Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ буда, яке аз муҳаққиқони соҳаи ҳуқуқи меҳнат, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ ва ҳуқуқи муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти илмӣ ва касбии ӯ ба омӯзиш, таҳлил ва такмили заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва рушди низоми таъминоти иҷтимоӣ равона гардидааст.
Дар корҳои илмии худ ӯ масъалаҳои танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва такмили қонунгузории миллиро мавриди омӯзиш қарор додааст. Рисолаи доктории ӯ таҳти унвони «Танзими ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои байналмилалӣ ва меҳнатӣ», ки соли 2025 ҳимоя шудааст, ба ин самти муҳими илми ҳуқуқ бахшида шудааст.
Монографияи ӯ «Ташаккули ҳуқуқи муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва амалия» (2022) дар омӯзиши ташаккул ва рушди ҳуқуқи муҳоҷират дар Тоҷикистон аҳаммияти илмӣ дорад. Ин самти таҳқиқот барои дарки робитаи муҳоҷират бо қонунгузории миллӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ замина фароҳам меорад.
Маҳмадуллозода муаллифи китобҳои дарсии «Ҳуқуқи таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2020) ва «Ҳуқуқи меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2021, бо ҳаммуаллифӣ) мебошад. Ин асарҳо дар омӯзиши низоми ҳуқуқии меҳнат ва таъминоти иҷтимоӣ, омодасозии мутахассисони соҳа ва рушди таълими ҳуқуқшиносӣ саҳм мегузоранд. Ӯ ҳамчун яке аз муаллифони таҳияи «Тафсири Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2026) мебошад, ки асари мазкур ба шарҳу тавзеҳи меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва истифодаи дурусти онҳо дар фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ мусоидат мекунад.
Фаъолияти тӯлонии ӯ дар сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарикунанда, имконият фароҳам овардааст, ки масъалаҳои амалии идоракунии меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар таҳқиқоти илмии ӯ инъикос ёбанд. Муаллифи се монография, ду китоби дарсӣ, иштирокчии таҳияи тафсири Кодекси меҳнат ва муаллифи беш аз 80 мақолаи илмӣ ва таҳлилӣ будани ӯ аз фаъолияти густурдааш дар соҳаи таҳқиқоти ҳуқуқшиносӣ шаҳодат медиҳад.
Айни замон муовини директор оид ба илм ва таълими Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ фаъолият карда истодааст.
Ҳамин тариқ, саҳми устод Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло дар рушди илмҳои ҳуқуқшиносии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар таҳқиқи масъалаҳои назариявӣ ва амалии ҳуқуқи муҳоҷират, такмили танзими ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди ҳуқуқи меҳнат ва таъминоти иҷтимоӣ, инчунин таҳияи адабиёти илмӣ ва таълимӣ ифода меёбад. Осори ӯ барои омӯзиши мушкилоти ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ, такмили қонунгузории миллӣ ва густариши таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои мазкур аҳаммияти илмӣ ва амалӣ дорад.
Бо камоли эҳтиром, устод Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматуллоро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, барояшон тансиҳатии комил, умри бобаракат, хотири ҷамъ, рӯзгори обод ва саодати пойдор орзу менамоем. Бигзор ҳар рӯзи зиндагӣ саршор аз шодиву нишот, меҳру муҳаббати наздикон ва дастовардҳои нав бошад.
Орзумандем, ки дар тамоми марҳалаҳои зиндагӣ файзу баракат, хушбахтӣ ва комёбӣ ҳамсафари устод бошанд ва ҳар соли нави умр бо рӯйдодҳои нек, хотираҳои гуворо ва имкониятҳои тоза оғоз гардад.
Зодрӯз муборак, устоди арҷманд! Ба Шумо саломатии бардавом, рӯзгори пурсаодат, оромиши рӯҳу равон ва рӯзҳои пур аз нуру нишот таманно дорем. Бигзор меҳру эҳтироми атрофиён ва баракати зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳатон бошад!
Соҳиби Баҳруло,
ходими калони илмии шуъбаи Аврупои
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ