СОЗАНДАГӢ ВА ОБОДКОРӢ ШИОРИ МОСТ!

Муаллиф: Холназаров Назар

Расм

Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-16 ноябр

           Мардуми бофарҳанг, созанда ва ободкори Тоҷикистон ҳар сол 16-уми ноябрро ҳамчун Рўзи Президент бо шукўҳу шаҳомати бузург ва дастовезҳои меҳнатӣ ҷашн мегиранд. Ба ин муносибат, мардуми саховатпеша ва бонангу номуси Тоҷикистон ҳам дар маҳалҳо ва ҳам дар маркази ҷумҳурӣ, вилоёт  ва ноҳияҳо даст ба ободкориву созандагӣ зада тибќи роҳнамудҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти дўстдоштаамон Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили ҳаёти осуда ва ором, ба хотири ободии маҳалҳои зисташон саъю кўшиш менамоянд.

            Ободкориву созандагӣ ва эҷодкорӣ имрўзҳо дар ҷумҳурӣ ба як ҳаракат, ҷумбиш ва мусобиќа табдил ёфтааст. Ҳар як нафаре, ки имконият дорад, кўшиш ба харҷ медиҳад, ки гўшае аз деҳа, ҷамоа, ноҳия ва шаҳри хешро ободу зебо гардонад, Дар натиҷаи дилсўзӣ ба ватан ва эҳтиром ба Пешвои миллат, мардум дар маҳалҳои зисташон ба сохтмони пулҳо, макотиб, ҳаммом, каналу ҷўйборҳо, ҳамвору ќирпўш кардани роҳҳо, ташкили боѓҳо ва парвариши ниҳолҳои мевадору бе мева, кабудизоркунӣ, сохтмони манзилҳои зисти ҳозиразамон ва тозаву озода нигоҳ доштани хонаву маҳалҳои зисташон аз таҳти дил меҳнат мекунанд.            Дар раъси ин Ҳаракат  худи Ҷаноби Олӣ-Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истодаанд.

         Банда чанд соле пеш дар сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ифои вазифа мекардам. Сафарҳое, ки Президени муҳтарами мо ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати ширкат дар ин ё он чорабинии аҳамияти байналхалќӣ дошта ва ё бо даъвати раҳбарияти Эрон бо сафарҳои корӣ, давлатӣ, дўстона ва ѓайра ташриф меоварданд.

         Дар бозгашт Президенти мамлакат дар борхонаи ҳавопаймо (багажное отделение) аз ин кишвар дарахтҳо, гулу гиёҳҳои зебо ва камёбро баъзан ҳамчун тўҳфа аз ҶИЭ ва бештар ҳолатҳо харидорӣ намуда ба Тоҷикистони азиз меоварданд. Ҳамчунин, ҳар сол бо супориши Пешво  мутахассисини соҳаи боѓдорӣ ва кабудизокунии ҷумҳурӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон омада, тавассути роҳи заминӣ бо мошинҳои боркаши калонҳаҷм ба шаҳру навоҳии Эрон сафар карда, аз он ҷо дарахтони гароннарх ва гулу гиёхҳои зебу зинатбахшро харидорӣ намуда ба Душанбе меоварданд.                                                         

 Ҳоло ин сарсабзиҳои Душанбешаҳр, гулкории чаманистонҳо ва боѓҳои истироҳатӣ, сабзу зебо гардонидани хиёбонҳо ва майдонҳои атрофи идороту муассисаҳои давлатӣ ва ѓайридавлатӣ худ аз худ ба амал наомадаанд, балки бо Сардорӣ ва ҳидояту пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат ва меҳнати зиёди дастандаркорони соҳаҳои мухталиф ба вуҷуд омадаанд. Мо бе ягон муболиѓа метавонем шаҳри Душанберо шаҳри гулҳо ва дарахтони зебо номгузорӣ намоем. Ҳамаи ин ободиҳо, созандагиҳо, сарсабзиҳову зебогиҳо бо шарофати Ҷаноби Олӣ буда, аз завќи баланди Пешвои миллат дарак медиҳанд.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар бисёре аз суханрониҳояшон мардумро ба ободу зебо гардонидани ватани аҷдодияшон, маҳалли зисташон даъват намуда, борҳо фармудаанд,ки мо бояд барои ояндагони худамон як Ватани ободу зебо ва сарсабзу озода ба мерос гузорем ва ин ватани маҳбубро, ки номаш Тоҷикистон аст, сидќан дўст дорем.

         Ҳар як сафари Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти кишвар-ин башоратест аз сохтмони мактаб, роҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, идороти фарҳангӣ, китобхонаву музей, тўйхонаҳо, обод гардонидани гўшае аз ноободиҳо, бо чашми дигар нигоҳ кардан ба шароити хонаву дар ва маҳалли зист, хулоса, монанд ва наздик кардани деҳот ба шаҳр мебошад.

         Ҳоло шаҳри Душанберо шинохта намешавад. Дар тамоми гўшаву канор ва маркази шаҳр сохтмонҳои гуногун бо суръат ҷараён дорад. Касоне, ки чанд сол ќабл аз Душанбе бар асари нооромиҳои солхои навадум аз кишвар рафта буданд ва ҳоло барои дидорбинӣ бо хешу таборашон ба ин ҷо омадаанд, ҳайрон шуда ҳатто роҳгум мезананд.

          Амнияти Душабешаҳр ва тамоми кишвар, боз як падидаи ноёбест дар минтаќа. Ду-се сол ќабл шаҳри Душанбе аз ҷониби созмонҳои муътабари умумиҷаҳонӣ дар ќатори 10 шаҳри дорои амнияти комил ворид карда шуда буд. Дар ҳаќиќат ҳамин тавр ҳам ҳаст. Мо агар солҳои 90-умро бо имрўз муќоиса намоем, фарќ аз замин то осмон мебошад. Дар ин масъала низ наќши асосиро Президенти кишвар бозида, дар як муддати кўтоҳ амнияти ому томро  на танҳо дар Душанбе, балки дар тамом ќаламрави мамлакат таъмин намуданд.

         Моро лозим ва зарур аст, ки дастовардҳои Истиќлолияти давлатиямонро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз ва эҳтиёт намуда, зиракии сиёсиро аз даст надода, ба созандагӣ, ободкорӣ ва зебову сарсабз гардонидани кишварамон идома диҳем.

 

                                                 

Холназаров Н

ходими калони илмии

Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

БОЗГАШТ