(дар ҳошияи қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони
«Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»)
Ҷойгоҳи давлатҳо дар низоми байналмилалии сулҳҷӯӣ аз сатҳи иштироки онҳо дар пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо, саҳмгузорӣ дар амалиёти байналмилалӣ, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва пешбурди ташаббусҳои сиёсиву дипломатӣ муайян карда мешавад. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ дар масъалаҳои ҳифзи сулҳ, таҳкими амният ва пешгирии низоъҳо мавқеи худро тадриҷан мустаҳкам намудааст. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, инчунин иштироки кишвар дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ барои ташаккули сиёсати сулҳҷӯёнаи он заминаи муҳим фароҳам овардааст.
Таҷрибаи Тоҷикистон дар роҳи ҳалли осоиштаи низои дохилӣ аҳаммияти махсус дорад. Раванди музокироти байни тоҷикон, ки бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 анҷом ёфт, намунаи муҳимми истифодаи механизмҳои сиёсӣ ва дипломатӣ барои хотима додан ба низои мусаллаҳона ва фароҳам овардани заминаи оштии миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин таҷриба дар ташаккули муносибати Тоҷикистон ба масъалаҳои сулҳ, муколама, эътимод ва пешгирии низоъҳо нақши назаррас доштааст.
Дар баробари таҷрибаи миллии сулҳсозӣ, Тоҷикистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ ба масъалаҳои таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва иштироки фаъолонаи кишвар дар баррасии масъалаҳои марбут ба амнияти байналмилалӣ ба он имконият медиҳад, ки ташаббусҳои сиёсӣ ва дипломатии худро дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳод намояд. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризм ва таҳкими сулҳ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки ҷойгоҳи кишварро дар рӯзномаи байналмилалӣ муайян мекунанд.
Мавқеи Тоҷикистон дар низоми байналмилалии сулҳҷӯӣ инчунин бо иштироки ҳайати низомӣ ва кормандони кишвар дар миссияҳои байналмилалии сулҳ алоқаманд мебошад. Чунин иштирок на танҳо саҳми амалӣ дар нигоҳдории сулҳу амнияти байналмилалӣ, балки яке аз шаклҳои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии давлат ва воситаи рушди иқтидори касбии ниҳодҳои дахлдори кишвар низ ба ҳисоб меравад. Аз ин нуқтаи назар, иштироки Тоҷикистон дар амалиёти сулҳҷӯёна бояд дар робита бо принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва сиёсати миллии кишвар дар соҳаи амният мавриди таҳлил қарор гирад.
Ҷанбаи дигари муҳими масъала дар он ифода меёбад, ки Тоҷикистон дар солҳои охир таҳкими сулҳи устувор ва пешгирии низоъҳоро на танҳо ҳамчун самти сиёсати хориҷии худ, балки ҳамчун масъалаи дорои аҳаммияти ҷаҳонӣ баррасӣ менамояд. Ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ин равишро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам тақвият медиҳад. Ташаббуси мазкур зарурати гузаштан аз вокуниш ба низоъҳои аллакай баамаломада ба пешгирии онҳо, рушди фарҳанги сулҳ, таҳкими муколама ва ба инобат гирифтани манфиатҳои наслҳои ояндаро таъкид менамояд.
Аз нуқтаи назари илмӣ, омӯзиши ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми байналмилалии сулҳҷӯӣ имкон медиҳад, ки робитаи байни сиёсати хориҷии миллӣ, уҳдадориҳои байналмилалӣ ва механизмҳои дастаҷамъонаи таъмини сулҳу амният муайян карда шавад. Дар ин раванд зарур аст, ки на танҳо иштироки Тоҷикистон дар амалиёти сулҳҷӯёна, балки таҷрибаи миллӣ дар ҳалли низоъҳо, ташаббусҳои дипломатӣ, заминаҳои ҳуқуқии иштироки кишвар дар фаъолияти сулҳҷӯёна ва саҳми он дар таҳкими механизмҳои байналмилалии амният низ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гиранд.
Таҳлили масъала бояд бо назардошти тағйироти назаррас дар табиати низоъҳои муосир анҷом дода шавад. Агар дар гузашта амалиёти сулҳҷӯёна бештар ба ҷудо намудани тарафҳои даргир ва назорати иҷрои созишномаҳои оташбас маҳдуд мешуданд, имрӯз онҳо бо масъалаҳои ҳифзи аҳолии осоишта, мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ, барқарорсозии ниҳодҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва рушди устувор робитаи зич пайдо кардаанд. Ин вазъ талаб менамояд, ки иштироки Тоҷикистон дар фаъолияти сулҳҷӯёна на танҳо аз нуқтаи назари низомӣ, балки аз дидгоҳи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва ниҳодӣ низ арзёбӣ карда шавад.
Таҳқиқи ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми байналмилалии сулҳҷӯӣ ва таҳкими амнияти байналмилалӣ аҳаммияти ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ дорад. Аз як тараф, он барои муайян намудани хусусиятҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии иштироки Тоҷикистон дар механизмҳои байналмилалии сулҳҷӯӣ мусоидат менамояд; аз ҷониби дигар, имконият медиҳад, ки таҷрибаи миллӣ, иқтидори мавҷуда ва дурнамои иштироки кишвар дар таҳкими сулҳи устувор ва амнияти байналмилалӣ арзёбӣ карда шавад. Аз ин рӯ, таҳлили ҳамаҷонибаи ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми байналмилалии сулҳҷӯӣ метавонад барои муайян намудани самтҳои минбаъдаи сиёсати хориҷӣ ва рушди механизмҳои миллӣ ва байналмилалии пешгирии низоъҳо аҳамияти назаррас дошта бошад.
Дар адабиёти муосири илмӣ мафҳуми сулҳи устувор аз доираи танҳо набудани ҷанг фаротар рафта, бо мавҷудияти ниҳодҳои самараноки давлатӣ, дастрасӣ ба маориф, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, адолати иҷтимоӣ ва қобилияти ҷомеа барои ҳалли ихтилофҳо тавассути механизмҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ алоқаманд дониста мешавад. Аз ин рӯ, татбиқи ҳадафҳои Даҳсола муносибати байнифанниро тақозо менамояд. Таҳқиқоти сулҳ соҳаҳои гуногун, аз ҷумла муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, таърих, иқтисод, сотсиология, экология ва илмҳои педагогиро ба ҳам мепайвандад.
Дар ин раванд маориф нақши махсус дорад. Фарҳанги сулҳ тавассути ташаккули қобилияти шунидан ва дарк кардани нуқтаи назари дигарон, арзёбии дурустии маълумот, гузаронидани баҳсҳои асоснок ва эътирофи арзиши ҳаёти инсон ташаккул меёбад. Маорифи сулҳ набояд таҳлили илмиро бо даъватҳои умумӣ иваз намояд. Баръакс, вазифаи он омӯзиши сабабҳо ва омилҳои низоъ, механизмҳои радикализатсия, усулҳои гуфтушунид ва воситаҳои ҳуқуқии ҳифзи манфиатҳо мебошад. Ҷалби ҷавонон ба ин раванд махсусан муҳим аст, зеро маҳз онҳо дар солҳои 2027–2036 ва баъд аз он дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсола нақши муҳим хоҳанд дошт.
Чунон ки Кофи Аннан, Дабири кулли собиқи СММ, ки пеш аз интихоб шудан ба ин вазифа ба ҳайси муовини Дабири кулли СММ оид ба амалиёти сулҳҷӯёна фаъолият мекард, қайд намудааст: “Муайян кардани усуле, ки бо номи сулҳҷӯӣ маълум аст ва қариб ҳар дафъа дар амал тағйир меёбад, қариб ғайриимкон аст”. Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи таҷрибаи тӯлонӣ ва такмили амалия сулҳҷӯӣ барои арзёбии вазъият дар минтақаҳои ноустувор, назорати риояи оташбас, санҷиши иҷрои созишномаҳо, таъсиси минтақаҳои миёнарав байни қувваҳои душман, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои татбиқи созишномаҳои мураккаб ва расонидани кӯмаки башардӯстона ба аҳолии аз ҷанг осебдида истифода шудааст.
Таърифҳои мавҷудаи сулҳҷӯиро шартан ба чор гурӯҳи асосӣ ҷудо кардан мумкин аст:
- ҳуқуқӣ – пеш аз ҳама, байналмилалӣ-ҳуқуқӣ;
- функсионалӣ – сиёсӣ, дипломатӣ, низоъшиносӣ ва ғайра;
- низомӣ – ҳарбӣ-амалӣ ва ҳарбӣ-техникӣ;
- идеологӣ.
Дар моддаи 33-и Оинномаи СММ воситаҳои осоиштаи ҳалли низоъҳо ва баҳсҳо, аз ҷумла гуфтушунид, таҳқиқ, миёнаравӣ, оштӣ, арбитраж, ҳалли судӣ ва муроҷиат ба мақомоти минтақавӣ ё истифодаи созишномаҳои минтақавӣ номбар шудаанд. Ҳамзамон, Оиннома муқаррар менамояд, ки тарафҳои низоъ метавонанд дигар воситаҳои осоиштаи ҳалли баҳсро низ пайдо ва истифода намоянд. Аз ин рӯ, мафҳуми сулҳҷӯӣ танҳо бо воситаҳои дар моддаи 33 зикршуда маҳдуд намешавад, балки доираи васеи амалҳо ва тартиботро дар бар мегирад.
Равишҳои классикии ҳуқуқи байналмилалӣ мафҳуми сулҳҷӯиро пеш аз ҳама ба фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ нисбат медиҳанд. Баъзе муҳаққиқон бошанд, онро танҳо ба фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид марбут медонанд. Дар дохили худи СММ, аз ҷумла дар ҳуҷҷатҳои марбут ба фаъолияти сулҳҷӯёна, сулҳҷӯӣ ҳамчун фаъолияти кормандони шаҳрвандӣ ва низомӣ, ки бе ваколатҳои иҷроӣ ва аз номи Созмони Милали Муттаҳид барои мусоидат ба нигоҳдорӣ ё барқарорсозии сулҳу амнияти байналмилалӣ дар минтақаҳои низоъ анҷом дода мешавад, муайян карда мешавад.
Таърифи муфассалтарро дар асарҳои таҳлилии кормандони Котиботи СММ метавон пайдо кард. Тибқи ин равиш, амалиёти сулҳҷӯёна амалиёти саҳроии СММ мебошанд, ки дар онҳо бо розигии тарафҳои низоъ ва таҳти фармондеҳии СММ кормандони байналмилалӣ — ҳам шаҳрвандӣ ва ҳам низомӣ — барои муқаррар намудани назорат бар вазъият ва мусоидат ба ҳалли низои воқеӣ ё эҳтимолии байнидавлатӣ ё дохилӣ, ки барои сулҳи байналмилалӣ аҳамият дорад, истифода мешаванд.
Ин таъриф тамоюли дар даҳсолаҳои охир паҳн гардидани амалиёти сулҳҷӯёнаро на танҳо ба низоъҳои «классикӣ»-и байнидавлатӣ, балки ба низоъҳои дохилӣ ва ғайрибайналмилалӣ низ инъикос менамояд. Ҳамзамон, дар он меъёри асосии фарқкунандаи амалиёти сулҳҷӯёна аз дигар намудҳои амалиёти СММ — розигии тарафҳои низоъ — таъкид шудааст.
Дар адабиёти муосир маъмул аст, ки байни “сулҳҷӯии насли аввал”, ки хоси давраи Ҷанги сард буд, ва “сулҳҷӯии насли дуюм”, ки дар даҳсолаҳои охир ташаккул ёфтааст, фарқ гузошта шавад. Агар барои насли аввал ҷудокунии нисбатан қатъии шаклҳои гуногуни амалиёти сулҳҷӯёна хос бошад, пас насли дуюм доираи вазифаҳо, воситаҳо ва мандатҳои чунин амалиётро ба таври назаррас васеъ намуда, марзҳои байни онҳоро норавшан кардааст.
Дар солҳои 1990 ва даҳсолаҳои аввали асри XXI баҳсҳо дар бораи таъриф ва типологияи сулҳҷӯӣ аз доираи СММ берун рафтанд, зеро созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ низ дар танзими низоъҳо фаъолона иштирок карданд.
Аз нигоҳи методологӣ, амалиёти сулҳҷӯёна танҳо яке аз шаклҳои мушаххаси фаъолияти сулҳҷӯӣ мебошад. Дар навбати худ, сулҳҷӯӣ танҳо як навъи фаъолиятест, ки барои идоракунӣ, ҳалли низоъҳо ва бартараф намудани оқибатҳои онҳо равона шудааст. Дар ин маъно, воҳиди асосии таҳлил низоъ мебошад, дар ҳоле ки амалиёти сулҳҷӯёна метавонад ҳамчун яке аз марҳилаҳои дахолати субъектҳои беруна ва ҳатто ҳамчун яке аз шаклҳои тағйир ва рушди худи низоъ баррасӣ гардад.
Мафҳуми сулҳҷӯӣ ва амалиёти сулҳҷӯёна хусусияти бисёрҷанба доранд. Аз нуқтаҳои назари гуногун онҳо метавонанд ҳамзамон ҳамчун:
- раванди сиёсӣ — раванди ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории субъектҳои сиёсӣ;
- фаъолияти дипломатӣ;
- шакли дахолати байналмилалӣ ба вазъияти дохилии давлатҳо;
- дар баъзе ҳолатҳо, шакли фаъолияти низомӣ баррасӣ шаванд.
25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки солҳои 2027–2036-ро Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда эълон менамояд. Лоиҳаи қатъномаи A/80/L.54 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ба ҷонибдории он 153 давлат овоз доданд, як давлат муқобил раъй дод ва ягон давлат бетарафӣ ихтиёр накард. Чунин сатҳи баланди дастгирӣ нишон медиҳад, ки ташаббуси пешниҳоднамудаи Тоҷикистон ба яке аз ниёзҳои муҳими ҷомеаи байналмилалӣ – таҳкими сулҳ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои наслҳои оянда – ҷавобгӯ мебошад.
Ин ташаббус аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2024 дар ҷаласаи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод шуда буд. Пешниҳоди он дар шароити афзоиши танишҳои байналмилалӣ, зиёд шудани шумораи низоъҳои мусаллаҳона ва заиф гардидани механизмҳои эътимод миёни субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ сурат гирифт. Қарорҳое, ки имрӯз қабул мешаванд, метавонанд ба сатҳи амният, суботи сиёсӣ ва сифати зиндагии мардум дар тӯли даҳсолаҳои минбаъда таъсир расонанд. Аз ин рӯ, худи унвони Даҳсола масъулияти ҷомеаи байналмилалиро дар назди наслҳои оянда таъкид менамояд.
Қатъномаи мазкур бар асоси муқаррароти Оинномаи СММ, Эъломия ва Барномаи амали фарҳанги сулҳ, Паймони оянда ва Эъломия оид ба наслҳои оянда таҳия шудааст. Он аз давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи илмӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват менамояд, ки муколама, оштӣ, ҳамкории байнинаслӣ ва маорифи сулҳро дастгирӣ намоянд. Ҳамин тариқ, ҳуҷҷат чаҳорчӯбаи умумии сиёсиро фароҳам меорад, ки дар доираи он давлатҳо метавонанд барномаҳои миллӣ таҳия намуда, таҳқиқоти илмӣ анҷом диҳанд ва таҷрибаҳои сулҳсозиро мубодила намоянд.
Қатъномаи қабулшуда шартномаи байналмилалӣ ба ҳисоб намеравад ва меъёрҳои нави аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳатмиро муқаррар намекунад. Нақши он хусусияти дигар дорад. Эълони даҳсолаҳои байналмилалӣ ба давлатҳо имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳро ба масъалаи муайян мутамарказ намуда, ташаббусҳои гуногунро ҳамоҳанг созанд ва масъалаи мавриди назарро дар рӯзномаи СММ дар давраи тӯлонӣ нигоҳ доранд. Аз ин рӯ, самаранокии амалии Даҳсола пеш аз ҳама аз он вобаста хоҳад буд, ки ҳадафҳои он то чӣ андоза дар сиёсати давлатӣ, низоми маориф, таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ инъикос меёбанд.
Албатта, таҷрибаи як кишварро ба таври мустақим ва худкор ба дигар давлатҳо интиқол додан имконнопазир аст. Сабабҳои пайдоиши низоъҳо, таркиби тарафҳои даргир, сохтори сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва шароити таърихии ҳар як ҷомеа аз ҳам фарқ мекунанд. Бо вуҷуди ин, таҷрибаи ҳалли осоиштаи низоъҳо имкон медиҳад, ки як қатор принсипҳои умумӣ муайян карда шаванд. Ба онҳо нигоҳ доштани каналҳои муколама, пешгирӣ аз истифодаи суханони нафратангез, ҷалби гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ба равандҳои сулҳсозӣ, фароҳам овардани кафолатҳои ҳуқуқӣ ва барқарор намудани эътимод пас аз қатъи зӯроварӣ дохил мешаванд. Ин принсипҳо барои пешгирии низоъҳо ва таҳкими сулҳи устувор аҳамияти доимӣ доранд.
Муҳити иттилоотии рақамӣ низ таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунад. Аз як тараф, технологияҳои рақамӣ имкониятҳои муошират ва ҳамкории байни одамон ва кишварҳоро васеъ менамоянд; аз ҷониби дигар, онҳо метавонанд паҳншавии иттилооти бардурӯғ, суханони нафратангез ва паёмҳои манипулятивиро суръат бахшанд. Аз ин рӯ, таҳкими сулҳ дар асри XXI бидуни рушди саводнокии расонаӣ, ташаккули фарҳанги масъулиятноки баҳси ҷамъиятӣ ва қобилияти фарқ намудани маълумоти боэътимод аз иттилооти таҳрикомез имконнопазир аст.
Ҳамин тариқ, таҳлили ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми байналмилалии сулҳҷӯӣ ва таҳкими амнияти байналмилалӣ нишон медиҳад, ки:
- мавқеи кишвар дар ин самт бар маҷмӯи омилҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, дипломатӣ ва таҷрибаи миллии сулҳсозӣ асос меёбад;
- таҷрибаи ҳалли осоиштаи низои дохилӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ барои ташаккули сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон заминаи муҳим фароҳам оварда, иштироки кишварро дар равандҳои байналмилалии ҳифзи сулҳ ва амният мазмун ва самти хос бахшидааст;
- ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва таҷрибаи миллии сулҳсозии кишвар ба ҳисоб меравад;
- аҳаммияти ин ташаббус пеш аз ҳама дар талоши гузариш аз вокуниш ба низоъҳои баамаломада ба пешгирии онҳо, рушди фарҳанги сулҳ, таҳкими муколама ва ҳамкории байнинаслӣ ифода меёбад;
- самаранокии воқеии Даҳсола, дар навбати худ, аз натиҷаҳои мушаххас дар самти пешгирии низоъҳо, рушди маорифи сулҳ, таҳкими эътимод ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоиштаи наслҳои оянда вобаста хоҳад буд;
- Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми байналмилалии сулҳҷӯӣ ҳамчун давлате баромад менамояд, ки таҷрибаи мустақими ҳалли низоъ ва оштии миллӣ дошта, онро бо иштироки фаъол дар механизмҳои байналмилалии сулҳ ва амният пайваст кардааст.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тавассути пайвастани таҷрибаи миллӣ бо механизмҳои байналмилалӣ дар пешгирии низоъҳо, таҳкими сулҳи устувор ва рушди низоми самараноктару фарогири амнияти байналмилалӣ саҳми бештар гузорад;
- ҷойгоҳи кишвар на танҳо бо иштироки он дар сохторҳои байналмилалӣ, балки бо қобилияти пешбурди ташаббусҳои сиёсиву дипломатӣ, мусоидат ба муколама ва пешгирии низоъҳо, инчунин саҳмгузорӣ дар ташаккули рӯзномаи байналмилалии сулҳ муайян мегардад.
РАҲМОНЗОДА Азимҷон,
ходими пешбари илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
номзади илмҳои таърих, дотсент