(дар партави қабули Қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027-2036»)
Мусаллам аст, ки дар низоми муносибатҳои байналмилалии муосир, ки бо афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои гибридӣ ва коҳиши эътимоди глобалӣ тавсиф мешавад, масъалаи ҳифзи сулҳу субот аҳамияти ҳаётан муҳим пайдо карда аст. Рӯзи 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қатъномаи таърихии А/RES/80/269-ро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» қабул намуд, ки ин иқдом натанҳо як комёбии навбатии дипломатии кишвари мо, балки эътирофи баланди нақши калидии Тоҷикистон дар ташаккули фарҳанги сулҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ин ташаббуси стратегӣ идомаи мантиқии натиҷаҳои «Саммити оянда» дар соли 2024 ва «Пакт барои оянда» (Pact for the Future) мебошад, ки дар онҳо кишварҳои узви СММ уҳдадории худро барои ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда тасдиқ карда буданд ва Тоҷикистон бо ин пешниҳод қадами амалиеро дар роҳи татбиқи ин ҳадафҳо гузошт. Пойдевори дипломатияи сулҳофарии Тоҷикистон дар таҷрибаи нодири таърихии кишвар, ки пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ба даст омадааст, гузошта шуд ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расид, аз ҷониби СММ ва ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун яке аз моделҳои муваффақтарини ҳалли низоъҳои дохилӣ эътироф гардидааст.
Ин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки воқеии арзиши сулҳ пайваста таъкид менамоянд, ки сулҳ натанҳо набудани ҷанг, балки масъулият, эҳтиром ба шаъни инсон ва кафолати адолат барои тамоми башарият аст ва маҳз ҳамин фалсафа дар меҳвари қатъномаи нав қарор дорад. Бояд тазаккур дод, ки қатъномаи мазкур бо дастгирии аксарияти кулли кишварҳои аъзои СММ-153 давлат қабул шуд, ки ин нишондиҳандаи эътимоди баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон мебошад. Даҳсолаи нав (2027-2036) ҳадаф дорад, ки равандҳои сиёсии фарогирро тақвият бахшида, фазои бовариро миёни давлатҳо эҷод кунад ва махсусан ба ҳамбастагии байнинаслӣ тавассути ҷалби фаъоли наврасон ва ҷавонон ба равандҳои қабули қарорҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намояд. Ин равиш боиси пайдоиши парадигмаи нави ҳуқуқи сулҳ мегардад, ки дар он мафҳуми «наслҳои оянда» аз як категорияи ахлоқӣ ба объекти муносибатҳои танзимшавандаи ҳуқуқӣ табдил ёфта, давлатҳоро вазифадор мекунад, ки сиёсати имрӯзаи худро боназардошти манфиатҳои насли фардо таҳия кунанд.
Ҳамзамон ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи сулҳ бо дигар иқдомҳои глобалии кишвар дар соҳаҳои об ва иқлим робитаи зич доранд, зеро Сарвари давлат собит сохтанд, ки амнияти экологӣ ва дастрасӣ ба захираҳои обӣ омилҳои муҳими суботи минтақавӣ ва пешгирии низоъҳои эҳтимолӣ мебошанд. Иқдомҳои муҳиме ба монанди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», эълони соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва ташаббуси муштарак бо Фаронса дар мавриди эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» ҷузъи ҷудонопазири стратегияи умумии таҳкими сулҳи сартосарӣ маҳсуб мешаванд. Дар баробари ин, амнияти устувор бидуни муборизаи оштинопазир бар зидди терроризм ва экстремизм ғайриимкон аст ва Тоҷикистон бо роҳандозии «Раванди Душанбе» дар соли 2018 платформаи муҳими муколамаи байналмилалиро барои ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар ин самт фароҳам овард. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси «Камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон низ яке аз қадамҳои ҷиддии Сарвари давлат дар роҳи таъмини амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад, ки ҳамкории низомӣ ва иттилоотии кишварҳои ҳамсояро барои пешгирии таҳдидҳо пешбинӣ мекунад.
Инчунин ҷомеаи байналмилалӣ талошҳои Тоҷикистонро дар ҳалли осоиштаи масъалаҳои марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла имзои шартномаи таърихӣ бо Қирғизистон дар соли 2025, ҳамчун намунаи «дипломатияи созанда» ва модели муваффақи ҳамкории фаромарзӣ барои ҷаҳон истиқбол намуд. Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027-2036) инчунин ба нақши маориф ва технологияҳои муосир таваҷҷуҳи махсус дода, таъкид менамояд, ки баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва истифодаи зеҳни сунъӣ ба нафъи сулҳ роҳҳои муҳимтарини пешгирии ҷаҳолат ва экстремизм мебошанд. Ин иқдом дар шароите қабул шуд, ки хароҷоти низомии ҷаҳонӣ ба сатҳи рекордии 2,8 триллион доллар расида аст ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳар як доллари ба пешгирии низоъҳо сармоягузорӣ шуда имкон медиҳад, ки дар оянда 7 доллар барои барқарорсозии баъди низоъӣ сарфа карда шавад. Тоҷикистон на танҳо ташаббускори Даҳсолаи нави амал, балки давлатест, ки метавонад ҳамчун озмоишгоҳи татбиқи он хидмат кунад ва дар доираи он таҷрибаи худро дар самти таҳкими институтҳои миллии сулҳ ба дигар кишварҳо интиқол диҳад.
Ёдовар бояд шуд, ки Тоҷикистон ният дорад, соли 2027 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баландро баргузор намуда, раванди амалисозии ин даҳсоларо расман оғоз намояд ва ин чорабинӣ боз як қадами устувор дар роҳи табдил додани кишвари мо ба маркази дипломатияи сулҳи ҷаҳонӣ хоҳад буд. Қабули якдилонаи ин ташаббус собит месозад, ки сулҳ ба таври худкор ба вуҷуд намеояд, балки он маҳсули дипломатияи мунтазам ва иродаи устувори сиёсии роҳбарони сатҳи ҷаҳонӣ чун Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тавонистанд таҷрибаи миллии худро ба манфиати тамоми башарият сафарбар намоянд.
ДАВЛИЁРОВА Сафаргул Тешаевна,
ходими пешбари илмии Шуъбаи
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масълаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
номзади илмҳои фалсафа,
дотсент
Рӯйхати манбаъҳо ва адабиёт:
1. Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ A/RES/80/269 «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» (аз 25 июни соли 2026)
2. Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ (26 июни соли 2026)
3. Ташаббуси Тоҷикистон дар СММ: масъулияти байни наслӣ ҳамчун парадигмаи нави ҳуқуқи сулҳ. Андешаҳо дар ин маврид // АМИТ «Ховар».
4. Сулҳ ба хотири наслҳои оянда: ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон. Мақолаи Назирмад Ализода, Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон // Сомонаи расмии ВКХ ҶТ
5. Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027-2036) // Сомонаи Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»
6. Эълони Даҳсолаи сулҳ аз ҷониби СММ ва нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон // Маводи Конфронси илмӣ-назариявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ТНУ)
7. Дипломатияи Обии Эмомалӣ Раҳмон: Аз қадами аввал то шарикии глобалӣ // Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
8. Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он: Конфронси сатҳи баланд дар Кувайт (2024) // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
9. Масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо дар рӯзномаи ҷаҳонӣ: Ташаббусҳои Тоҷикистон дар СММ // Маҷаллаи илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
10. СММ Даҳсолаи сулҳро эълон кард: Иқдоми Тоҷикистон барои наслҳои оянда // Хабаргузории TV BRICS
11. Муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масири таҳкими суботи минтақавӣ: Имзои созишномаи сарҳадӣ дар соли 2025 // Маводи брифинги дипломатӣ дар Ашхобод
12. Сармоягузорӣ ба сулҳ дар шароити Хароҷоти Низомии ҷаҳонӣ: Таҳлили иқтисодии ташаббуси Даҳсолаи сулҳ // Гузориши СММ (тарҷумаи АМИТ «Ховар»)
13. Камарбанди амниятӣ дар атрофии Афғонистон: Консепсия ва дурнамои амалисозӣ // Нашрияи «New Eastern Outlook»
14. Нақши технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ дар пешбурди фарҳанги сулҳ // Мақолаи ректори РТСУ Иброҳимзода И.Р
15. Таҷрибаи оштии миллии тоҷикон - модели нодири сулҳофарӣ дар асри XXI // Маводи брифинги Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Россия