×

СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ КОНСЕПСИЯИ «ДАРҲОИ КУШОДА» ТО ДИПЛОМАТИЯИ РАҚАМӢ ВА ИҚЛИМӢ

Бозгашт ба мавод

СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ КОНСЕПСИЯИ «ДАРҲОИ КУШОДА» ТО ДИПЛОМАТИЯИ РАҚАМӢ ВА ИҚЛИМӢ

ИОМДОА Сиёсат 29-04-2026 ш.Душанбе
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ КОНСЕПСИЯИ «ДАРҲОИ КУШОДА» ТО ДИПЛОМАТИЯИ РАҚАМӢ ВА ИҚЛИМӢ

(Тақриз ба монографияи «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии фазои Авруосиё: Нақши роҳбарият, шарикияти стратегӣ, рақамикунонӣ ва ҳамкории минтақавӣ» Душанбе, 2026. 148 с.


Монографияи мазкур, ки аз ҷониби олимони маъруфи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Зафар Сайидзода, Рустам Ҳайдарзода ва Фарида Қурбонзода таҳия шудааст, ба яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсатшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ – ташаккул, таҳаввул ва самтҳои муосири сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии фазои Авруосиё бахшида шудааст. Ин асар ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати хос дорад ва ҳамчун натиҷаи меҳнати прусамари илмӣ, ки дар асоси қарори Шӯрои олимии Институт аз 30 марти соли 2026 (суратмаҷлиси №3) нашр шудааст, арзиши баланди илмӣ-назариявӣ ва амалӣ дорад.

Мубрамияти мавзӯъ дар шароити ҷаҳони муосир, ки бо динамикаи баланд, номуайянӣ, бисёрмарказӣ ва тағйирёбии геосиёсии фазои Авруосиё тавсиф мешавад, комилан возеҳ аст. Муаллифон ҳамаҷониба нақши роҳбарият, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлил намуда, шарикиятҳои стратегӣ (хусусан бо Федератсияи Русия), раванди рақамикунонӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ тавонистаанд модели муосири сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, фаъол ва ташаббускор дар низоми байналмилалӣ нишон диҳанд. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ монография ҷанбаҳои конститутсионӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, институтсионалӣ ва стратегии сиёсати хориҷиро амиқ ошкор месозад, ки барои таҳкими соҳибихтиёрии давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, рушди устувор ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калон дорад.

Сохтори монография мантиқӣ, бонизом ва ҳамаҷониба мебошад. Муаллифон дар саҳифаҳои аввали асар (саҳифаҳои 1–6, аз ҷумла «Пешгуфтори муаллифон» ва «Муқаддима») ба нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузор ва роҳбари сиёсати хориҷии давлати соҳибихтиёр диққати махсус медиҳанд. Таҳлили таҳаввул ва тавсеаёбии сиёсати хориҷӣ дар алоқамандӣ бо тағйирёбии муносибатҳои байналмилалӣ ва фазои Авруосиё бо таъкид ба суханронии таърихии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 1993 дар иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурӣ хеле муҳим аст. Дар ин суханронӣ бори аввал принсипҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мустақили Тоҷикистон бонизом муайян карда шуданд: ҳалли осоиштаи низоъҳо, кушодагӣ ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, афзалияти ҳамсоягии нек, бисёрвекторӣ ва эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ. Муаллифон ин суханронии таърихиро ҳамчун «нуқтаи ибтидоии ташаккули доктринаи пурраи сиёсати хориҷӣ» арзёбӣ кардаанд, ки минбаъд дар Консепсияҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 сентябри соли 2002 ва 27 январи соли 2015 дарҷ гардидааст.

Аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ин таҳлилҳо аҳамияти махсус доранд, зеро онҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз рӯзи аввали истиқлол ҳамчун сиёсати стратегӣ ва муташаккил асоснокшуда ташаккул ёфтааст. Консепсияи соли 2002 ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ дар давраи пас аз низоъ принсипҳои бисёрвекторӣ, кушодагӣ, ҳамсоягии нек ва иштироки фаъол дар созмонҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама Созмони Милали Муттаҳидро мустаҳкам кард. Консепсияи соли 2015 бошад, ин ҳуҷҷатро мутобиқ ба тағйироти ҷаҳонӣ (ҷаҳонишавӣ, рақобати геосиёсӣ, раванди рақамикунонӣ) нав карда, принсипҳои воқеъбинона, иқтисодикунонии сиёсати хориҷӣ ва афзоиши нақши «қувваи нарм»-ро ворид намуд.

Бахши муҳимтарини қисми аввали монография (саҳифаҳои 6–26) ба дипломатияи обӣ ҳамчун унсури сохторсози сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Муаллифон бо тафсилот ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар доираи Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ кардаанд: Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005–2015), Соли байналмилалии ҳамкории обӣ (2013), Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» (2018–2028). Ин ташаббусҳо на танҳо манфиатҳои миллии Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамгиро карданд, балки ба Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид мусоидат намуданд. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ инҳо ҳамчун саҳми ҷиддии Тоҷикистон ба ҳуқуқи байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои обӣ арзёбӣ мешаванд ва ҳамчун намунаи дипломатияи равзанавӣ барои давлатҳои хурд хизмат мекунанд.

Муаллифон механизми амалии дипломатияи обӣ – «Раванди оби Душанбе»-ро ҳамчун платформаи дипломатӣ, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ ҷойгир аст, таҳлил кардаанд. Ин платформа вазифаҳои ҳамоҳангсозии кӯшишҳои байналмилалӣ, мубодилаи донишҳои илмӣ ва амалӣ ва пешбурди меъёрҳои истифодаи устувори обро иҷро мекунад. Дар идомаи дипломатияи обӣ ба дипломатияи иқлимӣ ва амнияти криосферӣ диққат дода шудааст. Ташаббуси Тоҷикистон дар бораи эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо (21 март) бо иштироки ЮНЕСКО ва Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ яке аз дастовардҳои муҳим аст. Муаллифон ҳамчунин сиёсати экологӣ ва стратегияҳои рушди «сабз»-ро баррасӣ кардаанд, ки бо Даҳсолаи байналмилалии барқарорсозии экосистемаҳо (2021–2030) ҳамоҳанг аст. Барномаҳои миллӣ барои мубориза бо деградатсияи заминҳо, ҳифзи гуногунии биологӣ ва рушди гидроэнергетика ҳамчун ҷузъи рушди «сабз» тавсиф шудаанд. Инҳо на танҳо ҷанбаҳои экологӣ, балки ҳуқуқӣ, иқтисодӣ доранд ва ба таъмини технологияҳои соҳибихтиёрӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар дар шароити тағйирёбии иқлим мусоидат мекунанд.

Дар саҳифаҳои 27–52 муаллифон таҳлили системавӣ ва ҳамаҷонибаи асосҳои консептуалӣ ва механизмҳои амалигардонии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро идома медиҳанд. Ин бахшҳо ба таҳаввул ва таҳавулли сиёсати хориҷӣ аз давраи бӯҳрони дохилӣ (1992–1997) то ҳолати муосир, ташаккули доктринаи «дарҳои кушода», қабули Консепсияҳои сиёсати хориҷии солҳои 2002 ва 2015, механизмҳои институтсионалӣ ва нақши дипломатияи иттилоотӣ бахшида шудаанд. Муаллифон дар бахши ташаккули сиёсати хориҷӣ дар шароити бӯҳрон нишон медиҳанд, ки дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ ва таҳдид ба давлатдорӣ сиёсати хориҷӣ пеш аз ҳама ба ҳалли масъалаи сулҳу оштӣ равона шуда буд. Суханронии таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (28 декабри 1993) ҳамчун нуқтаи ибтидоии ташаккули доктринаи пурраи сиёсати хориҷӣ арзёбӣ мешавад.

Бахши ташаккули заминаи консептуалии сиёсати хориҷӣ (2001–2015) яке аз муҳимтарин ҷузъҳои монография мебошад. Консепсияи соли 2002 ҳамчун ҳуҷҷати аввалини стратегӣ принсипҳои бисёрвекторӣ ва кушодагиро мустаҳкам кард, дар ҳоле ки Консепсияи соли 2015 онро мутобиқ ба тағйироти ҷаҳонӣ нав карда, принсипҳои прагматизм ва иқтисодикунониро ворид намуд. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ин ҳуҷҷатҳо ҳамчун ҳуҷҷатҳои конститутсионию стратегии давлат арзёбӣ мешаванд.

Муаллифон самтҳои калидии сиёсати хориҷии муосир, механизмҳои институтсионалӣ (нақши Президент, Маҷлиси Олӣ, Шӯрои амният, Вазорати корҳои хориҷӣ) ва дипломатияи иттилоотиро ҳамчун ҷузъи «қувваи нарм» таҳлил кардаанд. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи аввали истиқлол ҳамчун сиёсати муташаккил, ҳуқуқӣ асоснокшуда ва рушдкунанда ташаккул ёфтааст.

Дар қисми минбаъдаи монография (саҳифаҳои 53–142) муаллифон таҳлили ҳамаҷонибаи самтҳои амалии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро идома медиҳанд. Шарикияти стратегӣ бо Федератсияи Русия ҳамчун самти афзалиятнок тавсиф шудааст, ки ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, технологӣ ва амниятӣ дорад. Бахши сармоягузорӣ, ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ ва рақамикунонӣ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ навоварӣ аст: рақамикунонии иқтисодиёт ҳамчун воситаи таъмини шаффофият ва мубориза бо коррупсия баррасӣ шудааст. Ҷанбаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ (эътирофи «Наврӯз», ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО) ва равандҳои интегратсионӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё низ амиқ таҳлил гардидаанд. Муаллифон инчунин масъалаҳои сармоягузорӣ, соҳибкихтиёрӣ ва таҷрибаи Русия дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар самти Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

Дар бахши навоварӣ ва аҳамияти амалӣ муаллифон навовариҳои илмии асарро ҷамъбаст кардаанд ва иброз менамоянд, ки таҳлили ҳамаҷонибаи таҳаввул ва тавсеаи сиёсати хориҷӣ аз соли 1992 то имрӯз, ошкор кардани нақши Пешвои миллат ҳамчун омили низомсоз ва асоснок кардани дипломатияи обӣ ва иқлимӣ ҳамчун шакли дипломатияи равзанавӣ аст.

Хулосаҳои умумии монография нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон модели самараноки дипломатияи равзанавии давлати хурдро ташаккул додааст, ки дар он нақши Пешвои миллат ҳамчун меъмори асосӣ ва роҳбари сиёсати хориҷӣ ҳалкунанда аст. Консепсияҳои 2002 ва 2015, паёмҳои солонаи Президент, шарикиятҳои стратегӣ, рақамикунонӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ ҳамчун низоми ягонаи ҳуқуқӣ, стратегии таъмини манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии фазои Авруосиё амал мекунанд. Монографияи мазкур аз ҷиҳати илми ҳуқуқӣ кори баландсифат, мубарам ва навоварона аст.

Хулоса, монографияи «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии фазои Авруосиё» саҳми арзишманд ба илмҳои ҳуқуқӣ, сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон мегузорад. Он метавонад ҳамчун манбаи асосӣ барои кормандони мақомоти давлатӣ, донишҷӯён, аспирантон ва мутахассисони соҳа истифода шавад ва барои таҳкими ҳуқуқии сиёсати хориҷии давлати соҳибихтиёр мусоидат намояд.

САНГИНЗОДА Дониёр Шомаҳамад,

сарходими илмии шуъбаи ИДМ-и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.