(Ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
«Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчи аз дастам меояд дар ин роҳ талош хоҳам кард».
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷангро мо дур аз худ сохтем,
Ҷону дилро дар раҳи ту бохтем.
Буд парчам зери пои нокасон,
Парчаматро то фалак афрохтем.
Шукри истиқлол мебояд намуд,
Шукри ин иқбол мебояд намуд.... Ғанизода Муҳаммади Кангуртӣ
Бешак истиқлолу озодӣ ганҷу неъмати камёбу гаронбаҳоянд, ки ҳар мулку миллатҳои ҷаҳон барои дарёфти он ҷонфидоиву ҷонсупорӣ намуда, дарду ранҷу бедорхобӣ кашида талошҳо меварзанд. Дарёфти истиқлоли давлатӣ кори саҳлу осон набуда, зарурат ба худгузарӣ, худнигарӣ ва худогоҳӣ дошта, доштани роҳбари соҳибхираду соҳибҳунару соҳибадолат зербинои асосии онро ташкил медиҳад, ки заминаро барои эҷоди давлати озоду орому обод фароҳам оварда, миллати сулҳдӯсту сулҳофару созанда эъмор кард. Дар заминаи корнамоиву роҳнамоӣ ва дастури оқилонаи чунин шахсони соҳибмаърифат Тоҷикистон бештар маъруфу машҳур гардид.
Дар натиҷа кишвар бо роҳнамои фарзанди фарзонаи миллат, марди сулҳдӯсту сулҳпарвар ва сиёсатмадору ташаббускору созанда Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон талошу муборизаҳои муштарак намуда, истиқлолиятро ба даст оварда, забону фарҳанги волои онро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карданд.
Барои нигорандаи сатрҳо мояи шарафу ифтихор аст, ки санаи 5-8 июли соли 2026 дар форуми илмӣ-амалии байналмилалӣ зери унвони "Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036" бо ширкати донишмандон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, кишварҳои аъзои СҲШ иштирок намуда дар мавзуи "Мактаби сулҳофаринии Тоҷикистон дарси инсондӯстию фарҳангпарварӣ суханронӣ кард. Маврид ба зикр аст, ки ҳамоиши байналмиллалии зери номи«Хонишҳои Артуч – VIII» таҳти унвони «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027–2036» дар пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии «АРТУЧ» баргузор гашт .Ин пойгоҳ соли 1971 таъсис ёфта дар баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр, зери қуллаҳои барфпӯш ва кӯлҳои оби мусаффо дар зодгоҳи Рӯдакии бузургвор шаҳри бостонии Панҷакент ҷойгир буда, яке аз қадимтарин пойгоҳҳои сайёҳии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин минтақа ба ҳақ яке аз зеботарин минтақаҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола ҳазорон кӯҳнавард ва дӯстдорони сайёҳии кӯҳиро аз тамоми ҷаҳон ҷалб менамояд.Чорабинии мазкур дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи амалисозии Қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид«Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027–2036» роҳандозӣ шудааст.Ҳамоиши мазкур, ки бо ибтикори роҳбарияти Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ташкил шудааст, майдони муҳими табодули афкор барои олимону пажӯҳишгарони дохилӣ ва хориҷӣ ба ҳисоб меравад, ки дар кори он устодону кормандони донишкада, намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин меҳмонон аз кишварҳои аъзои СҲШ ва Осиёи Марказӣ ба хусус Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла донишгоҳҳои давлатии Самарқанду Бухорову Хоразму Андиҷону Фарғона иштирок намуданд.
Мавзӯи асосии ҳамоиш – «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027–2036» – аҳамияти бузурги ҷаҳонӣ дошта, таваҷҷӯҳи доираҳои илмиро ба масоили муҳими сулҳпарварӣ ва рушди устувор ҷалб карда, бо барномаҳои гуногуни илмӣ ва фарҳангӣ идома ёфт, ки барои тақвияти ҳамкориҳои илмию академикӣ дар минтақа мусоидат мекунад. Ин ҷо талош шудааст, ки дар доираи ҳамоиши мазкур роҷеъ ба 35 соли истиқлолу модели сулҳофаринии Тоҷикистон андешаҳои хубу созанда баён гардад.
Маврид ба зикр аст, ки истиқлолу озодии Тоҷикистон ба осонӣ дастрас нагардида, балки барои ба даст овардани ҳамаи он, мардуми ин сарзамин аз ақлу хиради солим коргирифта бо роҳнамоиҳову ҷонфидоиҳои роҳбари кишвар, ватану миллати худро дар роҳи сулҳу созандагии меҳан ҷонгусорӣ ва фидокорӣ раҳнамун намуда, чун намунаи нодирӣ сулҳофаринӣ дар СММ пазируфта шуданд.
Бояд қайд кард, ки даҳ санаду суханони таърихӣ гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки хиради азалии Президент бо роҳбурду корбурдҳои зерин заминаҳоро барои дарёфти Истиқлолу Ваҳдати комили кишвар фароҳам овард, ки ба таври зайл мебошанд:
• Боварӣ ба халқ ва садоқат ба Ватан зери шиори “Ман ба шумо сулҳ меорам”...
• Сафарҳои пурхатар ба хотири зафар....
• Пазироӣ аз ҳамватанону ҳампешагони муҳоҷиру беҷомонда
• Тақсиму тавзеи замину макон баҳри ободиву осоиштаги мардумон
• Сулҳу суботу созиш барои бақову ҳастии миллату халқи ҷаҳон
• Авфу бахшиш баҳри осудагиву зиндагии созандаи мардуми ҷасуру заҳматакаши Ватан
• Бунёди роҳу нақбҳо баҳри пайванди наслҳои имрӯзу фардои диёру Ватан
• Муаррифии диёру Ватан бо ташаббусҳои созандаву шоиставу сулҳпарвар
• Пешгирӣ ва пешоҳангӣ дар коҳиш додани хатару таҳдидҳои минтақа ва ҷаҳон
• Нақш ва саҳмгузорӣ дар масоили мубрам баҳри ҳифзу солимии аҳли башар
Бо чунин корбурду роҳбурдҳо Президенти кишвар дар мулоқоту мусоҳибаҳояш арзишу аҳамият доштани илму дониш барои рушди маънавиёти инсон ва инкишофи давлату миллат таъкид намуда, масоили мубрамро зери баҳсу машвартаҳои муфид қарор дода,аҳолиро ба сӯи донишу маърифат ва сулҳу суботу Ваҳдат роҳнамоӣ менамояд.
Тоҷикистони навин дорои манобеи табиӣ ва манзараҳои зебоест, ки аз ҷониби муаррихон ва минтақашиносон бо номи сарзамини «Мовароуннаҳр» шинохта шудааст, ки мардумонашон бо доштани илму маърифат ва фарҳангу фаросати олӣ нақши муҳим ифо кардаанд. Пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бо дарахтони сабзу хурраму рангоранг, биноҳои зебову замонавиву хушранг ва толору кохҳои баланд рӯз то рӯз зеботар гардида, дар ҳалли масоили мубрам чорабиниҳои муҳими минтақавиву байналмилалӣ баргузор намуда, бо беш аз 18 шаҳрҳои ҷаҳон бародаршаҳр мебошад.
Ҷаҳон бо раванди ҷаҳоншавии худ бо минтақа ва блокҳои хурду бузурги қудратӣ тақсимбандӣ шуда, ҳар кишвар бо тавону таҷрибаи худ нақши калидӣ мебозад. Тоҷикистон ҳам бо дарёфти Истиқлолу озодӣ ва мактаби сулҳу созандагӣ дар ҷаҳон мақоми хешро пайдо намуда, бо ташаббусҳои созанда мавриди эътирофу эҳтироми ҷаҳониён қарор гирифт. Ҳамин тариқ, кишвар ҳамасола санаи 9-уми сентябр ҷашни Истиқлоли давлатии худро таҷлил карда, аз дастоварду пешрафтҳои он натиҷагирӣ менамояд. Бо чунин шукӯҳу шаҳомат кишвар дар соли ҷорӣ 35-солагии худро қайд менамояд, ки заминаро хубро барои рушду нумуи худшиносии миллӣ дар партави донишу хирад ва ватандӯстиву сулҳофаринӣ фароҳам овард. Бо назардошти шароити мураккаби ҷаҳон таҷлилу ёдоварӣ аз воқеаву рӯйдодҳои даврони 35 солагии Истиқлоли давлатӣ заминаи худшиносии таърихӣ ва фарҳангиро ба миллат, хусусан ҷавонону насли имрӯзу фардои кишвар ба вуҷуд оварда, барояшон дарси ибрат меомӯзад. Ҷашну маросимҳо, аз ҷумла Дарси Сулҳу Дониш ва таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатӣ аз чорабиниҳоеанд, ки дорои мазмуни муфид ва аҳамияти бузургу муҳим мебошанд. Наслҳои гузаштаву ояндаи ин қавм то ба имрӯз соҳиби бузургони забону адаб, аз ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз,Мавлонову Ҷомӣ, Айниву Турсунзода, Лоиқу Гулназар, Гулрухсору Фарзона ва дигарон ҳастанд, ки дар байни халқҳои олам маъруфу машҳур гардида, соҳиби эҳтирому эътимоди хос мебошанд.
Бо печидатар шудани вазъи кишварҳои ҷаҳон тарзи рафтору муносибатҳо байни давлтатҳо шаклҳои дигар гирифта, қадру қимат ва арзиши инсон ва ҳимояту ҳифозати он рӯз то рӯз коҳиш ёфта, ҷангу хушунат бештар шудааст. Чунин хушунату ошубҳо давлатмандони соҳибхираду соҳибмаърифатро огоҳ менамояд, ки бояд давлатҳои хурду бузурги ҷаҳон аз фарҳанги сулҳу созандагӣ истифода карда, озодӣ, оромиву ободӣ, истиқлолу истиқрору созандагии давлату миллатҳоро роҳнамоӣ кунанд. Зеро фазои сулҳу дӯстӣ пайки озодиву оромиву ободӣ ва таҷассумгари хуррамиву хушҳолӣ ва пояҳои асосии ватандӯстӣ маҳсуб ёфта, миллатҳоро ба сӯи дӯстиву бародарӣ ҳидоят менамоянд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистони навин бо эҷоди мактаби сулҳу созандагӣ ва ташаббусҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои мубрам нақш мебозад. Дар ин ҷо бо зикри чанд далелу рақамҳо талош шудааст, ки ташаббусҳои созандаи кишвар дар ҳошияи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба "Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)" мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст.
1. Санаи 24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистон қабул гардид, ки тибқи он 9 сентябри соли 1991 ин кишвар истиқлоли комилро ба даст овард, ки ҳамасола ин сана чун Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷистон бо шукуҳу шаҳомати хос ва файзу шукргузорӣ аз самараи сулҳу суботу созандагӣ таҷлил мегардад.
2. Санаи 2 марти соли 1992 Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид, ки аз ҳамон сол то ба имрӯз чандин пешниҳодоту тавсияҳои кишвар дар ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф ва дар арсаи ҷаҳонӣ амалӣ мешаванд.
3. Санаи 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Қасри Арбоб”-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки чун “Иҷлосияи муҳим ва тақдирсоз” пазируфта шуда, ба сарнавишти талхи мардуми тоҷик ва тақсиму нобудшавии он нуқта гузошт. Бо боварии халқ фарзанди фарзона Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад, ки аз аввалин рӯзҳои фаъолияти кориаш тамоми неруву тавоноиашро барои ободии диёру Ватан бахшида, ҷонашро зери хатар монда, ба мардум хидматҳои шоёну шоиста намуд.
4. Санаи 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед ва сабз таркиб ёфта,ҳар рангаш маънои мушаххасро ифода менамояд. Баъдан бо ибтикор ва иқдоми наҷиби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бузургтарин маҷмааи Парчами миллӣ бо баландии пояи он 165 метр, дарозии матоаш 60 метр, бараш 30 метр гузошта шуда дар китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.
5. Санаи 7 сентябри соли 1994 пас аз пазируфтани Нишони (Герб) давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи XIX Шӯрои Олӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
6. Санаи 5-ум то 19-уми апрели соли 1994 бо ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо миёнравии Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати корҳои хориҷии Русия вохӯрии нахустини ҳайати ҳукуматӣ бо намояндагони мухолифин барпо гардида, давраҳои минбаъдаи гуфтушуниди байни тоҷикон (18-28 июни соли 1994 дар Теҳрон), (20 октябр-1 ноябри соли 1994 дар Исломобод) барои комёб шудан ба сулҳ, ризоияти миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
7. Санаи 6 ноябри соли 1994 бори нахуст бо тарзи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат аст.
8. Санаи 23 феврали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ҳамасола ин сана бо баргузории чорабиниҳои ҳарбӣ – варзишӣ ва фарҳангӣ таҷлил мегардад.
9. Санаи 27 июни соли 1997 “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон” қабул гардид, ки дар ҷаҳон модели нодири сулҳофарӣ пазируфта шудааст.
10. Санаи 1999 таҷлили 1100–солагии давлати абарқудрати Исмоили Сомонӣ ва 90–солагии муаллифи китоби “Тоҷикон”, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров сурат гирифт, ки шаҳодат аз илму маърифат ва тоҷдору тоҷтабории ин мардум медиҳад.
11. Санаи 29 январи соли 1999 шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ аз тариқи «Гулдара» Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди истифода қарор гирифт.
12. Соли 2002 дар даврони давлатдории навин арҷгузорӣ ба солгарди шаҳрҳои таърихӣ ба ҳукми анъана даромада 2500–солагии Истаравшани бостоншаҳр таҷлил гардид.
13. Соли 2003 “Шашмақом” чун мусиқии мардумони халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкории шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид гардид;
14. Соли 2003 дар Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аввалин маротиба ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди пазириш қарор гирифта, «Соли байналхалқии оби тоза» эълон шуд.Солҳои 2005-2015 Даҳсолаи об барои ҳаёт» эълон гардид, ки нақшу корбурдҳои Тоҷикистонро дар ҳифзи ҳаёти мардуми сайёра муҳим мешуморад.
15. Санаи 26 июли соли 2006 кушодашавии нақби «Истиқлол» баргузор гардид, ки рафту омади мардумро миёни шимолу ҷануби Тоҷикистон осонтар намуд.
16. Соли 2007 ҷашни 800–солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо баргузории конфронсу намоиши байналмилалӣ сурат гирифт, ки ба қавли худи ӯ “К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст” инсон будан ва ба камоли одамият расидан дар меҳвари осори Мавлоно қарор мегирад.
17. Санаи 10 соли 2008 таҷлил аз 1150–солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сурат гирифт, ки гувоҳӣ аз фарҳангдӯсту адабиётшинос ва соҳибмаърифат будани мардуми ин сарзамин медиҳад.
18. Соли 2008 роҳи автомобилгарди Душанбе—Хуҷанд—Чаноқ мавриди истифода қарор гирифта, бар асоси шартномаи консессионӣ он ба ихтиёри ширкати «Innovative Road Solutions Ltd» дода шуд.
19. Санаи 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.
20. Соли 2009 – Соли бузургдошти Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит эълон гардид, ки дар доираи он конфронси байналмилалӣ бо иштирок донишмандони ҷаҳон доир шуд.
21. Санаи 31 июл 2009 маросими ботантанаи ба истифода додани Нерӯгоҳи барқии обии «Сангтӯда-1» бо иштироки роҳбарияти Тоҷикистону Русия сурат гирифт.
22. Санаи 19 феврали соли 2010 бо ташаббуси Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа дар иҷлосияи 64 – уми Маҷмааи кулли СММ қарор дар бораи “Ҷашни байналмилалии Наврӯз” қатънома қабул гардида, 21-уми март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон шуд.
23. Санаи 27 октябри соли 2012 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба даромадгоҳи қисмати ҷанубии нақби мошингарди Шаҳристон ташриф оварда, онро дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ намуд.
24. Соли 2013 чун “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби СММ пазируфта шуд.
25. Санаи 24 августи соли 2016 роҳи оҳани “Душанбе–Қӯрғонтеппа–Кӯлоб” ифтитоҳ ва ба истифода шуд.
26. Солҳои 2018-2028” Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки дар танзиму тақсими обҳои ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.
27. Санаи 16 нояри соли 2018 агрегати нахустини кохи муҳташами нур-НБО-и “Роғун” бо иштирок намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Белорус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба истифода дода шуд.
28. Санаи 14 декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатънома дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул гардид.
29. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ва “ Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз ҳадафҳои олии ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, баҳри беҳбудии вазъи некуаҳволии мардум ва баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву худшиносӣ таҳия ва пешниҳод шудаанд.
30. Дар даврони 35 соли Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо эҷоди мактаби сулҳу созандагӣ узви фаъоли СММ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони умумиҷаҳонии савдо(СУС), Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), Созмони давлатҳои исломӣ ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар форум ташкилотҳо гардид;
31. Соли 2010 шаҳри қадимаи «Саразм» бо қарори 34-умин ҷаласаи Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд;
32. Соли 2013 Боғи миллии Тоҷикистон – Куҳҳои Помир” бо қарори 36-умин ҷаласаи Кумитаи Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО “ба феҳристи мероси табиии умумиҷаҳонӣ шомил гардид ва соли 2013 дар шаҳри Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба нақшу саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шудааст, баргузор гашт.
33. Соли 2025 бо фармони Президенти Тоҷикистон “Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2026-2030” пешниҳод гардид.
34. Санаи 31 марти соли 2025 аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон «Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ» ба имзо расид, ки таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни кишварҳоро фаро мегирад. Санади мазкур заминаи мустаҳкамро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳо байни се давлати Осиёи Марказӣ фароҳам оварда,«ҳамчун санади дурахшон» ба сафҳаи таърихи ҷаҳон ворид гардида, аз дастовардҳои бузурги фарҳангию маънавӣ ва миллии кишварҳои дӯсту ҳамсоя ба шумор меравад.
35. Барои вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ » эълон гардид.
Ҳамин тариқ, таҷлил аз 35 солагии Истиқлоли давлатӣ бо 35 самараи сулҳу суботу созандагӣ заминаҳои хубро дар таҳкими сулҳу суботу худшиносии миллӣ фароҳам оварда, ифодакунаи таъриху тамаддун ва ҷасорату фаросати мардумони хирадманд мебошад.
Ҷоиз ба таъкид аст,ки ҷашну маросимҳои давлатӣ ҳисси ифтихороти миллиро бедор намуда, хотираҳои муборизону ҳомиёни Ватанро эҳё мекунад, ки дар эҷоду эъмори диёру Ватан саҳм гузоштанд.
Барои беҳтар фаҳмидани арзишу аҳамияти таҷлили Истиқлолият ва Сулҳу суботу созандагӣ ба нукоти зер бояд бештар таваҷҷӯҳ карду такя намуд:
Дар ниҳоят бояд қайд кард, ки истиқлолу сулҳу созандагӣ заминагузори худшиносиву худогоҳӣ, паёмрасони озодиву ободиву оромӣ ва амонии кишвар буда, чун як армуғон ё тӯҳфаи арзишманд, мо ва наслҳои моро ба суи қуллаҳои баланд дар партави донишу хирад ва худшиносӣ роҳнамоӣ менамояд. Дар натиҷа метавон чунин қайд кард, ки Истиқлолият заминагузори худшиносӣ буда, рамзҳои миллӣ паёмрасони хайру баракат, рушду саодат, ҳамеша моро ба суи созандагӣ, ободӣ, оромӣ ва амонии кишвар роҳнамоӣ менамояд ва чун як армуғон ё тӯҳфаи арзишманд, наслҳои ояндаро ба суи қуллаҳои баланд дар партави донишу хирад ва худшиносӣ роҳнамоӣ менамояд.
Ҳамин тавр, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба "Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)": ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон дар эҷоди роҳи эъмори сулҳи пойдор мусоидат намуда, ифодагари он аст, ки насли имрӯзу фардо дар фазои орому осуда, дур аз ошубу хушунат умр ба сар карда, ба илму маърифат, кашфу тараққиёт бештар машғул гардида,дар рушди иқтисодиёт ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ саҳм гузорад.
Хулосаи калом, таҷлил аз 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар доираи мактаби сулҳу созандагӣ заминаи хуб барои худшиносӣ буда, дарки дурусти нукоти зикршуда дар замири ҳар сокинони кишвар худогоҳӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, тарбия ва ташаккули насли огоҳу масъулиятшинос фароҳам оварда, роҳу воситаҳои муносибро дар таҳкими равобити хуби дипломатӣ бо халқу миллиятҳои ҷаҳон боз менамояд .
РАҲМОНОВ Мирсаид,
ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ