×

РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Бозгашт ба мавод

РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ИОМДОА Сиёсат 06-08-2026 ш.Душанбе
РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

(Ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон на танҳо озодии сиёсӣ, балки имконияти бунёди иқтисоди миллиро фароҳам овард. Дар солҳои аввали истиқлолият кишвар бо мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ боиси коҳиши истеҳсолот, афзоиши бекорӣ ва паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ шуд. Бо вуҷуди ин, бо барқарор гардидани сулҳу субот ва талошҳои пайгиронаи давлату ҷомеа иқтисодиёти кишвар тадриҷан аз буҳрон берун омада, ба марҳилаи нави рушд ворид гардид.

Пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ шурӯъ намуд. Гузариш ба иқтисоди бозорӣ, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди устувори иқтисоди миллӣ замина гузошт. Дар натиҷа соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, энергетика ва хизматрасонӣ тадриҷан рушд ёфта, иқтидори иқтисодии кишвар тақвият пайдо кард.

Дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон як қатор омилҳои муҳим нақши ҳалкунанда доранд. Пеш аз ҳама, захираҳои бойи табиӣ, махсусан захираҳои обӣ, имкониятҳои васеъро барои рушди гидроэнергетика фароҳам меоранд. Сохтмон ва мавриди истифода қарор гирифтани иншооти муҳими энергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун», барои таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, рушди саноат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар аҳамияти бузург дорад. Ҳамзамон, захираҳои маъданӣ ва мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ имкониятҳои мусоид муҳайё месозанд.

Омили муҳими дигар захираҳои меҳнатӣ мебошанд. Аҳолии ҷавон ва қобили меҳнат имконият медиҳад, ки соҳаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ густариш ёбанд. Инчунин, мавҷудияти қувваи корӣ барои ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ низ дар рушди иқтисоди миллӣ нақши муҳим доранд. Бо дастгирии ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва шарикони рушд дар кишвар лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, энергетикӣ ва иҷтимоӣ амалӣ гардида, барои беҳтар намудани шароити иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат мекунанд.

Интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ низ яке аз сарчашмаҳои муҳими даромади иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад. Ин маблағҳо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, дастгирии оилаҳо ва рушди бахши хизматрасонӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Бо вуҷуди ин, барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, коҳиш додани вобастагӣ аз омилҳои беруна, рушди технологияҳои муосир, диверсификатсияи иқтисодиёт ва афзоиши истеҳсолоти ватанӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд.

Имрӯз иқтисодиёти Тоҷикистон марҳилаи рушди устуворро тай намуда истодааст. Афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД), беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва васеъ шудани имкониятҳои соҳибкорӣ аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият мебошанд. Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми ММД аз тақрибан 291 миллион доллари ИМА дар соли 1992 то 12 миллиарду 953 миллион доллар дар соли 2024 расидааст, ки аз рушди назарраси иқтисоди миллӣ шаҳодат медиҳад.

Дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, назаррас мебошад. Дар даврони истиқлолият таҳти роҳбарии Пешвои миллат санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, афзалиятҳои стратегии рушди иқтисодӣ муайян ва амалӣ шудаанд. Ин сиёсат барои таҳкими иқтисоди миллӣ ва рушди устувори кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар рақамикунонии иқтисодиёт мебошад. Бо рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ зарурати ҷорӣ намудани хизматрасониҳои рақамӣ ва технологияҳои муосир дар тамоми бахшҳои иқтисодӣ афзоиш ёфтааст. Рақамикунонӣ ба баланд гардидани самаранокии идоракунӣ, шаффофият, рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва беҳтар шудани сифати хизматрасониҳо мусоидат мекунад.

Дар солҳои охир як қатор барномаҳои давлатӣ оид ба рушди иқтисоди рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва хизматрасониҳои онлайнӣ татбиқ гардида истодаанд. Инчунин, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва баланд бардоштани савияи рақамии аҳолӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ аҳамияти калон дорад.

Ҳамзамон минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз воситаҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб мераванд. Таъсиси чунин минтақаҳо дар ҳудуди кишвар барои ҷалби сармоя, рушди истеҳсолот, зиёд намудани ҳаҷми содирот ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ мусоидат мекунад. Дар ин минтақаҳо барои соҳибкорон низоми имтиёзноки андозу гумрук ҷорӣ гардида, муҳити мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар соли 2025 корхонаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ба маблағи 687 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки 30 фоиз нисбат ба соли 2024 зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда аз рушди истеҳсолот ва беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ шаҳодат медиҳад.

Ҳамин тариқ, истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон заминаи бунёди иқтисоди мустақил ва рақобатпазирро фароҳам овард. Дар даврони истиқлолият кишвар дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, соҳибкорӣ, рақамикунонӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Бо вуҷуди баъзе мушкилоти мавҷуда, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, истифодаи самараноки захираҳои миллӣ ва рушди технологияҳои муосир барои пешрафти минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад.

ҚУРБОНЗОДА Фарида,

ходими илмии шуъбаи ИДМ – и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ