Ҷашни меҳргон яке аз оини маънавӣ ва фарҳангии аҷдоди пурифтихори тоҷикон буда, дар кишварҳои ориёитабор бо чанд далел мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта буд:
Далели якум. Дар ин рӯз Машиё ва Машиёна (Одам ва Ҳаво), нахустин одамоне ҳастанд, ки мутобиқи эътиқоди ориётаборон тавассути Кайюмарс по ба арсаи вуҷуд ниҳоданд. Онҳо аз меҳргиёҳ таваллуд шуда, ба тадриҷ бузург шуданд ва қувваву ҷон гирад;
Далели саввум. Меҳр рӯзи 16 аз моҳи Меҳр шурӯи сол дар замони эътидол (сонцестояние) маҳсуб мешавад ва назди шоҳону мардум мавриди таваҷҷӯҳи хос ва муборак қарор дошт.
Аз сабаби он ки ҷашни мазкур дар оғози «Моҳи Крист» таҷлил мешуд он дар Европа бо номи «Крисмас» номгузорӣ шуд ва қисмати аъзами рукнҳои дини меҳрпарастӣ ва урфу одату анъанаҳои онро дар батни вуҷуди хеш ҳифз намуд. Сарфи назар аз он ки баъзе паҳлуҳои анъанаҳои иҷрои ин маросим ба афсонаҳои куҳнаи кишварҳои Ғарб боз мегардад, лекин аслу маншаи ҷашнгириҳои ин рӯзро бояд дар андеша ва анъанаҳои меҳрпарастӣ ҷустуҷӯ кард. Барои мисол «ёлка», «ель» ҳамон дарахти «сарв» ва «санавбар» мебошад, ки бо ситорае дар болотарин нуқтаи он ба унвони зинати ин ҷашн расм гардидааст ва ёдгорӣ аз дини Меҳрпарастӣ ва фарҳанги ориёӣ буда, рамзҳои онро метавон дар адабиёти рамзҳо ва самбулҳои Эрон ҷустуҷӯ кард. Дарахти сарв яке аз рамзҳое аст, ки нишони онро метавон дар қолинҳои кӯҳнаи эрониён ва афғонҳову тоҷикон дарёфт кард. Ин дарахт пой дар замин ва сар дар осмон буда, рамзи озодагӣ ва мустаҳкамӣ мебошад ва дорои бӯи дилангез аст. Дар адабиёти ирфони форсу тоҷик ин дарахт рамзи маъшуқи хушқомат ва хушрафтор аст, ки ҳаракатҳои вай аз ҳамоҳангӣ ва ё гармонияи хос бархурдор мебошад. Ин дарахт дар муқобили бед, ки рамзи бесуботӣ ва лағзиш мебошад, ба озодагӣ ва мустаҳкамӣ шуҳрат дорад, зеро бо вазиши камтарин боду шамол дар он ҳаракати ҳамоҳангшуда ба назар мерасад. Муқаддас будани дарахти сарвро мардуми Озарбойҷон чунин шарҳ медиҳанд: «Дарахте аст, ки бар ҳамаи замин соя меафканад. Дарахте, ки метавонад дар баробари оташи дӯзах тухмҳои рехташудаи инсонро дар дарвозаҳои ҷаҳанам тар нигоҳ дорад, то насли инсон идома ёбад». Воқеан ҳам муқаддас будани дарахти сарв аз он сабаб аст, ки вай аз дигар дарахтҳо азимтар буда, умри дароз мебинад ва сояи густурдаи бузург дорад ва ҳамеша сарсабз аст. Ин дарахт ҳар сол пӯсти худро иваз мекунад ва ба назар ҳамеша ҷавон мерасад. Мутобиқи устураи зардуштиён ду дарахти сарсабзи сарв аз биҳишт тавассути Зардушт ба минтақаи ориёнишинони қадим оварда, шинонда мешавад. Дар замони хилофати Аббосиён яке аз ин дарахтҳои сарв, ки чанд ҳазорсол умр дошт ва хеле азим ҳам буд, аз ҷониби арабҳо бурида, ба маркази хилофат интиқол дода мешавад.
Дар таърихи гузашта шоҳони ҳахоманишӣ дар асоси анъанаи мардумони Осиёи Ғарбӣ, яъне Мадитарона посбони дарахтони сарв буданд ва онҳоро дар дарбори хеш парвариш мекарданд. Ситорае, ки дар болотарин шохаи арчаи солинавӣ насб мегардад, рамзе аз талаби зиндагонии озод, толеи неку ва тақдири муборак дар шаби муқаддаси таваллуди Меҳр будааст. Аслан анъанаи ҷашнгирӣ ва зебу зинат додани арчаи солинавӣ дар Европа ба Германияи қарни шонздаҳуми мелодӣ рост меояд. Ба хусус дар ҳамин давра дар Германия аз чӯб бозичаҳоеро омода сохта, онҳоро дар арча насб мекарданд ва шамъро дар он меафрӯхтанд. Ба тадриҷ расму оини истифодаи арча ва ё «кристмас» дар дигар минтақаҳо ва кишварҳои Европа ҷонибдорӣ пайдо кард. Дар соли 1841 дар Англия – шоҳзода Алберт шавҳари малика Виктория аввалин шуда арчаи солинавиро бо шамъу шириниҳо зебу зинат дода, ва ин раванд ҳамчун мӯд ба анъана табдил ёфт. Хонаводаҳои сарватманди Англия аз ин мӯд бо суръат пайравӣ карданд. Ба тадриҷ аз соли 1850 шурӯъ карда, дарахтони арча бо бозичаҳои гуногун, аз он ҷумла лӯхтакҳо зебу зинат дода мешуданд.
Ҳатто дар асри Х1Х бисёре аз аҳолии Америка дарахти арча ва ё крисмасро чизи аҷоибу ғароиб медонистанд. Аввалин арчаи солинавии «крисмас» дар Америка дар соли 1830 истифода шуд, ки он ҳам тавассути сокинони олмонии Пансилванӣ ба намоиш гузошта шуда буд. Ин дарахт барои ҷалби кӯмакҳои молӣ ва иқтисодии мардум барои калисои маҳаллӣ барпо шуда буд. Дар майдони назди яке аз калисоҳои дигаре дар Америка дар соли 1851 дарахти арчаро зебу зинат дода гузоштанд. Дар натиҷаи ин амал аҳли калисо ва мардуми маҳаллӣ ба изтироб омаданд, ки гӯё ин иқдом бозгашт ба бутпарастӣ мебошад. Онҳо тамоми бозичаҳои ороиширо аз он дарахт барчинданд. Бо ворид кардани лавозимоти зинатӣ аз Германия ва ҷашн гирифтани соли нав дар атрофи арчаи солинавӣ, яъне «кристмас» аз соли 1890 ба баъд аз ҷониби олмониҳои Америка ба ҳукми анъана даромад. Дарахте, ки дар солҳои аввал аз он истифода мекарданд, ҳамагӣ 1-1,5 метр дарозӣ дошт, лекин аз аввалҳои асри ХХ шурӯъ карда, аз дарахти бузург ва лавозимоти барқӣ истифода карда, онро ба ҷашни умумимиллӣ ва давлатӣ табдил доданд. Пас аз он дидани арчаи солинавӣ (кристмас) дар майдони шаҳрҳо ба як манзараи ошнои ин айём мубаддал шуд ва тамоми иморатҳои муҳим – чи шахсӣ ва чи давлатӣ бо барпо кардани арчаи солинавӣ ба истиқболи фарорасии соли ҷадид омодагӣ мегирифтанд. Барои зебу зинат бахшидан ба арчаҳои аввалия ба ҷои муҷассамаҳои фариштаҳо, дар нӯги дарахт, аз париҳои кӯчак ҳамчун нишонаи арвоҳи меҳрубон, ё зангӯла ва шайпурҳо барои тарсонидани арвоҳи шайтонӣ истифода мегашт.
Дар Полша дарахти арча бо муҷассамаҳои хурди фариштаҳо, товус ва дигар паррандаҳо, миқдори зиёди ситораҳо зинат бахшида мешуд. Дар Шветсия дарахти арчаро бо бозичаҳои чӯбин, ки бо рангҳои дурахшон рангомез шуда буданд, инчунин фигураҳои кӯдаку ҳайвонот аз коҳ ороиш медоданд. Дар Дания дарахти арча бо парчамҳои хурди ин кишвар ва овезаҳое ба шакли зангӯла, ситора, дил (қалб) ва барфрезаҳо истифода мешуд.
Қобил ба зикр аст, ки дар кишвари Фаронса то соли 755 мелодӣ Соли нав дар аёми Наврӯз ҷашн гирифта мешуд. Баъдан ин ид дар асрҳои XII ва XIII дар рӯзи Пасха таҷлил мегашт. Билохира дар соли 1654 бо фармони Карли IX шуруи Соли нав 1-уми январ эълон гардид.
Дар Россия то асри Х ва умуман тамоми халқҳои славянӣ, аз он ҷумла украинҳо, белорусҳо, болгарҳо, сербҳо, хорватҳо, слованиҳо, македониҳо, боснягиҳо, черногорҳо – Соли навро дар айёми Наврӯз ҷашн мегирифтанд. Дар ин кишварҳо ҳисоби вақт аз рӯи фаслҳои сол пеш бурда мешуд. Шояд аз ҳамон давра шурӯъ карда дар ин мамлакатҳо тақвими 12 моҳаи қамарӣ коркард шуд. Дар асрҳои баъдӣ славянҳо ба тақвими шамсу қамарӣ гузаштанд.
Аз соли 988 шурӯъ карда дар Рус дини насронӣ қабул шуд ва арзишҳои он вориди фарҳанги ин кишвар гашт. Дар ин давра онҳо дар асоси солшумории румӣ, ки он дар доираи «офариниши олам» (5508 сол) муайян карда шуда буд, аз соли нав ҷашн мегирифтанд. Баъдан аз ҷониби Пётри I дар Россия солшумории нави европоӣ ворид шуд. Дар робита ба ин ҳамеша ӯро танқид мекарданд, ки гӯё 5, 5 ҳазор соли таърихи славянҳо аз ҷониби Пётри I «дуздида шуда бошад». Қобил ба зикр аст, ки мутобиқ ба китоби муқаддаси насрониён «Рӯзи офариниши олам» то замони мо 7,5 ҳазор солро ташкил медиҳад. Худи «Рӯзи офариниши олам» тибқи илоҳиётшиноси православӣ ба рӯзи ҷумъа, ки рӯзи 6-уми офариниш буд, мутобиқат мекунад, ки он мувофиқи «Септуачинте» (аввалин тарҷумаи юнонии Танаха, яъне Ветхий Завет) мебошад. Баъдан ин рӯз расман аз ҷониби падарони руҳонии калисои дар ҷаласаи VI Собори Умумиҷаҳонӣ дар соли 681 ҳамчун шанбеи 1 сентябри 5509 тасдиқ шуд. Аз асри VII шурӯъ карда ин рӯз ҳамчун асоси низоми хронологии Империяи Византия шуда, дар саросари олами православӣ паҳн шуд. Анъанаи орову зинат додани арчаи солинавӣ ба мисли дигар кишварҳо ба Россия низ аз Германия ворид шуд. Дар муқобили ин анъана на танҳо калисои православӣ, балки Николаи II низ пофишорӣ намуд. Вай дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳонӣ анъанаи ороиши арчаи солинавиро – урфу одати душманон эълон карда, қатъан онро манъ кард.
Баъд аз пирӯзии Инқилоби Октябр низ дар Россия арча орову зинат дода намешуд. Ҳатто дар соли 1926 ороиш ва зиннат додани арчаи солинавӣ ҳамчун ҷиноят қабул шуда буд ва Кумитаи марказии ВКП(б) анъанаи арчаи солинавиро ҳамчун хурофот ва зидди давлати шӯравӣ эълон кард. Дар натиҷаи пешниҳодҳои зиёде аз ҷониби равшанфикрони Россия дар соли 1935 Сталин иҷозат дод, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ арчаи Солинавӣ бо расмҳои Ленин ва ғайра зебу зинат дода шавад. Ба ҳамин тариқ ин ҷашн ба тадриҷ аз тариқи Россия вориди дигар ҷумҳуриҳо, аз он ҷумла Тоҷикистон гашт.
Қобил ба зикр аст, ки дар байни дигар ҷумҳуриҳо дар Украина низ ороиши дарахти арча хеле ҷолиб мебошад. Онҳо ҳатман дар зебу зинати дарахти худ аз анкабут ва тори анкабут истифода мекунанд ва онро ҳамчун фоли нек пазируфтанд. Дар асоси яке аз афсонаҳои қадимаи мардуми Украин зани камбағале, ки ҳеҷ василае барои ороиши дарахти арча надошт, бо ғаму ғусса ба хоб меравад ва ҳангоми тулӯи хуршед мутаваҷҷеҳ мешавад, ки дарахти арчаи солинавӣ бо тори анкабут пӯшида шудааст ва ин торҳо бо дамидани офтоб ба риштаҳои нуқра мубаддал гаштаанд. Яке аз қаҳрамонони дигари солинавӣ – ин Бобои барфӣ мебошад. Агар ба решаи оини меҳрпарастии ин ҷашн назар афканем дарёфт хоҳем намуд, ки либос ва шакли Бобои барфӣ ба тарзи либоспӯшии муғон, ки ранги арғувонро интихоб карда будаанд, якранг мебошад. Чунин либосро бо ранги арғувон дар баробари муғон боз подшоҳони эронӣ дар ҷашнҳои муқаддас ба бар мекарданд. Бобои барфӣ ё Бобо Нуел дар афкори мардуми Европа як пирамарди фарбеҳ бо риши калони сафед ва либоси қирмизранг аст, ки дар рӯзи Соли нав ё шаби қабл аз он барои бачаҳо ҳадя меорад. Шахсияти Бобои барфӣ ишора ба номи яке аз бузургони масеҳӣ бо номи Сан Николас дорад, ки дар қарни чаҳорум мезистааст. Вай аз аҳоли Бизон ва минтақаи Антолияи Туркияи имрӯза будааст. Вай ба мақсади кӯмак ва ҳадя додан ба фақирону камбағалон шӯҳрат ёфта буд ва ӯро ҳамчун шахси муқаддаси насронӣ медонистанд. Марқади Сан Николас дар минтақаи Дирмои (соҳили баҳри Мадитарона) Туркия қарор дошта, ҳанӯз ҳам баъзе аз қисматҳои бадани вай боқӣ мондааст. Дар соли 2003 донишмандон бо истифода аз мумиё ва устухонҳои вай муваффақ ба бозсозии сурати ӯ машғул шуда, бо камоли тааҷҷуб дарёфтанд, ки Бобои барфӣ сафедпӯст набудааст.Дар Америка Бобои барфӣ бо номи Сантаклаус ёд мешавад.
Ба ҳамин тариқ метавон хулоса кард, ки дар баробари Соли нав анъанаҳо ва расму оини Меҳр дар тамоми паймонҳо нақши муҳим ва ғайри қобили инкор дошта, дар бисёр ҳолатҳо ба ҳаракатҳои ситорагон дар осмон ва илми ҳайат боз мегардад. Барои мисол «ҳалқаи Меҳр» дар ақди паймони издивоҷ решаи ситорашиносӣ дорад. Ҳангоми маросими издивоҷ тақдими ангуштарин ва ё «ҳалқаи Меҳр» аз ҳамон боқӣ мондааст, ки аз тариқи русҳо боз дубора ба Тоҷикистон ворид гаштааст.
Дар асоси анъанаи Меҳргон баъд аз он ки ба тифли навзод номи муносиб, аз қабили Меҳр, Меҳрёр, Меҳрӣ, Меҳроб ва ғайра мегузоштанд, кӯдак бо «оби ҳум» ё «пароҳум» шуста (муқаддас) карда мешуд. Ин анъана ҳамон «крещение» аст, ки масеҳиён баъдан онро пазируфтаанд ва ҳамчун анъана ва расму оини насронӣ муаррифӣ карданд. Аз ҷониби меҳрпарастон ҳангоми иҷрои маросимҳои динӣ дасти одам бояд ба об намерасид, балки он бо асал шуста мешуд. «Моҳи асалӣ» дар анъанаи меҳрпарастон на як моҳи ширин ва пурсаодати баъди тӯй, балки муҳаббати ҳамешагӣ маъно дошт, ки он низ аз ҷониби аврупоиён ва русҳо қабул шуд ва бо баъзе тағийротҳо ҳамчун расму оини насронӣ инкишоф дода шуд. Рамзи сарфуруд овардан ва намоз гузоштан ба Хуршед (дар як рӯз се маротиба) – субҳ, нимрӯз ва ҳангоми тулӯъ офтобро низ насрониҳо аз меҳрпарастон азхуд карданд. Болотар аз ин онҳо ба мисли меҳрпарастон нон ва майро истифода мебаранд, ки аз охирин хӯроки Меҳр бо шогирдонаш буд. Ҳатто номи Димитрийи русӣ, ки дар тарҷума «сарсупурдаи Митра» мебошад, Митрополит, яъне падари рӯҳонӣ ва метрополитен – аз калимаи митрополия – шаҳри Офтоб, шаҳри Меҳр гирифта шудаанд. Меҳр ҳамеша ва то абад ба сурати марди диловари аҳли набард дар майдони ҷанг дар муқобили ҳар он чизе, ки саломатӣ ва саодати заминро мавриди таҳдид қарор медиҳад, истодагарӣ хоҳад кард. Вай аз сабаби диловарии бисёр ҳамеша дар муқобили дурӯғ ва паймоншиканӣ ба некӣ қарор дошта, аз ростиву вафодорӣ дифоъ мекунад. Ӯ, ки мутобиқи омӯзаҳои Зардушт, худ низ яке аз гумоштагону офаридагони Аҳуромаздо мебошад, ба воситаи даҳ ҳазор чашму даҳ ҳазор гӯш (фариштагони хоса) дар олами офариниш ва ҳастии ҳама махлуқот назорати комил дорад, то дар ҷое дурӯғе гуфта нашавад ва паймоне шикаста нагардад.