Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои бузургтарин ва муқаддастарини ҳар як давлату миллат маҳсуб ёфта, ҳамчун омили муҳими таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот ва пешрафти ҷомеа хизмат мекунад. Маҳз ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ ҷомеаро ба сӯи рушду тараққиёт, ободонӣ ва зиндагии шоиста раҳнамоӣ менамоянд. Барои халқи тоҷик Ваҳдати миллӣ на танҳо як санаи муҳими таърихӣ, балки рамзи дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва ягонагии тамоми мардуми кишвар мебошад.
Бо шарофати сулҳу ваҳдат Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист мушкилоти сангини солҳои аввали соҳибистиқлолиро паси сар намуда, роҳи рушди устувор ва давлатдории навинро интихоб намояд. Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ ҳамчун неруи муттаҳидкунандаи миллат дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум нақши бузург ва сарнавиштсоз дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати хирадманду сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».
Мавриди қайд аст, ки халқи тоҷик аз қадимулайём бо фарҳанги ғанӣ, таърихи пурифтихор ва анъанаҳои давлатдории худ дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Аҷдодони мо баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, истиқлолият ва тамомияти сарзамини хеш ҷоннисориҳои зиёде намудаанд. Маҳз ҳамин рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ боис гардид, ки миллати тоҷик дар тӯли таърих аз имтиҳонҳои зиёди рӯзгор сарбаландона гузашта, ҳастии миллии худро нигоҳ дорад.
Ҷанги шаҳрвандӣ боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар, муҳоҷирати маҷбурии садҳо ҳазор шаҳрвандон ва вайрон гардидани иқтисодиёти кишвар гардид. Дар он солҳои вазнин Тоҷикистон дар остонаи парокандашавӣ қарор дошт. Аммо иродаи қавии мардуми тоҷик ва кӯшишҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат тавонистанд кишварро аз ин вартаи ҳалокатбор наҷот диҳанд.
Санаи 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд. Аз рӯзҳои аввали фаъолият Сарвари давлат ҳадафи асосии худро барқарор намудани сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва муттаҳид сохтани тамоми қишрҳои ҷомеа муайян намуданд.
Санаи 8 декабри соли 1992 зимни муроҷиати худ ба мардуми Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба сулҳу ваҳдат, сабру таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуда, таъкид карданд, ки ояндаи миллат танҳо дар шароити сулҳу оромӣ таъмин мегардад. Ин суханони таърихӣ дар дили мардум тухми умед кошта, онҳоро ба ояндаи нек боварманд сохт.
Бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи роҳбарияти давлат музокироти сулҳи тоҷикон оғоз гардид. Дар ҷараёни гуфтушунидҳои тӯлонӣ намояндагони ҷонибҳои мухталиф барои расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ саъю кӯшиш намуданд. Ниҳоят, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ин рӯйдод ҳамчун яке аз муҳимтарин воқеаҳои таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Имрӯз Ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати бебаҳо ва дастоварди бузурги сиёсӣ эътироф гардидааст. Таҷрибаи сулҳофаринии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бисёр кишварҳои ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тоҷик тавонист тавассути хиради азалӣ, таҳаммулпазирӣ ва иродаи қавӣ роҳи сулҳу созандагиро интихоб намояд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои гуногуни муосир ҳифзи Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Хусусан ҷавонон, ки неруи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, бояд барои таҳкими сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ҳамин тариқ, Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ буда, ҳамчун неруи муттаҳидкунандаи миллат дар таҳкими давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди ҷомеа нақши ҳалкунанда дорад. Маҳз ба шарофати ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар роҳи ободонӣ ва пешрафт қадамҳои устувор мегузорад. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Дар ин замина, мо бояд бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, худогоҳӣ ва ватандӯстӣ барои пойдории сулҳ, ягонагӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошем, то ин мероси гаронбаҳо барои наслҳои оянда низ ҳифз ва побарҷо бимонад.
БЕКОВА Озода,
ходими хурди илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ