(ба истиқболи ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Истиқлолият яке аз арзишҳои олии сиёсӣ мебошад, ки барои ҳар як давлат ҳамчун рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва мавқеи мустақил дар арсаи байналмилалӣ эътироф мегардад. Имрӯз Тоҷикистон ва қишри зиёии кишварро зарур аст, ки назарияи истиқлолро дар фаҳми рўз тавсиф ва тасниф намоянд. Зеро фаҳмиши классикии мафҳум ва раванди истиқлолгарої дар шароити олами глобалї тағйир ёфта, хусусиятҳои мухталифи инкишофи объективиро соҳибанд. Асри XXI талаботу манфиатњои акторони низоми сиёсати глобалиро дар шакли нав муаррифӣ намуда, зиддияту талаботњои зиёдро ба вуљуд овардааст. Принсипи истиќлолияти сиёсии давлатњо дар низоми навин асоси онро ташкил медињад. Махсусан, мољарои имруза дар Аврупои Шарқӣ, ҳолати рӯзмараи Иттиҳоди Аврупо фањмиши классикии истиќлолияти сиёсиро зери суол мебарад.
Дар шароити навин истиқлолияти сиёсии давлати миллӣ дар заминаи таълимотњо ва барномањои гуногуни марказњои тадќиќотї, мавриди тањќиќ ќарор гирифтааст. Равандњои глобаликунонии муосир дар доираи рушди интегратсионї ва демократикунонї тадриљан инкишоф ёфта, њарчи бештар падидаю њодисањоро ба хеш ворид месозад ва самти тараќќиёти онњоро беш аз пеш тарҳрезї менамояд.
Дар низоми сиёсии олам муносибатњо, хулосабарорињо хосияти дигарро ба худ касб намудаанд. Ташаккулу инкишофи акторњои дигари сиёсати љањонї ва зиддиятњову муќовиматњои байнињамдигарии онњо дар инкишофи минбаъдаи олам таъсири гуногун мерасонанд. Раванди рушди консепсияњои низоми сиёсии олам доираи зиддияту мухолифатњоро мураккаб намуда, субъектњои сиёсати љањониро аз љумла давлатро дар муќовимати байнињамдигарї ќарор медињанд. Ѓояи марказии низоми нави олам дар њар сурат мавриди бањс ќарор додани пешомади истиќлолияти сиёсии давлатњо мебошад. Равандҳои интегратсионӣ ва глобализатсионӣ дар баробари он садњо созмонҳо, ташкилотҳои байналхалқї ва таълимотњои гуногунеро ба вуҷуд овардааст. Дар маркази диққати чунин созмонҳо ва таълимотҳо нақш ва ҳолати истиќлолияти сиёсї ќарор дорад. Махсусан, таълимоти глобализми сиёсӣ ва интернатсионализми давлатӣ, ки бештар дар ҳаракатҳои мондиализм ва федералистони олам ифода мегардад ба масъалаи истиқлолияти сиёсї назари хоссаро ба вуҷуд меорад.
Истиќлолияти сиёсї дар фањми рўз далели он аст, ки мақоми он ба таври воқеӣ ба эътибор гирифта намешавад. Дар натиҷаи ташаккул ва инкишофи глобализми сиёсӣ истиќлолияти сиёсї моҳияти вестфалии худро аз даст дода, ҳолати номуттаносиб ва ба вобастагиҳои гуногуни сиёсӣ дучор мегардад. Тамоми хулосабарорињои глобалистҳо дар заминаи инкори принсипи истиқлолияти сиёсї ба вуҷуд омада, онро монеаи асосии инкишофи ҷомеаи навин медонанд, ки он ҳам дар заминаи арзишҳои «умумиҷаҳонӣ» далели худро пайдо менамояд. Арзишҳои хосаи давлатдории миллӣ монеаи ҷиддӣ дар роҳи бунёд намудани ҷомеаи «умумиинсонӣ» мегардад. Дар ҳолати ташаккул ва инкишофи чунин арзишҳои хосаи миллӣ онро омили дуршавӣ аз манфиатҳои умумиинсонӣ маънидод менамоянд. Анъанаҳо, фарҳангӣ хосаи давлатдорї, сади роҳи бунёди ҷомеае, ки арзишҳои умумиинсониро талқин намуда дар заминаи ғояи космополитикии умумиҷаҳонӣ ташаккул меёбад, монеа мегардад. Чунин тарзи гузориши масъала дар андешарониҳои бисёри муҳаққиқони глобализми сиёсӣ аз љумла А. Долмен, Я. Тинберген, Љ. Розенау, С. Хантигтон, Ф. Фукуяма ва ѓайра. мақоми муҳимро касб намуда, то ба инкори воқеии истиқлолияти миллї оварда расонидааст.
Дар шароити феълӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳиятан ба ҳайси давлати миллӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ баромад менамояд. Равандҳои сиёсии ҷаҳонӣ дар ҳоли ташаккул қарор дошта зиддияту мухолифатҳоро ба миён овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар доираи чунин муносибатҳо қарор дорад. Таҳким ва такмили истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон тақозо менамояд, ки оид ба масъалаҳои мухталифи зиддиятнок чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Барои фањми махсусиятњои низоми олами муосир диќќати заруриро ба масъалањои муњимтарини инкишофи Тољикистон, аз љумла дарки истиќлолияти сиёсї дар низоми нави олам ва дар муносибатњои байнињамдигарии акторњои сиёсати љањонї, ки доимӣ ва ќавї набуда, зуд-зуд таѓйир меёбанд, раванди пажўњиши васеъро талаб доранд.
Барои халқи тоҷик, истиқлолият танҳо падидаи сиёсӣ набуда, балки дастоварди таърихиест, ки садсолаҳо орзӯи он дар вуҷуди наслҳои зиёде зиндагӣ мекард. Эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 саҳифаи нав дар таърихи миллат кушод ва заминаи бунёди давлати миллӣ ва мустақилро фароҳам овард.
Истиқлолият ба Тоҷикистон имконият дод, ки дар масири худшиносӣ ва худсозӣ гомҳои устувор гузорад, сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона пеш барад ва барои таҳкими мавқеи байналмилалӣ талош намояд. Аммо роҳ ба сӯи истиқлол осон набуд: он бо мушкилоти ҷанги шаҳрвандӣ, буҳрони иқтисодӣ ва таҳдидҳои амниятӣ ҳамроҳ гардид. Бо вуҷуди ин, таҷрибаи таърихӣ нишон дод, ки истиқлол барои Тоҷикистон на танҳо арзиши сиёсӣ, балки воситаи пойдор мондани давлат ва рушди ҷомеа мебошад.
Барои дарк намудани аҳамият ва арзиши истиқлол, баррасии заминаҳои таърихӣ зарур аст. Тоҷикистон дар тӯли асрҳои зиёд ҳамчун як бахши тамаддуни шарқӣ бо таъриху фарҳанги ғанӣ ва давлатдории қадимӣ маъруф буд. Аммо дар асрҳои XIX–XX сарнавишти миллат ба шароити сиёсии ҷаҳонӣ ва минтақа вобаста гардид.
Дар ибтидои асри XX, баъди пошхӯрии аморати Бухоро ва ҳуҷуми қудратҳои хориҷӣ, тоҷикон мавқеи мустақили давлатиро аз даст доданд. Дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ (пас аз соли 1924) тоҷикон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи системаи сиёсӣ ва иқтисодии умумишӯравӣ фаъолият мекарданд. Гарчанде дар ин давра миллат соҳиби ҷумҳурии иттифоқӣ гардид ва дастовардҳои муайян дар соҳаҳои фарҳанг, маориф ва иқтисод ба даст омаданд, аммо масъалаи соҳибихтиёрии воқеӣ дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ вуҷуд надошт.
Охири солҳои 80-уми асри XX Иттиҳоди Шӯравиро буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳамроҳ буд. Афзоиши ҳаракатҳои миллӣ ва истиқлолталаб дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, инчунин таҷрибаи давлатҳои Шарқи Аврупо барои тоҷикон низ заминаи фикрӣ ва сиёсӣ фароҳам овард.
9 сентябри соли 1991 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсиониро оид ба истиқлолияти давлатӣ қабул намуд. Ин сана ҳамчун нуқтаи ибтидоии давлатдории мустақил ба таърих ворид гашт ва Тоҷикистон расман ба ҳайси субъекти муносибатҳои байналмилалӣ шинохта шуд.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон на танҳо як воқеаи таърихӣ, балки равандест, ки ба роҳбарияти оқилона ва сиёсати дурбинона вобастагӣ дорад. Дар ин замина, нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақоми ҳалкунанда дорад. Сиёсати ӯ на танҳо ба ҳифзи истиқлолият равона гардид, балки онро ба як арзиши миллӣ ва стратегияи асосии давлатдорӣ табдил дод.
Яке аз хизматҳои бузурги Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият — барқарор кардани сулҳ баъд аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Имзои Созишномаи сулҳ дар соли 1997 Тоҷикистонро аз вартаи парокандагӣ наҷот дод; ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи асосии истиқлолият таҳким ёфт; бо ташаббуси ӯ 27 июн — Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон гардид, ки рамзи барқарории давлатдории тоҷикон аст.
Имрӯз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун раҳбари сиёсӣ, балки ҳамчун Пешвои миллат истиқлолиятро ба арзиши муқаддас ва омили муттаҳидсозии ҷомеа табдил додааст. Сиёсати ӯ бар он равона шудааст, ки Тоҷикистон соҳиби сиёсати мустақил, иқтисоди устувор ва ҷомеаи воҳид бошад.
Нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият беназир аст. Агар солҳои 90-ум масъалаи зинда мондани давлат матраҳ буд, имрӯз бо раҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба давлати соҳибистиқлол, рушдёбанда ва дорои нуфузи байналмилалӣ табдил ёфтааст.
РАҲИМОВ Дилшод
ходими хурди илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши маъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ