Дар заминаи буҳрони сохтории назми либералии ҷаҳони имрӯз [2] ва шикасти консептуалии универсализми ғарбӣ пайдоиш ва ниҳодишавии падидаи «Ҷануби Глобалӣ» (Global South) ба яке аз муҳимтарин ва таъсиргузортарин равандҳои геополитикии даҳсолаи аввал ва дувуми асри XXI табдил ёфтааст. Дар сиёсатшиносии муосир ва назарияи муносибатҳои байналмилалӣ мафҳуми «Ҷануби Глобалӣ» дигар на ҳамчун як истилоҳи оддии ҷуғрофӣ, балки ҳамчун як иттиҳоди бузурги сиёсӣ, геоиқтисодӣ ва сивилизатсионии давлатҳое баррасӣ мешавад, ки хостори таҷдиди назар дар бобати сохтори мавҷудаи идоракунии ҷаҳонӣ ва таъсиси як низоми одилонаи муносибат ва равобити байналмилалӣ мебошанд.
Таҳлили назариву методологӣ ва дурнамои ин падидаи муҳим нишон медиҳад, ки Ҷануби Глобалӣ ҳамчун актори марказии ҷаҳони бисёрқутба (multipolarity) дорои се хусусияти калидии ниҳодӣ (институтcионалӣ) мебошад:
§ Муқовимат ба монополияи молиявию иқтисодии Ғарб: Кишварҳои Ҷануби Глобалӣ, ки дорои қисми зиёди аҳолӣ ва захираҳои табиии ҷаҳон мебошанд, ба муқобили муқаррароти иҷбории низоми молиявии Бреттон-Вудс (ФБМ ва Бонки ҷаҳонӣ) баромад мекунанд. Онҳо тақозо доранд, ки дар раванди қабули қарорҳои глобалии иқтисодӣ иштирокашон таъмин карда шавад ва дар анҷоми ин амалҳо саҳми баробар дошта бошанд.
§ Татбиқи принсипи соҳибихтиёрии тамаддунмеҳварӣ (сивилизатсионизм): Акторҳои ин иттиҳод ошкоро изҳор медоранд, ки ҳалли масъалаҳои дохилии онҳо бояд дар асоси арзишҳои суннатӣ, таърихӣ ва миллии худашон сурат гирад, на аз рӯи қолабҳои барояшон номатлуби либералии беруна.
§ Стратегияи «Адами вобастагии блокӣ» (Strategic Non-Alignment): Давлатҳои Ҷануби Глобалӣ дар шароити кунунии рақобати шадиди геополитикии байни ШМА ва Россия/Чин аз ворид шудан ба эътилофҳои ҳарбию сиёсии маҳдуд худро дур нигоҳ медоранд. Онҳо усули прагматизми транзаксиониро пеш гирифта, бо ҳама марказҳои қудрат бо назардошти манфиатҳои миллии худ ҳамкорӣ мекунанд [3].
Институтсионализатсияи (ниҳодисозии) сиёсии Ҷануби Глобалӣ, пеш аз ҳама, бо тавсеаи бесобиқаи созмони БРИКС (BRICS) ва таҳкими мавқеи Созмони Ҳамкории Шанхай (ШОС) алоқамандии мустақим дорад. Равандҳои ҳамгироӣ ва амалияи солҳои охир нишон медиҳанд, ки БРИКС дигар на як клуби иқтисодӣ, балки ба ҳайси як корпояи тавонманди марказии таҷаммӯъ ва ҳамгироии геополитикии Ҷануби Глобалӣ эътироф ва эътибор пайдо кардааст. Ворид шудани акторҳои калидии минтақавӣ (ба монанди Эрон, Арабистони Саудӣ, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Миср ва Эфиопия) ба ин созмон вазни геоиқтисодии онро нисбат ба кишварҳои «Гурӯҳи ҳафт» (G7) ба таври қобили мулоҳиза боло бурд [1].
Дар доираи фаъолияти БРИКС ва ШОС имрӯз Ҷануби Глобалӣ раванди «дедолларизатсия»-ро (Dedollarization) ба таври қобили мулоҳиза суръат бахшидааст. Истифодаи санксияҳои якҷонибаи молиявӣ аз ҷониби Вашингтон кишварҳои Ҷанубро маҷбур намуд, ки барои ҳифзи амнияти иқтисодии худашон ба ҳисоббаробаркуниҳои тиҷоратӣ бо асъорҳои миллӣ ва таъсиси низомҳои алтернативии молиявӣ (ба монанди Бонки нави рушди БРИКС) рӯ оваранд.
Дар сатҳи глобалӣ бошад, Ҷануби Глобалӣ назми муносибатҳои байналмилалиро аз «монологи Ғарб» ба «муколамаи тамаддунҳо» табдил дода истодааст. Кишварҳои мазкур нишон доданд, ки бе иштироки фаъоли онҳо ҳалли ҳеҷ як чолиши глобалӣ — аз амнияти экологӣ ва устувории энергетикӣ то муқовимат ба пандемияҳо ва таъмини сулҳ — ғайриимконпазир аст.
Барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, зуҳури Ҷануби Глобалӣ имкониятҳои нави стратегиро фароҳам меорад. Ин раванд ба Душанбе имкон медиҳад, ки дар доираи «Сиёсати дарҳои боз» занҷираҳои логистикиву иқтисодии худро бо марказҳои нави рушди Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ диверсификатсия намуда, соҳибсубъектӣ//субъективияти худро дар баробари абарқудратҳо ҳифз намояд ва онро тақвият бахшад.
Хулоса, таъсис ва ташаккули Ҷануби Ҷаҳонӣ ҳамчун як падидаи нави сиёсӣ ва раванди ниҳодӣ шудани он дар даҳаи дуюми асри XXI омили калидии тағйири меъмории низоми муносибатҳои байналмилалӣ гардидааст. Рушди ин падидаи нави геополитикӣ нишон медиҳад, ки низоми муносибатҳои байналмилалии замони муосир аз модели "унверсализми либералии якқутба" ба марҳилаи "бисёрқутбагии прагматикӣ ва тамаддунмеҳвар" комилан гузаштааст. Густариши созмонҳои БРИКС ва СҲШ, суръат бахшидан ба равандҳои безараргардонӣ ва пешбурди стратегияи вобастагии ғайриидеологӣ падидаи Ҷануби Ҷаҳониро ба як субъекти марказии муомилотӣ табдил додааст, ки бе иштироки он ҳалли ҳеҷ яке аз масъалаи ҷаҳонӣ - аз амнияти экологӣ то суботи стратегӣ - ғайриимкон аст. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдоиши ин маркази нави қудрати сиёсӣ заминаи мустаҳкамеро барои гуногунрангии логистикӣ ва иқтисодӣ дар доираи "сиёсати дарҳои боз" ва тақвияти истиқлолияти сиёсии миллӣ фароҳам меорад, ки дар ниҳояти кор раванди давлатдории миллиро дар кишвар боз ҳам тақвият медиҳад.
КАРИМОВ Шамсиддин,
сарходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
доктори илмҳои сиёсӣ
САРЧАШМАҲО
1. Резолютсияҳои Саммити БРИКС ва Конфронсҳои ШОС (солҳои 2024–2025).
2. Хайдаров Р. Дж. Новые геополитические тенденции в евразийском пространстве в контексте формирования трехполярного мира.// Постсоветские исследования.-№7.-2022.(Москва,Россия) .-С.667-676
3. Stuenkel, O. Post-Western World: How Emerging Powers Are Remaking Global Order. — London: Polity, 2016. — 240 p.