«Ҳю, ба ман бигӯ, оё нигоҳ доштани чунин сафоратҳои хурд воқеан зарур аст? Яъне, онҳо то чӣ андоза метавонанд таъсиргузор бошанд? Ва боз як саволи дигар- Барои чӣ бояд ман аз як чойхона дидан кунам?»
Ин суоле буд, ки Сэр Саймон Макдоналд, ки акнун ҳамчун лорд Макдоналд аз Солфорд шинохта мешуд, тирамоҳи соли 2018 ҳангоми дар назди қаҳвахонаи «Старбакс» дар фурудгоҳи кӯҳнаи Отатурки шаҳри Истанбул менишастем, ба ман дод. Он вақт ӯ роҳбари доимии маъмурии Вазорати корҳои хориҷӣ ва умури Иттиҳоди Миллатҳои Британияи Кабир ва ҳамзамон роҳбари Хадамоти дипломатии ин кишвар буд. Ин вазорат, ки он замон ҳачун Вазорати корҳои хориҷӣ ва умури Иттиҳоди Миллатҳо (FCO) маълум буд, баъдан ба Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳоди Миллатҳо ва рушд (FCDO) табдили ном кард, дар байни вазоратҳои асосии ҳукумати Британияи Кабир ҳамеша яке аз буҷетҳои хурдтаринро дошт, аммо шабакаи намояндагиҳо ва ҳузури байналмилалии он аз густардатаринҳо ба шумор мерафт. Аз ин рӯ, вазорат пайваста зери фишор қарор дошт, то исбот кунад, ки маблағҳои ҷудошуда ба таври самаранок ва бо натиҷаи муносиб харҷ мешаванд. Яке аз вазифаҳои Саймон муайян кардани он буд, ки захираҳои дипломатии Британияи Кабир дар кадом нуқтаҳои ҷаҳон метавонанд таъсири бештар дошта, натиҷабахшанд.
Он вақт ман сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон будам ва аз сафари корӣ ба Истанбул бармегаштам, ки Саймон ҳам тоза аз Лондон омада буд. Мо интизори парвози шабона ба Душанбе будем. Ӯ мебоист ҳамагӣ як рӯзро бо ман дар Душанбе гузаронда, сипас сафари худро ба чанд намояндагии дипломатии хурдтарини Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ идома диҳад.
Саволҳои ӯ комилан мантиқӣ буданд. Ман низ, мисли ҳар сафири дигар, бар ин бовар будам, сафорате, ки роҳбарӣ мекардам, аҳаммияти хос дорад. Аммо мушкил дар он буд, ки нигоҳдории сафоратҳои хурд нисбат ба ҳаҷми фаъолияташон хароҷоти зиёдро талаб мекунад. Барои фаъолияти онҳо биноҳои дорои низоми амниятии боэътимод, воситаҳои алоқаи ҳифзшуда, кормандони баландихтисос ва дастгирии назарраси логистикӣ заруранд. Ман метавонистам суханро аз шарҳи вазъи Афғонистон, «Бозии бузург», ҷинояткории муташаккил ва аҳаммияти стратегии Осиёи Марказӣ оғоз кунам. Аммо Саймон ҳамаи инро аллакай медонист. Ӯ на танҳо дипломати варзида, балки муаррихи огоҳ низ мебошад. Бар ивази ин ман танҳо табассум кардаму халос.
“Умедворам”, - ҷавоб додам ман, “худи Тоҷикистон ба саволи шумо посух хоҳад дод”.
Гоҳо вақте одамон мефаҳмиданд, ки ман сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон ҳастам, одатан аввал мепурсиданд: «Тоҷикистон аниқ дар куҷо ҷойгир аст?» Аксар вақт баъди ин саволи дигар меомад: «Чаро Британияи Кабир дар он ҷо сафорат дорад?» Ин саволҳо мантиқианд.
Аснои хондани ин мақола, шумо эҳтимол аллакай медонед, ки Тоҷикистон кишвари кӯҳистониест, ки даҳ миллион аҳолӣ дорад ва дар байни Афғонистон, Чин, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҷойгир аст. Аз нигоҳи Британияи Кабир, ҳаҷми тиҷорат бо Тоҷикистон чандон зиёд нест, сайёҳони камтар ба ин кишвар меоянд ва он хеле кам дар сархати хабарҳо қарор мегирад.
Дар шароите, ки буҷетҳои давлатӣ таҳти фишори зиёд қарор доранд, Тоҷикистон шояд дар назари аввал он қадар кишвари мувофиқе ба назар нарасад, ки Британияи Кабир дар он сафири муқимӣ дошта бошад. Аммо дипломатия ҳеҷ гоҳ танҳо бо ҳуҷҷатҳо ва ҳисобу китоб маҳдуд нашудааст. Харитаҳо як манзараро нишон медиҳанд, аммо воқеияти ҷуғрофӣ паҳлуҳои дигари масъаларо ошкор месозад. Агар ба масъала амиқтар назар кунем, мебинем, ки Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои аз нигоҳи стратегӣ ҳассостарини Авруосиё ҷойгир аст. Он бо Афғонистон беш аз 1300 километр сарҳади муштарак дорад. Тоҷикистон дар миёни ҷаҳони русӣ, чинӣ ва форсизабон қарор гирифтааст. Сарчашмаи як қатор дарёҳои бузурги Осиёи Марказӣ низ дар қаламрави он ҷойгир буда, миллионҳо нафар дар кишварҳои поёноб барои таъмини ниёзҳои худ ба оби ин дарёҳо вобастаанд. Ҳамзамон, Тоҷикистон дар чорроҳаи манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ қарор дорад, ки доираи таъсири онҳо аз ҳудуди худи кишвар хеле фаротар меравад.
Барои Британияи Кабир, шинохти чунин кишвар на интихоби ихтиёрӣ, балки иқдоме оқилона ва дурандешона аст. Аммо танҳо мавқеи ҷуғрофӣ барои асоснок кардани зарурати доштани сафорат кофӣ нест. Агар харитаҳо тамоми воқеиятро инъикос мекарданд, сафирони Британия метавонистанд ҳамеша дар Лондон бимонанд. Вазифаи аслии сафорат танҳо мушоҳида кардани рӯйдодҳо набуда, балки шинохти мардум ва дарки амиқи зиндагии онҳоро низ фаро мегирад. Ин раванд фурсати бештар талаб мекунад ва иштироки бевоситаро тақозо менамояд.
Вақте ки соли 2015 ба Душанбе омадам, дар ихтиёрам маҷмуи маълумоти маъмулии дипломатӣ қарор дошт. Дар он тамоми заминаҳои сиёсӣ, маълумоти иқтисодӣ, арзёбиҳои амниятӣ ва рӯйхати адабиёт барои мутолиа гирд оварда шуда буданд. Ин маҷмуа ҳамаҷониба, касбӣ ва бисёр зарур буд. Бо вуҷуди ин, он дар бораи кишваре, ки ман бояд дар он намояндаи Британия мешудам, ба таври ғайрчашмдошт, маълумоти кофӣ намедод ё аниқтараш, дар он овози худи тоҷикон хеле кам шунида мешуд, зеро аксари адабиёти дастрас ба забони русӣ буданд ё аз ҷониби муаллифони аврупоӣ ва амрикоӣ навишта шуда буданд.
Ҳеҷ як гузориши таҳлилӣ наметавонад шарҳ диҳад, ки чаро мӯйсафеди як деҳа меҳмоннавозиро масъалаи шараф медонад. Ҳеҷ гузориши сиёсӣ он чиро ки инсон дар ҷараёни соатҳо ронандагӣ аз миёни кӯҳҳои Помир эҳсос менамояд ё аз тариқи шунидани сухани як соҳибкори ҷавон дар бораи умед ва орзуҳои нек барои кишвараш дарк мекунад, наметавонад ба дурустӣ бозтоб диҳад. Омор шарҳ намедиҳад, ки чаро шеърҳои шоирони форсигӯ дар гуфтугӯҳои ҳаррӯза иқтибос мешаванд ё чаро як оҳанги суннатӣ метавонад шунавандагонро ба сукут водор созад. Ин чизҳоро танҳо тавассути зиндагӣ дар кишвар, гӯш додан ба мардум ва бо гузашти вақт ба қисме аз қиссаи он табдил ёфтан омӯхтан мумкин аст. Ман кӯшиш кардам, ки ҳамин корро анҷом диҳам. Бо гузашти вақт дарк кардам, ки баъзе аз пурарзиштарин суҳбатҳои дипломатии ман на дар вазоратҳо, балки дар ҷойҳои дигар сурат гирифтаанд. Онҳо дар мактабҳо ва донишгоҳҳо, дар деҳаҳои кӯҳистон ва хонаҳои мардум, дар консертҳо, ҳангоми нӯшидани пиёлаҳои бешумори чойи сабз ва гоҳ-гоҳ ҳангоми кӯшиши суруд хондан ба забони тоҷикӣ баргузор мешуданд. Ин суҳбатҳо хеле кам сарлавҳаҳои ҳаяҷонбахши хабарҳоро ба вуҷуд меоварданд. Аммо онҳо чизи хеле пурарзиштареро фароҳам меоварданд. Онҳо ба мо фаҳмиш мебахшиданд ва ин фаҳмиш дар ҳар ду самт ҷараён дошт.
Одамон аксар вақт гумон мекунанд, ки вазифаи сафирон шарҳ додани Британияи Кабир ба кишварҳое мебошад, ки дар онҳо фаъолият мекунанд. Албатта, онҳо чунин вазифа доранд. Аммо сафирон ҳамзамон вазифаи баробарарзиши муҳимро низ иҷро мекунанд, онҳо кишварҳои мизбонро ба Лондон муаррифӣ менамоянд ва дар бораи онҳо маълумоти ҷолиб медиҳанд.
Вақте вазирони Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳамсӯд ва рушди Британияи Кабир барои машварат муроҷиат мекунанд, ба онҳо танҳо далелҳо кофӣ нестанд. Онҳо ба заминае ниёз доранд, ки ба ин далелҳо маъно мебахшад. Ба шахсе эҳтиёҷ доранд, ки на танҳо дар бораи он чӣ рӯй дода истодааст, балки чаро чунин шуданашро низ бо дониши муътамад шарҳ дода тавонад. Чунин фаҳмиш тадриҷан аз як мулоқот то мулоқоти дигар, аз як суҳбат то суҳбати дигар ва аз як муносибат то муносибати дигар ташаккул меёбад. Мушкилоти воқеӣ вақте пеш меояд, ки барои баёни ҳамаи ин ҳамагӣ сад калима дар ихтиёр доред. Шинохти хуби кишвар имкон медиҳад, ки бидуни аз даст додани маъно мухтасар сухан гӯед.
Чунин фаҳмишро дар лаҳзаи сар задани буҳрон ба вуҷуд овардан имкон надорад. Он бояд пешакӣ мавҷуд бошад. Маҳз аз ҳамин сабаб сафоратхонаҳо аҳамият доранд. Дастовардҳои бузургтарини онҳо аксар вақт ноаён мемонанд, шиносоии корие, ки пас аз чанд сол оромона ба сармоягузорӣ меорад, муносибати боэътимоде, ки дар давраҳои таниши сиёсӣ имкон медиҳад суҳбатҳои ошкоро сурат гиранд, шабакаи хадамоти консулӣ, ки ҳангоми ба ёрӣ ниёз пайдо кардани шаҳрванди Британияи Кабир аллакай омодаи фаъолият ҳастанд. Ҳамчунин, ин ҳама натиҷаи солҳои омӯзиши забон, фарҳанг ва таърихи кишвар аст донише, ки ногаҳон метавонад барои қабули қарорҳо дар Уайтҳолл аҳамияти ҳалкунанда пайдо кунад. Дипломатия сармоягузорӣ ба дониши маҳаллӣ аст, инчунин сармоягузорӣ ба омӯхтани он чизҳое, ки ҳатто намедонистем донистанашон зарур аст. Ин кор хеле пеш аз он сурат мегирад, ки чунин дониш ҳаётан муҳим ва фаврӣ гардад.
Дар охири барномаи сафари Саймон, яъне пас аз мулоқот бо роҳбарони ҳукумати Тоҷикистон, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, дипломатҳои хориҷӣ ва ҷавононе, ки оянда роҳбарии кишварро ба уҳда хоҳанд гирифт, ману ӯ аз ҳамон чойхонае дидан кардем, ки дар Истанбул боиси саволаш гардида, дар идораи кориаш дар Лондон низ мӯҷиби тааҷҷубу шубҳа гардида буд. Ин чойхона як макони одӣ набуд. Сухан дар бораи «Кохи Наврӯз» меравад -маҷмааи бошукӯҳи чойхона ва маркази баргузории конфронсҳо, ки ба муносибати нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2014 бунёд гардид. Ин маҷмааи муҳташам барои баргузории зиёфатҳои расмии давлатӣ, конфронсҳои байналмилалӣ ва қабули меҳмонони расмӣ истифода мешавад. Пас, савол ин аст, ки чаро ман роҳбари Хадамоти дипломатии Британияи Кабирро маҳз ба ҳамин ҷо овардам?
Дар даромадгоҳ моро Барно пешвоз гирифт- роҳбалади асосӣ, зани серғайрату пурҷӯшу хурӯше, ки ман ӯро тадриҷан бонуи соҳибихтиёри «Кохи Наврӯз» медонистам. Ӯ моро самимона истиқбол гирифта, бо шавқу ҳаваси беандоза аз як толор ба толори дигар мебурд. Барно аз ин бино ва аз он чизе, ки он таҷассум мекард, ифтихори бузург дошт. Ӯ ба сақфҳои кандакоришуда ва сангҳои сайқалёфта ишора карда, гуфт:
- Ана, бинед! Ҳамаи инро устоҳои моҳири тоҷик сохтаанд. Ҳеҷ кадомашро хориҷиён насохтаанд. Бинед! Барно танҳо як бинои нодиру ҳайратангезро ба мо нишон намедод. Ӯ ба мо Тоҷикистонро муаррифӣ мекард.
“Чойхона” дар саросари ҷаҳони форсизабонон ва Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи хос дорад. Новобаста аз он ки он дар деҳаи дурдаст ҷойгир аст ё дар пойтахт, чойхона танҳо маконе барои оромона чой нӯшидан ва суҳбат кардан нест. Ин ҷоест, ки меҳмоннавозӣ на танҳо як одоби нек, балки вазифаи ахлоқӣ шумурда мешавад, маконест, ки одамон дар он оромона бо андешаҳо ва дидгоҳҳои гуногун ошно мешаванд ва меҳмонон тадриҷан тарзи зиндагӣ ва рӯҳияи ҷомеаро дарк мекунанд, хуллас чизе, ки ҳеҷ гузориши иттилоотию таҳлилӣ ё мулоқоти расмӣ онро ба ҳамин андоза равшан карда наметавонад.
«Кохи Наврӯз» бошад, қиссаи боз ҳам амиқтареро бозгӯ мекунад. Ҳангоме ки, Барно моро аз толорҳои бошукӯҳи маҷмаа мегузаронд, Саймон пай бурд, ки ҳар як толор намунаи хоси ҳунармандӣ ва мероси фарҳангии тоҷиконро таҷассум мекунад. Дар як толор кандакориҳои нозуку мураккаби чӯбин, дар толори дигар сангҳои сайқалёфтаи Помир ва дар толори сеюм оинакориҳои чашмрабое ба назар мерасиданд, ки анъанаи ҳунари бадеии тамаддуни форсро, ки таърихи ҳазорсола дорад, инъикос мекарданд. Ҳамаи ин дар маҷмуъ на танҳо як бинои бошукӯҳ, балки саёҳат дар тамаддунеро таҷассум менамояд, ки дар ташаккули Тоҷикистон муосир нақши муҳим бозидааст. Вақте Саймон аз як толор ба толори дигар мегузашт, дигар ба ин маҷмаа танҳо ҳамчун маркази баргузории конфронсҳо нигоҳ намекард. Ӯ таърихи як кишварро дар нақшу нигори чӯб, санг ва шиша мехонд.
Ин боздид як қисми фароғатӣ миёни мулоқоту корҳои расмӣ набуд. Баръакс, худи он яке аз муҳимтарин бахшҳои кори дипломатӣ ба шумор мерафт. Агар Саймон мефаҳмид, ки тоҷикон бо чӣ сабаб ва бо кадом андеша «Кохи Наврӯз»-ро чунин бунёд кардаанд, метавонист худи Тоҷикистонро низ амиқтар дарк кунад. Дипломатия танҳо шинохти ҳукуматҳо нест. Он ҳамчунин фаҳмидани таърих, фарҳанг ва арзишҳои мардумест, ки ин ҳукуматҳо намояндагӣ мекунанд. Пеш аз оғози суҳбат дар бораи амният, тиҷорат ё суботи минтақавӣ, бояд тамаддунеро шинохт, ки ба ташаккули кишвар таъсир расонидааст. «Кохи Наврӯз» ин ҳама маъниро аз ҳар гуна муаррифие, ки ман метавонистам омода кунам, равшантару таъсирбахштар ифода мекард.
Ҳангоми аз маҷмааи мазур баромадан, Саймон ба ман рӯ оварда, табассум кард.
- Акнун фаҳмидам, ки чаро маро ба ин чойхона овардӣ. Он воқеан ҳайратангез аст ва дар бораи кишвар бисёр чизро нақл мекунад.
Ҳамин як ҷумлаи кофӣ буд, то бифаҳмам, ки Саймон худаш ба саволи пешинааш ҷавоб ёфтааст. Ҳадафи ин боздид ҳеҷ гоҳ танҳо тамошои меъмории бино набуд, балки мақсад шинохти Тоҷикистон аз наздикро дошт.
Ҳангоми рафтан умед доштам, ки Саймон акнун хуб дарк кардааст, арзиши сафорати хурдро танҳо аз рӯйи шумораи кормандон ё ҳаҷми тиҷорате, ки ба рушди он мусоидат мекунад, муайян кардан мумкин нест. Арзиши аслии чунин сафорат дар он аст, ки ба Британияи Кабир барои шинохти кишварҳое чун Тоҷикистон аз нигоҳи худи онҳо кумак мерасонад. Ин раванд метавонад аз утоқҳои кории мақомоти давлатӣ оғоз шавад, аммо дарки воқеии кишвар маҳз дар ҷойҳое ба анҷом мерасад, ки мардум зиндагии ҳаррӯзаи худро мегузаронанд, дар деҳаҳо, мактабҳо, хонаҳои оилавӣ ва гоҳе дар атрофи як чойник чойи сабз, дар чойхона.
Ҳамон рӯз, вақте ки мо боздиди худро дар Душанбе идома дода, бо вазирон мулоқот мекардем, аз лоиҳаҳои гуногун дидан менамудем ва бо кормандони сафорат суҳбат мекардем, ман пайваста дар андеша будам, ки саволи Саймон аллакай худ аз худ посухи худро ёфта буд. На барои он ки ман зарурати ҳузури Британияи Кабирро дар Тоҷикистон исбот карда бошам, балки барои он ки худи Тоҷикистон инро нишон дод. Имрӯз низ ҳар гоҳ аз ман мепурсанд, ки чаро Британияи Кабир дар Тоҷикистон сафорат дорад, ҳамон суҳбати назди қаҳвахонаи «Старбакс» ба ёдам меояд.
Арзёбии фаъолияти сафорат аз рӯйи ҳаҷми буҷет, шумораи кормандон ё арзиши тиҷорати дуҷониба кори осон аст. Ин нишондиҳандаҳо муҳиманд, аммо онҳо тамоми паҳлуҳои фаъолияти сафоратро инъикос намекунанд. Қиммати воқеии сафорати хурд дар чизест, ки муайян кардану бо рақамҳо ифода намудани он хеле душвор аст. Ин арзиш дар он нуҳуфта аст, ки сафорат ба Британияи Кабир дар бораи як гӯшаи ҷаҳон, гӯшае, ки аҳаммияти он, сарфи назар аз масоҳати хурд ё дурии ҷуғрофиаш, метавонад аз он чи дар назари аввал ба назар мерасад, хеле бештар бошад. Сафоратҳо на танҳо барои кишварҳое таъсис дода мешаванд, ки шинохтану дарк карданашон осон аст. Онҳо ҳамчунин барои он заруранд, ки шинохти баъзе кишварҳо сабру таҳаммул, шавқи омӯзиш ва омодагии бодиққат гӯш карданро талаб мекунад. Дар ниҳоят, маҳз ҳамин аст сабаби он ки Британияи Кабир дар Тоҷикистон сафорат дорад.
Муаллифи матни аслӣ: Ҳю Стэнли Филпотт, сафири собиқи Британияи Кабир дар Тоҷикистон
Тарҷума аз забони англисӣ: Гулҳаё Мадимарова, ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупо Институти омузиши масъалҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Сарчашма: https://rsaa.org.uk/blog/the-tea-house-answer-in-tajikistan/