ТОҶИКИСТОН ВА УЗБЕКИСТОН - ШАРИКОНИ СТРАТЕГӢ

Муаллиф: Достиева Дилафруз

Расм

(Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Ҷумҳурии Узбекистон 26- 27 – уми марти соли 2026)

       Аз саҳифаҳои таърих ба ҳамагон маълум аст, ки тоҷикон аз қадимулайём бо ҳамсоягони хеш муносибати дустонаву бародарона дошта, дар асоси арзу эҳтиром ба арзишҳои бузурги  ахлоқии  инсонӣ умр ба сар мебурданд. Тоҷикон ва узбекҳо низ аз чунин ҳамсоягоне ҳастанд, ки  бо риояи ойинҳои неки ҳамсоядорӣ ҳамзистӣ зиндагӣ карда, ҳамчун дӯсту бародар бо ҳам муносиботи хуби инсонӣ доштанд. Доир ба ойини ҳамсоядорӣ дар миёни мардуми соҳибдилу соҳибхиради тоҷик сухану зарбурмасалҳои пурҳикмате мавҷуданд, аз қабили “аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар аст” ва ё “хона нахар, ҳамсоя бихар”,  ки ин аз иззату эҳтироми мардуми шарифи тоҷик  нисбат ба ҳамсояву ҳамсоядорӣ мебошад.

       Равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон аз замони барқарорсозии  муносибатҳои дипломатӣ  22 октябри соли 1992 оғоз гардида, ҳамкориҳо дар ҳоли густариш қарор доранд. Бар асоси ҳамин муносибатҳои дуҷониба  миёни ду кишвар сафарҳои мутақобилаи сарони давлатҳо сурат гирифтааст (январи соли 1998, июни соли 2000, марти соли 2018, августи соли 2018–2021, июни соли 2022 ва апрели соли 2024).

       Санадҳое, ки миёни ду кишвар қабул гардидаанд, самтҳои муҳими ҳамкориро дар бар мегиранд, ки барои рушду таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ заминаи мустаҳками ҳуқуқиро ба вуҷуд овардаанд.

       Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Узбекистон дорои сарҳади умумии тӯлонӣ, робитаҳои инкишофёфтаи бисёрсола ва фазои бузурги фарҳангию башарӣ буда, метавонанд барои инкишофи соҳаҳои гуногуни иқтисодии ҳарду кишвар шароит фароҳам оваранд, аз ҷумла иқтидори транзитии ҳамдигарро барои баромадан ба дигар бозорҳои ҷаҳонӣ истифода намоянд.

        Ёдовар мешавем, ки санаҳои 26-27 уми соли ҷорӣ  сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом дода шуд, ки дар доираи он маҷмӯи масъалаҳои ҳамкорӣ баррасӣ гардид. Дар доираи ин сафар ҳамчунин вохӯрии соҳибкорон, форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, конфронси илмиву амалии минтақавӣ ва якчанд чорабиниҳои дигари фарҳангӣ анҷом дода шуданд.

       Лозим ба тазаккур аст, ки то соли ҷорӣ заминаи шартномавию ҳуқуқии ду кишварро беш аз 200 созишномаву шартномаҳо дар бар  мегирифт, ки дар сатҳи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидаанд. Поягузори онҳо “Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” аз 15 июни соли 2000 ва “Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” аз 17 августи соли 2018, “Эъломия оид ба таҳкими дустии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” аз 3 июни соли 2022 ва “Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон”  аз 18 апрели соли 2024 мебошанд.

       Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи ин сафар якчанд санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба ҷанбаҳои нави ҳамкориҳо ба имзо расиданд.

       Ҳамчунин дар доираи баргузори Форуми дуюми байниминтақавии “Тоҷикистон - Узбекистон”, ки  дар шаҳри Ҷиззах  баргузор гардид, як қатор созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расид, ки созишномаҳо ва шартномаҳои имзошуда соҳаҳои коркарди саноатӣ, истеҳсоли нассоҷӣ, бахши агросаноатӣ, таъминоти масолеҳи сохтмонӣ, рушди бахши хизматрасонӣ ва татбиқи рақамикунониро фаро мегиранд.

        Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2021 гардиши савдои мутақобила миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 447,8 млн доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2020 он 114 млн доллар (34,2%) зиёд мебошад. Дар даҳ соли охир ин рақам баландтарин нишондиҳанда буда, дар қиёс ба соли 2015 ба маротиба афзоиш ёфтааст. Дар сохтори гардиши савдои  хориҷӣ 129,6 млн доллари ИМА ё 28 фоиз ба содирот ва 318,2 млн доллар ё 72 фоиз ба воридоти молу маҳсулот рост меояд.

        Рақамҳои оморӣ далолат аз он мекунанд, ки роҳбарияти олии ду кишвар бштар ба савдои хориҷӣ ва гардиши мол диққати аввалиндараҷа дода, баҳри некуаҳволии халқ кӯшишҳои зиёд намуда истодаанд. 

        Бо итминони комил метавон гуфт, ки дар заминаи ба роҳ мондани муносибатҳои неки дуҷониба, ки ба рушду пешрафти ҳамкориҳои ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад ва сафари навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари дӯсту ҳамсоя метавонад,  саҳифаҳои нави ҳамкориро миёни ин ду халқи дӯсту бародар – тоҷику узбек қавитар намояд

 

ДОСТИЕВА Дилафрӯз

ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва

Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ