×

ДИПЛОМАТИЯИ МАРДУМӢ ДАР АСРИ РАҚАМӢ: ТАҶРИБАИ ШМА ВА КАНАДА

Бозгашт ба мавод

ДИПЛОМАТИЯИ МАРДУМӢ ДАР АСРИ РАҚАМӢ: ТАҶРИБАИ ШМА ВА КАНАДА

ИОМДОА Сиёсат 11-09-2026 ш.Душанбе
ДИПЛОМАТИЯИ МАРДУМӢ ДАР АСРИ РАҚАМӢ:  ТАҶРИБАИ ШМА ВА КАНАДА

Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ муносибатҳои байналмилалӣ ба марҳилаи нави худ ворид шудаанд. Тағйирёбии муҳити иттилоотӣ на танҳо тарзи дастрасӣ ба маълумот ва муоширати одамонро дигар кардааст, балки ба усулҳои пешбурди сиёсати хориҷӣ ва фаъолияти дипломатӣ низ таъсири амиқ гузоштааст. Агар дипломатияи классикӣ асосан ба муносибатҳои байни давлатҳо, гуфтушунидҳои расмӣ ва фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ такя мекард, имрӯз ҷомеаҳои хориҷӣ низ ба яке аз унсурҳои муҳими муҳити дипломатӣ табдил ёфтаанд. Дар гузашта пешбурди дипломатия пеш аз ҳама кори фирстодаҳои давлат буд. Сафирон, намояндагони давлатӣ ва вазоратҳои корҳои хориҷӣ бо ҳам мулоқот мекарданд, гуфтушунид менамуданд ва мавқеи давлатҳои худро ба якдигар мерасониданд. Барои ҷомеаи одӣ бошад, ин омил бештар аз тариқи телевизион, радио, рӯзномаҳо ё чорабиниҳои фарҳангӣ эҳсос мешуд. Имрӯз вазъ дигар шудааст. Дипломат метавонад дар утоқии кории хеш бошад, вале ҳамзамон дар фазои рақамӣ бо ҳазорҳо ё ҳатто миллионҳо нафар аз кишварҳои гуногун муошират кунад. Як паёми дипломатӣ метавонад дар чанд дақиқа ба аудиторияи байналмилалӣ расад, вокуниш бигирад ва ба мавзуъи баҳс табдил ёбад.Ин тағйирот танҳо пайдо шудани як воситаи нави техникӣ нест. Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ худи муносибати давлатро бо ҷомеаҳои хориҷӣ тағйир додаанд. Муҳаққиқ Николас Кулл таъкид мекунад, ки рушди технологияҳои рақамӣ муҳити фаъолияти дипломатияи ҷамъиятиро ба таври назаррас тағйир дода, онро аз модели асосан яксамтаи интиқоли иттилоот ба муносибатҳои бештар интерактивӣ ва дуҷониба равона кардааст. Дар ин муҳит имкониятҳои нави муошират ва ҳамкорӣ миёни давлатҳо ва ҷомеаҳои хориҷӣ, инчунин миёни худи ҷомеаҳо ба вуҷуд омадаанд. Ба андешаи Кулл, арзиши муҳими васоити рақамӣ барои дипломатия на танҳо дар дастрасӣ ба аудиторияҳои нав, балки дар имкони гӯш кардан, дарк намудани мавқеъ ва арзишҳои онҳо ва ташаккули муносибатҳои устувор бо ҷомеаҳои хориҷӣ ифода меёбад.

Дар чунин шароит дипломатияи мардумӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Давлатҳо кӯшиш менамоянд на танҳо бо ҳукуматҳо ва сохторҳои расмии кишварҳои дигар, балки бо шаҳрвандон, донишҷӯён, олимон, рӯзноманигорон, соҳибкорон, ҷавонон ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ муносибат ба роҳ монанд. Мақсади чунин муошират танҳо расонидани мавқеи расмии давлат нест. Дар маркази он ташаккули фаҳмиши мутақобила, эътимод, муносибатҳои дарозмуддат ва дар ниҳоят баланд бардоштани нуфузи кишвар қарор дорад. Пайдоиш ва густариши интернет ба ин раванд имкониятҳои нав фароҳам овард. Технологияҳои рақамӣ масофаи байни давлат ва мухотабони хориҷиро хеле кӯтоҳ намуда, дипломатҳоро ба муҳити мустақими муошират ворид карданд. Акнун сафорат ё вазорати корҳои хориҷӣ метавонад бидуни миёнаравии расонаҳои анъанавӣ мустақиман бо ҷомеаи хориҷӣ тамос гирад, мавқеи худро шарҳ диҳад, ба саволҳо ҷавоб диҳад ва вокуниши аудиторияро мушоҳида кунад. Аз ҳамин ҷост, ки дипломатияи рақамӣ тадриҷан ба яке аз воситаҳои муҳими таҳкими дипломатияи мардумӣ табдил ёфтааст. Бо вуҷуди ин, дипломатияи рақамиро танҳо ба фаъолияти дипломатҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд кардан дуруст нест. Мафҳуми он васеътар буда, истифодаи технологияҳои рақамиро барои расидан ба ҳадафҳои дипломатӣ, беҳтар намудани муошират, таҳлили муҳити иттилоотӣ ва ташкили муносибатҳои нав дар бар мегирад.

Таҷрибаи Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар ин самт махсусан ҷолиб мебошад. ШМА аз ҷумлаи давлатҳое буд, ки имкониятҳои интернетро барои рушди дипломатияи мардумӣ нисбатан барвақт истифода бурд. Дар марҳилаи аввал интернет асосан ҳамчун роҳи нави паҳн намудани иттилоот ба мухтабони (аудитория) хориҷӣ истифода мешуд. Аммо бо рушди блогҳо, форумҳо ва баъдан шабакаҳои иҷтимоӣ муносибат ба имкониятҳои рақамӣ тағйир ёфт. Дипломатия тадриҷан аз модели яктарафаи «гуфтан» ба модели муоширати таъсири мутақобила (интерактивӣ) гузашт. Яке аз намунаҳои ин раванд таъсиси Гурӯҳи иртиботи рақамӣ (Digital Outreach Team) дар соли 2006 буд. Мувофиқи маълумоти Департаменти давлатӣ намояндагони он дар муҳити интернетии арабӣ, форсӣ ва урду фаъолият намуда, ба муҳокимаҳои онлайн ворид мешуданд, мавқеи ШМА-ро шарҳ медоданд ва ба саволҳо ё маълумоти нодуруст посух медоданд. Аҳамияти чунин таҷриба дар он буд, ки дипломати давлатӣ дигар танҳо иттилоотро аз марказ ба мухотабон ирсол намекард, балки ба муҳити иттилоотии худи аудитория ворид мешуд. Ин тағйиротро метавон яке аз марҳилаҳои ташаккули дипломатияи мардумии рақамӣ арзёбӣ кард. Мафҳуми “Public Diplomacy 2.0” низ маҳз дар ҳамин замина рушд кард. Он истифодаи воситаҳои муоширати мутақобилаи интернетро барои иртиботи мустақим, ҷалби аудитория ва ташаккули муносибатҳои нав дар назар дошт.

Баъдан шабакаҳои иҷтимоӣ ба қисми ҷудонашавандаи фаъолияти дипломатии ШМА табдил ёфтанд. Facebook, X, YouTube, Flickr ва дигар платформаҳо ба дипломатҳо имконият доданд, ки на танҳо хабарҳои расмиро нашр кунанд, балки муҳтавои визуалӣ, ҳикояҳои шахсӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва иттилооти марбут ба ҷомеаро низ пешниҳод намоянд. Аммо таҷрибаи ШМА як масъалаи муҳимро низ ба миён меорад, яъне ҳузури васеъ дар фазои рақамӣ худ ба худ маънои дипломатияи муваффақро надорад. Шумораи пайравон, лайкҳо ё боздидҳо танҳо нишондиҳандаи фарогирии мухотабон мебошанд. Натиҷаи воқеии дипломатияи мардумӣ бояд дар сатҳи фаҳмиш, эътимод ва муносибати аудитория ба кишвар арзёбӣ гардад.

Маҳз ҳамин масъала дар таҷрибаи Канада низ аҳамияти калон дорад. Канада ҳамчун давлати дорои иқтидори бузурги дипломатӣ ва иқтисодӣ нест, аммо тавонистааст технологияҳои рақамиро барои тақвияти фаъолияти байналмилалӣ ва муаррифии симои кишвар истифода барад.

Яке аз хусусиятҳои ҷолиби модели Канада таваҷҷуҳ ба муносибатсозӣ ва муаррифии кишвар мебошад. Дар ин равиш дипломатияи рақамӣ танҳо барои баён намудани мавқеи ҳукумат истифода намешавад. Он инчунин воситаи нишон додани фарҳанг, арзишҳо, ҷомеа, иқтисод ва имкониятҳои Канада ба мухотабони хориҷӣ мебошад. Аз ин ҷиҳат дипломатияи рақамӣ бо бренди миллӣ ва обрӯи байналмилалии кишвар робитаи мустақим пайдо мекунад. Роҳандозии аккаунти марказии @Canada дар Twitter дар соли 2014 низ дар ҳамин раванд ҷойгоҳи хос дошт. Ин платформа ҳамчун равзанае ба Канада барои аудиторияҳои хориҷӣ истифода мешуд ва ба муаррифии паҳлуҳои гуногуни кишвар равона гардид. Ҳамин тариқ, давлат танҳо сиёсати хориҷии худро шарҳ медод, балки кӯшиш мекард тасаввуроти мусбат ва воқеӣ дар бораи худ ташаккул диҳад.

Ҷанбаи дигари муҳим дар таҷрибаи Канада мутобиқсозии дипломатияи рақамӣ ба муҳити маҳаллӣ мебошад. Намояндагиҳои дипломатии Канада вобаста ба кишвар ва хусусиятҳои мухотабон аз минбарҳои гуногун истифода мебаранд. Масалан, дар Чин намояндагиҳои Канада аз платформаҳои маҳаллии Weibo ва WeChat фаъолона истифода мебаранд, зеро ин шабакаҳо дар муҳити рақамии Чин мухотабони васеъ доранд. Чунин мутобиқсозии воситаҳои рақамӣ ба муҳити маҳаллӣ ба дипломатҳо имкон медиҳад, ки ба мухотабони мақсаднок наздиктар шуда, муоширати мустақим ва муассирро бо ҷомеаи кишвар ба роҳ монанд. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки дипломатияи рақамӣ набояд танҳо интиқоли якхелаи паёмҳои расмӣ ба ҳамаи кишварҳо бошад. Баръакс, муҳтаво ва тарзи муошират бояд ба забон, фарҳанг, муҳити иттилоотӣ ва одатҳои муоширати аудитория мутобиқ карда шавад. Маҳз ҳамин хусусият фарқи муҳими байни ширкати одии рақамӣ ва дипломатияи воқеии рақамиро нишон медиҳад. Агар давлат танҳо паёмҳои худро нашр кунад, вале ба хусусиятҳои аудитория таваҷҷуҳ накунад, фаъолияти он бештар ба таблиғи яктарафа монанд мешавад. Дипломатияи мардумӣ бошад, муносибати дуҷониба ва фаҳмиши мутақобиларо талаб мекунад.

Дар ин замина муқоисаи таҷрибаи ШМА ва Канада ҷолиб аст. Ҳар ду кишвар аз технологияҳои рақамӣ барои таҳкими дипломатияи мардумӣ истифода мебаранд, аммо таъкидҳои онҳо то андозае фарқ мекунанд. ШМА, бо дарназардошти мақоми глобалии худ, бештар ба фарогирии васеи аудиторияҳо, муоширати стратегӣ, иртиботи ҳадафманд ва таъсир ба муҳити иттилоотӣ такя мекунад. Канада бошад, бештар ба муносибатсозӣ, мутобиқсозии муҳтаво, муаррифии кишвар ва эҷоди эътимод таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Бо вуҷуди ин, байни ду модел умумияти муҳим вуҷуд дорад. Дар ҳар ду ҳолат технология танҳо вақте ба воситаи дипломатияи мардумӣ табдил меёбад, ки он барои муошират бо ҷомеа ва ташкили муносибатҳои дарозмуддат истифода шавад. Яъне, ҳадаф танҳо расонидани паём набуда, ҳамзамон ба вуҷуд овардани муносибат мебошад. Ин ҷо мафҳуми «мухотаб» низ тағйир меёбад. Дар дипломатияи анъанавӣ ҷомеаи хориҷӣ бештар ҳамчун қабулкунандаи иттилоот тасаввур мешуд. Дар муҳити рақамӣ бошад, аудитория метавонад ҳамзамон истеҳсолкунандаи иттилоот, шарҳдиҳанда, иштирокчии баҳс ва паҳнкунандаи муҳтаво бошад. Як корбари одӣ метавонад паёми сафоратро қабул кунад, ба он посух диҳад, онро интиқод кунад ё ба ҳазорҳо корбари дигар расонад.

Аз ин рӯ, дипломатияи рақамӣ аз дипломатҳо малакаҳои нав талаб мекунад. Онҳо бояд на танҳо сухан гуфтан, балки гӯш карданро низ омӯзанд. Барои дипломат муҳим мешавад, ки бидонад ҷомеа чӣ мегӯяд, кадом масъалаҳоро муҳим мешуморад, ба кадом паёмҳо вокуниш нишон медиҳад ва дар бораи кишвари ӯ чӣ тасаввуроте дорад. Дар чунин шароит таҳлили муҳити рақамӣ низ ба қисми муҳими дипломатияи мардумӣ табдил меёбад. Мониторинги шабакаҳои иҷтимоӣ, омӯзиши вокунишҳои аудитория ва муайян кардани мавзуъҳои ҳассос метавонад ба муассисаҳои дипломатӣ барои қабули қарорҳои дуруст кӯмак расонад. Аммо бояд зикр кард, ки муҳити рақамӣ танҳо аз имкониятҳои мусбӣ иборат нест. Маълумоти бардурӯғ, паҳншавии босуръати иттилооти носаҳеҳ, қутбсозии ҷомеаҳо (поляризатсияи), рақобати дидгоҳҳо ва паст шудани сатҳи эътимод ба манбаъҳои расмӣ аз ҷумлаи мушкилоте мебошанд, ки дипломатияи рақамӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад. Аз ин рӯ, истифодаи технологияҳои рақамӣ бояд бо масъулияти касбӣ, фаҳмиши фарҳангӣ ва стратегияҳои дурусти муоширатӣ ҳамроҳ бошад.

Таҷрибаи ИМА ва Канада дар ин самт барои кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, аҳамияти омӯзишӣ дорад. Албатта, нусхабардории механикии моделҳои кишварҳои дигар роҳи дуруст нест. Ҳар давлат дорои муҳити сиёсӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ва институтсионалии худ мебошад. Аммо баъзе принсипҳои умумиро метавон аз ин таҷрибаҳо омӯхт.

Аввал аз ҳама, дипломатияи рақамӣ бояд ҳамчун қисми дипломатияи мардумӣ баррасӣ шавад, на ҳамчун фаъолияти алоҳидаи техникӣ. Ҳадафи асосӣ бояд ташкили муносибати самаранок бо ҷомеаҳои хориҷӣ бошад.  Дуюм, бояд аз модели «як паём барои ҳама» даст кашид. Мухотабони гуногун ба муҳтавои гуногун ниёз доранд. Ҷавонон, муҳаққиқон, донишҷӯён, журналистон ва соҳибкорон метавонанд ба масъалаҳои гуногун таваҷҷуҳ дошта бошанд ва аз минбарҳои гуногун истифода баранд. Сеюм, муаррифии кишвар набояд танҳо ба иттилооти расмӣ маҳдуд шавад. Фарҳанг, илм, маориф, мероси таърихӣ, ҷавонон, табиат, захираҳои обӣ, ташаббусҳои экологӣ ва ҳикояҳои шахсии шаҳрвандон низ метавонанд воситаи муассири дипломатияи мардумӣ бошанд. Чорум, бояд ба натиҷаи воқеии фаъолияти рақамӣ диққат дод. Шумораи пайравон муҳим аст, аммо нишондиҳандаи ниҳоӣ нест. Муҳимтар аз он аст, ки оё фаъолияти рақамӣ ба фаҳмиши беҳтари кишвар, эътимоди бештар ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Дар маҷмуъ, пажӯҳиш нишон медиҳад, ки рушди технологияҳои рақамӣ моҳияти дипломатияи мардумиро аз байн набурдааст, балки шакл ва имкониятҳои онро васеъ кардааст. Дипломатияи мардумӣ ҳанӯз ҳам ба муносибат, фаҳмиш ва эътимод такя мекунад, аммо имрӯз барои расидан ба ин ҳадафҳо аз имкониятҳои фазои рақамӣ низ бештар истифода мебарад. Аз ин рӯ, дипломатияи рақамиро метавон яке аз воситаҳои муҳими таҳкими дипломатияи мардумӣ дар асри XXI арзёбӣ кард. Қудрати асосии он на дар шумораи платформаҳо ва технологияҳои истифодашаванда, балки дар қобилияти ба вуҷуд овардани муоширати воқеӣ бо одамон мебошад. Дар ниҳоят, дипломатияи рақамии муассир аз як саволи одӣ оғоз мешавад, яъне давлатҳо танҳо мехоҳад, ки ҷаҳон онҳоро бишнавад, ё омода ҳастанд, худ низ ҷаҳонро бишнавад? Ҷавоби ин савол метавонад муайян кунад, ки фаъол будане дар муҳити рақамӣ танҳо як роҳи барқарор кардани иртиботи иттилоотӣ боқӣ мемонад ё ба воситаи воқеии дипломатияи мардумӣ табдил меёбад.

 

МАДИМАРОВА Гулҳаё,

ходими илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

 Адабиёти истифодашуда:

1.     Cull N.J. The Long Road to Public Diplomacy 2.0: The Internet in U.S. Public Diplomacy // International Studies Review. 2013. Vol. 15, No. 1. P. 123–139. DOI: 10.1111/misr.12026.

2.     Melissen J. (ed.). The New Public Diplomacy: Soft Power in International Relations. Basingstoke: Palgrave Macmillan, 2005. 221 p. DOI: 10.1057/9780230554931.

3.     Bjola C., Cassidy J., Manor I. Public Diplomacy in the Digital Age // The Hague Journal of Diplomacy. 2019. Vol. 14, No. 1–2. P. 83–101. DOI: 10.1163/1871191X-14011032.

4.     U.S. Department of State. 21st Century Statecraft [Манбаъи электронӣ]. Washington, D.C. URL: https://2009-2017.state.gov/statecraft/overview/index.htm

5.     Global Affairs Canada. Transforming Global Affairs Canada: Future of Diplomacy [Манбаъи электронӣ]. Ottawa: Global Affairs Canada. Url: https://www.international.gc.ca/transparency-transparence/assets/pdfs/future-diplomacy-avenir-diplomatie/tip-pmot-en.pdf