Касе онҳоро қариб ки намешиносаду аз мавҷудияти онҳо маълумоти мушаххас надорад, агарчанде замонҳое буданд, ки онҳо, яъне қабилаи суғдҳо тоҷирону дипломатҳои барҷастаи водиҳои қад-қади Роҳи Абрешим ҳисобида мешуданд. Аз асри 6 то 8 намояндагони қабилае аз халқҳои Эрони шимолӣ ҳокимони империяи бузурги тиҷоратӣ буданду шабакаи савдою тиҷорати онҳо аз Қрим то ба Корея доман паҳн карда буд. Танҳо баъд аз он ки онҳо ба тахту тоҷи хитоӣ чашм дӯхтанд, ситораи дурахшони онҳо нопадид гашт.
Ҷумҳурии Хитой дар марҳалаи авҷи иқтисоди миллии худ қарор дорад. Моҳи ноябри соли 2010 маҷаллаи амрикоии Форбес Роҳбари давлат ва ҳизби Чин Ҳу Дзинтаоро ҳамчун марди абарқудрати сайёраи мо интихоб намуд, ҷоизае ки то ба имрӯз ҳеҷ як Президенти Амрико cоҳиб нашудааст. Гузашта аз ин, имрӯзҳо дар тамоми дунё молҳои дороитамғаи «истеҳсоли чин»-ро дидан мумкин аст. Олимону донишмандони Чин дар маъруфтарин донишгоҳҳои ҷаҳон дарс дода ва ё тадқиқотҳои илмӣ мебаранд. Кишвари бузург дар Осиёи Шарқӣ бо маънои томи худ ба як "бозингари глобалӣ" табдил ёфтааст. Албатта ин бори нахуст дар таърихи инсоният нест, ки «империяи марказшитоб» ба яке аз абарқудратҳои ҷаҳонӣ мубаддал гашта истодааст.
Равандҳои инкишофи кунунии Хитой ба рушду нумӯъи иқтисодии ин кишвар дар марҳалаи сулолаи Тан (618-917) рост меояд, ки он давраҳо барои Хитой ҳамчун давраҳои тиллоӣ унвон мешаванд.
Агарчанде суғдҳо дар ҳеҷ давру замон якпорчагии
сиёсиро ба даст наоварда бошанд ҳам, онҳо дар
асрҳои 6 то 8 мелодӣ бузургтарин империяи тиҷорат дар
Осиёро дар ихтиёри худ доштанд, ки аз Қрим то ба
Корея доман паҳн карда буд.
Он замонҳо давлати Хитой аз ҷумла ба туфайли кушодадилию хайрхоҳӣ нисбати тамоми халқиятҳои ҷаҳон ва ба роҳ мондани тиҷорат бо кишварҳои хориҷи дур тавассути роҳҳои корвонгузари Осиёи Марказӣ ба авҷи аълои рушди иқтисодии худ расида буд. Аммо ҳатто таваҷҷӯҳмандтарин таърихчиён имрӯзҳо намедонанд, ки сарчашмаи боигарии Чин дар замони ҳукмронии сулолаи Тан, яъне дар давраҳои рушди тиҷорату савдои байниминтақавӣ бо молҳои гароннарху серхаридор умдатан аз ҷониби як идда мардумони ин минтақа ташкил карда мешуд, ки мавҷудияти онҳо имрӯзҳо қариб ки ба фаромӯшӣ афтодааст. Сухан дар бораи суғдҳо, яке аз халқиятҳои Эрони шимолӣ меравад. Агарчанде суғдҳо он давраҳо муттаҳидии сиёсӣ ва империя ба даст наоварда бошанд ҳам, аммо дар асрҳои 6 то 8 империяи бузургтарини тиҷoрат дар Осиёро зери назорати худ доштанд. Сарчашмаҳои таърихи муваффақияту бурдбории онҳо хеле тӯлонӣ аст ва ба минтақае мебарад, ки он ба аҳолии худ тамоми имкониятҳоро пешниҳод мекард.
Миёни бузургтарин наҳрҳои Осиёи Марказӣ, Сирдарё ва Амударё шаҳрҳои қадима ба монанди Самарқанду Бухоро ва мавзее бо номи водии Зарафшон ҷойгир аст, ки имрӯзҳо қисман ба ҳудудҳои Узбекистон ва Тоҷикистон тааллуқ доранд. Аҳолии ин сарзамин нахустин бор дар асри 6 қабл аз милод дар дастхатҳои Ҳахоманишинҳои форс ҳамчун «суғдҳо» ёдрас шуда, мавзеи сукунати онҳо «суғда» (суғд) ном бурда шудааст. Таърихнависони Юнон онро дар шакли юнонии Согдиана ба наслҳои минбаъдаи худ гузоштанд.
Суғд то истилои Искандари Мақдунӣ яъне то соли 329 (то милод) яке аз вилоятҳои империяи Ҳахоманишинҳо ҳисоб мерафт. Дар ин давра суғдҳо ҳуруфи арамеиро пазируфта, дар асоси он дар садсолаҳои нахустини милодӣ хати худро инкишоф доданд. Агарчанде онҳо ҳанӯз барвақт санъати сикказании тангаро аз юнониҳо омӯхта бошанд ҳам, аммо «тангаҳои хурд»-и онҳо ҳамчун асъори дорои қобилияти гардиш дар ҳудуди кишвар боқӣ монд. Барои тиҷорати бағоят муҳим бо кишварҳои хориҷи дур, ки асоси некӯаҳволии Суғд ба ҳисоб мерафт, тахминан аз солҳои 500-уми милодӣ тангаҳои нуқрагини Сосониҳо ба гардиш бароварда шуд.
Охирҳои ҳазорсолаи якум то солшумории мелодӣ суғдҳо дорои тамаддуни фавқуллода баланд ва шаҳрҳои бузургу рушдкарда буданд. Мавҷудияти Самарқанди имрӯза, ки он замон аз ҷониби юнониҳо Мароқанд номида мешуд, маҳз ба давраи суғдҳо нисбат дода мешавад. Оилаҳои тоҷирону савдогарони бузург ва ашрофзодаҳои дорои заминҳои бузург қишри болоии ҷомеаи суғдҳоро ташкил медод.
Чун империяи ягонаи сиёсӣ вуҷуд надошт, давлат-шаҳрҳои суғдҳо он замонҳо ба шоҳигарии Бохтар, ки аз ҷониби ворисони Искандари мақдунӣ таъсис ёфта буд, тобеъ буданд. Ин шаҳр-давлатҳо тахминан соли 145 то милодӣ аз тарафи қабилаҳои кӯчманчии шарқу ғарбӣ, ки қисман саромадони қабилаҳои ҳуннуҳо (гуннҳо) буданд, валангор шуда бошанд ҳам, вале аҳолии онҳо тавонистанд худро аз хатари пурра нестшавӣ нигоҳ доранд.
Бозёфти қадимии аз шиша омодашуда. Шутур бо кулворҳои пур аз бор ҳамчун рамзи нумӯи тиҷорат бо кишварҳои хориҷи дур дар замони ҳукмронии сулолаи Тан (618-907) ҳисоб меёфт.
Империяи онвақтаи хитоии Ҳан (206 т.м - 220 милодӣ) зери таҳдидҳои қабилаҳои савораи ҷангталаб низ азият мекашид. Вале империя тавони ҳифзи марзу буми худро дошт. Имкониятҳои бемаҳдуди иқтисодӣ, ки тавассути дастгоҳи мутамарказонидашудаи маъмурони давлатӣ идора мегардид, ба империяи Ҳан имкон медод, кучманчиҳоро бо тӯҳфаҳои нодир «харида» ва ё бо амалиётҳои ҳарбӣ тарсонида, онҳоро ба қавле, дар фосила нигоҳ дорад. Аз ҷониби дигар, Чин шурӯъ аз охирҳои асри 2 т.м экспедитсияҳои бузург таъсис дода, намояндагони худро асосан ба Осиёи Марказии имрӯза мефиристод. Ҳадафи асосии ин гурӯҳҳои корӣ пайдо намудани иттифоқчиён дар кишварҳои ҳамсояи минтақа барои мубориза бар зидди халқҳои шимол буд. Аз ҷониби дигар, онҳо бояд имкониятҳои нави иқтисодиро омӯхта, робитаҳои тиҷоратӣ барқарор мекарданд. Дар баробари ин Хитой тавассути фиристодани намояндаву гумоштаҳо дар бораи халқҳое, ки берун аз марзҳои худ зиндагӣ мекарданд, маълумотҳои зиёд ба даст меовард. Хабарҳо дар бораи бохтарҳо (Афғонистони шимолӣ), империяи парфянҳо (Эрон) ба гӯши дарбори император дар Чангон (имрӯза (К)сиан) ҳанӯз соли 125 то мелодӣ расида буд, вақте ки нахустин фиристодаи ӯ ба Ватан баргашт.
Бо гузаштани қариб ду садсолаи
авҷи парвоз ҳокимони Роҳи
Абрешим ба кунҷи фаромӯшӣ
рафтанд. Дар оғози пошхӯрии
империяи онҳо ҳирси ҷоҳу ҷалол
ва ҳокимиятпарастии онҳо
меистод.
Ҷавоҳирот аз тиллову нуқра, ки аз ин кишварҳо ворид мешуданд, ҳамчунин аспони серхаридори води Фарғона ва водиҳои дар болооби Сирдарё ҷойгирбударо қайсар бо абрешим пардохт мекард. Вай ҳамчунин коргарону афсарони худро, ки дар вазифаҳои беруна кор мекарданд, маҳз бо абрешим маош медод, ки онҳо дар навбати худ ин нахҳои гаронбаҳоро дар кишварҳои иқомат паҳн менамуданд. Бад ин тариқ, Чин бахусус дар солҳои 91 то 123 милодӣ миқдори зиёди абрешимро ба анборҳои шабакаҳои тиҷоратии осиёимарказӣ пур кард. Аз ин ҷо ин моли гароннаху серхаридор тавассути Бохтару Ҳинд, сарзамини парфянҳо то ба империяи сезарҳои Рум паҳн гардид. Мавзеи аҳолинишини суғдҳо он замон нуқтаи борфарорию боркунӣ ҳисоб намеёфт.
Он замонҳо танҳо якчанд роҳҳои тиҷоратӣ тавассути сарзамини суғдҳо мегузаштанд. Вале аҳолии суғд аз ҷониби таърихнависон мушоҳида ва чунин тасвир гардидаанд: тоҷирону савдогарони ришдор бо чашмони чуқури дар косахонаи сар ҷойгирбудаи худ дар сарчашмаҳои хитоӣ ҳамчун мардуми қобилияти хуби савдогарӣ тасвир шудаанд. Ҳамчун ҳамсафарони намояндагиҳои дипломатии дарбори императории Хитой онҳо сайрхатҳоро муайян ва робитаҳоро барқарор мекарданд.
Бераҳмиҳои табиат
Вақте ки соли 220 сулолаи Ҳан шикас хӯрд, мавҷи интиқоли абрешим ба Ғарб канда шуд. Аммо ин танҳо душвории ягонаи тиҷорат дар Осиёи Марказӣ ҳисоб намешуд. Бераҳмиҳои табиат вазъро хеле бад намуда буд, яъне захираҳои оби ошомиданӣ кам шуда буд. Сарчашмаҳои археологӣ нишон медиҳанд, ки то охири асри 4 бузургтарин шаҳрҳои ободу обшор аз қабили Лулон дар ҳавзаи Тарим бо сабабҳои беобӣ хароб ва нобуд гардиданд. Ҳамчунин майдонҳои обшори суғду бохтар низ яке аз паси дигар камҳаҷм ва ба биёбон табдил ёфтанд. Тадқиқотчиёни муҳити зист тавонистанд исбот кунанд, ки майдони аз баҳри Арал дар Қазоқистони ҳозира то кӯли Кингҳай дар Хитои ғарбӣ аз миёнаҳои асри 1 то охирҳои асри 4 мелодӣ ба хушксолии бардавом бо миқдори ками боришот дучор шуд, ки дар натиҷа обёрӣ ва киштукори майдонҳо дар ин минтақаҳо душвор ва номумкин гардид. Албатта чупонҳои кӯчманчӣ метавонистанд дар натиҷаи ба роҳ мондани чорводорию молпарварӣ бидуни душворӣ зиндагӣ кунанд, аммо мардумоне ки дар саҳро кор мекарданд, ҳоли табоҳ доштанд.
Халқҳои ба чорводорию молпарварӣ машғул ва аз ин бозиҳои табиат пурқувватшуда аз ин афзалияти худ истифода бурда, ба таври ғасбкорона ва таҳдидомез ба маҳаллаҳои аҳолинишини Хитои шарқӣ ворид мешуданду онҷо якчанд империяҳои минтақавии худро таъсис доданд, агарчанде ин империяҳо хусусиятҳои муваққатӣ доштанд.
Суғдҳо бошанд дар ин вазъи душвори гуруснагӣ ва нооромиҳои сиёсӣ ба таври прагматикӣ рафтор мекарданд. Онҳо асосан ба шуғли асосии худ машғул буданд. Ҳар қадар тиҷорати абрешим ба Шарқ мекӯчид, ҳамон қадар онҳо ба марзҳои Хитой наздик мешуданду оқибат рӯзе онро гузаштанд. Онҳо ҳамзамон ба дарборҳои якчанд императорҳои Хитой ва сарватмандон дар бобати таъмин намудани онҳо бо маҳсулотҳои ноёби Ғарб хизмат мерасонданд.
Албатта ба роҳ мондани чунин як соҳибкории серхаридору ҳамзамон пурхатар бидуни ҷонибдории ҳукумати марказии пурқуввати Хитой номумкин буд, чуноне ки як бозёфтҳои хоссаи археологӣ аз ин шаҳодат медиҳад. Соли 1907 Аурел Штайн, маҷористоние, ки дар хизмати ширкати «Бритиш-Индиенс» қарор дошт, ҳангоми кофтукобҳои археологӣ дар дидбонгоҳи харобгардидаи наздикии мавзеи Дунҳуанг (дар қисмати Ғарби долони Ганзу, ба харита нигаред) як бастаи мактубҳои то ҳол мӯҳраш боқимондаро пайдо намуд, ки соли 313 милодӣ бо ҳуруфи суғдӣ навишта шуда буданд. Мактубҳо ҳамагӣ аз хабару гузоришҳои фоҷианок дар бори вазъ дар кишвар ва тақдири бадбахтонаи ирсолкунандаи онҳо иборат буданд.
Дар яке аз мактубҳо, ки савдогаре аз долони Ганзу ба шарики худ дар Самарқанд навишта аст, чунин омадааст: «Касе аз Хитой намеояд, ки тавассути ӯ ба ту дар бораи вазъи суғдҳое ривоят кунам, ки ба Хитой рафтаанду дар кадом вазъ қарор доранд ва то куҷоҳо расидаанд. Аммо алоҳазрат, император, ки инҷо чунин ном бурда мешавад, бо сабабҳои гуруснагӣ гурехт ва ба зери қасри ӯ ва дигар қасрҳои шаҳр оташ гузошта шуд, ки дар натиҷа шаҳр тамоман сӯхта валангор шуд». Дар ҷумлаҳои поён бошад ӯ оҳи ба дард кашида нақл кардааст: «Мо бе оилаю сарпаноҳ, пир ва дар дами марг қарор дорем». Дигар тоҷир бошад чунин навиштааст: «Аз Хитой ба ман ҳар рӯз на хабарҳои хуш, балки хабарҳои бад мерасанд».
Фалокатҳои он давраҳо ба сари инсон омадаро дар асоси ду мактуби дигар низ пайхас намудан мумкин аст. Дар ин мактубҳо як нафар зане, ки аз ҷониби шавҳари худ дар Дунҳуанг бемолу пул танҳо гузошта шудааст, аз шавҳари худ талаб намудааст, ки яке аз хешовандони мардинаи ӯ омада, ӯро барои баргаштан ба шаҳри Лулан ҳамроҳӣ кунад, зеро ӯ ҳамчун зани танҳо ба сафар баромада наметавонад. Вале нависандаи ин мактуб зимни навиштани он аллакай ҳис мекунад, ки шавҳари бевафояш ин дафъа низ ба мактубаш посух нахоҳад дод, аз ин рӯ аз ғояти яъсу ноумедӣ худро дошта натавониста, шавҳарашро дашном додааст: «Кош ман зани саг ва ё хук мешудам, аз он ки зани ту ҳастам». Дар охири маткуб бошад духтари зан низ ба таври постскриптум он тақдири талхеро нигоштааст, ки ӯ ва модарашро интизор аст. Онҳо барои қарзҳои шавҳар ва падари худ ғулом ва чурӣ-хизматгори як нафар хитоӣ шудаанд.
«Кош ман зани саг ва ё хук
мебудам, аз он ки зани ту
ҳастам».
Дар баробари душвориҳои молиявӣ ва эҳтиёҷоти инсонӣ дар ин нома қабл аз ҳама муҳимтарин факту далелҳои таърихӣ ба даст меоянд: Дар ибтидои асри 4 милодӣ аллакай дар шаҳрҳои ҳавзаи Тарим, Гансу ва Хитои шимолӣ якчанд ҷамъиятҳои суғдҳо мавҷуд будаанд. Миёни онҳо чи дар ҳаёти шахсӣ ва чи дар доираи савдою тиҷорат робитаҳои зич ҳукмрон буду онҳо бо ҳамшарикону хешовандон дар ватани худ Согдиана мукотиба доштанд. Вале омили дигар ва муҳимтар, ки аз мактубҳои мазкур маълум мегардад ин аст, ки илму маърифат миёни суғдҳо яке аз арзишҳои воло ҳисобида мешуд. Ҳатто занону кудакон низ хондаю навишта метавонистаанд.
Новобаста аз ин чунин ба назар менамояд, ки фаъолиятҳои тиҷоратӣ дар солҳои охири қарни 4 милодӣ ба пуррагӣ аз байн рафтаанд. Ҳеҷ як маъхазҳои хаттӣ ва бозёфтҳои археологӣ ин давраи таърихро ба таври возеҳу равшан нишон намедиҳанд. Шабакаи суғдҳо бошад новобаста аз ин худро ҳамчун чандиру рақобатпазир нишон дода, давраҳои душворро паси сар намудааст. Аллакай дар асри 5 милодӣ беҳтаршавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ба назар мерасад. Сарчашмаҳои хитоӣ аз мавҷудияти 19 нафар фиристодаҳо, бахусус аз Самарқанд шаҳодат медиҳанд, ки дар солҳои 435-509 ба таври мунтазам ба дарбори сулолаи Вай (386-535) рафтуомад доштанд.
Аҷнабии азизу мӯътабар
Моҳи майи соли 2000 як гурӯҳи кории Пажӯҳишгоҳи археологии музофоти Шаанкси дар қисмати шарқии шаҳри (К)сиан оромгоҳеро мекушоянд, ки дар дохили он ба ҷуз устухонҳои ҷуссаи як одами болиғ бо миёнбанд дар паҳлӯи санги қабр, ки дар долони оромгоҳ мехобид, инчунин як девони кории сангин дигар чизе набуд. Дар гузориши соли 2004 дар вобастагӣ ба кушодашавии ин оромгоҳ омодашуда дастхатҳои хитоӣ ва саҳнаҳои дар тахтасангҳои девон тасвирёфта нашр шуданд. Ин бозёфт нахустин бор дар таърих ҳаёти суғдиҳои сарватмандро дар авҷи ҳокимияту нуфузи онвақтаи худ нишон медиҳад. Дар навиштаҷот чунин омадааст: «Ба ёдбуди Сабао Ан Ҷиа, саргубернатори ҳарбии Тончу (Вайнани имрӯза, 60 километр ғарби пойтахти сулолаи Чжоуи шимолӣ Чанган) сохта шудааст». Марде ки устухонҳои он аз оромгоҳ пайдо гардид, соли 579 дар сини 62 солагӣ вафот кардааст. Вай дар ҳудуди музофоти имрӯзаи Вувей дар оилаи суғди бадавлат ва хитоизани ашрофзода ба дунё омадааст. Падари ӯ намояндаи насли нави муҳоҷирони Бухоро ҳисоб меёфт, ки баъди дубора рушд ёфтани иқтисод ва вусъат ёфтани савдою тиҷорат дар охирҳои асри 5 ва аввалҳои асри 6 ба давлату боигарӣ ноил гардида буданд.
Лавҳаҳои девони сангӣ бо расмҳои ранга ва тиллокориҳои зиёд як нафар марди суғдиро нишон медиҳанд, ки дар тан кафтан (ҳафтон) ва тоқии конусшакли ҳошияҳои бо пашму чарм орододашуда дорад. Вале ӯ на дар ҳолати низомӣ ва муҳити низомӣ истодааст, яъне ӯ на ҳамчун губернатори ҳарбӣ, балки ҳамчун як нафар шахси ғайриҳарбӣ тасвир шудааст. Дар яке аз ин лавҳаҳо ин мардро дар маркази гуфтушунидҳои шахсони олирутба дидан мумкин аст.
Дар дигар ҷой бошуд ӯ ҳангоми вохӯриҳо дар болои асп, зимни гуфтушунидҳои дипломатӣ дар дохили хайма, дар зиёфатҳои ашрофону шикорҳои шоҳон истодааст. Корвони шутурҳо ва саҳнаҳои сафар нишон медиҳанд, ки мавзӯи гуфтушунидҳо маҳз аз чӣ иборат буд, яъне сӯҳбат дар бобати масоили ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ. Тамоми манзараҳои тасвиршуда вазифаю ӯҳдадориҳои як нафар Сабаоро нишон медиҳад. Ин унвон транскрипсияи хитоии як калимаи суғдӣ мебошад, ки маънои ибтидоии он сорбонро дошт. Аз таъсиси нахустин маҳаллаҳои аҳолинишини тоҷирони суғд бо унвони Сабао маҳз пешвоёни интихобшудаи ин ҷамоатҳо номбурда мешуданд, ки вазифаи онҳо бинобар маъхазҳои хаттӣ идоракунии дохилии ҷамъият, ҳамчунин муаррифии онҳо дар берун дохил мешуд. Яъне онҳо дар масъалаҳои баҳсталаб нақши ҳакамҳоро бозида, дар масъалаҳои хориҷӣ аз қабили бастани шартномаҳои тиҷоратӣ ва амалиётҳои пулӣ бо асъорҳои гуногун масъул буданд.
Аз расмҳои дар лавҳаҳои оромгоҳи Ан Ҷиа ба даст омада чунин бармеояд, ки шарики муҳими марди тасвирёфтаи суғдӣ нафаре ба шумор мерафтааст, ки аз мӯисари баланд ва риши дароз турк будани ӯ маълум аст. Дар яке аз саҳнаҳои рамзӣ ҳар ду розмардони савора ба истиқболи якдигар омада истодаанд, агарчанде бо дарназардошти воқеияти иқтисодию стратегии он замон дарки ин расм барои мутахассисион душвор нест. Империяи туркҳо дар қисмати шарқии Хитой аз соли 560 шурӯъ карда савдогарону тоҷирони суғдиро сарватманд гардонида буд. Тоҷирони турк айнан ба мисли тоҷирони суғд аз он манфиат мебардоштанд, ки дар Хитои шарқӣ ду сулола, яъне сулолаи Чжоуи шимолӣ (556-581) ва сулолаи Ци-шимолӣ (550-577) барои соҳиб шудани ҳокимият мубориза мебурданд. Ҳар ду ҷониб низ ба туркҳо се сад сол боҷ медоданд, ки онҳо ё мавқеи бетарафиро ихтиёр кунанд ва ё як ҷониб онҳоро барои маҳв намудани қувваҳои ҷониби дигар истифода мебурд. Хитоиҳо ин маблағҳоро бо абрешим пардохт мекарданд. Бо ин тариқ як миқдори зиёди матои гаронбаҳо ба хонигарии Туркия ворид шуд. Суғдҳо бошанд ҳамчун дипломатҳои варзида аз ҷониби худ ва бо супориши хитоиҳо барои пардохти ин маблағҳо бо туркҳо гуфтушунидҳо мебурданд ва ҳамчунин бо тоҷирони турк барои бозорҳои Ғарб абрешим мефурӯхтанд.
Онҳо аз тасарруфи ватани худ аз ҷониби туркҳо (соли 560) моҳирона истифода бурда, дар натиҷаи забткориҳои туркон империяи тиҷоратии худро вусъат доданд. Аллакай соли 570 онҳо тиҷорати абрешим аз Қрим то Кореяро зери назорат доштанд. Сабао Ан Ҷиа мусоидаткор ва намояндаи як шабакаи глобалии суғдҳо ба шумор мерафт, ки бо ин девони сангин маҳз ёдгорие барои ӯ гузоштанд. Яке аз заминаҳои асосии муваффақиятҳои суғдҳо дар кишварҳои мухталифи Осиё дар баробари донистани забонҳои бисер ҳамчунин озод будани онҳо дар муносибат бо афкори динӣ буд. Чун онҳо ба сифати тарҷумони ҳуруфҳои мухталиф кор мекарданд, дар сарчашмаҳои хитоӣ онҳо ҳамчун намоянда ва паҳнкунандагони се адёни наҷотбахш, яъне Буддизм, Дини масеҳӣ ва Маниехизм қабул карда мешуданд. Агарчанде бисёре аз ҷамъиятҳои суғдҳо як шакли дини зардуштияро пайравӣ мекарда бошанд ҳам, аммо онҳо нисбат ба пайравони динҳои дигар кушоду равшан муносибат мекарданд. Маҳз ин плюрализм асоси муоширати бобарори онҳо бо шарикони тиҷоратӣ дар кишварҳои дигар мерафт.
Дигар шарти асосии бурдбории онҳо қобилияти чандирию мутобиқпазирии онҳо ба муносибатҳои нави сиёсӣ шуморида мешуд. Вақте ки соли 618 оилаи императори хитоӣ Ли сулолаи Танро таъсис дод, суғдҳо аз оғоз дар таъсисии он ҳамчун мушовирон, афсарони артишҳо, дипломатҳо ва ҳунармандону тоҷирон иштирок мекарданд. Аммо маълум мешавад, ки нуфузи ҳарбӣ ва муваффақиятҳои молию иқтисодӣ ба баъзе аз ин нафарон нокифоя будааст.
Марде бо номи Ан Лушан, номи суғдиаш Рухшон (дурахшон) соли 742 губернатори нуфузманди марзи шимолу шарқ гардид. Вай шабакаи иқтисодӣ ва пули суғдҳоро барои омода кардани исён ба муқобили идораи марказии император истифода бурд. Соли 756 ба вай муяссар гардид, ки бо артиши бузурги худ пойтахти империяи Тан шаҳри Чанган (имрӯз (К)сиан) зери тасарруфи худ даровард. Танҳо ҳафт сол баъд ошӯб фурӯ нишонда шуд. Аммо таъсири минбаъдаи он минтақаро солҳои дароз ноором кард. Тахмин меравад, ки зиёда аз нисфи аҳолии дар Хитой маскун дар ин муҳорибаҳо ҷони худро аз даст доданд. Сулолаи аз кашмакашиҳои ҳарбӣ заифшуда то соли 907 давом кард. Шабакаи тиҷоратии суғдҳо дар ин нооромиҳо шикаст хурда аз байн рафт.
Аз сабаби он ки ошӯбҳо қабл аз ҳама аз ҷониби мардуми ғайри хитоӣ ба роҳ монда шуд, ба таври умумӣ мардуми хориҷиро барои дар сар задании ошӯбҳо ва аз байн бурдани империяи Тан гунаҳкор намуданд, мардуми бумӣ қисми зиёди хориҷиёнро кушта ва интегратсияи онҳоро ба роҳ монданд. Он суғдиҳое ки ҷон ба саломат бурда буданд, ноилоҷ либоси хитоӣ ба бар карда, маҷбур буданд, зодгоҳи худро пинҳон доранд. Ҳамин тавр онҳо хитоӣ гардида, дар сарчашмаҳои таърихӣ шинохтану пайдо кардани онҳо номумкин гардид.
Муаллифон: Майке Вагнер,
Патрик Вертманн ва дигарон (Олмон)
Аз олмонӣ тарҷумаи Соҳибназар Ғайратшо
Мавод соли 2011 дар маҷаллаи нашриёти олмонии
„Spektrum der Wissenschaft” зери унвони
„Sogder: die Netzwerker des Ostens“ нашр шудааст.
Манбаъ:https://www.spektrum.de/magazin/die-netzwerker-des-ostens/1054018