур додааст, ки доир ба густариши таълими хати ниёгон тадбирҳои муассир андешанд. Сарвари давлат ҳамчунин иброз доштааст, ки зиёиён низ вазифадоранд, дар ин кори хайр саҳмгузор бошанд.
Алифбои ниёгон барои миллати тоҷик муҳимтарин арзиш аст, зеро бо ин хат – аз устод Рӯдакӣ то устод Айнӣ – осори гаронбаҳои адабиёти тоҷику форс, ки таҷаммулгари нубуғи нажоди ориёӣ пеши ҷаҳониён аст, навишта шудааст. Аз ин рӯ, барои ҳар касе, ки худашро вориси ин осор медонад ва бо номи ниёгони бузурги хеш ифтихор мекунад, донистани ин хат зарур аст.
Имрӯз таълими алифбои ниёгон дар саросари низоми омӯзишии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст ва бадеҳист, ки китобҳои марбут мавҷуданд. Вале, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти ин масъала, мувофиқи мақсад хоҳад буд, ки дастурҳои омӯзиши мустақилона низ ба табъ расанд. Дастуре, чун худомӯз, ҳаргиз наметавонад чизи зиёдӣ бошад, зеро, дар навбати аввал, барои онҳоест, ки мехоҳанд хати ниёгонро мустақилона ёд гиранд, бавижа, агар дар назар гирем, ки ҳама дар ҷомеа мактабхон ва донишҷӯ намебошанд. Ҳатто барои мактабиён ва донишҷӯён ҳам, ки дарси хат мехонанд, худомӯз воситаи ёдгирии хуб аст ва ҳар кас бидуни раҳнамунии муаллим метавонад малакаи бештаре ба даст оварад.
Тоҷикистон ҷузъи ҷаҳони форсизабонон аст. Ҷаҳоне, ки ба далели густурдагӣ ва бисёрнуфусиаш ҷараёнҳои умдаи забонӣ аслан он ҷо сурат мегиранд. Фақат дар шабакаи Интернет садҳо сомонаҳо ба хати ниёгон мавҷуданд, ки дар ҳама риштаву соҳа метавон мақолаву матолибу пажӯҳишҳои ҷолибу хонданӣ пайдо кард. Бино бар ин, агар мо хоҳем, ки вориди ҳавзаи густурдаи форсизабонони ҷаҳон гардем ва аз файзи додугирифтҳои судманди фарҳангӣ баҳраманд шавем, бояд ки алифбои ниёгони хешро ёд бигирем.
Ҳифз ва зинда сохтани
номҳои таърихии ҷуғрофӣ
Яке аз масъалаҳои дорои аҳамияти муҳим дар шинохти суннат ва арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва зинда сохтани номҳои таърихии ҷуғрофӣ мебошад. Номҳо чеҳраи воқеӣ ва таърихи гузаштагони ҳар қавму миллат мебошанд, ки бо мурури замон тағйир ёфтаанд. Дар шакли дуруст барқарор кардани онҳо маънои дар дилу ҳофизаи насли имрӯз зинда кардани рӯзгорони пурифтихори гузаштагон ва ному кори неки онҳоро дорад.
Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти ҳифз намудан ва зинда сохтани номҳои таърихии ҷуғрофиро чунин тавсиф намудааст: «Яке аз масъалаҳои муҳим барои таърихи миллат ин гирдоварӣ ва омӯзишу таҳқиқи дақиқи номҳои ҷуғрофӣ мебошад. Бар асоси таҳқиқоте, ки аз ҷониби донишмандони хориҷӣ ва ватанӣ анҷом гирифтааст, ҳар як номи ҷуғрофӣ дар асоси манбаъҳои хаттӣ бояд мавриди омӯзиши илмӣ қарор дода шавад. Номҳои ҷуғрофии минтақа ба таъриху сарнавишти миллат иртибот дошта, таърихи рушду такомули забони моро инъикос менамоянд».
Номгузории фарзандон
Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон номгузории фарзандонро рукни муҳими забон ва инъикоскунандаи асолати милливу фарҳангии миллат тавсиф карда, тасреҳ намудааст, ки номҳои тоҷикӣ ганҷинае мебошанд, ки дар тӯли асрҳо сайқал ёфта, бо сарнавишт ва ташаккули таърихии миллат иртиботи узвӣ пайдо кардаанд.
Нақши номгузорӣ дар шахсияти инсон хеле муҳим аст. Номи зебову муносиб бунёдгузори шахсияти кӯдак аст. Номи фарзанд дар шаклгирии шахсият таъсири фаровон дорад. Кӯдак хеле зуд номашро ёд мегирад ва бо номи худ хешро шахсияти мустақил эҳсос мекунад. Аз ҳамин рӯст, ки аз қадимулайём падару модарон кӯшиш мекардаанд, ки ба фарзандони худ номҳои муносиб гузоранд. Баъзеҳо ба фарзандонашон номи ниёгони худро мегузоранд, то ёду хотираи ононро зинда созанд. Ва бархе номи бузургон ва қаҳрамонони миллиро бар онон мениҳанд, ба он умеде, ки фарзандонашон хислатҳои он бузургонро гиранд.
Ҳар як номи тоҷикӣ нишонае аз симои миллӣ ба шумор меравад ва сарфи назар кардан аз он, пеш аз ҳама, беэҳтиромӣ нисбат ба забони модар ва давлати худ, ба таъриху фарҳанги миллӣ ва, дар маҷмӯъ, ба миллату Ватан мебошад. Дар ниҳоди номҳои миллӣ, бидуни шак, орзую омол, эътиқоду эҳтиром, наҷобату шараф, арзишҳои иҷтимоӣ, завқ ва салиқаи зебошиносии миллӣ инъикоси возеҳ ёфтаанд.
Муҳимтарин нукта дар ин мавзӯъ насабпазирии шаҳрвандон бар тибқи анъанаҳои таърихан ташаккулёфтаи миллӣ мебошад. Меъёрҳои ному насабгузорӣ дар Қонуни забон инъикоси худро ёфтаанд. Татбиқи оқилона ва санҷидаи ин сиёсат ба эҳё ва тақвияти асолати миллӣ мусоидати матлуб хоҳад намуд.
Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат таъкид мекунад, ки «шинохт ва эҳёи асолати миллӣ вазифаи муқаддаси имрӯзаи мову шумост. Асолат омили пойдории ниҳоди давлат ва миллат аст ва шинохту татбиқу тақвияти огоҳонаи он бақо ва ҳастии миллати соҳибистиқлолро ифода мекунад. Агар нектар назар кунем, ном воқеан ҳусни сират аст. Бахусус, номгузории ашхос ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ қисми ниҳоят муҳим ва арзишманди суннати номгузории мост, ки меъёрҳояш дар Қонуни забон зикр шудаанд».
Чунинанд умдатарин роҳбурдҳо, роҳнамоиҳо ва дастурҳои Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки бобати омӯхтан, гиромӣ доштан, ҳифзу ҳиросат намудан ва ба қудрату тавоноии забони тоҷикӣ афзудан баён доштааст. Умедворем, ки ин нуктаҳои санҷида ва раҳнамуниҳои дилсӯзонаи Сарвари давлат барои ҳаммеҳанон, пеш аз ҳама ҷавонону наврасон, ба сифати дастури раҳнамо хидмат хоҳанд кард.
ЧӢ ГУНА БОЯД ЗАБОН ОМӮЗЕМ?
Ҳар халқу миллате ба ҳамон андозае, ки марзҳои зиндагии моддӣ ва андешаи маънавии худро густариш медиҳад, забони худро тавонотар ва умри онро дарозтар менамояд. Зеро ҳамон гуна, ки ошкор аст ва таърихи инсоният нишон медиҳад, забон падидаест, ки монанд ба мавҷудоти зинда аст, – рӯзе ба дунё меояд, замоне ба ҳаёти худ идома медиҳад ва, чун неруи зиндагиашро аз даст дод, умраш ба охир мерасад. Тӯли умри ҳар забон вобаста ба неруи ҳаётӣ ва қувваи офаринишу созандагии соҳибони забон аст.
Аҳли забонро метавон ба сокинони шаҳре монанд кард, ки меъморони он забон сохтаанд ва ин меъморон шоирон, нависандагон, олимон, мутафаккирон мебошанд. Меъморони асили забони тоҷикӣ низ ҳазорон сол пеш калима ба калима ин забонро ҳамчун меъморони моҳир канори якдигар чидаанд ва бақои ин забонро барои садсолаҳо муайян сохтанд.
Акнун вазифаи мо – сокинони шаҳри забони тоҷикӣ – аст, ки ин мероси гаронқадрро, ки гузаштагони некномамон аз худ ёдгор гузоштаанд, посдорӣ ва ҳифзу ҳиросат кунем.
Равшан аст, ки аҳли ин шаҳр – шаҳри забони тоҷикӣ – дар асри бисту якум бо ниёзҳо ва мушкилҳои хосе рӯбарӯянд. Вале онҳо набояд аз ин мушкилиҳо ҳаросанд, балки ҷидду ҷаҳд намоянд ва нагузоранд, ки ин мероси гаронбаҳои барҷоймонда аз ниёгонашон вайрон шавад. Ҳаргиз ба он роҳ надиҳанд, ки сохтори асили забонашон хароб гардад ва зарфияташро аз даст диҳад. Барои он пайкор кунанд, ки зарфияту гунҷоиши забонро густурдатар созанд, то ин ки вожаҳою таркибҳои дар он буда ва дар оянда воридшаванда асилу солим нигоҳдорӣ гарданд. Ҳама талоши лозимро анҷом диҳанд, ки ин забони ширину шево садҳо соли дигар барои наслҳои ояндаи тоҷик хидмат кунад ва ҳамчуноне ки мо, имрӯзиён, забони Рӯдакиро мефаҳмем, баъд аз ҳазор сол ояндагон забони моро фаҳманд.
Забони тоҷикӣ забонест, ки андеша, ҳувият ва халқияти моро шакл додааст ва зарифтарину зеботарин ҷанбаҳояш ба хусусияти миллии мо табдил гаштаанд. Забони тоҷикӣ унсури ваҳдатбахш, рамзи ягонагӣ ва ваҳдати миллии мост.
Забони тоҷикӣ забони илм, адабиёт, калом, мантиқ, фалсафа аст. Агар ба китобҳои таърихӣ назар андозем, мебинем, ки ин забон дар ҳама замон ва дар тамоми риштаҳои илм қудрати баён доштааст.
Забони тоҷикӣ забонест, ки дар тӯли ёздаҳ садсола асолаташро нигоҳ доштаву зинда аст ва зинда хоҳад монд. Сурудаҳои Рӯдакӣ – падари шеъри форсӣ – баъд аз ёздаҳ садсола ҳанӯз ҳам барои мо фаҳмоянд:
Замона панде озодвор дод маро,
Замона чун наку бингарӣ ҳама панд аст.
Ё ин байт:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Имрӯз ҳар як мактабхони тоҷик забони ашъори Рӯдакӣ, достонҳои «Шоҳнома» ва рубоиёти Хайёмро ба хубӣ мефаҳмад. Осори Шекспирро, ки чаҳор сад сол пеш суруда шудааст, англисизабонон – бидуни ба забони имрӯз баргардондан – намефаҳманд.
Ин суханони нағзи донои Тӯс чӣ содаву фаҳмост:
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Дигарон ба забони мо шеър месароянд ва забони моро меситоянд. Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар оташи ишқи мо месӯзад:
Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо,
Эй ҷавонони аҷам, ҷони ману ҷони шумо.
Ҳалқа гирди ман занед, эй равшанони обу гил,
Оташе дар сина дорам аз ниёгони шумо.
Суруди миллии Покистон ба забони тоҷикӣ аст. Бисёре аз андешамандон ва бузургони илму адаб ва сиёсати Покистон бо забони тоҷикӣ ошноӣ доранд.
Дар бисёре аз биноҳои даврони ҳукмронии муғул дар Ҳиндустон ашъори тоҷикӣ бар рӯи катибаҳои мармарин ҳаккокӣ гардидааст.
Дар сароҳо ва кохҳои ҳукуматдорони турки усмонӣ катибаҳо ба забони тоҷикӣ ва бо хати заррин нигошта шудаанд. Он гоҳ барои мо гуноҳе набахшиданӣ аст, ки дар гаҳвораи забони тоҷикӣ ин забони азизро густариш надиҳем.
Агар замоне Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол ва садҳо ниёгони бузургамон бо осори оламгирашон забони тоҷикиро аз нав зинда карданд ва онро шуҳраи офоқ намуданд, чаро мо имрӯз барои нигоҳ доштани забони падаронамон кӯшиш накунем? Чаро ба ояндагон густураи забони тоҷикиро нишон надиҳем? Мо бояд, ҳар чи дар тавон дорем, аз вожаҳои тоҷикӣ баҳра барем ва тоҷикона сухан гӯем. Зеро миллати мо тоҷик ва забонамон тоҷикӣ аст. Забони мо мояи ифтихори мо, тоҷикон, аст. Моро ба ин забон мешиносанд. Магар мешавад тоҷик бошем ва забони тоҷикиро пос надорем?!
Агар аз хондани ин сатрҳо чанд лаҳза бозистем ва як ҳафтаномаи ватаниро гирифта, фақат чанд ҷумлаашро хонем, бо таассуф иқрор мешавем, ки забони адабии тоҷикӣ дар ҳақиқат ҳам ба ислоҳи ҷиддӣ ниёз дорад. Ва даъватҳои дилдодагони лафзи модарӣ аз ҳамватанон барои посдории забон на танҳо даъват, балки як навъ бонги изтиробанд.
Сухани тозае нахоҳем гуфт, агар гӯем, ки забондонии мо, тоҷикон, дар сатҳи паст қарор дорад ва ба далели ҳуҷуми фарҳангӣ, ки тавассути филмҳо ва видеомавод анҷом мегирад ва ба иллати таҳти таъсири барномаҳои саргармкунандаву аз ҳар лиҳоз мароқангези шабакаҳои телевизиони хориҷӣ мондани ҳаммиллатони мо сурат мепазирад, рӯз аз рӯз боз ҳам коҳиш меёбад.
Бо хондани ин матлаб шояд пеши дидаҳои хонандаи арҷманд манзараҳое аз суҳбатҳои ҳаммиллатон дар кӯчаву бозор, дохили нақлиёти мусофирбар ҷилвагар мегардад, ки бо якдигар бо чӣ забоне ҳарф мезананд.
Масалан, ҳафтод-ҳаштод сол пеш тоҷикон аслан маънои садҳо калимаҳои русиро, ки имрӯз ба таркиби забони гуфтугӯӣ дохил шуда, доираи истифодаашон беш аз пеш густурдатар мегардад, намедонистанд. Аммо имрӯзҳо ҳатто онҳое, ки забони русиро дуруст намедонанд, дар гуфторашон аз калимаҳои забони русӣ ба таври фаровон истифода мекунанд. Зиёда аз ин, чунин ҳам ба назар мерасад, ки ҳадди аксари тоҷикон асли калимаҳоеро, ки ба русӣ баён мекунанд, ба тоҷикӣ намедонанд.
Чаро ин тавр шудааст? Чаро халқе, ки дар тӯли зиёда аз ҳазор сол забонашро аз тӯфонҳои офатбори таърихи пурфоҷиааш бегазанд берун оварда, то ба асри бист – даврони эҳёи давлатдориаш – расонидааст, дар тӯли ҳафт – ҳашт даҳсола онро ба ҳоли ногувор гирифтор намудааст? Чаро имрӯз мо, тоҷикон, – аз коргари одӣ то ба олими шуҳратманд – бо он сароҳат, бо он зебобаёнӣ, ки ҳамзабонони хориҷии мо ва ҳамватанони бурунмарзии дар муҳити комилан ғайритоҷикӣ бузургшуда ҳарф мезананд, наметавонем сухан гӯем?
Ин саволҳоро як ҷавоб аст – мо забони модариамонро ба тавре, ки бояд омӯзем, намеомӯзем.
Мушоҳидаҳои шахсӣ ва суҳбату машварат бо шахсиятҳои зиёде аз аҳли қалам моро муътақид сохт, ки барои ислоҳи вазъи забондонии ҳаммиллатон чораву тадбирҳое, ки то имрӯз дар соҳаи мактабу маориф андешида шудаанд, натиҷае нахоҳанд дод, агар мо тарзи таълими забонро ба таври куллӣ мавриди таҷдид қарор надиҳем. Яъне ислоҳи вазъи мавҷударо на бо роҳи боз ҳам зиёд кардани шумораи дарсҳои забон, на тавассути чопи луғатҳои тафсирию соҳавӣ, на бо ташкили комиссияи босалоҳияти давлатӣ ва на бо даъвати ҳаммиллатон баҳри гиромӣ доштани забони модарӣ ба даст овардан ғайриимкон аст.
Ҳамаи он ҳамватанони гиромии мо, адибон, олимон, рӯзноманигорон, муаллимон ва умуман онҳое, ки ҳарферо ба ҳарфе часпонда хуб сухан мегӯянд ва ё менависанд, заҳмату машаққати равону ҷолиб баён карданро медонанд. Ва аз ин сабаб ҳам сухандон шуданд, ки худро дар мактаби саъю кӯшиши худ парваридаанд ва сухангӯӣ ёд додаанд. Пас суоле ба миён меояд, ки мактаби миёна барои чӣ лозим аст?
Ҳақиқат ин аст, ки дар мактаби миёна, ба ҷои гуфтори адабиро ёд додан, илми забоншиносиро меомӯзонанд. Ва ин усули таълим боис мегардад, ки хонандагон на забонро ёд мегиранд ва на илми мураккаберо, чун забоншиносӣ, аз бар менамоянд. Ин усул забонро ҳамчун сохтор меомӯзонад ва вақти зиёди омӯзандаро сарфи ҳамаҷониба фаро гирифтани сарфу наҳв (грамматика) мекунад. Дар натиҷа мактабхон дониши назариявии забонро ёд мегирад, аммо худи забонро не. Вай ҳиссаҳои нутқро медонад, вале дар худи нутқ заиф аст ва наметавонад ба забони адабӣ, ҳамон тавре ки бо забони лаҳҷа озод сухан мегӯяд, ҳарф занад. Ба ростӣ, аҷиб аст, ки барои ин ки ба инсон сухан гуфтанро омӯзонид, ба сари ӯ бояд сели донишҳои барзиёдро рехт. Масалан, худи китоб, бе он ки аввал ба мактабхон сухан гуфтанро ёд диҳад, аз вай талаб мекунад, ки бо истифодаи якчанд калимаҳо ҷумлаҳое созад ва ё аксаран саволҳои берабт медиҳанд ва мактабхонро сардаргум менамоянд, аз қабили «чаро мо пиронро дӯст медорем?» ва ё «чаро мо Ватанро дӯст медорем?» ва монанди инҳо. Чунин ба назар мерасад, ки муаллифони китобҳои дарсӣ намедонанд, чӣ тавр саҳифаҳои китобро пур кунанд.
Дар бисёр маврид аз адабиёти классикӣ порчаҳои насрӣ меоваранд, ки бо забони имрӯз комилан мувофиқат намекунанд. Шояд муаллифон иддао кунанд, ки бо ин роҳ мактабхонҳоро бо адабиёти классикӣ ошно месозанд. Вале фикр ба он намекунанд: кӯдакон, ки забони имрӯзро дуруст намедонанд, чӣ тавр метавонанд бо чанд пораи насрӣ сабки осори бадеии асрҳои гузаштаро ёд гиранд? Ва умуман оё ин муҳим аст?
Чун дар ҳама кор, дар таълими забон низ, бо усули аз сода ба мураккаб бояд амал кард. Мо ҳамеша ин воқеиятро бояд дар хотир дошта бошем, ки зиёда аз ҳаштод дарсади калимаҳои забони тоҷикӣ решаи арабӣ доранд. Пас аввалин ва муҳимтарин вазифаи мактабу муаллиму китобҳои дарсӣ ба мактабиён ёд додани маънои калимаҳо аст. Ва мушкили дигаре, ки дар сари роҳи омӯзиши забони адабӣ қарор дорад, ин фарқи боризи сохтори забони адабӣ аз қолаби забони шифоҳӣ аст. Аз ин рӯ, то ин ду масъала ҳалли худро наёбанд, яъне агар мо услуби роиҷи таълими забонро куллан дигар карда, ба усули амалии фаро гирифтани забон нагузарем, ба ҳеҷ пешрафте дар ин замина ноил намегардем.
Вале мо ба ҷои иқрор шудан ба ин ҳақиқат, ки забони адабиро намедонем ва ба ҷои пайи ислоҳи он кӯшидан, дар мавриди лозиму нолозим бо худситоӣ ва фахрфурӯшӣ,аз қабили «мо фарҳанги ғанӣ дорем», «мо забони оламшумул дорем» ва ғайра, машғулем.
Масалан, ҳатто аз минбарҳои баланди маҳфилҳои бузург дар баёни таҷаллии ягон ҳодисаву воқеа мегӯем: «шукӯҳу шаҳомат». Ва боре ҳам луғатро кушода намебинем, ки шаҳомат хусусияти одам аст, на ин ки сифати ҳодиса. Танҳо дар мавриди инсон калимаи шаҳоматро метавон ба кор бурд, ҳодисаву воқеа наметавонанд далер, ҷасур, боҳиммат, саховатманд бошанд, ки инҳо ҳама маъно ва муродифи калимаи шаҳомат ҳастанд.
Дигар калимае, ки нисбатан бисёр ва ноҷову бемантиқ истифода мешавад, калимаи ташриф аст. Решаи калимаи ташриф шараф аст ва ин калимаро, яъне ташриф-ро тарафи пазироикунандаи меҳмон аз рӯи одоби меҳмоннавозӣ ба кор гирифта, вуруди меҳмонро барои худаш шараф меҳисобад. Аммо мо ин калимаро ҳамчун муродифи калимаи русии «визит» истифода мекунем ва сафари ҳар касеро, ки аз ҷое ба ҷое рафт, ташриф мегӯем, аз қабили: «вазири умури хориҷаи Миср ба Ҳабашистон ташриф овард». Ин ҳабашистониҳои меҳмоннавоз бояд вуруди мансабдори олиқадри мисриро, ки вориди кишварашон шудааст, ташриф гӯянд, на ин ки мо.
Қадам ранҷа намудан ё қадам ранҷа кардан-ро низ тарафи пазироикунандаи меҳмон аз рӯи одоби меҳмоннавозӣ ба кор мегирад.
Калимаи наҷиб, монанди вожаи шаҳомат, фақат барои баёни хислати инсон истифода мешавад ва маънояш аз нажоди пок будан аст. Вале мо ин калимаро ба кору ҳодисаву воқеа нисбат медиҳем ва ба ҷои корҳои наҷибона, рафтори наҷибона гуфтан, корҳои наҷиб, рафтори наҷиб мегӯем.
Калимаи пайкор ҳарчанд зоҳиран амале вобаста бо корро баён месозад, маънои луғавиаш ҷанг ва муборизаи ҷанговарона мебошад. Вале мо барғалат ин калимаро паҳлуи калимаи кор гузоштаву кору пайкор гуфта, гумон мекунем, ки хеле шоирона ва пуртаъсир гап зада истодаем.
Калимаҳои мустақил ва истиқлол вожаҳои ҳамреша ҳастанд ва дар таркибашон овози сактадор надоранд, вале аксари гӯяндагони телевизиону радио калимаи мустақилро сактадор – мустаъқил – талаффуз мекунанд.
Ибораи ҳусни оғоз-ро аз рӯи лутф ба сухани шахсе, ки миёни ҳозирон обрӯманд аст ва ё нисбати гуфтори пурмазмуни иқтибосшудаи ашхоси маъруфе мегӯянд. Масалан, «Устод Бахтиёрӣ бо хондане шеъре аз эҷодиёти худ маҳфили шоирони ҷавонро ҳусни оғоз бахшид». Ибораи «ҳусни хотима» низ ҳамин гуна корбурд мешавад: «Устод Бахтиёрӣ бо додани чанд тавсияи судманд ба маҳфили шоирони ҷавон ҳусни хотима бахшид».
Вожаи намоишнома аз ду реша – намоиш+нома – сохта шудааст ва равшан аст, ки маънои навиштаеро медиҳад, ки аз рӯи он намоиш таҳия мекунанд. Намоишнома муродифи калимаҳои русии пьеса ва сценарий мебошад. Аммо аксарият ин калимаро ба ҷои намоиши театрӣ ба кор мебаранд, ки комилан ғалат аст.
Ифтитоҳ, албатта, маънои кушоданро дорад, вале беҳтар он аст, ки ба ҷои ин калима вожаи кушоиш-ро истифода кунем, ки ҳамзабонони мо ин вожаро зиёдтар истифода мекунанд.
Маънои вожаи шодбош табрик гуфтан аст, вале ин калимаро ба ҷои «салом» истифода мекунем. Масалан, операторҳои ширкати «Вавилон» мегӯянд: «Шуморо шодбош мегӯем». Бомантиқу тоҷикона мебуд, агар мегуфтанд: «Шуморо дуруд мегӯем!».
Дар луғатномаи Деҳхудо вожаи дарёфтан чунин шарҳ дода шудааст: воқиф шудан, донистан, мутталеъ шудан; дироят, тафаҳҳум, фаҳмидан, фаҳм кардан, дарк кардан…Чанд мисол:
Дарёфт, ки шамъи ҳаёти падараш дар остонаи хомӯш шудан аст.
Хеле зуд дарёфт, ки фурсати зиёде надорад.
Ӯ дарёфт, ки дар ин замина истеъдоде надорад.
Вале дар бисёр маврид мо дарёфтанро ба ҷои ёфтану пайдо кардани касе ва ё чизе истифода мекунем.
Бисёре аз ҳамватанон дарзмолро утуг ё уту мегӯянд, ки дарзмол гуфтан хуб аст.
Дар забони гуфтугӯӣ калимаҳое ҳастанд, ки муродифи тоҷикӣ надоранд, вале қабул кардани онҳо ба забони адабӣ бо ҳамон шакле, ки дар забони халқ роиҷанд, кори хатое нахоҳад буд. Масалан, калимаи квартира, ки дар варақаҳои расмии мақомоти гуногун ба ҷои он калимаи ҳуҷра ё утоқро истифода мебаранд, ки чандон дуруст нест. Утоқ ин қисмати мустақиле аз хона аст. Дар забони тоҷикӣ калимаи хона ҳам ҳавлиро ва ҳам сохтаҳои мустақилеро бо чаҳор девор ва шифт(сақф) мефаҳмонад. Масалан: «Ӯ дар деҳа хонае дошт», – ин ба маънои ҳавлӣ. «Ин ҳавлие буд иборат аз панҷ хона», – ин ба маънои қисмати мустақиле аз хона. Аммо ҳуҷра ин хоначаи танг дар масҷид, дарвешистон ва ғайра аст. Ва утоқ низ манзили фард аст, ки дар Эрон ба маънои ҳам қисмате аз хона ва ҳам ба маънои кабинети корӣ истифода мешавад. Квартираро дар Эрон опортумон мегӯянд. Мо низ, агар вожаи квартираро истифода кунем, айбе надорад.
Номи БДА дар ҳадди ниҳоят бемантиқ аст – Бозрасии давлатии автомобилӣ. Дар ин ном маълум нест, ки манзур аз бозрасии чист – давлат ё автомобил? Бемантиқии ин ном вақте бараъло намоён мегардад, ки калимаи «давлатӣ»-ро хориҷ карда хонем: Бозрасии автомобилӣ. Яъне сухан аз бозрасиест, ки маъмурон онро бо воситаи автомобил анҷом медиҳанд. Оё беҳтар нест, ки номи ин хидматро фаҳмо карда, назорати ҳаракати нақлиёт гӯем? Оё шарт аст дар ин номи хидмат ба таври ҳатмӣ калимаи автомобил ҳузур дошта бошад, дар сурате ки иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо фақат автомобилҳо набуда, воситаҳои дигари нақлиёт, аз қабили троллейбус, мотосикл, велосипед, ароба ва ғайра, мебошанд.
Аз ҳама мероси сахтҷоне, ки аз даврони шӯравӣ мондааст, ин мафҳумҳои бемантиқ дар номи баъзе сохторҳо мебошад, аз қабили «Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис-тон». Манзур аз «назди Ҳукумат» гуфтан сохтори тобеи Ҳукумат гуфтан аст. Пас оё беҳтар нест, ки ин номро мувофиқ ба меъёри забони тоҷикӣ «Кумитаи ҳукуматии ҷавонон...» гӯем. Зеро вожаи «ҳукуматӣ» дар ин ном ба тобеъ будани ин кумита ба Ҳукумати мамлакат ишора мекунад. Ва агар чунин ҳисоб кунем, ки ҳузур доштани калимаҳои «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ин номҳо зарур мебошанд, он гоҳ, ба назари мо, беҳтар аст, ки онҳоро ба ду қисмат ҷудо карда нависем, масалан: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон. Кумитаи ҷавонон...», «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Кумитаи занон ва оила», «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. АМИТ «Ховар» ва ғайра.
Беҳавсалагӣ, хунукназарӣ ва гоҳе камсаводии кормандони он ниҳодҳое, ки ба сифати сарчашмаи забономӯзӣ хидмат мекунанд, ин боз як мавзӯи дарднок аст. Чӣ рӯзномаеро аз назар нагузаронед, пур аз хатоҳои имлоӣ аст. Сатрҳои гузарони телевизион сартосар пур аз хатост.
Маҳдудаи ин нигошта имкон намедиҳад, ки аққалан садяки «ҷилваҳои эҷодӣ»-и қаламкашонеро, ки ҳамарӯза саҳифаҳои рӯзномаҳову маҷаллаҳову китобҳоро аз ин гуна ғалатҳо «гулгун» мекунанд, оварем.
Имрӯз ҳар нависанда, рӯзноманигор, тарҷумон ва ҳар касе, ки бо сухан сари кор мегирад, – аз адабиёт то илму фалсафа – ин заруратро ҳис мекунад, ки бояд дар бораи забон андеша намояд ва дар чораандешӣ баҳри пешгирӣ кардани амалҳои харобиоваре, ки дар забони адабӣ ҷараён доранд, саҳм бигирад.
Сайидзода Зафар Шералӣ
мудири шуъбаи ИДМ-и
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих