(дар ҳошияи қабули Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оиди таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 - 2036»)
Сулҳу субот, амният, осоиш ва саодатмандии халқҳои алоҳида ва тамоми ҷаҳон ба ҳамдигар вобастаанд. Бинобар ин бо воситаи сулҳ барпо намудани низоми хушбахтона, суботона ва сулҳона танҳо дар як вақт дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон имконпазир аст. Некуаҳволии ҳар як инсон дар ҷаҳон ба некӯаҳволии ҳамаи аҳолии кураи замин вобаста аст. Дар ҳоле ки падидаҳои гуногун, ҷангу куштор, хиёнату душманӣ миёни мамлакатҳо дар ҳама давру замонҳо рух додаанд, аммо огоҳӣ аз онҳоро маҷбур кардааст, ки тағйир ёбад.
Муноқиша, ноамнӣ, институтҳои заиф ва дастрасии маҳдуд ба адолат ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ барои рушди устувор имрӯз низ боқӣ мондааст. Аз рӯи маълумотҳои гуногун имрӯз дар саросари дунё бештар аз 80 бархурду муноқишаҳо мавҷуданд, ки хатари ҷиддиеро дар таҳкими сулҳи давлатҳои алоҳида ва ҷаҳон эҷод кардаанд. Дар бистсолаи охир дар ҷаҳон зиёда 30 ҷанги шаҳрвандӣ, амалиёти ҷангӣ, ҷангҳои байнидавлатӣ, низоъҳои дохиливу байналмилалӣ рух дода, баъзеашон даҳсолаҳо ва то имрӯз давом ёфта истодаанд. Ҷангҳои байни давлатҳо, низоъҳои дохилӣ, таҷовуз ба ҳаёти арбобони давлатӣ, таҷовуз ба истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, иқтидори мудофиавӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, бо роҳи зӯроварӣ ғасб ва нигоҳ доштани ҳокимияти давлатӣ, терроризм, экстремизм, қоҷоқи силоҳ ва маводи мухаддир аз ҷиноятҳое мебошанд, ки ҳамасола 4,5-5 миллион қурбониву талафоти ҷониро дар байни аҳолии осоишта дар пай дошта, таҳдиди асосӣ ба сулҳ ва зиндагии осоиштаи башарият ба ҳисоб мераванд. Ин ҳама омилҳои болозикр рушду инкишофи бомаром ва суботи сайёраро зери хатар ва ноободӣ қарор додааст. Тибқи ҳисоботи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи ҷаҳонӣ то соли 2030 фақат ба 17 фоизи Ҳадафҳои рушди устувор ноил шуда метавонад, ки омилҳои дар боло ишорашуда бевосита таъсир мерасонанд. Аз ин ҳисоботи пешниҳодшудаи Дабири кулли СММ Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 79-уми СММ, ки 24 сентябри соли 2024 дар шаҳри Ню Йорки ШМА баргузор гардид, изҳори нигаронӣ карда, таъкид доштанд, ки «нооромиҳои сиёсӣ, буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, гармшавии бесобиқа бар асари тағйирёбии иқлим ва талафоти гуногунии биологӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумлаи мушкилоти расидан ба рушди устувор мебошанд».
Кӯшишҳои муштараки миёнамӯҳлат ва дарозмуддат, инчунин иродаи сиёсие лозим аст, то ба мамлакатҳо ва одамон дар муайян ва ҳал кардани сабабҳо ва омилҳои муноқишаву бархӯрдҳо ба мавқеъи ягона оянд. Имрӯз даҳшатҳои ҷанг дар Ховари Миёна, Шарқи Наздик ва дигар минтақаҳо боиси коҳиш ёфтани амнияти байналмилалӣ, суботи ҷаҳонӣ гардида, иқтисоди ҷаҳониро ба буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ равона карда истодааст. Муаасифона, иҷро нашудани принсипҳои оинномаи СММ аз ҷониби бархе аз кишварҳои худкома, заиф шудани институтҳои ҳуқуқи байналмилалӣ боиси афзоиши танишҳои низомиву сиёсӣ гардиданд.
Дар кишварҳои мутамаддини Шарқ ва Ғарб бисёр кишварҳои сулҳҷӯ вуҷуд доранд, ки фарҳанги сулҳ ва сулҳофаринӣ дар ҷаҳонбинӣ, фарҳанг ва дар таҷрибаи давлатдории онҳо ташаккул ёфтааст. Омӯзиш аз таҷрибаи ин кишварҳо ва муайян кардани омилҳои асосии ҳамоҳангӣ як раванди муҳимест, ки метавонад ба сулҳи ҷаҳонӣ мусоидат кунад. Аз ҷумла, модели сулҳофаринии тоҷикон, яке аз ноёбтарин моделҳои сулҳофарӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, ки имрӯзҳо аз ҷониби марказҳои бонуфузи олам мавриди таҳқиқи ҳаматарафа қарор гирифтааст. Таҷрибаи барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ баъди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нишон дод, ки музокирот, созиш ва муколама метавонанд роҳи самараноки ҳалли ихтилофҳо бошанд. Маҳз ҳамин таҷриба ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ҷонибдори сулҳ шинохта шавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии сулҳ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ нақши муҳим дорад. Сиёсати хориҷии кишвар таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба принсипҳои сулҳҷӯӣ, ҳамзистии осоишта, эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо, сиёсати ҳамсоягии нек ва ҳалли мусолиматомези баҳсҳо асос ёфтааст.
Кишварҳо дар алоҳидагӣ низ метавонанд, барои таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ, таҳкими эътимоди байни халқҳо ва давлатҳо, пешбурди муколамаи тамаддунҳо ва ҳалли мусолиматомези мушкилоти байналмилалӣ нақши муҳим ва муассир иҷро намоянд. Дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое ба шумор меравад, ки пайваста дипломатияи пешгирикунанда, муколамаи созанда ва ҳамкории бисёрҷонибаро ҳамчун асоси таъмини сулҳу амнияти байналмилалӣ арзёбӣ намуда, барои таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо ва рушди муносибатҳои дӯстона байни давлатҳо иқдомҳои муҳим ва ташаббусҳои созандаро бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ мекунад.
Боиси хушнудист, ки аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Мутаҳҳид пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки бори аввал 24 – уми сентябри соли 2024 дар «Саммити Оянда» -и Иҷлосияи 79-уми СММ ва бори дуюм 23 – юми сентябри соли 2025 дар Иҷлосияи 80 – уми СММ пешниҳод гардида буд, бо Қатъномаи махсуси Маҷмааи Умумии СММ дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оиди таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» қабул гардид.
Қабули Қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» натиҷаи зарурати воқеии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои тақвияти сулҳ, амният ва ҳамкории байналмилалӣ дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир мебошад. Дар солҳои охир кишварҳои ҷаҳон шоҳиди афзоиши ҷангҳо ва муноқишаҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногун гардиданд, боиси талафоти зиёди инсонӣ, харобшавии инфрасохторҳои муҳими давлатӣ, муҳоҷирати иҷборӣ ва афзоиши буҳронҳои гуманитарӣ шуданд. Ин ҳолатро ба инобат гирифта, ҷомеаи байналмилалӣ ба хулосае омад, ки барои пешгирии чунин равандҳо тадбирҳои дарозмуддат ва фарогир андеша намоянд. Аз ин рӯ, пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои узви СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона қабул гардид, ки барои муттаҳид сохтани талошҳои давлатҳо дар роҳи ҳифзи сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ замина фароҳам меорад.
Яке аз заминаҳои муҳими қабули қатънома эътирофи саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии сулҳ мебошад. Зеро дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии сулҳ ҳамчун омили муҳими таҳкими ҳамкорӣ ба хотири сулҳ, субот ва рушди устувори байналмилалӣ арзёбӣ мегардад. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қабули қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оиди таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 - 2036», шаҳодати равшани талошҳои пайгиронаи кишвар барои бунёди ҷаҳони амнтар ва осоиштатар мебошанд.
ШАРИФЗОДА Искандар
ходими илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ