ТАЛОШҲОИ ҲАМГИРОӢ ДАР ДОИРАИ ВОХӮРИҲОИ МАШВАРАТИИ САРОНИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Муаллиф: Шарифов Искандар

Расм

(дар ҳошияи ҳафтумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ. Тошканд - 16.11.2025)

        Осиёи Марказӣ ба марҳилаи нави таърихан муҳими рушди худ ворид мешавад. Имрӯз мо ба марҳилаи ваҳдати воқеӣ ворид шуда истодааем. Бори аввал дар тӯли солҳои зиёд дар минтақа фазои эътимоди мутақобила, ҳамсоягии нек ва эҳтиром ташаккул меёбад, ки ҳамчун заминаи пешрафти муштарак хизмат мекунад.

        Вохӯриҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мавқеи махсусро дар муносибатҳои минтақавӣ ишғол мекунад, зеро масъалаи ҳамгироии Осиёи Марказӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи сиёсии Осиёи Марказӣ мебошад ва ин вохӯриҳои машваратӣ аз кушишҳои ҳамгироии сирф минтақавӣ далолат медиҳад. Ба эътиқоди коршиносон, ҳамгироӣ дар ин минтақа дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза самараноктарин роҳи таъмини истиқлолияти ҳарбию сиёсӣ ва иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Биёед дар матлаби мазкур вазъи кунунии ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва талошҳои ҳамгироиро дар доираи Вохӯриҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳлил намоем.  

        Дар марҳилаҳои аввали истиқлолият, шурӯъ аз солҳои 1991, кишварҳои минтақа якчанд кӯшишҳо барои ҳамгироӣ анҷом доданд, ба монанди Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ, ки ба маркази минтақасозӣ ва минтақагароӣ табдил ёфт. Дар сатҳи риторикаи сиёсӣ, наздикшавӣ ҳамчун муҳимтарин авлавияти сиёсати хориҷӣ барои кишварҳои иштирокчӣ ҳисобида мешуд. Дар натиҷа соли 1993 Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ таъсис ёфт, ки дар доираи он ҳудуди панҷоҳ лоиҳаи муштарак таҳия шуда буданд. Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ баъдан ба Созмони ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ табдил дода мешавад, ки як қадам аз ҳамгироии иқтисодӣ ба ҳамгироии сиёсӣ буд. Мутаассифона, то соли 2006 раванди ҳамгироӣ қатъ мегардад. Зеро Федератсияи Русия, як давлати тавоно, ки ба минтақа таъсири бевосита дошт ба узвияти Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ пазируфта мешавад ва дар натиҷа ин созмон обрӯи худро ҳамчун як ниҳоди сирф минтақавӣ аз даст медиҳад. То он вақт, давлатҳои Осиёи Марказӣ тавониста буданд як сохтори муваффақи ҳамкории минтақавӣ ташкил кунанд, аммо ин раванд пас аз он қатъ гардид, ки Русия нахуст ба ин созмон пайваст ва сипас таҳти роҳбарии худ онро ба сохторҳои васеътари ҳамгироии авруосиёӣ ҳамроҳ намуд. Сабаби дарҷи ин маълумотҳоро дар хулоса ба таври возеҳ шарҳ хоҳем дод.

        Яке аз сабабҳои муҳимтарини имконнопазирии ҳамгироӣ дар солҳои навадум мухолифати ҷиддӣ байни зарурати ҳамгироӣ ва хоҳиши бозигарони минтақавӣ барои бунёди давлати соҳибихтиёр бо модели мустақили иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки то ҳадди имкон аз ҳамсоягонаш мустақил аст, буд. Таъсиси давлати миллӣ ва таъсиси муассисаҳои мустақили иқтисодӣ, сиёсӣ ва идеологӣ аз роҳбарон талаб мекард, ки таъсири ҳама гуна сохторҳои фаромиллиро кам кунанд ва дар баъзе мавридҳо ҳама гуна ӯҳдадориҳоро дар назди бозигарони беруна комилан аз байн баранд. Ҳамин тариқ, омилҳои марказгурез ба ҷои марказгаро бартарӣ доштанд. Масъалаҳои марзӣ бояд ҳал мешуданд ва бояд роҳҳои муштарак барои ҳалли масъалаҳои мураккаби об ва энергетика пайдо карда мешуд. Ҳамаи ин ба муносибатҳои байни кишварҳо шиддат ва баъзан ҳатто танишзо гардид.

Ҳамзамон дар он давра ягон кишвар намехост, ки ҷиҳати роҳандозии амалии ҳамгироӣ аз баъзе салоҳиятҳои миллӣ даст кашида, нақш ва мақоми сохторҳои байнидавлатиро тақвият бахшанд.

        Дар давоми даҳсолаҳои минбаъдаи рушди муштарак, ҳамгироии сиёсиву иқтисодӣ бо сабабҳои гуногун ва ба мо номаълум тавлид наёфт, ки манфиатҳои миллии ҳамаи кишварҳо ва механизмҳои таъмини амнияти минтақаро ҳамчун амри зарурӣ ба уҳда гирад. Аммо шурӯъ аз соли 2017  кишварҳои Осиёи Марказӣ сиёсати мӯътадилтаре пеш гирифта, ба натиҷаҳои мусбат ноил гардиданд. Бори аввал дар тӯли солҳои зиёд роҳбарони минтақа муколамаи системавӣ ва мунтазамро бидуни миёнҷигарони беруна оғоз карданд. Ин рамзи тафаккури нави сиёсӣ гардид, ки бар пояи эътимод, ошкороӣ ва дарки манфиатҳои муштарак асос ёфтааст. Маҳз ба шарофати муколама дар доираи вохӯриҳои машваратӣ як қатор ихтилофоти кӯҳна бартараф карда шуданд ва гузариш аз нобоварӣ ба ҳамкории воқеӣ ба даст омад. Элитаҳои сиёсии минтақа умедворанд, ки тавассути Вохӯриҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамгироиро густариш диҳанд.  Имрӯз, вохӯриҳои солонаи роҳбарони Осиёи Марказӣ воситаи асосӣ ва нишондиҳандаи самаранокии ҳамгироии сирф минтақавӣ мебошанд.

        Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳ ба механизми муассири ҳамкории минтақавӣ ва муколамаи боэътимод табдил ёфтаанд, рамзи равшани тағйироте мебошанд, ки дар минтақаи мо ба амал меоянд. Ин вохӯриҳо форуми асосии муколамаро барои таҳияи равишҳои муштарак ба масъалаҳои стратегии марбут ба рушди кунунӣ ва ояндаи Осиёи Марказӣ ташкил доданд.

        Ба шарофати муколамаи сатҳи баланд, минтақа дар амиқтар кардани ҳамкории иқтисодӣ, фароҳам овардани шароит барои ҳалли босуръати масъалаҳои марзӣ ва таҳияи механизмҳои муштарак ба соҳаҳои мураккаби ҳамкорӣ, аз қабили энергетика ва об, муваффақ шуданд. Умуман, минтақа дар тӯли ҳашт соли охир аз ҷиҳати объективӣ муттаҳидтар ва зичтар шудааст. Ҳамзамон имрӯз кишварҳои минтақа дар ҳоли табдил ёфтан аз объекти геополитикӣ ба субъекти геополитикӣ қарор доранд ва ин тамоюл зарурати ҳамгироиро ҳамчун самараноктарин механизми истиқлолияти минтақавӣ талаб менамояд.  

        Дар нахустин вохӯрии машваратӣ, ки 15 марти соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, вазифаҳои зерин ба мувофиқа расиданд: аввал, ҷустуҷӯи захираҳои нав ва механизмҳои амалии густариши ҳамкориҳои самарабахши минтақавӣ дар таъмини амният ва субот дар Осиёи Марказӣ; дуюм, таҳияи барномаҳои мушаххас – “харитаҳои роҳ”-и шарикӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, инноватсия, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия, бонку молия, обу энергетика ва фарҳангию гуманитарӣ; сеюм, доир ба масъалаҳои мубрами байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули васеи афкор, мувофиқа кардани мавқеъи ягона оид ба онҳо ва пешбурди он дар доираи СММ, ИДМ, СҲШ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ.

        Ба ин муносибат 29 ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Вохӯрии машваратии дуюми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар мулоқот раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расиданд, ки муколама ва шарикиро дар самтҳои афзалиятнок бо истифода аз иқтидори бузурги иқтисодии минтақа густариш диҳанд. Тибқи ин созишнома: монеаҳои тиҷоратии байни мамлакатҳоро бартараф намуда, кооператсияи саноатро боз ҳам мустаҳкам намоянд; татбиқи лоиҳаҳои бузург ба навсозии инфрасохтори энергетикӣ ва тавсеаи имконоти транзити минтақа; ташкили системаи самарабахши минтақавии долонҳои иқтисодӣ ва нақлиётӣ; истифодаи муштараки захираҳои об, рафъи оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим ва мубориза бо хатарҳои экологӣ; ҷалби технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ намудани принсипҳои “иқтисоди сабз”; дастгирии муколамаи фаъоли байни кишварҳои минтақа, мунтазам гузаронидани чорабиниҳои муштарак дар соҳаҳои илм, маориф, сайёҳӣ, фарҳанг ва варзиш; ҳифз ва тарғиби васеи арзишҳо ва анъанаҳои муштарак, ки халқҳои Осиёи Марказиро муттаҳид мекунанд ва татбиқи барномаҳои муштаракро дар назар дошт. Ҳамзамон масъалаҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба ҷиҳати таъмини амният ва субот дар минтақа баррасӣ шуданд. 6 августи соли 2021 дар минтақаи миллии сайёҳии Авазаи Туркманистон Вохӯрии машваратии сеюми  сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ 21 июли соли 2022 дар шаҳри Чолпон-Атаи Қирғизистон Вохӯрии машваратии чоруми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва 13-14 - уми сентябри соли 2023  дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон Вохӯрии машваратии панҷуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар минтақа пешниҳоду ташаббусҳои муҳиму дахлдор, ҳамчунин созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, “иқтисоди сабз”, энергетика, об ва экология ба имзо расиданд. 9-уми августи соли 2024 дар Қазоқистон Вохӯрии машваратии шашуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки нисбат ба дигар нишастҳои қаблӣ аҳамияти калон дошт,  зеро дар натиҷаи ин нишаст 8 санади нави ҳамкори миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расиданд. Аз ҷумла, Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз рӯйи натиҷаҳои Вохӯрии машваратии шашуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ; Консепсияи рушди ҳамкории минтақавии “Осиёи Марказӣ-2040”; Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ барои солҳои 2025-2027; Қарори Вохӯрии машваратии шашуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ “Дар бораи мукофотонидани Мирзиёев Ш.М., Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”; Нақшаи ҳамкории саноатии давлатҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2025-2027; Ёддошти тафоҳум оид ба рушди марказҳои нақлиётию логистикӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ; Баёнияи Остонаи Вохӯрии машваратии шашуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ; Баёния аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрии якуми вазирони энергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ қабул гардиданд. Консепсияи рушди ҳамкории минтақавӣ “Осиёи Марказӣ — 2040”, ки дар Саммити Остона дар соли 2024 қабул шудааст, ба як ҳуҷҷати муҳими барномавӣ табдил ёфт. Он самтҳои афзалиятноки дарозмуддати ҳамкорӣ, ки ба таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди кишварҳои мо нигаронида шудаанд, муттаҳид кард.

         Дар соли 2025 кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ тавонистанд, дар саммитҳои “Осиёи Марказӣ плюс” қадамҳои устувор ва таърихиро гузоранд. Тарве ки маълум аст, айни замон беш аз даҳ формати “Осиёи Марказӣ плюс” фаъолият мекунанд, ки Осиёи Марказиро бо кишварҳо ва иттиҳодияҳои пешбари ҷаҳон мепайванданд. Танҳо дар соли 2025 баргузории саммитҳои “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо” ( 4 - уми апрел, Самарқанд), “Осиёи Марказӣ - Чин” (17-уми июн, Остона), “Осиёи Марказӣ - Русия” (8-9- уми октябр, Душанбе) ва “Осиёи Марказӣ - ИМА” (6-уми ноябр, Вашингтон) шиддат ва аҳамияти стратегии минтақаро дар сиёсати ҷаҳонӣ тасдиқ мекунад.

16 ноябри соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Саммити Тошканд марҳилаи нави муҳимро дар бунёди муштараки Осиёи Марказии босубот, ҳамгиро ва шукуфон кушод.  Дар натиҷаи Вохӯрии ҳафтуми машваратӣ як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба тасвиб расиданд, аз ҷумла, Изҳороти муштараки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ; Муроҷиат ба кишварҳои узви СММ дар бораи номзадии Ҷумҳурии Қирғизистон барои узвияти ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ барои солҳои 2027-2028; Қарор дар бораи иштироки Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Машваратии Сарони Давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун узви комилҳуқуқ; Консепсияи амнияти минтақавӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ; ва Феҳристи таҳдидҳо ба амнияти Осиёи Марказӣ ва чораҳои пешгирии онҳо барои солҳои 2026-2028.

        Ҷолибияти нишасти мазкур дар он зоҳир мегардад, ки ба муколамаҳои Осиёи Марказӣ расман Ҷумҳурии Озарбойҷон пазируфта шуд. Қаблан, Ҷумҳурии Озарбойҷон ғайрирасмӣ дар Вохӯриҳои машваратӣ иштирок мекард, аз ҷумла, дар нишасти панҷум дар шаҳри Душанбе ва шашум дар Остона Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчун меҳмони фахрӣ ширкат меварзид.

        Ба қавли коршиноси узбек Отабек Акромов  “даъват кардани Озарбойҷон ба ин формат қарори дуруст нест. Зеро кишварҳои Осиёи Марказӣ” бояд пеш аз ҳама ба масъалаҳои минтақавӣ, ҳамкории дохилӣ ва тақвияти ҳамгироӣ тамаркуз кунанд. Вохӯрии машваратӣ “формати оилавӣ”-и дохилии панҷгона аст ва қуввати он дар ин зоҳир мегардад”. Ҷойи дигар иброз мекунад, ки “дар тӯли ҳашт соли охир Озарбойҷон ба минтақаи мо хеле наздиктар шудааст ва робитаи байниҳамдигарӣ тавассути лоиҳаҳои иқтисодӣ ва нақлиётӣ рӯ ба афзоиш аст. Бо назардошти ин, формати “C5+1” ба муносибатҳои байни Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон пурра мувофиқат намекунад. Бо забони назарияи конструктивизм, “C5” ягонагии байни “минтақа” ва кишварҳои Осиёи Марказиро ифода мекунад, дар ҳоле ки “+1” маънои кишвари дигарро дорад, яъне ҷаҳони берун аз Осиёи Марказиро ифода мекунад. Аммо,  хато намекунам, агар бигӯям, ки Озарбойҷон на танҳо мақоми беруна, балки мақоми “берунӣ-дохилӣ”-ро низ барои мо дорад. Ин нуқтаи назарро ба инобат гирифта, формати нави ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Озарбойҷонро пешниҳод мекунад, ки чунин платформа “C5+дӯст/бародар” ном дорад.

        Қаблан сиёсатшиносони маъруфи амрикоӣ Сванте Корнелл ва Фредерик Старр 21 апрели соли 2025 дар вебсайти машҳури Шӯрои сиёсати хориҷии Амрико ташаббуси ворид кардани Озарбойҷонро ба “С5” пешниҳод карданд: “Платформаи С5 бояд бо дохил кардани Озарбойҷон ба формати С6 табдил дода шавад”. Шояд ҷониби Ҷумҳурии Озарбойҷон ин нуқтаи назарро ба инобат гирифта, талоши ворид кардани кишвараш ба “С5” - ро пеш гирифтааст.

        Хулоса. Агар формати “C6” воқеан амалӣ шавад, чӣ мешавад? Тибқи назарияи муносибатҳои байналмилалӣ, кишварҳои бузург намехоҳанд, ки кишварҳои ҳамсоя муттаҳид шаванд. Мисоли равшани онро дар боло зикр кардем, ки ҳангоми аъзо шудани  Русия  ба Созмони ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ, созмон табиати сирф минтақавии худро аз даст дод ва оқибат раванди ҳамгироии сирф минтақавӣ шикаст хурд. Ин сенария имрӯз бори дигар бо иштироки Озарбойҷон такрор шуда истодааст. Як кишвари фароминтақавие, ки боз талаби ширкат дар раванди ҳамгироии минтақавиро дорад, аммо то кадом андоза ин манфиатовард барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст. Аммо аз нуқтаи назари мо ҷаласаи машваратӣ бояд маҳз барои муттаҳидсозии дохилии Осиёи Марказӣ хизмат кунад. Аз ин рӯ, нигоҳ доштани покии рамзӣ ва сиёсии он хеле ба шумор меравад.

       Талошҳои ҳамгироӣ дар доираи Вохӯриҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба якҷоясозии иқдомҳои кишварҳо, коҳиши ихтилофҳо ва афзоиши ҳамдигарфаҳмӣ равона шудаанд. Ин раванд ҳанӯз дар марҳилаи ташаккул қарор дорад, вале натиҷаҳои ба дастомада нишон медиҳанд, ки кишварҳои минтақа иродаи ҷиддӣ барои расидан ба ҳамкории воқеӣ ва ҳамгироии мустақил қарор доранд. Вохӯрии машваратӣ ба таҳкими субот, пешрафти иқтисодӣ, устувории сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштараки Осиёи Марказӣ такягоҳи муҳими стратегӣ фароҳам оварда истодааст ва яке аз механизмҳои ҳамгироии минтақавӣ ба шумор меравад.

 

Адабиёти истифодашуда

  1.  Назарбаев Н.А. Критическое десятилетие. – Алматы: Атамұра, 2003. – 240 с.

  2.  Отабек Акромов. Марказий Осиё “оилавий формати”га Озарбайжонни қўшиш тўғрими?  [Манбаи электронӣ] URL:. https://t.me/otabek_akromov/637 (Санаи муроҷиат: 17.11.2025)

  3.  Станислав А. П. Центральноазиатская интеграция на современном этапе // [Манбаи электронӣ] URL:. https://www.ng.ru/dipkurer/2025-11-09/11_9385_integration.html (Санаи муроҷиат: 16.11.2025)

  4.  Шарифов И. Истиқлоли геополитикии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва мақоми ҳамгироӣ дар он. [Манбаи электронӣ] URL:.https://amit.tj/tj/istikloli-geopolitikii-davlatkhoi-osiyoi-markazi-va-makomi-khamgiroi-dar  (Санаи муроҷиат: 14.05. 2025)

  5. Дар Остона сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 8 санади нав ба имзо расонданд. [Манбаи электронӣ] URL:. https://sputnik.tj/20240809/ostona-saroni-davlatho-osiyoi-markazi-sanad-nav-imzo-1063874903.html (Санаи муроҷиат: 05-03-2025)

  6.   Марказий Осиё давлатлари раҳбарлари муҳим қарорларни қабул қилдилар.  [Манбаи электронӣ] URL:.https://president.uz/uz/lists/view/8676 (Санаи муроҷиат: 16.11.2025)

  7.   Mirziyoyev Sh. Xalqimizning roziligi bizning faoliyatimizga berilgan eng oliy bahodir. 2-jild. – T.: “O‘zbekiston”, 2018. С 350

  8.  S. Frederick Starr,  S. Enders Wimbush ,  Svante E. Cornell,  Mamuka Tsereteli,  Laura Linderman // An American Strategy for Greater Central Asia.  [Манбаи электронӣ] URL:. https://www.afpc.org/publications/articles/an-american-strategy-for-greater-central-asia (Санаи муроҷиат: 16.11.2025)

  9.  Shavkat MIRZIYOYЕV. MARKAZIY OSIYO YANGI DAVR OSTONASIDA. [Манбаи электронӣ] URL:.https://president.uz/oz/lists/view/8653 (Санаи муроҷиат: 13.11.2025)

  10.  Svante E. Cornell, S. Frederick Starr. Modernization and Regional  Cooperation in Central Asia: A New Spring?/ SILK ROAD PAPER. - November 2018/ -стр - 8

 

ШАРИФОВ Искандар

ходими илмии шуъбаи ИДМ - и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ