Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯз, ки рақобатҳои геополитикӣ, таҳдидҳои амниятӣ ва бархӯрди манфиатҳо рӯз аз рӯз шиддат мегиранд, масъалаи ҳифзи давлат ва суботи ҷомеа аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Таҷрибаи таърих нишон медиҳад, ки ҳеҷ сарват, ҳеҷ неру ва ҳеҷ имконияти иқтисодӣ наметавонад давлатро ба таври устувор нигоҳ дорад, агар дар ҷомеа ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳсоси масъулияти умумимиллӣ вуҷуд надошта бошад.
Аз ҳамин ҷост, ки ваҳдати миллӣ имрӯз ҳамчун яке аз муҳимтарин дастовардҳои давлатдории муосир арзёбӣ мешавад. Он на танҳо омили сулҳу субот, балки заминаи асосии рушди иқтисодӣ, пешрафти иҷтимоӣ ва таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.
Ваҳдат — пояи давлатдории миллӣ
Дар таърихи инсоният давлатҳои миллӣ маҳз дар замоне шакл гирифтанд, ки мардум зарурати муттаҳид шуданро барои ҳифзи манфиатҳои худ дарк карданд. Аврупои асрҳои XV–XVII намунаи равшани ин раванд мебошад. Ҷангҳои динӣ, низоъҳои сиёсӣ ва буҳронҳои иҷтимоӣ ҷомеаҳоро водор сохтанд, ки дар ҷустуҷӯи арзишҳои муттаҳидкунанда бошанд.
Дар чунин шароит худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ ва эҳсоси тааллуқ ба як давлат тадриҷан ба неруи бузурги сиёсӣ табдил ёфт. Миллатҳое, ки тавонистанд дар атрофи ҳадафҳои умумӣ муттаҳид шаванд, давлатҳои пурқудрат бунёд карданд ва дар рушди минбаъдаи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Ин таҷрибаи таърихӣ имрӯз низ аҳамияти худро гум накардааст. Давлатҳои муваффақ маҳз он давлатҳое мебошанд, ки ҷомеаи онҳо дар атрофи арзишҳои умумимиллӣ муттаҳид аст.
Тоҷикистон дар рӯ ба рӯи имтиҳони таърих
Барои миллати тоҷик ваҳдати миллӣ бо саҳифаҳои тақдирсози таърихи навин пайванди ногусастанӣ дорад.
Солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон давраи ниҳоят душвор буданд. Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ на танҳо низоми сиёсию иқтисодиро тағйир дод, балки холигии ҷиддии мафкуравиро ба вуҷуд овард. Дар чунин шароити ҳассос ҷомеа ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд.
Он рӯзҳо барои ҳазорҳо оила рӯзҳои дард, андӯҳ ва ноумедӣ буданд. Бародар ба муқобили бародар қарор гирифт, манфиатҳои гурӯҳӣ бар манфиатҳои миллӣ бартарӣ пайдо карданд ва ҷомеа ба яке аз вазнинтарин буҳронҳои таърихи худ рӯ ба рӯ гардид.
Таҷрибаи Тоҷикистон бори дигар ҳақиқати маъруфи таърихиро собит намуд: дар ҷанги шаҳрвандӣ ғолиб вуҷуд надорад. Зарардидаи аслӣ ҳамеша миллат ва давлат мебошад.
Роҳи наҷот аз фоҷиа
Дар чунин вазъияти мураккаб сулҳ барои Тоҷикистон на танҳо интихоби сиёсӣ, балки масъалаи ҳастӣ ва бақои давлат гардид.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1997 ба яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи навини кишвар табдил ёфт. Ин созишнома ба хомӯш гардидани оташи ҷанг, бозгашти гурезаҳо ва оғози марҳилаи нави давлатсозӣ замина гузошт.
Маҳз аз ҳамин давра ваҳдати миллӣ ба меҳвари сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Тоҷикистон тавонист тадриҷан иқтисодиёти худро барқарор намояд, инфрасохтори кишварро рушд диҳад ва барои пешрафти минбаъда шароити мусоид фароҳам оварад.
Ваҳдат ва нақши шахсият дар таърих
Дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз таърих нақши шахсиятҳо аҳамияти махсус пайдо мекунад. Таърихи давлатҳо нишон медиҳад, ки дар давраҳои буҳронӣ ҷомеа ба роҳбароне ниёз дорад, ки манфиатҳои миллатро болотар аз ҳама ихтилофҳо гузоранд.
Дар Тоҷикистон низ масъалаи таҳкими сулҳ ва муттаҳид сохтани ҷомеа бо фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад. Дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ва давраи баъдиҷангӣ сиёсати ба ҳам овардани неруҳои гуногуни ҷомеа ва барқарорсозии эътимоди шаҳрвандон ба ояндаи кишвар барои таҳкими давлатдорӣ аҳамияти ҳалкунанда дошт.
Имрӯз натиҷаҳои он сиёсати ваҳдатофарона дар рушди иқтисодӣ, суботи сиёсӣ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон равшан мушоҳида мешаванд.
Дарси муҳим барои насли имрӯз
Насли ҷавон Тоҷикистонеро мебинад, ки дар фазои сулҳу субот рушд мекунад. Аммо пушти ин оромӣ таърихи пурдарди миллат қарор дорад. Аз ҳамин сабаб, ҳифзи хотираи таърихӣ ва омӯзиши сабақҳои солҳои навадум аҳамияти махсус дорад.
Ваҳдати миллӣ дастоварде нест, ки як бор ба даст омада бошаду дигар ба нигоҳдорӣ эҳтиёҷ надошта бошад. Он фарҳанги сиёсӣ, эҳтироми ҳамдигар, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти шаҳрвандиро талаб мекунад.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, новобаста аз касбу кор ва мавқеи иҷтимоӣ, дар таҳкими ваҳдати миллӣ саҳми худро гузошта метавонад. Зеро маҳз ягонагии ҷомеа кафили рушди устувор, амнияти миллӣ ва ояндаи дурахшони давлат мебошад.
Ба ҷойи хулоса
Таърихи давлатҳо борҳо нишон додааст, ки миллатҳои муттаҳид аз душвортарин озмоишҳо сарбаландона мегузаранд. Тоҷикистон низ ин ҳақиқатро бо роҳи пурмашаққати худ исбот намуд.
Имрӯз, вақте аз ваҳдати миллӣ сухан мегӯем, мо танҳо аз як рӯйдоди таърихӣ ё як дастоварди сиёсӣ ёд намекунем. Мо аз арзише сухан мегӯем, ки давлатро ҳифз кард, миллатро муттаҳид сохт ва барои рушди кишвар заминаи устувор фароҳам овард.
Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон танҳо ёдгории гузашта нест — он кафолати оянда аст.
РАҲИМОВ Дилшод
ходими хурди илмии шуъбаи ИДМ-и
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ