Дар ҳошияи қабули Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036”
Ҷаҳони муосир дар раванди хеле мураккаб ва динамикии ташаккули ҷомеаи техногенӣ ва иттилоотӣ қарор дорад. Қабл аз ҳама раванди мазкур зери таъсири ҳамаҷонибаи технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ ба низоми давлатдорӣ, ҷаҳонбинии инсон, ба хусусиёти рафти ҳамгироӣ ва ҷаҳонишавӣ, интихоби ҷаҳони якқутбӣ ва бисёрқутбӣ, инчунин сиёсати гуногунфарҳангӣ ва ғаёраҳо таъсири амиқ мерасонад. Заминаҳои бӯҳронҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва арзишҳои умумибашарӣ, инчунин тамоюлу равандҳои ҷаҳонӣ дорои хусусиятҳои мухталиф буда, онҳо ба муноқишоти гибридӣ (дуҷониба) ва минтақавӣ ҳамроҳ шудаанд.
Ин тамоюлот дар маҷмӯъ ба шиддат гирифтани ифротгароӣ ва терроризми байналмилалӣ, бузургманишинии абарқудратҳо, намоиши нерӯи низомӣ ва ҳарбӣ, таваҷҷуҳ ба шаклҳои мухталифи деспотизм, худкомагӣ ва ғайра хеле пурзӯр гардидааст. Бархурди фарҳангу тамаддунҳои Ғарбу Шарқ ва дигар зуҳуроти сатҳи ҷаҳонӣ, сулху субот ва амнияти саросарии кишварҳоро зери хатари ҷиддӣ қарор додаанд. Мисоли равшани ин кӯшишҳои кишварҳои абарқудрат барои татбиқи тарҳи нави харитаи сиёсии ҷаҳон мебошад, ки дар асоси он аз Баҳри Миёназамин шурӯъ карда, то Ҳимолой ва Осиёи Марказӣ тағйиротҳои бузурги геополитикӣ ва геостратегӣ ба вуҷуд оваранд. Ин дигаргуниҳое, ки дар бисёр ҳолатҳо дар доираи найрангҳои сиёсӣ ва зуроварӣ сурат мегиранд, дар асоси лоиҳаи «Азнавсозии харитаи сиёсии Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ», инчунин китоби «Тахтаи бузурги шоҳмот»-и Зибгнев Бжезинский ва асарҳои Ҷорҷ Фридман «Сад соли оянда», «Даҳ соли оянда» ва ғайра сурат гирифта, ҳадаф аз дастёбӣ ва ҳукмронӣ дар ин минтақаҳои аз нигоҳи қувваи корӣ арзон, канданиҳои зеризаминӣ ва гидроэнергетикӣ бой мебошад.
Абарқудратон таҷовузоти нангини худро таҳти шиори «азнавсозӣ» дар даврони «нузули фарҳангӣ» дар Ховари Наздик ва Миёна ба тадриҷ амалӣ сохта, дар ин самт ба баъзе дастовардҳо низ ноил гаштаанд. Онҳо ба осонӣ бидуни муқовимати Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ тамоми он кишварҳои арабро, ки пойбанди иқтисоду технологияи Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, таҳти тасарруфи худ қарор дода, садҳо ва ҳазорҳо шаҳру деҳаҳои обод ва сокинони онро ба хоку хун кашиданд ва аз манзилҳои ободашон муҳоҷир сохтанд.
Манфиатҳои баъзе кишварҳои Ғарб дар ин минтақа, ки дар маҷмӯъ бар зидди Россия ва Чин нигаронида шудаанд, ба мақсади тақсим кардани Ховари Наздик ва Осиёи Марказӣ дар асоси арзишҳо ва маҳдудиятҳои қавмӣ комилан мувофиқи нақшаи яке аз поягузорони лоиҳаи «Азнавсозии харитаи Сиёсии Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ» Бернард Люис сурат гирифта, он мутаассифона сабаби бӯҳрони давомдори иқтисодии минтақа ва ҷаҳон гардидааст ва таи даҳсолаи оянда боз тағйиротҳои дигареро низ ба вуҷуд хоҳад овард. Нодида гирифтан ва таҳрифи нақши ин омилҳо ва таваҷҷуҳи нокифоя дар роҳи ҳалли онҳо барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ боиси нигаронӣ шудааст. Мусаллам аст, ки дар айни замон роҳи ҳалли мушкилоти мазкур бевосита марбут ба сулҳу субот, оромӣ ва амнияти сайёраи мо буда, таъмини ояндаи беҳтари ҷомеаи ҷаҳонӣ, хоссатан барои насли ҷавон хеле зарур ва ногузир мебошад. Дарки моҳияти мушкилоти мазкур бо назардошти падидаҳо ва зуҳуроти нави муносибатҳои байналмилалӣ, ки дар ҳолати ташаккул қарор доранд, аз он дарак медиҳанд, ки хатарҳои беруна ва дохила ба амнияти умумии ин кишварҳо ба маротиб зиёд гардидааст.
Бо назардошти мубрамияти ин масъала бегоҳии 25-уми июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи махсусро аз рӯйи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда,солҳои 2027-2036” қабул намуд.
Чи тавре аз ҷониби СММ таъкид гардид. паймони мазкур ҳамчун як созишномаи сатҳи байналмилалӣ барои солҳои зиёд таҳия гардида, дар он ҳам соҳаҳои комилан нав ва ҳам масъалаҳое, ки таи даҳсолаҳо ба мувофиқа нарасидаанд, ҷойгир шудаанд. Ин санад қабл аз ҳама барои дастгирии муассисаҳои байналмилалие, ки дар амал ва фаъолияти онҳо аз замони таъсисёбиашон то ба имрӯз тағйиротҳои назаррас ба вуҷуд омадаанд, равона гардидааст. Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш дар суханронии ифтитоҳии худ дар Саммити оянда таъкид кард, ки "Паймони оянда, Паймони рақамии ҷаҳонӣ ва Эъломия дар бораи наслҳои оянда роҳро ба имкониятҳои нав ва дурнамои истифоданашуда боз хоҳад кард".
Қобил ба зикр аст, ки Паймони оянда пешқадамтарин ва мушаххастарин ӯҳдадориро барои ислоҳоти Шӯрои Амният аз солҳои 1960-ум то имрӯз дар бар мегирад. Ба ибораи дигар ин санад нақшаҳои беҳтар кардани самаранокӣ ва намояндагии Шӯрои Амният, дар амал татбиқ намудани ӯҳдадориҳоро дар ҳалли масъалаи халъи силоҳи ҳастаӣ ва аз байн бурдани он, созишнома барои ба танзим даровардани масъалаҳои марбут ба кайҳон, аз ҷумла ӯҳдадории возеҳ барои пешгирии мусобиқаи силоҳ дар кайҳон ва зарурати таъмини он, пешгирии силоҳсозӣ ва сӯиистифода аз технологияи нав ва ғайра дар бар гирифтааст.
Агар дар маҷмӯъ гирем паймон барои суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор пешбинӣ шуда, вазифаи ҳар як давлат аз он иборат аст, ки ба насли ҷавони худ арзишҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ, фарҳанги муколама ва эҳтиром ба гуногунрангиро мерос гузорад. Танҳо бо ин роҳ ҷомеаи башарӣ метавонад ҷомеаеро бунёд созад, ки дар он сулҳу субот, амният ва некӯаҳволии мардум барои солҳои тулонӣ пойдор боқӣ монад.
Чи тавре сарвари Тоҷикистон дар рӯзи қабули ин санади таърихӣ ва ояндасоз зикр сохтанд “имрӯз барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми сулҳпарвари ҷаҳон рӯзи таърихӣ ва хотирмон буда, ташаббуси нави кишвари мо, ки ба хотири таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгири низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда хоҳад буд, пазируфта шуд. Санади мазкур аз тамоми давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд”. Ба қавли Президенти кишвар “қатънома барои тақвияти фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо ва рушди таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи байни тамаддунҳо равона шуда, мавзӯи сулҳ барои кишвари мо бо назардошти ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990-ум хеле муҳим мебошад. Зеро сулҳ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ боиси рушду пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон гардид”.
Ба андешаи Сарвари давлат мо бояд дар навбати аввал ба наврасону ҷавонон, ки созандагони ҷаҳони фардо мебошанд, омӯзонем, ки сулҳ танҳо адами ҷанг набуда, балки сулҳ фарҳанг, одамият, масъулият, эҳтиром ба шаъну шараф номуси инсон, инчунин озодӣ, таъмини адолату имкониятҳои баробар барои тамоми башарият мебошад. Аз ин рӯ, тақдиру сарнавишти наслҳои оянда ба тасмимҳое, ки имрӯз гирифта мешаванд, пайванди мутақобила доранд: “Мо вазифадорем аз худ ҷаҳоне ба мерос гузорем, ки дар он наслҳои ояндаи инсоният дар фазои сулҳу оромӣ, имкони ҳамзистӣ, рушд ва ҳамкориро дошта бошанд”. Ҳақ бар ҷониби роҳбари давлати мо буда, қатъномаи мазкур метавонад барои наслҳои оянда ҷаҳони орому беозор, бехатару осоишта ва устувору фарогирро нигаҳ дорад.
Аслан қатъномаи мазкур аз панҷ самти асосӣ иборат буда, дар он масъалаҳои рушди устувор, сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, илм ва технология, ҷавонон ва наслҳои оянда ва низоми нави идоракунии ҷаҳони муосир шомил гардиданд. Дар пешгуфтори он омадааст, ки башарият “замони тағйиротҳои амиқи ҷаҳониро аз сар гузаронида, бо хатарҳои афзояндаи фалокатбор рӯбарӯ ҳастем, ки бисёре аз онҳо аз қарорҳои қабулкардаи мо бармеоянд... Агар мо самти фаъолияти худро тағйир надиҳем, дар оянда бо хатарҳои нав ва бӯҳронҳои саросарӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ хоҳем шуд”. Сарфи назар аз ин то ҳол “лаҳзаҳои умед ва имконот низ вуҷуд доранд. Тағйиротҳое, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ба вуқуъ пайвастанд имконоти васееро барои навсозӣ ва пешрафти башарият ба вуҷуд оварданд, ки бар асоси умумият ва ягонагии инсоният асос ёфтааст. Пешрафтҳо дар дониш, илм, технология ва инноватсия метавонанд барои тамоми башарият пешрафти бузургеро ба сӯи ояндаи беҳтар ва устувортар фароҳам оваранд. Интихоб аз они мост", - таъкид мешавад дар Қатънома.
Ҳадаф аз зикри бевоситаи “идоракунии ҷаҳони муосир” дар Қатънома аз он иборат аст, ки ояндаи башарият аз гузашта ва имрӯз сарчашма гирифта, маҳз насли ҷавон фардои онро месозад. Рушду пешрафти илму дониш ва татбиқи технологияи инноватсионӣ марбут ба ҷавонони бофарҳангу бомаърифат буда, онҳо бояд барои мавҷудияти сайёраи Замин саъю талош варзанд ва онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доранд.
Дар ин самт таҳияи консепсияи илмии идоракунии ҷаҳони муосир бо масъалаҳои омӯзиши паёмаду ҳаракатҳои инқилобӣ дар даврони шиддат гирифтани глобализми бе “руҳу ҷон” дар ҷомеаи башарӣ ва дурнамои он робитаи мустақим дошта, инъикоси хусусиятҳои таҳаввули муносибатҳои байналмилалии байни кишвархоро муайян хоҳад сохт.
Қобил ба зикр аст, ки мавқеъ ва муносибатҳои ҳасанаи байни кишварҳо дар раванди таҳаввулоти нави ҷаҳонӣ нақши воқеӣ дошта, дар доираи лоиҳаҳои мухталифи ҷаҳондорӣ ва ё идоракунии ҷаҳони муосир таи чанд соли охир воқеаҳои гуногуне ба вуқуъ пайвастанд, ки тасаввуроти ҷомеаи башариро доир ба пасманзари онҳо хеле тағйир доданд. Зеро инсонияти огоҳ ба хубӣ дар кард, ки тамоми ин зуҳурот ва воқеаҳои пайдарпайи тарҳрезишуда дорои марказҳо ва “субъектҳои идоракунии глобалӣ” буда, тавассути “менеҷер”- ҳои моҳир қарорҳои бунёдӣ қабул карда мешаванд. Ҳар кадоми онҳо кӯшиш доранд лоиҳаҳои тарҳрезишудаи худро мавриди пазириш қарор диҳанд.
Воқеан ҳам имрӯз дар доираи қонуну меъёрҳое, ки таи ҳазорсолаҳо дар ҷомеаи башарӣ ва низоми давлатдории кишварҳои ҷаҳон амал мекунанд, башарият қодир нест тарзи мавҷудаи идораи ҷаҳонро тағйир диҳад, зеро то ба ҳол шакли нави идораи ҷаҳон ба пуррагӣ таҳия ва таҳрезӣ нашудааст. Лекин новобаста аз ин равандҳои ислоҳоти глобалӣ олимон ва муҳаққиқони кишварҳои мухталифро ба хулосаи мантиқӣ овардаанд, ки масъалаи идоракунии ҷаҳон бояд дар доираи лоиҳаҳои геоиқтисодӣ, геополитикӣ ва геостратегии муосир сурат гирад. Зеро таҷрибаи охири беш аз панҷсадсолаи ҷаҳондорӣ зарурат ба муносибати лоиҳавӣ, оғози ислоҳоти бунёдӣ ё эъмори низом ва шаклҳои нави муносибати иқтисоди ҷаҳониро ба хотири таҳия ва татбиқи шакли наву муосири идоракунии ҷаҳон ва усулҳои асосии он дорад. Дар ин самт алъон нақшаҳои зиёде рӯи кор омадаанд, ки дар байни онҳо лоиҳаи “Низоми сармоядории саросарӣ” ва “Шӯрои капитализми фарогир” мавқеъи хосса пайдо карданд.
Дар иртибот ба гуфтаҳои боло ва қатъномаи мазкур кишварҳои аъзои СММ ӯҳдадор шуданд, ки:
1. Барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор (SDGs) ва Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим бояд ҳамаҷониба суръат бахшида шаванд;
2. Ба пешниҳодҳои ҷавонон гӯш дода,онҳо дар қабули қарорҳо дар сатҳи миллӣ ва ҷаҳонӣ ҷалб карда шаванд;
3. Бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ, мақомоти маҳаллӣ ва минтақавӣ равобити мустаҳкам барқарор гардад;
4. Ба мақсади бунёд ва ҳифзи ҷомеаи осоишта, фарогиру одилона ва ҳалли сабабҳои аслии низоъ ҳамаҷониба кор бурда шавад;
5. Дар раванди ҷангу бархурдҳои мусаллаҳона амнияти шаҳрвандон пурра таъмин гардад;
6. Барои иҷрои ӯҳдадориҳо дар доираи масъалаҳои занон, сулҳ ва амният чораҳои қатъӣ андешида шавад.
Дар маҷмӯъ, ин қатънома 56 амали умумиро дар бар гирифта, тамоми кишварҳои аъзои СММ барои иҷрои онҳо уҳдадор шудаанд.
Бидуни шакку шубҳа қабули Қатъномаи мазкур аз ҷониби СММ аз пирӯзии дипломатияи сулҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ хабар дода, тақвияти бахшидан ба дипломатияи бисёрҷониба ва пешбурди ташаббусҳои сулҳи ҷаҳонӣ мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун меъмори мӯътабари амнияти байналмилалӣ мустаҳкам хоҳад намуд. Дар замони афзоиши танишҳои геополитикӣ ва парокандагии низоми ҷаҳонӣ, қобилияти тоҷиконро барои муттаҳид кардани ҷомеаи байналмилалӣ дар атрофи рӯзномаи ризоияти дарозмуддат ин худ аз таҷрибаи баланди сиёсати хориҷии миллии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Қатъномаи қабулшуда бар асоси усулҳои асосии Оинномаи СММ барои наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг таҳия шуда, аз нигоҳи амалӣ, ташаббуси Сарвари давлати тоҷикон платформаҳои нави байналмилалиро барои ҳамгироии манфиатҳои ҷавонон, кӯдакон ва пиронсолон ба равандҳои дарозмуддати қабули қарорҳои сиёсӣ эҷод мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи 30-солагии Рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар соли 2027 ба нақша гирифтааст, ки дар пойтахти кишвар бо ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои шарик конфронси байналмилалии сатҳи баландро барои оғози “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда,солҳои оянда 2027–2036” баргузор намояд. Баргузории аввалин конфронси байналмилалӣ дар Душанбе мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун маркази калидии ҷаззобият барои элитаи дипломатии ҷаҳонӣ ва платформаи муколама байни тамаддунҳо мустаҳкам хоҳад кард.
ШАМОЛОВ Абдулвоҳид
сарходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
доктори илмҳои фалсафа, профессор