Дар ҳошияи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон ҷиҳати иштирок дар Конфронси 17- уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ, 15- 16 октябри соли 2026
15 октябри соли 2026 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари кори вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд. Сафари навбатӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси 17- уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ сурат мегирад, ки дар он одатан ҳамаи давлатҳои иштирокдори Конвенсия намояндагӣ хоҳанд кард.
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ ё Convention on Biological Diversity (CBD) созишномаи байналмилалие мебошад, ки ба ҳифзи гуногунии биологӣ, истифодаи устувори ҷузъҳои он ва манфиатҳои истифодаи захираҳои табиӣ бахшида шудааст. Конвенсия соли 1992 дар Рио-де- Жанейро қабул шуда, 29 декабри соли 1993 эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудааст. Он яке аз санадҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи табиат ба ҳисоб меравад. Мақоми олии Конвенсия Конфронси ҷонибҳо, ё Confrence of the Parties (COP) буда, дар ҷаласаҳои даврӣ омада ва қарорҳо қабул мекунад, иҷрои Конвенсияро арзёбӣ мекунад ва самтҳои нави ҳамкории байналмилалиро муайян месозад.
Дар доираи Конвенсия инчунин Протоколи Картахена ва Протоколи Нагоя амал мекунад:
- Протоколи Картахена ба амнияти биологӣ, коркард ва истифодаи организмҳои зиндаи тағйирёфта равона шудааст;
- Протоколи Нагоя масъалаи дастрасӣ ба захираҳои табиӣ ва тақсими одилонаи истифодаи онҳоро танзим менамояд.
Дар соли 2022 Конфронси ҷонибҳо «Чаҳорчӯбаи ҷаҳонии гуногунии биологии Кунмин – Монреал» - ро қабул кард. Ин ҳуҷҷат самтҳои асосии фаъолияти байналмилалиро то соли 2030 муайян мекунад ва ҳадафи он боздоштани таназзули биологӣ ва барқарорсозии табиат мебошад.
Барои Тоҷикистон Конвенсия аҳамияти калон дорад, зеро кишвар дорои экосистемаҳои куҳӣ, пиряхҳо, дарёҳо, кулҳо, чарогоҳҳо ва намудҳои нодири набототу ҳайвонот мебошад. Тағйирёбии иқлим, камшавии захираҳои об, таназзули чарогоҳҳо, буридани ҷангал ва тағйирёбии истифодаи замин метавонад ба ин экосистемаҳо таъсири ҷиддӣ расонанд. Иштироки Тоҷикистон дар татбиқи Конвенсия метавонад ба таҳкими минтақаҳои махсус ҳифзшаванда, рушди мониторинги биологӣ, ҳифзи намудҳои нодир ва ҷалби сармоягузории байналмилалӣ мусоидат мекунад. Ҳамчунин доираи Конвенсия барои рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи экосистемаҳои кӯҳӣ, захираҳои обӣ ва мубодилаи маълумоти илмӣ имконият фароҳам меорад. Аз нигоҳи амалӣ, Тоҷикистон бояд ҳифзи гуногунии биологиро бо сиёсати об, кишовазӣ, энергетика, сайёҳӣ ва рушди деҳот пайваст намояд. Танҳо дар ин ҳолат ҳифзи табиат ба як самти ҷудогонаи сиёсӣ маҳдуд намешавад, балки ба қисмати сиёсати умумии рушди устувор табдил меёбад.
Маврид ба зикр аст, ки дар заминаи ин Конвенсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологии Тоҷикистон» амал менамояд, ки он ҳуҷҷати сиёсӣ ва барномавӣ буда, самтҳои асосии ҳифз, барқарорсозӣ ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологиро дар кишвар муайян мекунад. Мақсади асосии он нигоҳ доштани захираҳои табиӣ барои наслҳои имрӯз ва оянда, истифодаи оқилонаи он ва коҳиш додани таъсири таҳдидҳои экологӣ мебошад. Дар сатҳи сиёсӣ стратегия ҳадафҳои Конвенсия оид ба гуногунии биологиро ба барномаҳои миллӣ ва чорабиниҳои амалӣ табдил диҳад.
То имрӯз дар Тоҷикистон 25 қонун ва як қатор санадҳои муҳими дигар амал менамояд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст, ки дар миёни онҳо Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ ҷойгоҳи хос дорад.
Яке аз самтҳои муҳими иштироки Тоҷикистон ҳифз ва рушди минтақаҳои махсус ҳифзшаванда мебошад. Мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва боғҳои миллӣ барои нигоҳдории намудҳои нодир, ҳифзи муҳити зист ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ истифода мешаванд. Барои онҳо маблағгузории устувор, мутахассисони соҳибтаҷриба, мониторинги доимӣ ва ҳамкории мақомоти давлатӣ бо аҳолии маҳаллӣ зарур аст. Дар ин замина Конвенсия барои Тоҷикистон меъёрҳо, таҷриба ва ҳамкории байналмилалиро пешниҳод мекунад. Конвенсия барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ имконият фароҳам меорад, ки барои лоиҳаҳои гуногун аз фондҳо ва механизмҳои байналмилалӣ маблағ ҷалб намоянд.
Конфронси 17- уми ҷонибҳои Конвенсияи Созмони Миллаи Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ яке аз муҳимтарин чорабиниҳои байналмилалӣ мебошад, ки дар самти ҳифзи гуногунии биологӣ, захираҳои табиӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ равона шуда, конфронс дар заминаи иҷрои «Чаҳорчӯбаи ҷаҳонии гуногунии биологии Кунмин – Монреал» баргузор мешавад, ки самтҳои асосии сиёсати байналмилалиро то соли 2030 муайян мекунад.
Аҳамияти асосии ин конфронс дар он ифода меёбад, ки ҷомеаҳои байналмилалӣ бояд аз қабули ҳадафҳои умумӣ ба марҳалаи иҷрои амалии он гузарад. Барои Тоҷикистон иштирок дар ин конфронс аҳамияти амалӣ дорад, зеро иштироки фаъол дар чунин раванд метавонад барои Тоҷикистон имкониятҳои зеринро фароҳам созад:
– ҷалби маблағҳои байналмилалӣ барои лоиҳаҳои ҳифзи табиат;
– рушди мониторинги намудҳо ва экосистемаҳо;
– дастгирии таҳқиқоти илмӣ ва муассисаҳои миллӣ;
– мубодилаи таҷриба дар соҳаи минтақаи махсус ҳифзшаванда;
– рушди ҳамкорӣ оид ба захираҳои обӣ ва экосистемаҳои кӯҳӣ;
– баланд бардоштани иқтидори мутахассисон;
Ҳамин тариқ, баргузории ин конфронс дар оянда ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ барои ҳифзи гуногунии биологӣ ва дигар масоили муҳитизистӣ такони нав хоҳад бахшид.
ДОСТИЕВА Дилафруз,
ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ