×

КОНСТИТУТСИЯ: ДАСТОВАРДҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бозгашт ба мавод

КОНСТИТУТСИЯ: ДАСТОВАРДҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИОМДОА Дигар 30-10-2026 ш.Душанбе
КОНСТИТУТСИЯ: ДАСТОВАРДҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлатҳои соҳибихтиёр буда, заминаҳои ҳуқуқии ташкили фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини соҳибихтиёрии давлатӣ ва муайян намудани мавқеъ ва муносибатҳои давлатро бо ҷомеаи байналмилалӣ муқаррар менамояд. Конститутсия низ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон  аҳамияти хосса дорад, зеро Конститутсия дар давраи ташаккули давлатдории мустақили миллӣ қабул гардида, асосҳои ҳуқуқии рушди давлат ва муносибатҳои байналмилалии онро муайян кардааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, баъдан солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба он тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Дар муқаддимаи Конститутсия Тоҷикистонро «қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон» эътироф намуда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад. Ин муқаррарот барои дарки муносибати конститутсионии Тоҷикистон дар низоми байналмилалӣ аҳамияти хоса дорад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ муносибатҳои байналмилалӣ танҳо ба робитаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ маҳдуд намешаванд. Онҳо муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро маҳз асоси онро Конститутсия ташкил медиҳад.

Аз ин рӯ, таҳлили ҷойгоҳи  Конститутсия, ҷанбаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ анҷом дода шавад. Яке аз нишонаҳои асосии давлати соҳибихтиёр қобилияти мустақилона ворид шудан ба муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Моддаи 1-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф менамояд. Соҳибихтиёрӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ маънои онро дорад, ки давлат дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ сиёсати хориҷии худро мустақилона муайян намуда, бо дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ муносибатҳо барқарор мекунад.

Мавриди зикр аст, ки Конститутсия пас аз Эъломияи истиқлолияти давлатӣ яке аз заминаҳои асосии ҳуқуқии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар моддаи 10, 11 ва 67 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои байналмилалии он зикр шудааст, ки чунинанд:

1.        Моддаи 10. Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд.

2.        Моддаи 11. Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Ташвиқоти ҷанг манъ аст. Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд. Давлат бо ҳамватанони берунмарзӣ ҳамкорӣ мекунад”.

3.        Моддаи 69. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Салоҳияти Президент, самтҳои муносибатҳои байналмилалӣ зикр шудааст. “Президент самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад. Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад. Ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ мекунад, шартномаҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд. Сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод мекунад. Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул менамояд.

Моддаи 10-и Конститутсия муқаррар мекунад, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, дар ҳолате ки қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.[5] Мувофиқи моддаи 11 эътирофи соҳибихтиёрии Тоҷикистон, эътирофи меъёрҳои байналмилалӣ ҳамчун асоси муносибатҳои хориҷӣ ва эътирофи ҳуқуқи давлат барои иштирок дар ташкилотҳои байналмилалӣ. Яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои ҳуқуқии иштироки Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ масъалаи таносуби ҳуқуқи миллӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Ин меъёр аз нуқтаи назари ҳуқуқи конститутсионӣ аҳамияти калон дорад. Он нишон медиҳад, ки Тоҷикистон муносибатҳои байналмилалиро танҳо ҳамчун соҳаи фаъолияти сиёсати хориҷӣ намебинад, балки онҳоро бо низоми ҳуқуқии дохилии давлат пайваст менамояд.

Аз ин рӯ, эътирофи санадҳои байналмилалӣ дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ, мутобиқсозии қонунгузории миллӣ ва таҳкими ҳамкории ҳуқуқӣ замина фароҳам меорад. Муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои умумии ҳуқуқи байналмилалӣ такя мекунанд. Аз ҷумла, эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо, баробарии давлатҳо, ҳалли осоиштаи баҳсҳо, эҳтироми тамомияти арзӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ аз принсипҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Ин муқаррарот бо принсипҳои асосии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мутобиқат дорад. Аз ин лиҳоз, сиёсати хориҷии давлат бояд дар доираи низоми умумии ҳуқуқии байналмилалӣ ва ӯҳдадориҳои аз шартномаҳои байналмилалӣ бармеомада амалӣ карда шавад. Дар ин замина, ҳуқуқи байналмилалӣ барои Тоҷикистон на танҳо воситаи танзими муносибатҳои байнидавлатӣ, балки яке аз механизмҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Конститутсия салоҳиятҳои мақомоти асосии давлатро дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ муайян менамояд. Махсусан, нақши Президент, Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт муҳим мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарвари давлат дар муносибатҳои байналмилалӣ кишварро намояндагӣ мекунад. Маҷлиси Олӣ бошад, дар доираи салоҳияти конститутсионии худ дар масъалаҳои марбут ба санадҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои ҳуқуқии дорои аҳамияти давлатӣ иштирок менамояд. Ҳамин гуна тақсимоти ваколатҳо ба он равона шудааст, ки фаъолияти байналмилалии давлат дар асоси меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо сурат гирад.

Аз ин нуқтаи назар, Конститутсия на танҳо санади муайянкунандаи сохтори дохилии давлат, балки санади ҳуқуқие мебошад, ки асосҳои иштироки Тоҷикистонро дар ҷомеаи байналмилалӣ низ муқаррар мекунад. Яке аз шаклҳои асосии иштироки давлат дар муносибатҳои байналмилалӣ узвият ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок мекунад.

Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид аҳамияти махсус дорад. Дар доираи СММ масъалаҳои марбут ба сулҳу амният, рушди устувор, ҳуқуқи инсон, тағйирёбии иқлим, захираҳои об ва дигар масъалаҳои глобалӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Вобаста ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ва ба танзим даровардани муносибатҳои дипломатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қонунҳо, низомнома ва фармонҳоро қабул кардааст, ки чунин аст:

1.     Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати дипломатӣ. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014, № 12, мод. 827) (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1574). Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти дипломатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии хизмати дипломатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.

2.     Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ, ки 23 июли соли 2016, №1326 тасдиқ шудааст.

3.     Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли  2006 № 593 тасдиқ шудааст.

4.     Низомнома дар бораи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо Фармони Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли 1995 № 165 тасдиқ шудааст.

5.     Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 30 июли соли 1998, таҳти №275 тасдиқ шудааст.

6.     Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 27 январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 332 тасдиқ шудааст.

7.     Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини татбиқи сиёсати ягонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ дар самти ҳамкориҳои дипломатӣ ин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ба шумор рафта, равобити муносибатҳои байналмилалиро ба танзим медарорад ва дар давлатҳо радификатсия шудаанд. Ин низоми эътирофшуда байналмилалӣ, Эъломияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961, Эъломияи Вена дар бораи равобити консулӣ аз 24 апрели соли 1963 ва Конвенсияи Вена оид ба ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ мебошад, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияро 11 марти соли 1996 ба тасвиб расонидааст. Эътиборномаи тасвиби Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 майи соли 1996 ба Котиби Генералии Созмони Милал Муттаҳид супорида шуд.

Бояд қайд кард, ки 18 апрели соли 1961 дар пойтахти Ҷумҳурии Австрия шаҳри Вена дар натиҷаи баррасии солҳои тӯлонӣ дар доираи Лигаи миллатҳо ва минбаъд СММ, санаде қабул гардид, ки “Эъломияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ” номгузорӣ гардид. Санади мазкур ҳуҷҷати меҳварии батанзимовардани натанҳо амалияи гуногунҷанбаи дипломатӣ, балки ташрифоти дипломатӣ низ ба шумор рафта, ҳама давлатҳое, ки онро пазируфтаанд, дар доираи меъёрҳои муайянкардаи он дар муносибатҳояшон бо кишварҳои дигар амал мекунанд. Аҳамияти таърихии Эъломияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ пеш аз ҳама дар он аст, ки вай ба ҳама гуна манбаъҳои тазод ва ба вуҷудомадани ихтилофи байни сарварони намояндагиҳо ва ихтилофи назар дар масъалаҳои гуногуни муносибати байниҳамдигарии кишварҳо хотима гузошт, мабдаъҳои меъёрии баробарӣ ва соҳибихтиёрии ҳама кишварҳоро дар худ таҷассум кард.

Барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои гуногун, ба узвияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии мухталиф пайвастани он, ки маънии барқарор кардани муносибатҳои гуногунҷанбаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайраро дар назар дорад, ба татбиқшавӣ оғоз мекунад. Чунин омилҳои дарболо зикршуда боиси он гардид, ки давлатҳои ҷаҳон истиқлолият ва мустақилияти ҷумҳуриро шинохта, ба кишвари мо муносибатҳои дипломатӣ, дуҷониба ва бисёрҷонибаро барқарор намуданд. Аз ин рӯ, қайд кардан ба маврид аст, ки Тоҷикистон баъди аъзои СММ санадҳои меъёри ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалиро эътороф намуд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолият дар соли 2026 бо 187 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ ва бо 110 давлат ҳамкориҳои иқтисодиро ба роҳ монда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба шумор меравад.

Мавриди зикр аст, ки асоси барқароршави ва рушди муносибатҳои дипломатии санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ дар самти ҳамкориҳои дипломатӣ, дохилӣ ва байнидавлатӣ ташкил медиҳад, ки санадҳои меъёрию ҳуқуқи дар таҳкиму татбиқи сиёсати хориҷии кишвар нақши назарраси худро гузошт. Пас аз имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва Созишномаи миллии Тоҷикистон” аз соли 1997 то имрӯз беҳбудҳои назаррас дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва ноил шудан ба рушди устувории сиёсати хориҷӣ ба даст омадааст, ки ба рушди ҳамкориҳо бо давлатҳои дуру наздик мусоид менамояд. Соли 2026 қатънома таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» қабул гардид.

Мавқеи Тоҷикистон дар масъалаҳои об яке аз намунаҳои иштироки фаъоли давлат дар рӯзномаи байналмилалӣ мебошад. Тибқи маълумоти СММ, бо ташаббуси Тоҷикистон дар солҳои 2000–2016 Маҷмаи умумии СММ ҳафт қатънома оид ба масъалаҳои об қабул кардааст. Дар байни онҳо ташаббусҳои марбут ба Соли байналмилалии оби тоза, Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ҷойгоҳи муҳим доранд.

Бо қатъномаи Маҷмаи умумии СММ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018–2028 муайян гардид. Ҳадафи он тақвияти ҳамкорӣ, идоракунии устувори захираҳои об ва мусоидат ба иҷрои ҳадафҳои байналмилалии рушди устувор мебошад. Ин таҷриба аз нуқтаи назари ҳуқуқи  байналмилалӣ муҳим аст, зеро нишон медиҳад, ки давлат метавонад тавассути механизмҳои бисёрҷониба масъалаҳои дорои аҳамияти миллӣ ва минтақавиро ба сатҳи байналмилалӣ барорад.

25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаро оид ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо ташаббуси Тоҷикистон қабул кард, ки ба истифодаи бехатар ва боахлоқи технологияҳо равона шудааст.

12 декабри соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Ҳуқуқи инсон яке аз самтҳои асосии ҳуқуқи байналмилалии муосир ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун яке аз арзишҳои асосии давлат эътироф мекунад.

Моддаи 14-и Конститутсия пешбинӣ менамояд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳифз мешаванд. Ин муқаррарот аҳамияти дуҷониба дошта, он ӯҳдадории давлатро оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар сатҳи миллӣ муайян менамояд. Аз тарафи дигар, робитаи низоми миллии ҳифзи ҳуқуқи инсонро бо санадҳои байналмилалӣ таъмин мекунад.

Ҳамин тавр, ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи конститутсионӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ба ҳамдигар алоқаманд мебошанд. Дипломатия яке аз воситаҳои асосии татбиқи сиёсати хориҷӣ мебошад. Муносибатҳои дипломатӣ барои барқарор намудани робитаҳои расмӣ, пешбурди гуфтушунидҳо, ҳалли масъалаҳои байнидавлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату шаҳрвандони он дар хориҷ имконият фароҳам меоранд.

Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ, муносибатҳои дипломатӣ ба низоми санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ба меъёрҳои ҳуқуқи дипломатӣ такя мекунанд. Барои Тоҷикистон дипломатия ҳамчунин воситаи рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ мебошад. Дар шароити муосир дипломатияи бисёрҷониба аҳамияти бештар пайдо карда, фаъолияти давлатҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ муттаҳид менамояд.

Ҷойгоҳи ҷуғрофии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳамкории минтақавиро зиёд менамояд. Масъалаҳои марбут ба амният, мубориза бо терроризм ва ҷинояткории фаромиллӣ, ҳифзи муҳити зист, истифодаи захираҳои об ва рушди иқтисодӣ аз масъалаҳои муҳими ҳамкории минтақавӣ мебошанд. Ҳалли чунин масъалаҳо танҳо тавассути механизмҳои миллӣ имконнопазир буда, ҳамкории давлатҳо ва истифодаи воситаҳои ҳуқуқии байналмилалиро талаб мекунад.

Аз ин рӯ, иштироки Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ бояд ҳамчун яке аз шаклҳои татбиқи ҳуқуқ ва манфиатҳои байналмилалии давлат баррасӣ гардад. Таҷрибаи беш аз се даҳсолаи татбиқи Конститутсия нишон медиҳад, ки қонуни асосӣ барои ташаккули заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти байналмилалии Тоҷикистон нақши муҳим дорад.

Меъёрҳои конститутсионӣ оид ба соҳибихтиёрӣ, сиёсати сулҳҷӯёна, эҳтироми меъёрҳои байналмилалӣ, эътирофи санадҳои байналмилалӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон имкон медиҳанд, ки муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон дар доираи муайяни ҳуқуқӣ инкишоф ёбанд. Дар шароити муосир ин масъала аҳамияти бештар пайдо мекунад, зеро масъалаҳои глобалӣ — тағйирёбии иқлим, норасоии об, муҳоҷирати аҳолӣ, амнияти байналмилалӣ, рушди устувор ва ҳифзи ҳуқуқи инсон — ҳамкории зичи байнидавлатиро талаб менамоянд.

Хулоса. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалии муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ иштирок менамояд. Асоси ҳуқуқии ин иштирокро пеш аз ҳама Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории миллӣ, шартномаҳои байналмилалии эътирофшуда ва принсипҳои умумии ҳуқуқи байналмилалӣ ташкил медиҳанд.

Моддаҳои 10 ва 11-и Конститутсия барои муайян намудани муносибати Тоҷикистон ба ҳуқуқи байналмилалӣ аҳамияти махсус доранд. Моддаи 10 санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшударо қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ медонад, дар ҳоле ки моддаи 11 сиёсати сулҳҷӯёна ва муайян намудани муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муқаррар мекунад. Дар баробари ин, муқаррароти моддаи 14 робитаи низоми миллии ҳифзи ҳуқуқи инсонро бо санадҳои байналмилалӣ таъмин менамояд.

Таҷрибаи иштироки Тоҷикистон дар фаъолияти СММ, аз ҷумла дар масъалаҳои об ва рушди устувор, нишон медиҳад, ки механизмҳои ҳуқуқӣ ва дипломатии байналмилалӣ метавонанд барои пешбурди масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ ва минтақавӣ истифода шаванд.

Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ на танҳо асосҳои сохтори дохилии давлатро муайян менамояд, балки барои иштироки Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ низ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Риояи Конститутсия, такмили қонунгузории миллӣ, иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ва рушди ҳамкории созанда бо ҷомеаи ҷаҳонӣ омилҳои муҳими таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд ва мавқеи ҳуқуқии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ мебошанд.

Соҳиби Баҳруло,

ходими калони илмии шуъбаи Аврупои

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ