(ба истиқболи 35 -умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба вуҷуд омадани 15 давлати мустақил ва соҳибистиқлол дар харитаи сиёсии ҷаҳон, кишварҳое, ки қаблан тобеи ин иттиҳод буда, аз як марказ идора мешуданд, тадриҷан бо ирода ва талоши ҷиддӣ ба раванди бунёди давлатҳои миллии худ шурӯъ намуданд. Ин раванд барои онҳо на танҳо як тағйироти сиёсӣ, балки як марҳилаи муҳими таърихӣ буд, ки ташаккули низоми мустақили давлатдорӣ ва худшиносии миллиро тақозо мекард. Давлати миллӣ бидуни доштани рукнҳои асосии соҳибдавлатӣ ва истиқлолият наметавонад комил бошад. Ба чунин рукнҳо Конститутсия, Нишони давлатӣ, Парчами миллӣ ва Суруди миллӣ дохил мешаванд. Дар баробари ин, унсурҳои дигари муҳим низ вуҷуд доранд, ки бидуни онҳо ҳам давлат ва ҳам истиқлолият нопурра боқӣ мемонанд.
Ба ин унсурҳо марзи муайян, пули миллӣ, артиши миллӣ, забони давлатӣ ва дигар сохторҳои муҳими давлатӣ дохил мешаванд. Маҳз ҳамин маҷмуи унсурҳо дар раванди ташаккули давлати миллӣ якдигарро такмил дода, заминаи устувори давлатдорӣ ва истиқлолияти воқеиро фароҳам месозанд.
Бунёди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 сол пеш дар заминаи яке аз аввалин қарорҳои Раёсати Шурои Олӣ оғоз гардид. Ин қарор таҳти роҳбарии Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 18 декабри соли 1992 дар шаҳри Душанбе бо рақами №3 қабул шуда буд. Бар асоси ин санади муҳим, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз ҳисоби қисмҳои Ҷабҳаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастаҳои мусаллаҳе, ки Ҳукумати Ҷумҳуриро дастгирӣ менамуданд, инчунин тавассути ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ ташкил ва ташаккул дода шуданд. Ин иқдом қадами нахустин ва ҳалкунанда дар роҳи таъсиси Артиши миллӣ буда, барои таъмини амният, ҳифзи истиқлолият ва пойдории давлатдории навини тоҷикон заминаи устувор гузошт.
Замони қабули қарор дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, кишвар дар шароити хеле душвор қарор дошт: на Вазорати мудофиа вуҷуд дошт, на инфрасохтори зарурии ҳарбӣ, на заминаи кофии моддиву техникӣ ва на кадрҳои касбии омода. Яъне таъсиси Артиши миллӣ дар шароити ниҳоят мураккаб сурат гирифта, маҳз бо иродаи қавӣ ва талошҳои пайгиронаи роҳбарият ва мардуми кишвар амалӣ гардид.
Аввалин қисмҳои ҳарбии навташкил тақрибан пас аз ду моҳи таъсисёбии худ, рӯзи 23 феврали соли 1993, бо қадамзании низомӣ аз майдони «Озодӣ»-и пойтахт (ҳоло майдони Исмоили Сомонӣ) гузашта, аз мавҷудияти хеш ба ҷомеа мужда медод. Маҳз ҳамин рӯз ба ҳайси Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман пазируфта шуд.
Сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳ дар даврае рост омад, ки кишвар гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардида буд. Дар он замон иқтисодиёт ба буҳрони шадид рӯ ба рӯ шуда, қисми зиёди аҳолӣ ба гуруснагии саросарӣ гирифтор гардида, буҷаи давлат ниҳоят заифу хароб гашта буд.
Мушкили дигари ин давра дар он ифода меёфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар ҷумҳуриҳо аз мероси ҳарбии муқтадири Иттиҳоди Шӯравӣ бенасиб монда буд. Аз ин рӯ, барои таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ягон заминаи зарурӣ вуҷуд надошт.
Яке аз сабабҳои беруйӣ, нотарсии ҷоҳилона ва ҳаракатҳои созмондодашудаи мухолифинро метавон ба набудани қувваҳои ҳарбии давлатӣ вобаста донист. Зеро онҳо медонистанд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ Ҳукумат ягон намуди қувваҳоро дар ихтиёр надорад, то ба муқобили онҳо истифода барад.
Бо вуҷуди ҳамаи ин мушкилот, бо дастгирии мудаввом, дилсӯзии амиқ ва талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Артиши миллӣ марҳала ба марҳала ташаккул ёфта, рушду таҳким пайдо кард.
Дар ин раванд навъҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз қабили Неруҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал, ҷузъу томҳои таъйиноти махсус, муассисаҳои таҳсилоти низомӣ ва ҷузъу томҳои таъминотӣ таъсис дода шуданд. Ҳамзамон, омодагии ҷангии онҳо бо иштироки мустақим дар амалиётҳои муҳорибавӣ зина ба зина баланд бардошта шуд.
Дар ин ҷода, яъне дар замоне, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ доман паҳн карда буд, роҳбарияти Вазорати мудофиа таҳти роҳбарияти Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ташкили қисму воҳидҳои низомӣ, фароҳам овардани заминаҳои моддиву техникӣ, омода намудани афсарону сарбозони шуҷоъ, соҳибтаҷриба ва дорои донишу малакаи зарурии ҳарбӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд.
Дар он солҳо Вазорати мудофиа таҳти роҳбарии Ҳукумат фаъолияти худро ба фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва омода намудани мутахассисону кадрҳои баландихтисос равона намуд. Дар ин замина як қатор қонунҳои муҳим, аз ҷумла «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мудофиа» ва «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» қабул гардиданд. Ҳамзамон, ҳадафу вазифаҳои сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ дар самти таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи кишвар муайян карда шуданд.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ оид ба Артиши миллӣ чунин изҳори назар намудаанд: «Ҳайати шахсии далеру шуҷоъи Қувваҳои Мусаллаҳи ватан дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандорӣ ва рисолати ватандӯстонаи хешро бо сарбаландӣ иҷро намуда, дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми арзишманд ва таърихӣ гузоштанд».
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳангоми таъсиси Артиши миллӣ мо шумораи зарурии афсарону мутахассисони касбиро надоштем. Бинобар ин, яке аз вазифаҳои муҳими он рӯзҳо омода намудани афсарон ва мутахассисони низомӣ ба шумор мерафт.
Бо дарназардошти аҳамияти масъала, тайи 34 соли мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ зиёда аз 5300 нафар ҷавонон муассисаҳои олии ҳарбии дохил ва хориҷи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонро хатм намуданд. Аз ин шумора беш аз 650–700 нафар хатмкардагони академияҳои ҳарбии давлатҳои хориҷӣ мебошанд.
Вазъи бисёр ҳам ноорому мураккаби ҳарбиву сиёсӣ, ки имрӯз дар тамоми минтақа ва ҷаҳон ҳукмфармо гаштааст, инчунин, торафт васеътар гаштани миқёси хатару таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқ ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақозо менамоянд, ки барои пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии ватан ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбӣ тадбирҳои зарурӣ ва иловагӣ андешида шаванд.
Оид ба ин масъалаи бисёр ҳам муҳим Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти мамлакат чунин изҳори назар кардаанд: “Дар замони пурҳаводиси имрӯза, танҳо кадрҳое метавонанд амнияти давлат ва суботи ҷомеаро таъмин намоянд, ки дорои донишҳои муосири ҳарбӣ ва сатҳи баланди касбият буда, технологияҳои навтаринро аз худ кардаанд ва Ватани худро сидқан дӯст медоранд. Аз ин рӯ, бори дигар таъкид менамоям, ки дар сатҳи талаботи замона ба роҳ мондани омодагии касбӣ ва тарбияи ҳайати шахсӣ вазифаи асосии ҳайати фармондеҳӣ ба ҳисоб меравад ва аз ҳар як роҳбару афсар масъулияти баланд ва донишу малакаи заруриро тақозо менамояд”.
Тайи солҳои Истиқлоли давлатӣ ҳазорҳо нафар афсарону прапоршикҳо ва сарбозони шуҷоъи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои шуҷоат, мардонагӣ ва хизмати содиқона бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуда, садҳо нафари дигар бо рутбаҳои олии ҳарбӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар даврони муқовиматҳои мусаллаҳона ва мубориза бар зидди хоинону душманони миллати тоҷик ҳазорон нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ қаҳрамонона ҳалок гардиданд.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар фидокорӣ, ҷоннисорӣ ва қаҳрамониҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард. Ёду хотираи неки фарзандони фарзонаи миллат, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионии ҷумҳурӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва таъмини зиндагии орому осоиштаи мардум ҷони худро нисор намудаанд, ҳамеша пос дошта мешавад.
Мо, мардуми шарифу озодаи кишвар, ба хусус ҷавононро зарур аст, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки Истиқлолияти давлатӣ, фазои орому осуда ва суботи имрӯзаи кишвар бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ватанпарасти бонангу номуси халқамон ба даст омадааст. Аз ин рӯ, ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳимояи дастовардҳои давлатдорӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад.
ХОЛНАЗАРОВ Назар Мирзоевич,
ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ