×

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ - ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Бозгашт ба мавод

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ - ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

ИОМДОА Сиёсат 06-08-2026 ш.Душанбе
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ - ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

(ба истиқболи    35-умин солгарди Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон)

Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат на танҳо рӯйдоди сиёсӣ, балки оғози марҳилаи нави таърихӣ ва худшиносии миллӣ ба шумор меравад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дастоварди бузург дар даҳаи аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваста, 9-уми сентябр расман ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ эълон гардид. Аз ҳамон замон кишвар ба давраи сарнавиштсоз ворид шуд, ки дар он таҳкими давлатдории мустақил, эҳёи арзишҳои миллӣ ва муайян намудани роҳи рушди мустақилона аҳамияти хоса пайдо карда, заминаи ташаккули сиёсати дохиливу хориҷии мустақилро фароҳам овард.

Дар ҳамин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти истиқлолиятро хеле равшан чунин шарҳ медиҳанд: «Истиқлолият - ин номуси шарафу номуси ватандорӣ аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар фарди бедордили ҷомеъа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост. Истиқлолият – ин хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии осоиштаи шахсии соҳибдавлатию соҳибватан аст». Ин таъриф баёнгари он аст, ки истиқлолият на танҳо арзиши сиёсӣ, балки рукни асосии ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва заминаи рушди устувори давлат мебошад, ки ояндаи равшани кишварро таъмин месозад.

Мафҳуми «истиқлолият» дар «Энсиклопедияи тоҷик» ҳамчун ҳолати соҳибихтиёрӣ ва худмухторият маънидод шуда, озод будани давлат ё шахсро дар қабули қарорҳо ва амалҳо ифода менамояд. Яъне, истиқлолият пеш аз ҳама раҳоӣ аз вобастагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ буда, имкони муайян намудани роҳи рушди мустақилонаро фароҳам меорад. Ин мафҳум на танҳо озодиро таҷассум мекунад, балки масъулият, худшиносӣ ва тавоноии идоракунии сарнавишти худро низ дар бар мегирад.

Истиқлолият:

1. Соҳибихтиёрии сиёсиву давлатӣ дар фаъолияти дохилию берунӣ бе дахолати давлатҳои дигар; вазъи миллат, кишвар ва давлат, сокинон ва шаҳрвандон, ё баъзе аз тартибҳои он барои амалигардонидани худидоракунӣ дар тамоми ҳудуди марзу буми он мебошад.

2. Ба халқ ё миллате мансуб будани ҳокимияти давлатӣ ва татбиқи он тавассути раъйпурсӣ ва интихоби намояндагони халқ сурат мегирад.

Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми августи соли 1990 дар иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул гардида, яке аз санадҳои муҳими сиёсиву ҳуқуқии давраи гузариш ба ҳисоб меравад. Ин ҳуҷҷат аз муқаддима ва 19 модда иборат буда, ба таври расмӣ ҳуқуқи соҳибихтиёрии Тоҷикистонро эълон намуд.

Дар Эъломия муқаррар карда шуд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ Конститутсия ва қонунҳои миллӣ эътибори олӣ доранд, ки ин қадам заминаи муҳими ташаккули низоми мустақили ҳуқуқӣ ва давлатӣ гардид. Ҳамин тавр, Эъломияи истиқлолият ҳамчун пояи устувор барои таҳким ва рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ, аз ҷумла қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон, хизмат намуд. Бо қабули Эъломияи истиқлолият заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсии ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон тақвият ёфта, барои қабули санадҳои муҳимми давлатӣ ва рушди низоми ҳуқуқии кишвар шароити мусоид фароҳам омад.

Аҳамияти барҷастаи ин Эъломияи таърихӣ дар масири давлатсозӣ ва миллатсозии кишвари мо ниҳоят бузург буда, он ҳамчун пояи устувори ташаккули давлатдории мустақил, таҳкими соҳибихтиёрӣ ва рушди низоми сиёсиву ҳуқуқии Тоҷикистон хизмат намудааст.

Пас, моро зарур аст, ки ин дастоварди бузурги таърихи муосири Ватани маҳбубамон — Тоҷикистони азизро бо эҳтироми хоса қадрдонӣ намуда, бо эҳсоси баланди масъулият дар атрофи роҳбарияти кишвар — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, барои ояндаи дурахшони давлату миллат қадамҳои устувору созанда гузорем.

Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзиши олӣ ва дастоварди таърихӣ заминаи бунёди давлати мустақил, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ҷомеаро фароҳам овардааст. Он на танҳо рамзи озодӣ, балки масъулияти бузурги ҳар як шаҳрванд дар роҳи ҳифз ва тақвияти давлатдорӣ мебошад. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба истиқлолият ва муттаҳидона талош варзидан дар атрофи арзишҳои миллӣ ва роҳбарияти кишвар кафили ояндаи ободу дурахшони Тоҷикистони азиз маҳсуб меёбад.

ҚУРБОНОВ Ҳокимҷон

ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ