ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - РОҲКУШОИ РУШДИ КИШВАР

Муаллиф: Маҳмадбекзода М.Ш.

Расм

   Дар ин рӯзҳое, ки мо дар остонаи 28-умин солгарди яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи Тоҷикистони соҳибихтиёр – Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ба хотири  рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ чунин ном гирифтааст, қарор дорем, беихтиёр ва бо шукргузорӣ аз рӯйдодҳои он санаи воқеан ҳам тақдирсоз ва раҳкушои раванди рушди кишварамон ёдовар мешавем.

   Созишномаи таърихӣ, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расида буд, санадест, ки маънои қатъёбии ҷанги дохилии мамлакатамонро дорад ва  барои аҳли ҷомеаи Тоҷикистони навин имкони ворид шудан ба марҳалаи  рушди тамоми соҳаҳои кишварро фароҳам гардонид ва ба ҳаёти осоишта қадам ниҳодани аҳли ҷомеаи ҷумҳуриямонро инъикос менамояд.

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар айни ҷӯшу хурӯши муқовимат, вақте ки тарафҳои муқобил ҳар рӯз аз ҳамдигар торафт бештар дур мешуданд, роҳбарии давлати мустақили Тоҷикистонро ба зимма гирифта, барқарор сохтани сулҳу созгорӣ дар ватани хешро ҳамчун вазифаи олӣ меҳисобиданд, барои расидан ба ин рӯзи муқаддас ҳанӯз зимни муроҷиати нахустини хеш ба халқи Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, вақте ки тақдири миллат ва давлати тоҷикон ҳал мешуд, дар ин бора иброз намуда буданд.

   Пешвои муаззами миллат қайд мекунанд: “Тарафҳои муқобил маҳз ҳамон вақт даъвати моро дар бораи дарки зарурати волоияти манфиатҳои миллӣ ва бартарии онҳо аз манфиатҳои ҳизбу ҷунбишҳо ва гурӯҳҳои алоҳидаи одамон ба хубӣ дарк намуда, бори аввал сари мизи музокирот нишастанд. Бинобар ин, сароғози ҷараёни истиқрори сулҳро, ки баъдан соли 1993 давом дода шуд, воқеаи таърихии ҳаёти мардуми мо, яъне Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд шуморидан зарур аст.”

Маҳз саъю талошҳои пайгирона, иқдоми хайрхоҳона ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имкон доданд, ки омилҳои асосии раванди истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон, аз қабили муттаҳидсозии аҳли ҷомеа дар назди хавфу хатар ва таҳдидҳои гуногун, таъмини ҷидду ҷаҳди самимонаи бисёр мамлакатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ барои мусоидат ба рафъи муноқиша бо роҳҳои мусолиматомез ҷараёни истиқрори сулҳро дар Тоҷикистон хеле осонтар гардониданд.

Дар ин радиф, бояд қайд намуд, ки ташкили қувваҳои дастаҷамъии посдори сулҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳайати ҷузъу томҳои низомии Русия, Қазоқистон, Қиргизистон ва Ӯзбекистон, миёнаравиҳои фаъолонаю самарабахши Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, Созмони конфронси исломӣ, Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх, кӯмакҳои башардӯстонаи бисёр мамлакатҳо ва созмонҳои байналхалқию ғайриҳукуматӣ барои бартараф сохтани муноқишаи тоҷикон нақши муҳим бозиданд.

Пешвои миллат бо қаноатмандӣ қайд менамоянд, ки омили дигари муҳиме, ки ба раванди истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон таъсири муассир расонд, ҳамин буд, ки давлатҳои Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Туркманистон имкон доданд, ки дар қаламрави онҳо давраҳои навбатии гуфтушуниди тарафҳои ба ҳам муқобили тоҷик гузаронида шаванд, зеро бо сабабҳои гуногун дар худи Тоҷикистон гузаронидани чунин гуфтушунидҳо имкон надошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан қайд мекунанд: “Омили муҳимтарини ҷараёни истиқрори сулҳ хоҳиш ва азми қатъии тарафҳои ба ҳам муқобили тоҷик буд. Ба ақидаи ман, бе мавҷудияти омили мазкур бартараф сохтани ягон муноқиша имконпазир нест.”

Бо расидан ба Рӯзи ваҳдати миллӣ аҳли ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол вориди марҳалаи нави созандагӣ ва бунёдкорӣ ворид гардид. Корҳои ободониву бунёдкорӣ батадриҷу муназзам равнақу ривоҷ ёфтанд. Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд. Дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Яъне, нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Давоми солҳои 2020 – 2024 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.

Дар соли равон дар самтҳои рушд додани иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Ҳамчунин, идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат таъмин карда мешавад. Дар ин раванд, то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда мешаванд.

Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шудаанд.

Ҳукумати мамлакат дар самти таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Ҳамин тариқ, дар сафҳаи таърихи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Маҳз дар ин рӯзи сарнавиштсоз хиради аҷдодии миллати тоҷик пирӯз шуд ва санади муҳимму таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, ба ҷанги даҳшатбори таҳмилии шаҳрвандӣ хотима дода шуда, ба раванди ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати мардуми кишвар заминаи устувор гузошта шуд.

Созишномаи мазкур барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ, номаи иқболу саодат ва раҳкушои воқеии рушди тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ гардид.

 

Маҳмадбекзода М.Ш.

сарходими  илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши  масъалаҳои  давлатҳои  Осиё  ва  Аврупои 

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон , доктори илмҳои сиёсӣ  

БОЗГАШТ