Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якуми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ҳамасола таҷлил мегардад. Ин рӯзи муборак бо нахустин Дарси сулҳи Президенти Тоҷикистон оғоз мегардад, ки гувоҳӣ аз эҳтироми давлат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақоми илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорон ва саъю талоши насли ояндасози миллат мебошад. Ҳазорон наврасони боғи дониш нахустин қадами худро ба остонаи дабистон гузошта, зери садои шеъри Деҳотӣ «Эй булбулакони боғи дониш» тантанавор пешвоз гирифташуда, онро истиқбол менамоянд:
Эй булбулакони боғи дониш,
Шодона таронаҳо муборак!
Боз омадааст фасли хониш,
Таҳсили нави шумо муборак!
Истиқлол ганҷи камёбу гаронбаҳоест, ки ҳар мулку миллатҳои ҷаҳон барои дарёфти он ҷонфидоиву ҷонсупорӣ намуда, ранҷу бедорхобӣ кашида талошҳо меварзанд. Дарёфти истиқлоли давлатӣ кори саҳлу осон набуда, зарурат ба худгузарӣ, худнигарӣ ва худогоҳӣ дошта, доштани роҳбари соҳибхираду соҳибҳунару соҳибадолат зербинои асосии онро ташкил медиҳад, ки заминаро барои эҷоди давлати озоду орому обод фароҳам оварда, миллати сулҳдӯсту сулҳофару созанда эъмор кард. Дар натиҷаи корнамоиву роҳнамоӣ ва дастури оқилонаи фарзанди фарзонаи миллат, марди сулҳдӯсту сулҳпарвар ва сиёсатмадору ташаббускору созанда Президенти мардумӣ Эмомали Раҳмон шукуҳи парчами истиқлол дар ин диёр парафашон гардида, забону адабу фарҳанг дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ шуданд.
Маврид ба зикри хос аст, ки мактабу маориф ҳамеша мавқеи афзалиятнок дошта, баргузории Рӯзи Дониш ва Дарси Сулҳ фароҳамсози нахустин мактаби худогоҳиву худшиносии насли имрӯзу фардои кишвар мебошад. Маҳз тавассути роҳандозии дурусту босифати он ҷомеа неруи зеҳнӣ, иқтидори эҷодию таҳлилӣ ва сармояи инсониро ҳамчун пояи рушди устувор ташаккул медиҳад. Дарси Сулҳ на танҳо воситаи интиқоли дониш ва таҷрибаи наслҳо, балки заминасозии ҳадафҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давлатро фароҳам меорад. Он дар доираи стратегии дарозмуддати давлат сармояи рушди инсонӣ арзёбӣ шуда, сифату самараи он дар баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, тавонмандсозии қувваи корӣ ва афзоиши рақобатпазирии миллӣ хубтар инъикос меёбад.
Дар ин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади вусъат додан ба корҳои ободониву созандагӣ, боз ҳам таҳким бахшидани ҳисси ифтихор аз истиқлолу озодӣ, тамаддуни бостонии эътирофшуда, таърихи қадимаву пурғановати миллати тоҷик ва истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, соли 2026-ро “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки қабули Қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид«Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027–2036», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардид, натиҷа ва самараи Дарси Сулҳ мебошад, ки бо тавсияи Президенти кишвар ба хотири ҳифзу ҳимояи аҳли сайёра ба СММ ироа шуд.
Бо чунин ташаббусҳои созанда ва таъкидҳои Пешвои миллат метавон гуфт, ки “Дарси сулҳ”-и Рӯзи дониш дарси садоқату ватандорӣ буда, заминагузори худшиносиву худогоҳӣ, паёмрасони озодиву оромӣ ва ободии кишвар мебошад.
Дар шароити печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир таҷлили Рӯзи дониш бо нахустин Дарси сулҳ заминаи худшиносиро барои насли наврас хуб фароҳам оварда, онҳоро аз нақши сулҳу субот дар таҳкими аркони давлати миллӣ ва пешрафти ҷомеа огоҳу хабардор намуда, ҳифзу ҳимояи онро муҳим арзёбӣ мекунад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар тули 35 соли истиқлоли давлатӣ шароити таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои илмомӯзӣ бо тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, иншооти наву замонавии соҳа бунёд шудааст, то наврасону ҷавонон зери парчами сулҳу суботу созандагӣ ва илму маърифату озодагӣ хуб тарбия гиранд. Дар доираи он ба насли наврасу ҷавони кишвар дарси садоқату ватандорӣ омӯзонда, ҳушёриву зиракии сиёсиро барояшон талқин медиҳад.
Таҳаммулу ҷоннисориҳои мардуми кишвар бо шиору таъкиди ҷавонмардонаву ҷонбохтаи Президенти муҳтарам: “Ман ба шумо сулҳ меорам” нахустин кори давлат оғоз шуда, дар мулоқоту мусоҳибаҳо арзишу аҳамият доштани илму маърифат, рушди маънавиёти инсон ва инкишофу тараққиёти давлат пайваста таъкид мегардад.
Ба андешаи дипломат ва донишманди Тоҷикистон Зафар Сайидзода ҳамин худбоварӣ ва огоҳӣ аз тавонмандиҳои дарунӣ буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар марҳалаи барои сарнавишти давлату миллат хатарнок,...рисолати наҷоти кишвар ва миллатро бар дӯш гирифт.
Дар китоби “Мактаби сиёсию давлатдори Пешвои миллат-чароғи роҳи рушду тараққӣ” хело хуб ишора шудааст, ки бо доштани чунин худбоварӣ ва эътимод сармояе, ки Президенти Тоҷикистон ба кишвар бахшид, таърихию ҳаётӣ мебошад. Зеро раҳнамудҳои мактаби сулҳофаринии ӯ барои як замон набуда, дар ҳамаи даврон метавонанд роҳкушо бошанд.
Шукӯҳу файзи мардуми кишвар дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар доираи мактаби сулҳу созандагӣ шуҳрату шаҳомат пайдо карда, заминаро барои рушду нумуи худшиносии миллӣ дар партави донишу хирад ва ватандӯстиву сулҳофаринӣ фароҳам овард. Таҷлил аз Рӯзи Донишу Дарси Сулҳ дар даврони Истиқлоли давлатӣ арзишҳои таърихӣ дошта, миллат бо донишмандони бузург ба мисли Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофизи Шерозӣ, Мавлонову Ҷомӣ, Айниву Турсунзода, Лоиқу Гулназар, Гулрухсору Фарзона ва дигарон миёни халқи олам маъруфу машҳур гардида, соҳибэҳтирому соҳибэътимод шудаанд. Ва ба қавли вассофи сулҳу дӯстӣ, шоир, ва қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода:
Сулҳу амният таваллуд ёфт чун дар мулки ман,
Дӯст медорем мо онро ба монанди Ватан.
Тоҷикистони соҳибистиқлол бо эҷоди мактаби сулҳу созандагӣ ва ташаббусҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои мубрам пайваста саҳм гузошта, дар ҳошияи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба "Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)" сулҳу суботу созандагии аҳли сайёраро тарғибу ташвиқ хоҳад кард. Ҳамин тавр, самараи сулҳу суботу созандагиро дар таҳкими сулҳу суботу худшиносии миллӣ чун дастурамал истифода хоҳад кард. Дар доираи он, санаи 5-8 июли соли 2026 форуми илмӣ-амалии байналмилалӣ зери унвони "Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036" бо ширкати донишмандон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, кишварҳои аъзои СҲШ дар мавзуи "Мактаби сулҳофаринии Тоҷикистон дарси инсондӯстию фарҳангпарварӣ баргузор гардид. Мавзӯи асосии ҳамоиш нукоти калидии «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027–2036» буд, ки аҳамияти бузурги ҷаҳонӣ дошта, таваҷҷӯҳи донишмандонро ба масоили муҳими сулҳу дӯстӣ ва рушди устувор ҷалб мекунад. Печидатар шудани вазъи ҷаҳон аз роҳбарон кордону соҳибхираду соҳибмаърифат тақозо менамояд, ки бояд аз фарҳанги сулҳу созандагӣ истифода кард. Фазои сулҳу дӯстӣ пайки озодиву оромиву ободӣ ва таҷассумгари хуррамиву хушҳолӣ ва пояҳои асосии ватандӯсти халқҳо буда, шаъну шукуҳи миллатҳоро боло мебарад.
Дар натиҷа метавон қайд кард, ки Истиқлоли давлатӣ заминаро барои эҳёи арзишҳои миллӣ фароҳам овард, то насли имрӯзу фардои кишвар бо баргузории Рӯзи Дониш ва Дарси Сулҳ аз худогоҳиву худшиносӣ сабақ гирифта, дар ҳимояи сарзамини худ ҷоннисорӣ намоянд.
Бо қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба "Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)" дар доираи таҷлил аз Рӯзи Дониш ва Дарси Сулҳ насли наврас аз ҷойгоҳи Тоҷикистону тоҷикон дар эҷоди роҳи эъмори сулҳи пойдор бештару беҳтар шинос шуда, дар ботини худ дарку эҳсос пайдо кунанд, ки ҷангу хушунат ва бесаводиву бемаърифатӣ ҷомеаро ба самти ҷаҳолату фақру нодорӣ мекашонад.
Таҷлил аз Рӯзи дониш ва дарси сулҳ рамзи воқеӣ буда, ба худшиносӣ ва худогоҳӣ, таҳкими арзиши сулҳу суботу созандагӣ, рушди сармояи инсонӣ ва боло бурдани рақобатпазирии миллӣ мусоидат менамояд.
Хулосаи калом, Тоҷикистони навин ба мисдоқи каломи Ғанизода Муҳаммади Кангуртӣ:
Ҷангро мо дур аз худ сохтем,
Ҷону дилро дар раҳи ту бохтем.
Буд парчам зери пои нокасон,
Парчаматро то фалак афрохтем.
Шукри истиқлол мебояд намуд,
РАҲМОНОВ Мирсаид,
ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон