ТАРБИЯИ ВАТАНДЎСТИИ ҶАВОНОН – ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Муаллиф: Қодирова Зулайхо

Расм

Ба истиқболи  23 май- Рӯзи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ќайд намуданд, ки «Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад. Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт».  

Воќеан ҳам љавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат аз онҳо вобастагии калон дорад. Дар давоми  солњои соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминањои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Раванди њаёти сиёсии кишвар собит месозад, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин давра мулоқоти аввалини роҳбари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар 2 - юми феврали соли 1993 баргузор гардид. Махсусан, қабул гардидани Қонуни Ҷумњурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» нишон дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои асосии худ шумориданд.

Ба душворињои ибтидои замони соњибистиќлолї нигоњ накарда, Пешвои миллат нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Махсусан, бо ташаббуси Президенти кишвар аз соли 1997 Квотаи президентї људо гардид, ки ин як иқдоми саривақтӣ љињати тарбияи кадрҳои маҳаллӣ ва дастгирии ҷавонони донишманду кордон, аз ҷумла, духтарони дењот буд.

Њамчунин, љињати ҳавасмандгардонии олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20-уми марти соли 1998 таҳти №967 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шуд. 23 май бошад, дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши арзишманду таърихиро доро мебошад. Чунки маҳз ҳамин санаи соли 1997 Сарвари маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии навбатиашон бо ҷавонони лаёқатманд 23 майро “Рӯзи ҷавонон” эълон намуданд, ки аз соли 1998 дар кишвар ҳамасола ин рӯз ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади дастгирии шахсони болаёқат ва тањсил намудани мутахассисон дар хориљи кишвар аз ҳисоби фонди махсуси Сарвари давлат стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумњурии Тољикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шуд, ки дар ин самт фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 - юми августи соли 2008, №502 ба тасвиб расидааст. Тавассути чунин иќдом ҷавонони зиёде дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои рушди соњањои гуногун ба кишварамон зарур мебошанд.

Барои тарбияи нерӯи ободкор дар мамлакат њамасола баргузор гардидани як қатор озмунҳо, аз ҷумла Озмуни  ҷумҳуриявии  «Фурўғи  субҳи  доноӣ китоб  аст»,  «Тоҷикистон - Ватани  азизи  ман», «Илм-фурӯғи маърифат» мебошад, ки чунин ташаббусњо нерӯи инсониро комил ва бањри баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният наќши бузург дорад.    Ҳамчунин Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ва  ба њар як хонадони кишвар таќдим намудани китоби “Тољикон”, зиёд намудани нашри китобњои бадеї, мутолиаи пайвастаи китоб ва њифзи асарњои адибони гузаштаву муосир як тадбири сариваќтї ва муассире дар ташаккули мафкураи миллии љавонон хоњад буд.

Ќайд кардан ба маврид аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тайи солҳои 2021-2024 нишон дод, ки миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, замина барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси муҳандисию техникӣ гардидааст. Ин озмунҳо боис гаштанд, ки теъдоди нафарони китобхон дар кишвар рӯз аз рӯз зиёд гашта, барои онҳое, ки малакаи ихтироъкориву навоварӣ доранд, имконоти мусоидро фароҳам оранд.

Њадафи асосии Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо, пеш аз њама баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Бояд ќайд намуд, ки эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» соли хотирмон ва беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар буд. Ҳамчунин, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шудааст, ки намунаи олии эҳтиром ва эътимоди роҳбарияти олии сиёсии кишвар ба ҷавонон буда, аз сиёсати љавонпарваронаи Пешвои миллат дарак медињад. Ин бори дигар собит месозад, ки Президенти кишвар дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавонпарваронаро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад. Мањз ин талошу зањматњои Пешвои миллат, муњтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки љавонони мо дар мусобиќањои варзишї низ ба дастовардњои бузург ноил гардида, дар бозиҳои олимпӣ, варзишгарони ҷавони мо ба монанди Расул Боқиев, Юсуф Абдусаломов, Мавзуна Чориева, Дилшод Назаров, Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев дар байни зиёда аз 200 давлат ширкат варзида парчами Тољикистонро дар арсаи љањон муаррифи намудаанд.

Ба монанди ин дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Dushanbe Grand Slam 2025”, ки рӯзҳои 2-4-юми май дар шаҳри Душанбе доир гардид, варзишгарони ҷавони мо 11 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд. Боиси хушнудист, ки дар ин мусобиқа Мадина Қурбонзода бо медали биринҷӣ  ғолиб баромада, соҳиби медал гардид.

Ҳамзамон, бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳимояти Созмони Милали Муттаҳид 25 май бо қабули қатъномаи махсус «Рӯзи ҷаҳонии футбол» эълон карда шуд.

Тавре Пешвои миллат ќайд намудаанд, “Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.

Воќеан, дар даврони соњибистиќлолї Тољикистон ба дастовардњои зиёде ноил гардида, дар оянда љавонон метавонанд барои рушду густариши он сањмгузор бошанд. Љавононро зарур аст, ки љавобан ба дастгирию пуштибонии Пешвои миллат бањри њифзу густариш додани кишвар сањмгузор бошанд. Махсусан, дар шароити дигаргунињои геополитикї асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро пеш аз њама ғояи таҳкими истиқлолияти давлатї, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амният, ҳифзи тамомияти арзӣ ва татбиқи манфиатҳои умумимиллӣ бояд ташкил диҳанд.

 

ЌОДИРОВА Зулайхо - ходими хурди илмии

Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ