Агар зери мафҳуми сулҳ якдигарфаҳмӣ, оштиву фарзонагӣ ва осоиштагии мардум ниҳон бошад, пас калимаи ваҳдат ба маънои ба ҳам омадан, аз як гиребон сар бурун овардан, хамдигарфаҳмӣ ва иттиҳод мебошад.
Воқеан, ҳам ваҳдати миллӣ беҳтарин неъмат, орзуву ормон, таҳкими давлату давлатдорӣ, наҷоти миллат, рушду нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон ба шумор меравад. Халқи шарафманди тоҷик бо камоли сарафрозӣ, ҳамасола санаи 27- июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар фазои сулҳу дустӣ таҷлил менамоянд. Расо 28 сол муқаддам дар ин рӯз хостаҳо ва ормонҳои чандинсолаи мардуми ҷафодидаи тоҷик, ки ташнаи сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ буданд, амалӣ гардид. Он рӯзи таърихӣ, ки дар шаҳри Маскав миёни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид, ки кишварро аз нобудшавӣ ва мардумро аз парокандагӣ наҷот дод.
Пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ то ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон мубталои ҷанги шаҳрвандӣ гардида буд. Вазъи ноороми сиёсӣ ва даргириҳои дохилии шаҳрвандӣ дар он давра садҳо ҳазор одамонро маҷбур сохт, ки тарки ватан намуда, ба дигар кишварҳо фирор намоянд. Вазъияти баамаломадаи он давра Ҷумҳурии Тоҷикистонро қариб ба парокандагию парешонӣ оварда расонид.
Дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассос ва даргириҳои нотамом санад ё ҳуҷҷате лозим буд, ки ба даргириҳои дохилии шаҳрвандӣ хотима бахшад. Маҳз дар чунин вазъияти душвор ва мураккаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорат ва дарки масъулияти баланд, ин рисолати ҳаётан муҳимро ба души худ гирифтанд. Аз ҳамон лаҳза сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи мусбат комилан дигаргун гашт.
Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳои худ, чунин фармудааст, “Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба хосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Пешвои муаззами миллат дарахти сулҳу ваҳдат номиданд, воқеан имрӯзҳо меваи ширину пурсамар ба бор овардааст. Воқеан ҳам дар кишварае, ки сулҳу амонӣ ва дустӣ хукмфармост, он давлат руз то руз гул - гул шукуфон гашта, иктисодиёташ тадриҷан меафзояд ва дар ин раванд ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.
Бо шарофати Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо такя ба сиёсати “дарҳои кушода” ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро таҳким бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувор дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.
Достиева Дилафрӯз
ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масоили давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ