×

АМНИЯТ, РАҚАМИКУНОНӢ ВА ИҚТИСОДИ САБЗ: РӮЗНОМАИ САММИТИ МАШВАРАТИ ҲАМКОРӢ ВА ТАДБИРҲОИ БОВАРӢ ДАР ОСИЁ

Бозгашт ба мавод

АМНИЯТ, РАҚАМИКУНОНӢ ВА ИҚТИСОДИ САБЗ: РӮЗНОМАИ САММИТИ МАШВАРАТИ ҲАМКОРӢ ВА ТАДБИРҲОИ БОВАРӢ ДАР ОСИЁ

ИОМДОА Сиёсат 15-10-2026 ш.Душанбе
АМНИЯТ, РАҚАМИКУНОНӢ ВА ИҚТИСОДИ САБЗ: РӮЗНОМАИ САММИТИ МАШВАРАТИ ҲАМКОРӢ  ВА ТАДБИРҲОИ БОВАРӢ ДАР ОСИЁ

 

Дар ҳошияи  сафари

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

ба шаҳри Боку,Ҷумҳурии Озарбойҷон

ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, 14-15 октябри 2026

Бо мақсади иштирок дар 7-ум Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ  дар Осиё (МҲТБО) 14-уми октябри соли 2026 Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Боку – и кишвари Озорбойҷон сафар намуд.

Дар ҷаласаи мазкур мавқеи давлатҳои иштирокчии Саммит доир ба ба масъалаҳои амният, рақамикунонӣ, иқтисоди сабз ва  ҳамкории кишварҳои узви ин созмон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар шароити тағйирёбии босуръати низоми муносибатҳои байналмилалӣ ҳамкории давлатҳои Осиё дар масъалаҳои амният, амният, иқтисод, нақлиёт ва рушди устувор аҳамияти бештар пайдо карда истодааст. Тоҷикистон ҳамчун яке аз давлатҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои охир ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди муносибатҳои бисёрҷониба таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Сафари Сарвари давлат ба Боку пеш аз ҳама дар заминаи иштироки Тоҷикистон дар фаъолияти сохторҳои байналмилалии марбут ба амният ва эътимод дар Авруосиё арзёбӣ мегардад.  МҲТБО яке аз майдонҳои муҳими муколамаи бисёрҷониба дар қитъаи Осиё буда, масъалаҳои амнияти минтақавӣ, мубориза бо таҳдидҳои муосир ва таҳкими эътимоди байни давлатҳоро дар бар мегирад.

Баргузории 7-ум Саммити МҲТБО дар Боку барои Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ки мавқеи худро оид ба масъалаҳои муҳими байналмиллалӣ ва минтақавӣ баён намуда, ташаббусҳои худро дар самти таҳкими сулҳу субот пешниҳод намояд. Дар шароити афзоиши таҳдидҳои нави амниятӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ҷинояткории фаромиллӣ, ҳамкории давлатҳои Осиё аҳамияти стратегӣ пайдо мекунад.

Сафари роҳбари давлат сиёсати бисёрҷонибаи хориҷии Тоҷикистонро арзёбӣ мекунад. Тоҷикистон пайваста зарурати ҳалли масъалаҳои минтақавӣ тавассути муколама, эътимоди тарафайн ва ҳамкории созандаро таъкид менамояд.

Муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар солҳои охир хусусияти устувори сиёсӣ ва иқтисодӣ касб намудаанд.  Ҳарду давлат барои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба имкониятҳои васеъ доранд.

Яке аз самтҳои муҳим ҳамкории иқтисодӣ мебошад. Тоҷикистон ва Озарбойҷон метавонанд ҳамкори худро дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, технологияҳои муосир ва сармоягузорӣ васеъ намоянд.

Масаъали нақлиёт низ аҳамияти махсус дорад. Ҷойгиршавии ҷуғрофии Озарбойҷон дар чорроҳаи роҳҳои муҳими байни Аврупо ва Осиё имкониятҳои нави транзитиро ба вуҷуд меорад. Барои Тоҷикистон, ки кишвари дорои мавқеи ҷуғрофии хушкӣ мебошад, рушди долонҳои байналмиллалии нақлиётӣ метавонад ба диверсификатсияи роҳҳои тиҷоратӣ ва васеъ намудани робитаҳои иқтисодӣ мусоидат кунад.

Дар ин самт арзёбии мавқеи Тоҷикистон дар вохурии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озорбойҷон, ки дар Туркманистон баргузор гардид, муҳим мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дорои имкониятҳои назаррас барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ ва энергетикӣ мебошанд.

Энергетика яке аз самтҳои муҳими ҳамкории Тоқикистон бо кишварҳои минтақа ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, рушди энергетикаи барқароршаванда яке аз самтҳои муҳими сиёти иқтисодии кишвар мебошад.

Дар ҷараёни вохӯрии 8 октябри соли 2026 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки стратегияи минтақавии гузариш ба иқтисоди сабз таҳия карда шавад. Ин пешниҳод масъалаҳои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва ҳифзи муҳити зистро дар бар мегирад.

Ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар ин самт метавонад барои мубодилаи таҷриба, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаи муштараки энергетикӣ замина фароҳам оварад.

Аҳамияти сафари мазкур танҳо ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон маҳдуд намешавад. Онро бояд ҳамчун як қими сиёсатӣ васеи ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои Осиё ва ташаккули робитаҳои нави минтақавӣ арзёбӣ намуд.

Озарбойҷон дар солҳои охир ба ҳамкории бештар бо давлатҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ менамояд. Дар навбати худ, кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ба истифодаи имконияти транзитӣ, иқтисодӣ ва энергетикии Озарбойҷон манфиатдоранд. Дар чунин шароит ташаккули муносибатҳои устувори байни ду минтақа метавонад рушди робитаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ мусоидат кунад.

Барои Тоҷикистон ин раванд аҳамияти махсус дорад, зеро кишвар метавонад тавассути рушди ҳамкории бисёрҷониба мавқеи худро дар низоми робитаҳои иқтисодию нақлиётии Осиё тақвият бахшад.

          Ҳамин тавр, сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон дар моҳи октябри соли 2026 аз нуқтаи назари сиёсӣ ва минтақавӣ аҳамияти муҳим дорад. Нуктаи асосии сафари роҳбарияти кишвар иштироки Тоҷикистон дар 7-ум Саммити МҲТБО дар Боку мебошад, ки барои баррасии масъалаҳои амният, эътимод ва ҳамкории байни давлатҳои Осиё имконияти муҳим фароҳам меорад.

Дар баробари ин, дар қаринаи ин сафар  густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон, инчунин таҳкими ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон маврди баррасӣ  қарор хоҳад гирифт. Самтҳои асосии чунин ҳамкорӣ метавонанд иқтисод, нақлиёт, энергетика, технологияҳои рақамӣ, рушди «сабз», амният, маориф ва фарҳанг бошанд.

Иштироки Тоҷикистон дар сатҳи баланди сиёсӣ дар чорабиниҳои Боку нишон медиҳад, ки кишвар ба таҳкими дипломатияи бисёрҷониба ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

РАҲИМОВ Анваршо,

ходими калони илмии шуъбаи

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ