ТАЪСИРИ РАВАНДҲОИ ГЕОФАРҲАНГӢ БА НИЗОМИ МУОСИРИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Муаллиф: Достиева Дилафруз

Расм

       Дар қаринаи таҳкими  унсурҳои ҷаҳони бисёрқутбӣ,  равандҳои геофарҳангӣ низ дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ   таъсири худро гузошта истодаанд. Консепсияи  “геофарҳанг” ба шарофати асарҳои олими амрикоӣ Иммануэл Воллерштейн, бахусус тариқи китоби ӯ “Геополитика ва геокултура” машҳур гардид[7]. Мафҳуми  “геофарҳанг” ба маънои аслии худ, ба ақидаи муаллифаш, заминаи фарҳангии сохти капиталистиро, ки дар ибтидои асри XVI ташаккул ёфтааст, ифода мекунад. Асоси  консепсияи ӯро “иқтисодиёти ҷаҳон” — низоми муносибатҳои байналхалқии ба савдо асос ёфта, ташкил медиҳад. Илова ба “иқтисодиёти ҷаҳонӣ”, кишварҳои гуногун метавонанд ба «империяҳои ҷаҳонӣ» муттаҳид шаванд, ки на ба ягонагии иқтисодӣ, балки ба ягонагии сиёсӣ асос ёфтаанд. Таърихро муаррихон ҳамчун инкишофи низомҳои гуногуни ҷаҳонии минтақавӣ (иқтисодҳои ҷаҳонӣ ва империяҳои ҷаҳонӣ), ки муддати тӯлонӣ бо ҳам рақобат мекарданд, то он даме, ки иқтисоди ҷаҳонии Аврупо (капиталистӣ) комилан бартарӣ пайдо кунад, арзёбӣ мекарданд. Аммо Воллерштейн равишҳои анъанавии таърихро бо пешниҳоди парадигмаи нави рушди иҷтимоӣ баҳо додааст[13].

         Назарияи низоми ҷаҳонӣ ба афзоиши таваҷҷуҳ ба таърих, ҳамчун як раванди ягонаи ҷаҳонӣ таъсири бузург гузошта, ба пайдоиши глобалистикаи таърихӣ мусоидат кардааст. Дидгоҳи геофарҳангӣ дар асари Самюэл Хантингтон дар “Бархӯрди тамаддунҳо ва тағирёбии тартиботи ҷаҳонӣ” (1996) дар шакли мукаммали худ ифода ёфтааст, ки андешаҳои муаллифро оид ба таносуби қувваҳо дар ҷаҳони муосир баён мекунад[4]. Ба ақидаи ӯ дар давраи нав рақобату бархӯрдҳо низ боқӣ мемонанд, на ин ки мо вориди як давраи оромиву осудагӣ мешавему демократияи либералӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн мешавад. Дар ин давра табиати бештари бархӯрдҳо фарҳангӣ-тамаддунӣ хоҳад буд.

         Дар ҳамин вазъият баъди мушоҳидаву омӯзиши зиёд Самюэл Хантингтон ба хулосае омад, ки “дар ҷаҳони баъди Ҷанги сард низ парчамҳо аҳамият доранд, ҳамчунин, аз ҷумла салиб, ҳилол ва ҳатто пӯшишҳои сар аҳамият пайдо мекунанд ва ҳувияти фарҳангӣ як хислатест, ки барои аксари мардум аз ҳама бештар зарурат дорад. Душманон барои афроде, ки ба дунболи ҳувият ва шинохти тозаи қавмият ҳастанд, муҳим мебошанд ва эҳтимолан душманони хатарноктарин дар хатҳои миёни тамаддунҳои бузурги ҷаҳон пайдо мешаванд. Фарҳанг ва ҳувиятҳои фарҳангӣ, ки дар густурдатарин сатҳ ҳувиятҳои тамаддунӣ ҳастанд, омилҳои ҳамбастагӣ, таҷзия ва даргирӣ дар ҷаҳони баъди Ҷанги сардро ба вуҷуд меоваранд. Назми ҷаҳонии мабнӣ бар тамаддун дар ҳоли зуҳур аст: ҷомеаҳое, ки пайвандҳои фарҳангӣ доранд бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд; талошҳои иваз кардани тамаддуни як ҷомеа ба дигар тамаддун бенатиҷа ҳастанд; ва гурӯҳи давлатҳо дар атрофи кишвари меҳварӣ ё аслии тамаддуни худ ҷамъ мешаванд. Эътироф мекунад, ки  “тамоили ҷаҳонгароёнаи Ғарб ба таври фазояндае онро дар таззод бо дигар тамаддунҳо қарор медиҳад махсусан бо ислом ва Чин.  Вай ин хулосаи худро ба таври куллӣ чунин асоснок мекунад “дар дунёи пас аз Ҷанги сард тафовутҳои идеологӣ, сиёсӣ ё иқтисодӣ аз ҷумлаи муҳимтаринҳо нестанд. Тафовутҳои фарҳангӣ муҳимтарин ҳастанд. Мардум ва миллатҳо талош мекунанд ба одитарин саволе, ки инсонҳо рӯ ба рӯ мешаванд, посух гӯянд: Мо кӣ ҳастем? Ва онҳо барои ҷавоб ёфтан ба ин суол аз равиши суннатие кор мегиранд, ки инсонҳо то имрӯз истифода мекарданд, яъне бо таваҷҷуҳ ба чизҳое, ки барои онҳо бештарин арзишро дорад. Инсонҳо ҳувияти худро дар пояи аҷдод, дин, забон, таърих, арзишҳо, одобу русум ва ниҳодҳо муайян мекунанд. Онҳо ба гурӯҳҳои алоҳида ҷудо мешаванд: қабилаҳо, гурӯҳҳои қавмӣ, ҷомеаҳои динӣ, миллатҳо ва дар васеътарин сатҳ тамаддунҳо. Мардум аз сиёсат танҳо барои расидан ба манофеашон истифода намекунанд, балки барои муайян кардани ҳувияташон низ онро истифода мебаранд. Мо кӣ будани худро, танҳо ҳангоми донистани ин ки кӣ нестем ва ё дар бисёр ҳолат танҳо баъди донистани ин ки мо зидди кӣ ҳастем, медонем”[6].

         Асарҳои Хантингтонро метавон   ба мактаби  геофарҳангӣ мансуб донист, зеро муаллиф бидуни истифода аз истилоҳи  “геофарҳанг” мунтазам мафҳумҳои фарҳанг ва тамаддунро истифода кардааст. Ин мафҳумҳо аксар вақт дар мафҳуми ҳамдигар муайян карда мешаванд ё ҳамчун синоним истифода мешаванд. Аммо ба қавли донишманди эронӣ Масъуд Ҳоҷизода, тамаддун болотарин гурӯҳбандии фарҳангии мардум ва густардатарин сатҳи ҳувияти фарҳангӣ аст, ки инсонҳо аз он бархӯрдоранд. Тамаддунҳо мавҷудияти қобили дарк доранд, пӯё ҳастанд, зуҳур ва суқут мекунанд, тақсим мешаванд ва дар водии замон дафн мегарданд[10].  С.Хантингтон яке аз асосгузорони дидгоҳи тамаддунӣ маҳсуб мешавад, аммо вай аслан ҳамчун вориси дидгоҳи тамаддунии Арнолд Тойнбӣ  амал кардааст. С.Ҳантингтон нишон додааст, ки рушди босуръат ва бисёрҷонибаи фарҳангҳо боиси  пайдоиши таносуби нави қувваҳо дар ҷаҳон, аз ҷумла дар соҳаи иқтисодӣ мегардад.  Дар ҳақиқат, пас аз поёни ҷанги сард мавҷи нави ҳувиятҷӯӣ дар ҳама гӯшаҳои ҷаҳон сар зад. Миллатҳое, ки зери таъсири қувваҳои идеологӣ буданд ва системаи мувофиқи идеологиву иқтисодиро ҷустуҷӯ мекарданд, ахиран ба корношоямии сотсиализм қоил шуда, демократия ва низоми сармоядориро ҳамчун беҳтарин низом шинохтанд. Ба ибораи дигар демократияи либералӣ тавонист, бартарияти худро дар баробари дигар низомҳо исбот кунад. Ин ба он маъно набуд, ки демократияи либералӣ аз камбудиҳо орист. Вале, ин самараноктарин низом дар миёни дигар низомҳои ихтироъкардаи инсоният буд. Аммо ин зиддияту рақобатҳои ҷаҳониро хотима надод. Мавҷи ҳувиятҷӯӣ инсониятро дар баробари рақобатҳои фарҳангӣ-тамаддунӣ қарор дод[11].

       С. Хантингтон дар мавриди таъсирбахшии “неруи нарм” андешаронӣ намуда, онро аз симои мароқангези фарҳанг ва идеология вобаста медонад. Ба саволи он, ки фарҳанг ва идеология чи гуна мароқангез мегарданд, ӯ чунин посух мегардонад: “Фарҳанг ва идеология замоне мароқангез мегарданд, ки агар дар онҳо дастовардҳои моддӣ ва арзишҳои таъсирбахш дида шаванд. Неруи нарм замоне  ба ҳокимият табдил меёбад, ки ҷавҳари онро неруи сахт ташкил дода бошад. Афзоиши иқтидори иқтисодӣ ва ҳарбӣ имкон медиҳад, ки дар муносибат бо миллатҳои дигар дар мавриди афзалиятнок донистани фарҳанги худ ва иқтидори сиёсии худ боварӣ, ғурур ва иродаи қавӣ ба амал ояд, ки чунин ҳолат барои ҷомеаҳои дигар мароқангез мегардад. Заиф гардидани иқтидори иқтисодӣ ва ҳарбии кишвар боиси аз байн рафтани боварӣ ба қудрати худ, аз байн рафтани иродаи сиёсӣ, ба амал омадани ҷустҷӯи роҳи ҳалли мушкилиҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ ва сиёсӣ дар фарҳангҳои дигар мегардад”[5,142-143].

      Аммо муҳаққиқ Освалд Шпенглер муътақид аст, ки азбайнравии фарҳангҳо гузариши онҳоро ба тамаддун таъмин хоҳад кард. Баръакси ин, ҷоемаҳои рӯ ба инкишоф ҳастанд, ки дар онҳо фарҳанг бар тамаддун таъсиргузор буда, заъфи ҳар ду мушоҳида мешаванд.  Яке аз омилҳои рӯоварӣ ба фарҳангҳои тавсеаёфта ҳамин заъф ва дар ҳоли инҳитот қарор доштани фарҳангҳои миллӣ мебошанд[1,248].

      Фарҳангшиноси рус О.А. Хлопов чунин иброз менамоянд, ки “ошкор кардани хусусияти хоси фарҳангии усулҳои гуногуни дарки ҷаҳон метавонад  ба гуногунандешӣ  бештар мусоидат кунад. Аммо он метавонад ба бунбасти фарҳангӣ ва минтақавӣ низ оварда расонад”[12].

      Давраи постмодерн бошад тавассути раванде муаррифӣ мешавад, ки хусусияти аслии он ҳиҷрат аст ва сафарномаҳое офаридаанд, ки ҳамин вижагиҳои ҳувияти фарҳангии дилхоҳ миллату кишвареро инъикос намудаанд. Ин натиҷа паҳлуи якҷонибаи дигари масоилро бархурд ва баҳамоии тамаддунҳо ва фарҳангҳо дар бар мегирад[1,197]. Глобаликунонии фарҳангҳо бошад, раванди ба фарҳанги ягонаи ҷаҳонӣ пайвастани фарҳангҳои миллиро ҳануз намефаҳмонад, чунки дар раванди ҷаҳонишавӣ мо ваҳдати муайянеро мушоҳида намекунем[1].

      Равандҳои мутобиқшавии байнифарҳангӣ ва байни тамаддунҳо дар тӯли таърихи тамаддунҳо ба амал омадаанд. Алоқамандии онҳо бештар дар таъсири мутақобилаи тасвирҳои геополитикӣ ва геофарҳангӣ дар фазои муайяне зоҳир мешавад, ки ба нооромиҳои тамаддунӣ дучор мешавад.

      Геофарҳанг натиҷаи инкишофи образҳои ҷуғрофӣ дар фарҳанги мушаххас ва анъанаи муайяни дарки ин образҳо мебошад. Якҷоя онҳо фазои геофарҳангӣ – низоми воқеият ва ғояҳои устувори фарҳангиро дар қаламрави муайян ба вуҷуд меоранд, ки дар натиҷаи таъсири мутақобилаи динҳои гуногун, анъана ва меъёрҳо, низоми арзишҳо, сохторҳои идрок – яъне тасвири ҷаҳон ташаккул ёфтаанд. Тафсири тасвирҳои фарҳангӣ-ҷуғрофӣ маънои гузаштан ба фаросатҳиро дар робита бо равандҳои тасвири падидаҳои иҷтимоӣ дар назар  дорад[8].

      Таваҷҷӯҳ ба ҷанбаи геофарҳангии муносибатҳои байналмилалӣ дар ибтидои солҳои 2000-ум  қолаби нав ба худ касб кард. Ин истилоҳ пеш аз ҳама аз ҷомеашиносии улуми иҷтимоӣ ва назарияҳои постпозитивистӣ сарчашма гирифтааст. Симои дидгоҳҳои геофарҳангӣ пеш аз ҳама дар заминаи равандҳои ҷаҳонишавӣ ва минтақавӣ баррасӣ мешавад. Геофарҳанг ин низоми аломатҳои пурқувват, равшан ва васеъмиқёси геофазоӣ мебошад, ки хусусияти рушд ва фаъолияти фарҳангу тамаддунҳоро тавсиф мекунад[14].

      Ба тариқи хулоса метавон зикр намуд, ки  геофарҳанг ҳамчун яке унсурҳои муҳими  равандҳои сиёсати байналмилалӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунанд. Дар замони ҷаҳонишавӣ, ки дар он рақобат барои нуфузи сиёсӣ, манфиатҳои иқтисодӣ ва захираҳои стратегӣ шадидтар мегардад, танҳо таҳлили ҳақиқии геополитикӣ кофӣ нест. Омӯзиши ҷойгиршавии ҷуғрофӣ дар якҷоягӣ бо омилҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва тамаддунӣ (яъне геофарҳангӣ) имкони амиқтар фаҳмидани манфиатҳои давлатҳо, ҳамгироӣ ё ихтилофи байни онҳо ва дурнамои сиёсати хориҷиро фароҳам месозад.

      Таҳлили афкори мутафаккирони ҷаҳонӣ  нишон медиҳад, ки геофарҳанг ҳамчун як воқеият метавонад ба арзёбии мукаммали равандҳои муосири ҷаҳонӣ, махсусан муносиботи байни тамаддунҳо, ёри расонад. Равандҳои геофарҳангӣ на танҳо ба соҳаҳои амният ва иқтисод таъсир мерасонанд, балки ба робитаҳои фарҳангӣ, забонӣ, арзишӣ ва ҳувиятии байни халқҳо иртибот доранд.

      Аз ин рӯ, метавон ба хулосае омад, ки  дар назар доштани равнадҳои геофарҳангӣ дар таҳлили равандҳои  сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ зарур ва судманд мебошад. Онҳо ба таҳияи сиёсати мутавозин ва устувори хориҷӣ мусоидат мекунанд ва фаҳмиши амиқи муҳити стратегии ҷаҳони муосирро таъмин месозанд.

 

ДОСТИЕВА Дилафруз,

ходими хурди илмии

шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ