ТАБРИКОТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «ДИПЛОМАТ» ВА КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “ХИРАДМАНДОН» - И ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БА МУНОСИБАТИ “РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК”

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

        Илми муосир дар ҳамоҳангӣ бо васоити ахбори умум рушд карда, боиси тақвият ёфтани тарзи тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ хоҳад буд. Аз қадиммулайём ниёгони мо ба навиштану боқӣ гузоштани мероси хаттӣ машғул буда, арзиши суханро бо дарназардошти созмон додани бузургтарин макотиби зеҳнӣ эҳё менамуданд, ки дар таърихи башар ҳамто надоранд. Катибаҳои рӯйисангӣ ва осори қудратманде чун «Авасто», «Дасотир», «Динкарт», «Менуи хирад» ва амсолашон дар густариши тафаккур ва бахши маънавии инсоният нақши боризе доранд.

        Мактаби суханварие, ки вижагиҳои дунявӣ дошту ба қарнҳои мутавассит алоқаманд мебошад, воқеанигороне чун Абӯалӣ ибни Сино, Берунӣ, Насируддини Тӯсӣ, Закариёи Розӣ, Шоҳ Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Шоҳ Кайковус ибни Вушмагир ва ҳазорон фарди воқеанигорро ба арсаи фаъолияти зеҳнӣ овардааст, ки дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ нақши бузурге боқӣ гузоштаанд.

        Афкори интиқодии асримиёнагӣ ва хусусиятҳои воқеанигории аллома Аҳмади Дониш бо пайравонаш бори дигар исбот менамоянд, ки тоҷикон дар гузашта ва имрӯз ҳақиқатнигориро пазируфта, дар такмили ҷаҳонбинии хеш талош доштаанд.

        Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзиши сухан ва суханварӣ бо дарназардошти озодии баён дар мисоли табъу нашри кутуби гаронбаҳо ва эҳёи фикри миллӣ сурат пазируфт, ки натиҷаи дилхоҳ дар истиқлоли фикр ба бор овардааст.

        Ташкилоти ибтидоии “Дипломат” ва Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ бинобар фарорасии Рӯзи матбуоти тоҷик (11.03.2026.) кулли рӯзноманигорон ва намояндагони муассисоту нашрияву маҷаллаҳои кишварро бо Рӯзи касбиашон табрик гуфта, таманно мекунад, ки шаҳрвандони кишвар дар мутолиаи китобҳо, маҷаллаҳо ва рӯзномаҳо сахткӯш бошанду самараи фаъолияти рӯзноманигоронро қадрдонӣ кунанд.

        Саҳми рузноманигорони ватанӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, рушди тафаккури ҷомеа ва муаррифии дастовардҳои кишвар дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ хеле муҳим мебошад

Иди касбиатон муборак бошад !

БОЗГАШТ