×

ДИПЛОМАТИЯИ ТЕХНОЛОГИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ҲАЛЛИ АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ

Бозгашт ба мавод

ДИПЛОМАТИЯИ ТЕХНОЛОГИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ҲАЛЛИ АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ

ИОМДОА Сиёсат 06-11-2026 ш.Душанбе
ДИПЛОМАТИЯИ ТЕХНОЛОГИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ҲАЛЛИ АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ

(Дар ҳошияи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати иштирок дар Мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар қаринаи «Раванди Ақаба» оид ба амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ, Остона,5-6 ноябри соли 2026)

5 ноябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи Раванди Ақаба оид ба масъалаҳои амниятӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд. Иштирокчиёни Саммити Қазоқистон масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ, пешгирии истифодаи он барои мақсадҳои террористӣ ва экстремистӣ ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро барои вокуниш ба чолишҳо ва таҳдидҳои нави технологӣ баррасӣ хоҳанд кард.

Мусаллам аст, ки дар замони бархурди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавии босуръат масоили амниятӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ яке аз мушкилоти рӯзмара маҳсуб ёфта, айни замон кишварҳои Осиёи Марказиро низ водор сохтааст, ки ба самти мазкур дастаҷамъона ҳалли мушкилоти зеҳни сунъиро дарёфт намоянд. Айни замон зеҳни сунъӣ ба дипломатияи нави технологӣ табдил ёфта, сиёсати таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, таъсиси механизмҳои институтсионалӣ, рушди инфрасохтори технологӣ, ташаккули муҳити инноватсионӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисосро дар бар мегирад.

Истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, автоматикунонии истеҳсолот ва рушди соҳибкории инноватсионӣ мебошад. Соҳаи мазкур ба ташаккули сохторҳои масъули давлатӣ, механизмҳои ҳамоҳангсозӣ ва низоми мониторинги татбиқи стратегияҳои миллӣ равона гардидааст. Аз ҷониби кишварҳо ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ равона гардида, аз ҷумла таҳияи меъёрҳои танзими ҳуқуқии зеҳни сунъӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва муайян намудани масъулият ҳангоми истифодаи системаҳои автоматиконидашуда.

Густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ, мубодилаи дониш ва иштирок дар ташаккули меъёрҳои байналмилалии идоракунии зеҳни сунъӣ муҳим буда, ҳукумати кишварҳо бори аввал дар сиёсати дохили ва хориҷӣ як қатор ташаббусҳо ва қабули қонунҳоро пешниҳод намуданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди зеҳни сунъӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми сиёсати рақамикунонӣ ва навсозии иқтисоди миллӣ баррасӣ мегардад. Санади асосии соҳавӣ "Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040" мебошад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, № 483 тасдиқ гардида, бо қарори 31 январи соли 2025, № 83 тағйиру иловаҳо ворид гардид. Стратегияи мазкур бо мақсади мусоидат ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар саноатикунонии босуръат таҳия гардидааст. Илова бар ин, ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон дар самти баррасии нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нави рушди устувор барои Осиёи Марказӣ, ки бо қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2025 алоқаманд аст, барои тақвияти ҳамкории минтақавӣ аҳаммияти сиёсӣ ва дипломатӣ дорад.

Таҳлили санадҳои стратегӣ ва таҷрибаи институтсионалии кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои минтақа дар самти рушди зеҳни сунъӣ дорои марҳалаҳо ва афзалиятҳои гуногун мебошанд, аз ҷумла, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон стратегияҳои махсуси соҳавии рушди зеҳни сунъиро қабул намудаанд. Дар  ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Туркманистон бошад, масъалаҳои таҳияи стратегияҳо ва ташаккули механизмҳои институтсионалӣ низ дар рӯзномаи рушди рақамӣ қарор доранд. Фарқиятҳои мазкурро метавон аз рӯйи якчанд нишондиҳанда таҳлил намуд, аз ҷумла мавҷудияти санадҳои стратегӣ, иқтидори институтсионалӣ, рушди инфрасохтори технологӣ, омодасозии кадрҳо ва сатҳи ҳамкории байналмилалӣ.

Аз ҷумла, сиёсати кишварҳои минтақа дорои хусусияти умумӣ мебошад, ки зимнан ҳамаи онҳо ба рақамикунонии иқтисодиёт, беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи технологияҳои нав таваҷҷуҳ карда шаванд. Аммо, суръат ва механизмҳои амалисозии ин ҳадафҳо аз шароити миллӣ ва имкониятҳои иқтисодию институтсионалии ҳар як давлат вобаста мебошанд.

Бо дарназардошти хусусияти фаромиллии технологияҳои зеҳни сунъӣ, ҳамкориҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ метавонад ҳамчун омили муҳимми истифодаи самараноки имкониятҳои технологӣ баррасӣ гардад.

Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ метавонад ҳамчун яке аз заминаҳои сиёсӣ ва дипломатии густариши чунин ҳамкорӣ арзёбӣ гардад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди зеҳни сунъӣ саривақтӣ буда, омили муҳимми саноатикунонии босуръат, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, рушди босуръати соҳаҳои калидии ҷомеа аз қабили илм, маориф, фарҳанг ҷиҳати беҳтар намудани идоракунии захираҳои обию энергетикӣ ва таҳкими рақобатпазирии иқтисоди миллӣ табдил ёбад.

 Дар фарҷом бояд зикр кард, ки ташаккули низоми ҳамоҳангшудаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ барои истифодаи самараноки захираҳои зеҳнӣ ва технологӣ, коҳиш додани нобаробарии рақамӣ ва таъмини рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба мусоидат  хоҳад кард.

Соҳиби Баҳруло,

ходими калони  илмии Шуъбаи Аврупои

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ