Гулҳои Сиёвуш ва Лола дар Тоҷикистон рамзҳои миллии табиати кишвар маҳсуб меёбанд . Мо чунин назар дорем,ки ин рамзҳо дар самти ҳифзи мероси табиӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти калон дорад. Таҷрибаи бисер кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки онҳо ба таври расмӣ ё анъанавӣ гулҳо ва растаниҳои муайянро ҳамчун рамзҳои миллӣ пазируфта, тавассути онҳо таъриху фарҳанг ва арзиши миллии худро муаррифӣ менамоянд. Канада яке аз кишварҳое мебошад, ки бо табиати нодир, гуногунранг ва захираҳои ғании табиии худ дар ҷаҳон шинохта шудааст. Аз соҳилҳои уқёнуси Атлантика то кӯҳҳои Рокӣ ва аз ҷангалҳои васеи тайга то тундраи Арктика, манзараҳои табиии ин кишвар гуногунии бузурги олами набототу ҳайвонотро дар бар мегиранд. Маҳз ҳамин гуногунии биологӣ боис гардидааст, ки бисёре аз растаниҳо ва гулҳо на танҳо ҷузъи муҳити экосистемаҳои Канада, балки ба рамзҳои фарҳангӣ ва миллии он низ табдил ёбанд. Гарчанде, ки Канада гули расмии миллӣ надорад, як қатор гулҳо ва растаниҳо ҳамчун рамзҳои табиат, ҳувияти миллӣ, таърихи кишвар ва ғановати табиии он эътироф гардидаанд. Ҳар яке аз онҳо дорои маънои рамзӣ ва ҷойгоҳи хоси фарҳангӣ буда, дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва муаррифии симои Канада дар сатҳи байналмилалӣ нақши муҳим мебозад.
Ҳангоми сухан рондан дар бораи рамзҳои миллии Канада, пеш аз ҳама барги хордор (Maple Leaf) ба хотир меояд. Гарчанде ки барги хордор гул нест, он муҳимтарин ва маъруфтарин рамзи миллии Канада ба шумор меравад. Дарахти хордор садсолаҳо боз ҷузъи ҷудонашавандаи табиат, манзараҳои зебо ва мероси табиати ин кишвар мебошад. Ҳануз аз асри XVIII муҳоҷирони аврупоӣ шираи дарахти хордорро ҷамъоварӣ намуда, аз он шарбати хордор истеҳсол мекарданд, ки имрӯз яке аз маҳсулоти машҳур ва нишонаҳои миллии Канада ба ҳисоб меравад. Дар соли 1965, ҳангоми қабули парчами нави давлатӣ, тавсири барги ёздаҳгӯшаи хордор дар маркази парчам ҷой дода шуд. Аз ҳамон замон барги хордор ба рамзи ягонагии миллӣ, сулҳу субот, истиқлолият ва эҳтироми мардуми Канада ба табиат табдил ёфт. Имрӯз ин рамз дар парчам, нишони давлатӣ, шиноснома, тангаҳо, либоси дастаҳои миллӣ ва дигар рамзҳои расмии кишвар васеъ истифода мешавад.
Бояд қайд кард, ки ба ғайр аз барги хордор, ки рамзи миллии Канада ба ҳисоб меравад, ҳар як музофот ва ҳудуди ин кишвар низ рамзи гулҳои расмии худро дорад. Ин гулҳо хусусиятҳои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳар як минтақаи Канадаро инъикос менамоянд. Масалан, гули расмии музофоти Онтарио аз соли 1937 Триллиуми сафед (White Trillium) мебошад. Ин гул асосан дар ҷангалҳои баргрези шарқи Канада мерӯяд ва аз нахустин гулҳое ба шумор меравад, ки дар аввали баҳор мешукуфанд. Хусусияти хоси триллиум дар он аст, ки сохтори он аз се гулбарг, се косабарг ва се барг иборат мебошад. Аз ҳамин сабаб, номи илмии он аз калимаи лотинии tria, ки маънои “се”-ро дорад, гирифта шудааст. Дар фарҳанги канадиҳо триллиуми сафед рамзи оғози ҳаёти нав, покизагӣ, умед ва эҳёи табиат пас аз зимистони тӯлонӣ ба шумор меравад. Бо назардошти аҳамияти рамзӣ ва ҳассосияти экологии ин растанӣ, дар баъзе минтакаҳои музофоти Онтарио кандан ё осеб расонидан ба ин гул маҳдуд ё манъ карда шудааст.
Яке аз гулҳои дигари ғайрирасмии рамзи Канада Банчберри (Bunchberry, Cornus canadensis) мебошад. Ин растании бисёрсола қариб дар тамоми қаламрави кишвар, аз музофотҳои шарқӣ то минтақаҳои шимолӣ ва ҷангалҳои сӯзанбарги Канада мерӯяд. Гулҳои сафеди он дар фасли тобистон мешукуфанд ва баъдан ба буттамеваҳои сурхи дурахшон табдил меёбанд, ки ба манзараҳои табиии кишвар ҳусни хоса мебахшанд. Банчберри дар фарҳангӣ табиии Канада рамзи устуворӣ, мутобиқшавӣ ба шароити сахти иқлимӣ ва ягонагии табиати кишвар ба ҳисоб меравад. Паҳншавии васеи он дар минтақаҳои гуногуни Канада нишон медиҳад, ки ин растанӣ қобилияти баланди мутобиқшавӣ ба муҳитҳои гуногуни табииро дорад. Аз ин рӯ, бисёре аз муҳаққиқон ва дӯстдорони табиат Банчберриро яке аз намояндагони воқеии набототи Канада ва яке аз гулҳои ғайрирасмии рамзии ин кишвар медонанд.
Рамзи расмии музофоти Квебек Айриси кабуд (Blue Flag Iris) мебошад. Ин гули зебо соли 1999 ба ҷойи савсани анъанавӣ ҳамчун рамзи расмии музофот интихоб гардид, зеро маҳз ҳамин навъи айрис дар муҳити табиии Квебек васеъ паҳн шудааст ва қисми муҳими набототи маҳаллии ин митақа ба шумор меравад. Дар фарҳанги Квебек ва ҷомеаи фаронсавизабони Канада айриси кабуд рамзи покизагӣ, зебоӣ, мероси фарҳангӣ ва ҳамоҳангии инсон бо табиат мебошад. Ин гул инчунин эҳтироми сокинони музофотро нисбат ба муҳити зист ва ҳифзи гуногунии биологӣ таҷассум менамояд.
Дар музофоти Алберта Садбарги ваҳшӣ (Wild Rose) аз соли 1930 ҳамчун рамзи расмии музофот эътироф шудааст. Ин гул дар даштҳо ва доманакӯҳҳои ғарбии Канада ба таври фаровон мерӯяд ва бо зебоӣ, бӯи хуш ва мутобиқшавӣ ба шароити гуногуни иқлимӣ маъруф аст. Дар фарҳанги сокинони Алберта садбарги ваҳшӣ рамзи зебоии табиат, устуворӣ, меҳнатдӯстӣ ва матонати мардум ба шумор меравад. Ин гул инчунин иртиботи амиқи сокинони музофотро бо муҳити табиӣ ва эҳтироми онҳоро нисбат ба мероси табиии минтақа таҷассум менамояд.
Гули Догвуди уқёнуси Ором (Pacific Dogwood) рамзи расмии музофоти Бритиш Колумбия мебошад. Ин дарахти хурд ҳар баҳор бо гулҳои сафеди калон шукуфта, ба яке аз манзараҳои зебо ва хоси соҳили ғарбии Канада табдил меёбад. Догвуди уқёнуси Ором асосан дар минтақаҳои соҳилии музофоти Бритиш Колумбия мерӯяд ва қисми муҳими набототи маҳаллии ин минтақа ба ҳисоб меравад. Дар фарҳанг ва табиати Бритиш Колумбия Догвуд рамзи сулҳ, зебоии табиӣ, гуногунии биологӣ ва ҳамоҳангии инсон бо муҳити зист маҳсуб меёбад. Ин гул инчунин аҳамияти ҳифзи экосистемаҳои соҳили уқёнуси Ором ва эҳтиром ба мероси табии Канадаро ифода мекунад.
Крокуси саҳроӣ (Prairie Crocus) рамзи расмии музофоти Манитоба мебошад. Ин гул яке аз аввалин растаниҳоест, ки пас аз об шудани барф дар ин музофот мешукуфад. Аз ин рӯ, он дар фарҳанги маҳаллӣ рамзи баҳор, эҳё, умед ва оғози зиндагии нав ба ҳисоб меравад.
Саксифрагаи бунафш (Purple Saxifrage) рамзи расмии ҳудуди Нунавут дар минтақаи Арктика яке аз аввалин растаниҳое ба шумор меравад, ки ҳатто дар байни сангҳо ва барфу ях мешукуфад. Қобилияти нашъунамо дар чунин муҳити сахт онро ба яке аз растаниҳои тобовартарин Арктика табдил додааст.
Аз ин рӯ, барои сокинони шимоли Канада он рамзи устуворӣ, тобоварӣ, умед ва идомаи ҳаёт дар шароити сахти иқлимӣ ба ҳисоб меравад. Ин гул инчунин иродаи қавӣ ва мутобиқшавии организмҳои зиндаро ба муҳити ниҳоят вазнини Арктика таҷассум менамояд.
Ҳамин тариқ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеаи Канада гулҳо танҳо унсури ороишии табиат нестанд, балки қисми муҳими мероси табиӣ, фарҳангӣ ва унсури ҳувияти миллии кишварро ташкил медиҳанд. Ҳар як музофот ва ҳудуди Канада бо интихоби гули расмии худ хусусиятҳои иқлимӣ, гуногунии биологӣ, таърих ва арзишҳои фарҳангии минтақаашро муаррифӣ мекунад. Дар баробари ин, барги хордор ҳамчун рамзи асосии миллии Канада тамоми кишварро муттаҳид намуда, ифодагари ягонагии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва эҳтиром ба мероси табиии кишвар мебошад.
Хулоса Канада намунаи равшани он аст, ки чӣ гуна табиат метавонад ба қисми ҷудонашавандаи ҳувияти миллӣ ва фарҳанг ва сиёсати рамзии давлат табдил ёбад. Гарчанде ки ин кишвар гули расмии миллӣ надорад, барги хордор ҳамчун рамзи асосии давлатии Канада дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Дар баробари он, Триллиуми сафед ҳамчун рамзи расмии музофоти Онтарио, Банчберри ҳамчун яке аз гулҳои ғайрирасмии рамзӣ Канада ва дигар гулҳои расмии музофотҳо ва ҳудудҳо гуногунии табиӣ, таърихӣ ва арзишҳои фарҳангӣ ва хусусиятҳои ҷуғрофии минтақаҳои Канадаро таҷассум менамоянд. Ин рамзҳои набототӣ гувоҳи онанд, ки эҳтиром ба муҳити зист, ҳифзи гуногунии биологӣ ва нигоҳдории мероси табиӣ аз ҷумлаи арзишҳои муҳими ҷомеаи Канада ба ҳисоб мераванд.
Дар ҳамин замина, дар фарҳанги миллии тоҷикон ба ҳайси рамзи табиати кишвар мавҷуд будани гулҳои Сиёвуш ва Лола аҳамияти бузурги сиёсӣ, фарҳангӣ ва экологӣ дорад. Лола, ки Тоҷикистон яке аз сарзаминҳои аслии паҳншавии табиии он ба ҳисоб меравад, рамзи зебоӣ, эҳёи табиат, баҳор, сулҳ ва фаровонӣ мебошад. Сиёвуш бошад, ҳамчун яке аз растаниҳои нодири маҳаллӣ, рамзи устуворӣ, асолати табиати Тоҷикистон, эҳтиром ба мероси миллӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ маҳсуб меёбад. Ин ду рамз на танҳо ғановати табиии кишварро муаррифӣ мекунанд, балки бо таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии тоҷикон низ иртиботи амиқ доранд.
Аз ин рӯ, таҷрибаи Канада ва Тоҷикистон нишон медиҳад, ки истифодаи гулҳо ва дигар унсурҳои табиат ҳамчун рамзҳои миллӣ метавонад воситаи муассири таҳкими ҳувияти миллӣ, рушди фарҳанги экологӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва муаррифии симои давлат дар арсаи байналмилалӣ бошад. Дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои экологӣ, чунин рамзҳо на танҳо арзиши фарҳангӣ, балки аҳамияти стратегии сиёсӣ ва дипломатӣ низ пайдо намуда, метавонанд ба рушди дипломатияи экологӣ ва таҳкими имиҷи байналмилалии кишвар мусоидат намоянд.
ДОРОНШОЕВА Некбахт
мудири шуъбаи ШМА ва Канадаи
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
номзади илмҳои сиёсӣ