Дар ҳошияи қабули Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036”
Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” бори дигар мақому нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳофар, ташаббускор ва ҷонибдори ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари Тоҷикистонро давлати пешбарандаи ташаббусҳои муҳими байналмилалӣ мешиносад.Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ташаббусҳои созандаи ҷаҳонист.Ҷоиз ба қайд аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як кишвари ҷангзада ба давлати ташаббускор ва фаъоли байналмилалӣ табдил ёфт. Агар дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ҳадафи асосии давлат барқарор намудани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ буд, пас имрӯз Тоҷикистон ба яке аз пешоҳангони пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ, амният ва рушди устувор мубаддал гардидааст. Ин қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд,ки “санади мазкур аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд”.
Таърихи ҳар миллат аз ду калима пур аз маъно иборат аст “ ҷанг ва сулҳ”. Ҷанг саҳифаҳои хунолуд, сулҳ бошад саҳифаҳои бунёдкорӣ мебошанд. Вақте, ки мо дар бораи Қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” сухан меронем, мо танҳо дар бораи як қоғази имзошуда сухан намекунем. Мо дар бораи аҳди зинда байни наслҳое сухан меронем, ки ҳануз ба дунё наёмадаанд.
Қатъномаи сулҳ ҳаминро ваъда медиҳад, ки 10 соли бе ҷанг, бе кина ва ин ваъда барои имруз нест.Сулҳ танҳо набудани тирпаронӣ нест. Сулҳи воқеӣ падидаи мусбат аст.
Мисол: Сулҳи иҷтимоӣ, вақте, ки ҳамсоя ба ҳамсоя эътимод дорад. Вақте ,ки фарқиятҳои забон, минтақа, андеша боиси душманӣ намешавад.
Сулҳи иқтисодӣ, Вақте ҷавонон ба ҷои фикр дар бораи муҳоҷират ё тарс, дар бораи кор, илм, тиҷорат фикр мекунанд.
Сулҳи маънавӣ, Вақте мактаб, оила, ҷомеа ба як овоз мегуянд “мо як халқем ва як оянда дорем”.
Қатънома ин ҳуҷҷат ва созишномаи ҷаҳонист ва ба назари мо он 3 вазифа дорад:
1. Масъулият: СММ ва кишварҳои аъзо, ҳукуматҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимон, руҳониён, ҷавонон яъне ҳама масъуланд.
2. Нақша: 3 соли аввал барқарор кардани эътимод, 4 соли минбаъда рушди иқтисод ва маориф, 3 соли охир таҳкими фарҳанги сулҳ.
3. Назорат: Наслҳои оянда ҳуқуқ доранд бипурсанд, ки шумо дар ин 10 сол чӣ кардаед? Қатънома ин як навъ ҷавобнома ба суоли онҳо аст.
МАХМЕДОВ Муҳаммадҷон,
ходими хурди илмии шуъбаи Аврупои
Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ