×

ПОЙДОРИИ СУЛҲУ СУБОТ АЗ ВАҲДАТ АСТ!

Бозгашт ба мавод

ПОЙДОРИИ СУЛҲУ СУБОТ АЗ ВАҲДАТ АСТ!

ИОМДОА Таърих 25-06-2026 ш.Душанбе
ПОЙДОРИИ СУЛҲУ СУБОТ АЗ ВАҲДАТ АСТ!

Ба даст овардани Ваҳдати миллӣ дар таърихи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол дастоварди беназире буд. Рушди ҷомеа ва ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳаёти солим ва некӯаҳволӣ аз таҳкими Ваҳдати миллӣ вобастагӣ дорад.       Моҳияти  ин  мафҳум  аз  он  иборат  аст,  ки  вақте дар  бораи  Ваҳдати  миллӣ  дар  ҷомеа  сухан  меронем, ин танҳо ба намояндагони  як  миллат  ё  тоҷиконе,  ки  дар ҳудуди  Тоҷикистон  зиндагӣ  мекунанд  тааллуқ  надошта, балки  Ваҳдат  ва  ҳамгироии  кулли  мардуми  кишвар  дар назар  аст, яъне  он  ба  ҳамаи  тоҷикистониён  тааллуқ  дорад. Пас, Ваҳдати миллӣ, ин ваҳдати тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.

Бояд қайд намуд, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои навадуми асри гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд. Тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро буҳрон фаро гирифта буд, вале роҳи раҳоӣ аз ин вазъияти душвору хатарнок муносибати оқилона ва дурандешонаро тақозо мекард. Бояд гуфт, ки халқи тоҷик барои расидан ба Ваҳдати миллӣ имтиҳонҳои басо душвору сангинро пушти сар кард. Ба шарофати хирадмандие, ки аз қаъри асрҳо бармеояд, халқи мо аз ҷанги бародаркушии ғайричашмдошт раҳои ёфт.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 29 сол  қабл аз ин  ба  имзо расид.  Ин санади ҳаётан муҳим роҳи душвор ва ноҳамворро дар муносибатҳои қувваҳои бо ҳам  мухолифи  байни тоҷикон  пушти  сар  кард.  Расидан ба Ваҳдати  миллӣ  фосилаи  тӯлонӣ  ва  пурмашаққат  буд.  Донишманди тоҷик  Иброҳим  Усмонов  расидан  ба  ин  санаи муқаддасро ба ду марҳила ҷудо мекунад: Марҳилаи  якум  музокироти сулҳи тоҷикон ном дошта, аз моҳи апрели соли  1994 то 27 июни соли  1997 давом кард ва бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба анҷом расид. Марҳилаи дуюм таъсиси Комиссияи оштии миллист, ки барои ҷамъбасти натиҷаҳои гуфтушуниди байни тоҷикон ташкил шуд, аз 4 июли соли  1997 то 31 марти соли 2000 давом кард. Бояд тазаккур дод, ки ин ду марҳила раванди сулҳи тоҷиконро ташкил дод. Расидан ба Ваҳдати миллӣ якҷониба набуд ва ҳар ду ҷониб баҳри манфиати  миллату халқи Тоҷикистон, ояндаи  фарзандон  ва  рушду  нумӯи  кишвар  аз  ҳама  гуна  манфиатҳои хусусӣ даст кашида,  манфиати  миллатро  боло  гузошта, 27 июни соли  1997  ба санади  Созишномаи  умумии  истиқрори  сулҳ  ва ризояти  миллиро  имзо  гузошта шуд.

Дарвоқеъ таъмини сулҳ ва суботи кишвар бе саъю кӯшиши бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради волои мардуми мо номумкин буд. Маҳз заҳмати бевоситаи Сарвари давлат боис гардид, ки сулҳ барқарор гардад. Аз ҷониби Пешвои миллат консепсияи Ваҳдати миллӣ пешниҳод  шуд,  ки  барои  амалӣ  сохтани  он роҳбарияти кишвар ба неруи созанда  ва  тамаддунгарои  ҷомеаи  тоҷик такя намуд. Пешвои миллат тамоми истеъдоди сиёсии худро баҳри  овардани  сулҳ  ба  Ватан  равона  намуд.  Қобили зикр аст, ки  маҳз  дар  давраи  гузарондани  музокироти байни тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  ташаккули  фарҳанги ваҳдатгароӣ замина гузошт, ки он имрӯз унсури ҷудонашавандаи тафаккури сиёсии ҷомеаи тоҷик мебошад. Халқи тоҷик  бо роҳбарии  оқилонаи  Пешвои муаззами  худ  зиракии  сиёсиро  аз  даст  надода,  тавонист  доман  задани  бозиҳои  геополитикии  доираҳои  манфиатхоҳи  хориҷиро  пешгирӣ  намуда,  ба  табдил  шудани ҷанги  шаҳрвандӣ  ба  ноамнии  минтақавӣ ва  ҷаҳонӣ  роҳ надиҳад. Сулҳе, ки Пешвои миллат ба ҳамватанони маҳбубаш овард, кафили истиқлолияти сиёсии на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ гашт.

Бешубҳа, Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои соҳибистиқлолӣ буда, таҷассумгари фарҳанги баланд, хирад ва майли мардуми мо ба сулҳпарварӣ мебошад. Бо гузашти солҳо арзишу аҳаммияти ин дастоварди бузург боз ҳам афзунтар мешавад. Ба шарофати ин халқи тоҷик соҳибихтиёрии кишвар, тамомияти арзии онро ҳифз намуда, ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.

Ваҳдати миллӣ  - оғози  бо  ҳам  омаданҳо,  даст  кашидан аз  ҳама  гуна хатарҳо,  рӯ овардан  ба  муттаҳадию  ҳамдигарфаҳмӣ  дар  оғози  бунёди  давлати навин ва соҳибистиқлол ба шумор меравад.  Дар тантанаи бахшида ба чордаҳумин  солгарди  Ваҳдати  миллӣ,  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронии хеш, қайд кардаанд,  ки «Мо маҳз ба  шарофати  Ваҳдати  миллӣ  ва  дар  ин  замина  муттаҳид сохтани  нерӯҳои  сиёсӣ,  таъмин  кардани  ризоияти  ҷомеа тавонистем,  ки  Истиқлолияти  давлатӣ  ва тамомияти  арзии кишварамонро ҳифз  кунем  ва сарҷамъии  мардуми Тоҷикистонро таъмин намоем».

Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои тақвияти Ваҳдати  миллӣ корҳои  зиёде  ба  анҷом  расонида  шудаанд,  аз  он ҷумла:  эҳёи хотираи  таърихии  миллат,  баланд бардоштани  ҳисси худшиносии  миллӣ,  таваҷҷуҳи  хосса  намудан  ба  таърих  ва фарҳанги  миллӣ,  гиромидошти  шахсиятҳои  илмиву  адабӣ,  нашр ва тақдими китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров, эҳтиром  ва  бузургдошти  забони  модарӣ,  ташкил  намудани озмунҳои  сатҳи  ҷумҳуриявӣ  -  «Фурӯғи  субҳи  доноӣ  китоб  аст», «Илм  фурӯғи  маърифат»,  «Тоҷикистон  -  ватани  азизи  ман» ва «Тоҷикон»  -  оинаи  таърихи  миллат»,  бунёди  роҳҳо  ва  нақбҳо, таъсиси  мактабҳои муосири ба талабот ҷавобгӯ  ва  муассисаҳои  таълимӣ,  сохтмон  ва  ба истифода додани майдонҳои Парчам ва Нишони давлатӣ қариб дар  ҳамаи  шаҳру  ноҳияҳо,  бунёди  НБО  Роғун,  табдил  додани шаҳри  Душанбе  -  пойтахти  кишвар  ба  шаҳри  сулҳ  ва  маркази ҳамгироии  тамоми  минтақаҳои  Тоҷикистон  ва  ғ.  Ҳамаи ин омилҳои калидие ҳастанд, ки барои якпорчагии як халқ ва Ваҳдати миллӣ мусоидат менамоянд.

Воқеан мардуми Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу Ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт.

 

ҚОДИРОВА Зулайхо,

ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ