Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Рӯзи 9 сентябр барои Ҷумҳурии Тоҷикистон як санаи муҳим, рӯйдоди бузург ва сарнавиштсоз аст. Дар ин санаи тақдирсоз Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро ба таври расмӣ эълон намуд. Ҳама сола ин рӯзро дар сатҳи давлатӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ҷашн мегиранд. Боиси ифтихор аст, ки миллати тоҷик 35-умин соггарди худро чашн мегирад.
Солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ барои кишвари маҳбубамон давраҳои душвор буд. Тоҷикистон ба бисёр мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон оғоз ёфта, аз соли 1992 то соли 1997 давом мекард. Барои мардуми тоҷик талафоти зиёди ҷонӣ ва ҳисороти иқтисодию иҷтимоӣ ба вуҷуд овард. Кишвари маҳбубамон бисёр рӯзҳои даҳшатнок ва вазнинро паси сар кард.
Маҳз заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати тоҷик аз ин имтиҳони сангин ва пурфоҷиа гузаша, сулҳу ваҳдатро дар кишвар пойдор сохт.
Истиқлоли давлатӣ шукуфоии ватан аст, дар ҳар давлате, ки сулҳу субот, оромӣ дустиву якдигарфаҳмӣ бошад, ин давлат рӯз то рӯз тараққӣ меёбад, ҳам аз лиҳози сиёсӣ фарҳангӣ ва иқтисодӣ пештрафт мекунад. Тавре ки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Мо бояд ҳамеша шукронаи Ватани азамон, истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ба ҷо оварда, барои ободии он саҳми арзандаи худро гузорем”. Мо шукронаи чунин давлати осударо кунем, ки имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ дорем. Боиси хушнудӣ аст, ки мо соҳиби чунин давлати соҳибистиқлол ҳастем, фахри миллати мо Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мебошад.
Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ симои кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе тамоман дигаргун шуд, шаҳр ба як шаҳри нав, ба як шаҳри афсонавию сайёҳӣ таблид ёфт, ободонии кӯчаву хиёбонҳо ба симои пойтахт ҳусни тоза бахшиданд. Биноҳои баландошёна, марказҳои тиҷоратӣ, биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ, гулгаштҳо ва боғҳои зебо, маҷмааҳои фарҳангӣ ва биноҳои зебову баландошёна ба симои шаҳрамон ҳусни тамоман дигар бахшидаанд, ҷойи сохтмонҳои куҳна ба биноҳои замонавӣ, яъне ба кохҳои зебо мубаддал шуданд. Имрӯз шаҳри Душанбе диққати ҳар бинанда, дили ҳар меҳмони аз ҳар гӯшаву канор омадаро ба худ ҷалб месозад ва ҳамаро мафтун мегардонад. Ҳамаи ин пешравиҳо нишонаи олии соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон мебошад. Фарзандони миллати тоҷик имрӯз хушбахттарин ворисони замонанд, ки ватани обод ва осуда доранд.
Яке аз дастовардҳои даврони истиқлол ин ташкил гардидани квотаҳои Президентӣ барои ноҳияҳои дурдаст мебошад. Бо дастгирии Пешвои миллат теъдоди квотаҳои президентӣ ҳамасола зиёд гардида, итмконияти бештари таҳсил барои ҷавонон фароҳам оварда мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои таҳсил, кор ва рушди онҳо тамоми шароитҳои заруриро муҳайё кардаанд. Хушбахтона, айни ҳол, қариб аз тамоми минтақаҳои кишвар духтарон ба таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо фаро гирифта шудаанд.
Ба ҳамин минвол, мо миллати тоҷик мардуми небахт ва сарбаландем, зеро тули 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар фазои сулҳу субот зиндагӣ намуда, аз неъматҳои он баҳраманд гардидаем.
Имруз бо шарофати Истиқлолият кишвари азизамон дар роҳи пешрафту шукуфоӣ қадамҳои устувор мегузорад ва мо аз дастовардҳои он ифтихор мекунем.
ДОДХУДОЕВА Зинатмо,
мудири коргузори
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон