×

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШАККУЛИ ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бозгашт ба мавод

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШАККУЛИ ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИОМДОА Сиёсат 26-08-2026 ш.Душанбе
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШАККУЛИ ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(ба истиқболи ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои нави сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро фароҳам оварда, заминаи устувори ташаккул ва рушди давлатдории миллиро ба вуҷуд овард. Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои соҳибихтиёрии сиёсӣ ва ҳуқуқиро дошт, балки ворид шудани кишварро ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ таъмин намуд. Дар ин замина, ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷии мустақил ба яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти давлати соҳибистиқлол табдил ёфт.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши робитаҳои байнидавлатӣ муносибатҳои байналмилалӣ дигар танҳо ба ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ маҳдуд намешаванд. Фарҳанг, илм, маориф, забон, санъат, мероси таърихию фарҳангӣ ва арзишҳои миллӣ ҳамчун воситаҳои муҳимми муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ рӯз ба рӯз аҳаммияти бештар пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, дипломатияи фарҳангӣ ба яке аз самтҳои муҳимми дипломатияи муосир табдил ёфта, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои байнидавлатӣ, баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии кишвар ва муаррифии арзишҳои миллӣ нақши муассир мебозад.

Муҳаққиқони дипломатияи фарҳангӣ бар ин назаранд, ки дар ҷаҳони муосир дар баробари дипломатияи анъанавии элита, ки асосан аз ҷониби сиёсатмадорон, сафирон ва шахсиятҳои ҷамъиятӣ амалӣ мегардад, дипломатияи оммавӣ низ аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунад. Дипломатияи оммавӣ мубодилаи васеи фарҳангӣ, илмӣ, таълимӣ ва гуманитариро миёни ҷомеаҳои кишварҳои гуногун фаро гирифта, барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва муносибатҳои дӯстона байни мардумон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Фарҳанг ба яке аз ҷузъҳои муҳимми сиёсати байналмилалӣ ва воситаи муассири “неруи нарм”-и давлат табдил ёфта, дар ташаккули симои мусбати кишвар, таҳкими нуфузи байналмилалӣ ва рушди робитаҳои байнидавлатӣ нақши муҳим мебозад.

Давлатҳо барои таҳкими мавқеъ ва баланд бардоштани нуфузи худ дар арсаи байналмилалӣ на танҳо аз имкониятҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, балки аз захираҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ самаранок истифода мебаранд. Аз ин рӯ, таҳқиқи робитаи миёни Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули дипломатияи фарҳангӣ имкон медиҳад, ки нақши фарҳанг дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусиятҳо ва самтҳои асосии рушди дипломатияи фарҳангӣ, инчунин имкониятҳои минбаъдаи истифодаи иқтидори фарҳангӣ дар густариши муносибатҳои байналмилалӣ муайян ва арзёбӣ карда шаванд.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломатияи фарҳангӣ дар шароити Истиқлоли давлатӣ аҳаммияти хосса пайдо кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои таърихи куҳан, тамаддуни ғанӣ, мероси бузурги фарҳангӣ, забони тоҷикӣ, адабиёти пурғановати классикӣ ва анъанаҳои арзишманди миллӣ мебошад. Муаррифӣ ва тарғиби ин мероси фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ метавонад ба таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии кишвар мусоидат намояд. Ҳамзамон, густариши робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои ҷаҳон барои таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва гуманитарӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба рушди муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманди байнидавлатӣ мусоидат мекунад.

Ташаккули дипломатияи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлоли давлатӣ раванди марҳалавӣ буда, бо рушди муносибатҳои байналмилалии кишвар, густариши фаъолияти дипломатӣ ва иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ робитаи мустақим дорад. Дар ин раванд баргузории рӯзҳои фарҳанг, намоишгоҳҳо, конференсияҳои илмӣ, барномаҳои табодули фарҳангӣ, муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ ва иштироки намояндагони соҳаи фарҳанг дар чорабиниҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, барои муаррифии ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ имкониятҳои нав фароҳам оварданд. Ин тадбирҳо на танҳо ба муаррифии фарҳанг ва арзишҳои миллии кишвар, балки ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон низ мусоидат намуданд.

Яке аз самтҳои муҳимми дипломатияи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз, эҳё ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии миллӣ ташкил медиҳад. Дар ин замина, эҳёи арзишҳои миллӣ, муаррифии осори бузургони адабиёт ва фарҳанги тоҷик, густариши ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси ғании фарҳангии Тоҷикистон аҳаммияти хосса доранд. Эътироф ва муаррифии унсурҳои фарҳанги тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии кишвар мусоидат менамояд.

Масъалаи дигари муҳим ба зарурати таҳкими дипломатияи фарҳангӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, рақамикунонии фазои иттилоотӣ ва афзоиши рақобати фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ пайванд дорад. Дар чунин шароит муаррифии дурусту ҳадафманди фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии Тоҷикистон метавонад ҳамчун воситаи муассири таҳкими ҳувияти миллӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ташаккули симои мусбати кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хизмат намояд.

Истиқлолу озодӣ неъмати бебаҳо ва заминаи асосии рушди давлату миллат ба шумор рафта, барои ҳар як миллати тамаддунсоз роҳи пешрафту тараққиётро боз намуда, ҷиҳати рушди устувор ва бемайлони он шароити мусоид фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар оғози солҳои 90-уми асри XX ба ин неъмати бебаҳо соҳиб гардида, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва мустақил эътироф шуд. Дар ин замина, рамзҳои давлатии кишвар қабул гардида, асосҳои сохтори давлатдорӣ муайян ва барои рушди минбаъдаи мамлакат заминаҳои устувори ҳуқуқию сиёсӣ фароҳам оварда шуданд.

Бояд гуфт, ки давраи аввали Истиқлоли давлатӣ марҳалаи ниҳоят пурпечутоб ва мураккаби сиёсиву иқтисодӣ ба шумор мерафт. Ҷомеаи Тоҷикистон бо таҳаммулпазирӣ ва иродаи қавӣ ин марҳалаи душворро паси сар намуд. Дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва фароҳам овардани заминаҳои рушди минбаъдаи кишвар нақши роҳбарияти давлат ва ниҳодҳои давлатӣ муҳим буд.

Дар марҳалаҳои минбаъда ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Қабули барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди мамлакат ва татбиқи ҳадафҳои дарозмуддати миллӣ мусоидат намуд.

Дар давраи Истиқлоли давлатӣ ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илм, маориф ва фарҳанг, таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Қабули барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ барои рушди низоми маориф, илм ва фарҳанг, инчунин таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои дахлдор мусоидат намуд. Ин раванд барои ташаккули заминаҳои мусоиди рушди дипломатияи фарҳангӣ низ аҳаммияти муҳим дошт.

Ҳамин тариқ, баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ бахшида ба шахсиятҳои барҷастаи илму адаби тоҷик ва ҷашнҳои таърихию фарҳангӣ дар муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим бозид. Аз ҷумла, таҷлили санаҳои муҳимми марбут ба таърихи давлатдорӣ, шаҳрҳои қадима, шахсиятҳои маъруфи адабиёт ва илм, инчунин мероси таърихию фарҳангии тоҷикон барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард. Ин иқдомҳо ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон ва баланд бардоштани нуфузу эътибори фарҳангии кишвар мусоидат намуданд.

Дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳанг тадриҷан ҳамчун яке аз воситаҳои муҳимми муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хосса пайдо намуд. Узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва иштироки фаъоли кишвар дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ барои густариш ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ имкониятҳои нави сиёсӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро фароҳам овард. Дар ин замина, фарҳанг ҳамчун воситаи муассири таҳкими робитаҳои дӯстона, муаррифии арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон нақши муҳим касб намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбарҳои байналмилалӣ масъалаҳои муҳимми марбут ба сулҳу субот, рушди устувор, ҳифзи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар мушкилоти ҷаҳониро матраҳ намуда, ҳамзамон имкони муносиб барои муаррифии таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кард. Ин раванд нишон медиҳад, ки дипломатияи фарҳангӣ метавонад дар баробари самтҳои сиёсӣ ва иқтисодии сиёсати хориҷӣ ҳамчун воситаи муассири таҳкими мавқеи байналмилалии кишвар хизмат намояд.

Яке аз самтҳои муҳимми ин равандро густариши ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ва муаррифии мероси моддӣ ва ғайримоддии фарҳангии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Ба рӯйхатҳои байналмилалии мероси фарҳангӣ ворид гардидани як қатор унсурҳои фарҳангӣ, анъана ва суннатҳои миллӣ ба ҳифз, эҳё ва муаррифии мероси фарҳангӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи шинохти фарҳанги тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат кардааст.

Ҷашни Наврӯз, санъати “Шашмақом” ва “Фалак”, фарҳанги омода намудани “Оши палов”, ҳунари “Чакан” ва дигар унсурҳои фарҳангии тоҷикон аз ҷумлаи намунаҳои арзишманди мероси фарҳангӣ ба шумор мераванд, ки тавассути ҳамкориҳои байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ бештар муаррифӣ гардидаанд. Муаррифии ин мерос барои ҳифз ва тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳувияти фарҳангӣ ва баланд бардоштани шинохти байналмилалии фарҳанги тоҷик аҳаммияти муҳим дорад.

Муаррифии осори таърихию фарҳангӣ дар осорхонаҳо ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ, баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, иштироки ҳунармандон дар фестивалҳо ва чорабиниҳои байналмилалӣ, инчунин намоиши либосҳои миллӣ аз воситаҳои муҳимми дипломатияи фарҳангӣ ба ҳисоб мераванд. Ин гуна чорабиниҳо барои муаррифии фарҳанги миллӣ, таҳкими робитаҳои байнифарҳангӣ ва эҷоди заминаҳои нави ҳамкории байналмилалӣ мусоидат мекунанд.

Дар ин замина, намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар низ метавонанд ҳамчун ниҳодҳои муҳимми муаррифии фарҳанг, санъат, адабиёт ва мероси миллии мамлакат нақши муассир дошта бошанд. Тавассути ташкили намоишгоҳҳо, вохӯриҳои фарҳангӣ, маҳфилҳои адабӣ, муаррифии осори илмӣ ва адабӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ имкониятҳои дипломатияи фарҳангиро метавон боз ҳам васеъ намуд.

Бинобар ин, нашр ва тарҷумаи осори адибону олимони тоҷику форс, аз ҷумла осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигар шахсиятҳои барҷаста метавонад ба рушди дипломатияи фарҳангӣ ва густариши шинохти мероси адабӣ, илмӣ ва фарҳангии тоҷикон дар ҷаҳон мусоидат намояд.

Таҳлил нишон медиҳад, ки дипломатияи фарҳангӣ ҷузъи муҳимми дипломатияи муосир буда, тавассути он давлатҳо арзишҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва маънавии худро муаррифӣ намуда, барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ замина фароҳам меоранд. Барои Тоҷикистон, ки дорои мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои қадимаи давлатдорӣ мебошад, дипломатияи фарҳангӣ имкониятҳои васеи истифодаи иқтидори фарҳангиро дар сиёсати хориҷӣ фароҳам месозад.

Дар давраи Истиқлоли давлатӣ дипломатияи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан ташаккул ёфта, ба самтҳои гуногуни ҳамкориҳои байналмилалӣ ворид гардид. Баргузории рӯзҳои фарҳанг, намоишгоҳҳои миллӣ, фестивалҳо, конференсияҳои илмӣ, табодули фарҳангӣ, рушди ҳамкориҳо байни муассисаҳои фарҳангиву илмӣ, инчунин муаррифии шахсиятҳо ва арзишҳои таърихию фарҳангии тоҷикон аз ҷумлаи воситаҳои муҳимми ин раванд мебошанд.

Яке аз натиҷаҳои муҳимми дипломатияи фарҳангӣ муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон ҳамчун ҷузъи тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин замина, мероси адабӣ, забон, мусиқӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ҷашну маросимҳои миллӣ ва дигар унсурҳои фарҳанги миллӣ барои таҳкими симои фарҳангии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти хос доранд.

Дипломатияи фарҳангӣ инчунин дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва худшиносии шаҳрвандон нақши муҳим мебозад. Муаррифии дастовардҳои фарҳангӣ дар хориҷи кишвар на танҳо ба баланд гардидани обрӯи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат мекунад, балки эҳсоси ифтихори миллӣ ва масъулияти ҳифзи мероси фарҳангиро дар дохили ҷомеа низ тақвият медиҳад.

Дипломатияи фарҳангӣ бо дигар самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи зич дошта, муносибатҳои фарҳангӣ метавонанд ҳамчун заминаи мусоид барои рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, маорифӣ ва гуманитарӣ хизмат намоянд. Аз ин рӯ, рушди дипломатияи фарҳангӣ бояд ҳамчун яке аз воситаҳои таҳкими “неруи нарм”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ зарурати истифодаи усулҳои нави дипломатияи фарҳангӣ бештар мегардад. Муаррифии фарҳанги миллӣ тавассути воситаҳои рақамӣ, шабакаҳои иттилоотӣ, платформаҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳои муштараки фарҳангӣ метавонад доираи аудиторияи байналмилалиро васеъ намуда, имкониятҳои нави муаррифии Тоҷикистонро фароҳам оварад.

Ҳамин тариқ, Истиқлоли давлатӣ заминаи асосии ташаккул ва рушди дипломатияи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам овардааст. Дар навбати худ, дипломатияи фарҳангӣ ҳамчун воситаи муассири сиёсати хориҷӣ метавонад ба таҳкими мавқеи байналмилалии кишвар, баланд бардоштани эътибори Тоҷикистон, густариши робитаҳои дӯстона бо давлатҳои ҷаҳон ва муаррифии арзишҳои миллӣ мусоидат намояд.

Дипломатияи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд на танҳо ҳамчун воситаи муаррифии фарҳанг, балки ҳамчун механизми муҳимми таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва баланд бардоштани нуфузи кишвар дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ арзёбӣ карда шавад. Дурнамои рушди он ба истифодаи оқилонаи захираҳои фарҳангӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мутобиқ намудани шаклу усулҳои дипломатияи фарҳангӣ ба талаботи ҷаҳони муосир вобаста мебошад.

Бо назардошти натиҷаҳои таҳқиқ метавон самтҳои зерини рушди минбаъдаи дипломатияи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуд:

-     таҳкими заминаҳои ниҳодӣ ва ҳуқуқии дипломатияи фарҳангӣ;

-     густариши ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ;

-     истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ барои муаррифии фарҳанги миллӣ;

-     рушди барномаҳои табодули фарҳангӣ, илмӣ ва таълимӣ;

-     дастгирии тарҷума ва муаррифии адабиёти тоҷик ба забонҳои хориҷӣ;

-     таҳкими ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии фарҳангӣ;

-     рушди имиҷи фарҳангии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ;

-     ҷалби ҷавонон ва намояндагони соҳаи фарҳанг ба барномаҳои байналмилалӣ;

-     истифодаи самараноки мероси таърихию фарҳангӣ ҳамчун воситаи таҳкими дипломатияи фарҳангӣ.

Дар маҷмӯъ, 35 соли Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи ташаккули пояҳои давлатдории миллӣ, таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва рушди самтҳои нави сиёсати хориҷӣ ба шумор меравад. Дар ин раванд дипломатияи фарҳангӣ ҳамчун яке аз воситаҳои муҳимми муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва ҳифзу тарғиби арзишҳои миллӣ мавқеи хосса касб намудааст. Истифодаи мақсаднок ва муосири иқтидори фарҳангӣ метавонад дар оянда низ ба таҳкими нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарии он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд.

РАҲМОНЗОДА Азимҷон,

ходими пешбари илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

номзади илмҳои таърих, достент