×

«АНҶУМАНИ ПАЙВАНД: РАМЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМБАСТАГӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ»

Бозгашт ба мавод

«АНҶУМАНИ ПАЙВАНД: РАМЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМБАСТАГӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ»

ИОМДОА Сиёсат 08-09-2026 ш.Душанбе
«АНҶУМАНИ ПАЙВАНД: РАМЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМБАСТАГӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ»

“Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон аз нахустин рўзҳои таъсисёбии хеш мақсад дошт, ки робитаҳои фарҳангӣ, илмиву адабӣ, иқтисодиву тиҷоратиро бо ҳамватанону ҳамзабонони дуру наздик ба роҳ гузошта, қабл аз ҳама ба таблиғи афкори инсондўстӣ, интишори арзишҳои умумибашарӣ, ҳифзи ёдгориҳои маданию таърихии тоҷикон ва мероси адабиву фарҳангии форсизабонон кўшиш кунад.” Эмомалӣ Раҳмон 


Дар давраи соҳибистиқлолӣ масъалаи таҳким ва густариши робитаҳои тоҷикони бурунмарзӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои калидӣ дар самти сиёсати фарҳангии Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад. Дар ин раванд фаъолияти Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» аҳаммияти хос дошта, он ҳамчун маркази ҳамоҳангсозии робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва маънавии тоҷикону форсизабонони ҷаҳон хизмат менамояд. Созмони болозикргардида барои ҳифзи ҳувияти миллӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими ваҳдати фарҳангии тоҷикони дохил ва хориҷи кишвар саҳми муассир гузоштааст.

Заминаҳои таъсиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба охири солҳои ҳаштодуми асри XX рост меоянд. Бо ташаббуси академик Муҳаммад Осимӣ 28 октябри соли 1989 Ҷамъомади тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон баргузор гардида, дар он ҷамъияти фарҳангии «Пайванд» таъсис дода шуд. Ҳадафи асосии ҷамъияти мазкур барқарор намудани робитаҳои фарҳангӣ ва маънавӣ миёни тоҷикону форсизабонони кишварҳои гуногуни ҷаҳон, ҳифзи забон ва арзишҳои миллӣ, инчунин мусоидат ба рушди ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Анҷуман мазмун ва аҳаммияти нав касб намуд. 9 сентябри соли 1992, дар баробари таҷлили солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анҷумани якуми тоҷикони ҷаҳон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он намояндагони аз тоҷикони бурунмарзӣ ва форсизабонони кишварҳои гуногун ширкат варзиданд.

Бо Таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Анҷуман марҳилаи нави рушдро оғоз намуд. Бо вуҷуди вазъи душвори сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, 12 сентябри соли 1993 Анҷумани дуюми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш номи созмон аз «Анҷумани тоҷикон ва ҳамватанони хориҷӣ» ба «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон» иваз гардида, номи рамзии он – «Пайванд» нигоҳ дошта шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Анҷуман интихоб гардиданд ва фаъолияти анҷуман ҷиҳати таҳкими сулҳу ваҳдат ва густариши робитаҳои байналмилалии тоҷикон рушд ёфт.

Фаъолияти Анҷумани «Пайванд» чанд самти асосиро самтҳои асосии зеринро дар бар мегирад:

·  таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва маънавии тоҷикони бурунмарзӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон;

·  ҳифз ва тарғиби забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷик;

·  мусоидат ба рушди ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ бо марказҳои тоҷикшиносӣ ва форсишиносӣ;

·  барқарор намудани робитаҳои хешутаборӣ миёни тоҷикони бурунмарзӣ ва сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

·  ҷалби намояндагони диаспораи тоҷикони бурунмарзӣ ба рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар;

·  ташкили ҳамоишҳо, конфронсҳо, мулоқотҳои илмӣ ва фарҳангӣ дар дохил ва хориҷӣ кишвар.

Анҷумани «Пайванд» дар солҳои Дар солҳои навадуми 90-уми асри XX Анҷумани «Пайванд» даҳҳо ҳайатҳои намояндагони кишварҳои мухталифи ҷаҳонро қабул намуда, меҳмононро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон қабул намуда, онҳоро бо таърих, фарҳанг ва дигар дастовардҳои беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно намуд. Дар доираи фаъолияти он даҳҳо нафар ҳамватанони бурунмарзӣ хешовандони худро пайдо намуда, робитаҳои оилавии азҳамгусастаро барқарор карданд.

Анҷуман бо марказҳои фарҳангии тоҷикону форсизабонони кишварҳои Эрон, Афғонистон, Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ҳиндустон, Покистон, Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, Канада, Шветсия, Норвегия, Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва дигар давлатҳо ҳамкориҳои мутақобила ба роҳ монд.

Чорумин Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд», ки соли 1999 ҳамзамон бо таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён баргузор гардид, дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик аҳамияти хоса дошт.

Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» дар тӯли фаъолияти худ ба яке аз ниҳодҳои муҳими ҷамъиятӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ёфтааст. Он дар таҳкими робитаҳои тоҷикони ҷаҳон, ҳифзи забону фарҳанги миллӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муассир дорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ фаъолияти чунин созмонҳо барои ҳифзи ҳувияти миллӣ, рушди дипломатияи фарҳангӣ ва таҳкими ваҳдати тоҷикони ҷаҳон аҳаммияти махсус касб менамояд.

Имрӯз Анҷумани «Пайванд» яке аз муассисаҳои муҳими ҷамъиятӣ дар самти ҳамгироии тоҷикони ҷаҳон ба шумор меравад. Он барои рушди таҳқиқоти тоҷикшиносӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги тоҷикони бурунмарзӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои илмӣ мусоидат мекунад. Дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, масъалаҳои марбут ба тоҷикони бурунмарзӣ мавриди омӯзиш қарор доранд, ки ин раванд ба таҳкими сиёсати фарҳангии давлат мусоидат менамояд.

ҚУРБОНЗОДА Фарида,

ходими илмии шуъбаи

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон