×

СТРАТЕГИЯИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ:ТАҶРИБАИ ИНДОНЕЗИЯ

Бозгашт ба мавод

СТРАТЕГИЯИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ:ТАҶРИБАИ ИНДОНЕЗИЯ

ИОМДОА Сиёсат 15-07-2026 ш.Душанбе
СТРАТЕГИЯИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ:ТАҶРИБАИ ИНДОНЕЗИЯ

Таҳдидҳои фаромиллии муосир давлатҳои ҷаҳонро водор сохтааст, ки барои муқовимат ба хатарҳои терроризм тадбирҳои муассир ва ҳамаҷонибаро андешанд. Дар ин замина, ҳар як кишвар бо назардошти хусусиятҳои миллӣ ва сатҳи таҳдидҳо стратегияҳои дарозмуддати зиддитерроризмро таҳия ва амалӣ менамоянд. Ҷумҳурии Индонезия аз зумраи кишварҳое мебошад, ки барои ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмини амнияти миллӣ ва шаҳрвандонаш стратегияи мукаммали мубориза бо терроризмро таҳқиқ ва роҳандозӣ кардааст.

Стратегияи Индонезия дар мубориза бо терроризм яке аз мукаммалтарин стратегияҳо дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба ҳисоб рафта, он маҷмӯи тадбирҳои амниятӣ, пешгирии тундгароӣ, ифротгароӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатиро дар бар мегирад. Нақши асосӣ дар татбиқи ин стратегия бар души Агентии миллии мубориза бо терроризм (Badan Nasional Penanggulangan Terorisme–BNPT) гузошта шуда, барои таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бо терроризм ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор масъул мебошад. Индонезия терроризмро на танҳо ҳамчун мушкилии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳамчун таҳдид ба устуворӣ ва амнияти миллӣ арзёбӣ мекунад.

Дар доираи сиёсати давлатӣ дар ин самт як қатор тадбирҳо амалӣ гардидааст, ки яке аз онҳо омода намудани кормандони давлатӣ ва сохторҳои қудратӣ барои мубориза бо ин падидаи номатлуб ва  мубодилаи иттилоот байни мақомоти давлатӣ назорату арзёбии ҳодисаҳо ва таҳдидҳои эҳтимолӣба шумор меравад. Самти дигари стратегияи мазкур ҳамкорӣ бо ҷомеаҳои маҳаллӣ буда, барои муайян намудани минтақаҳои осебпазир аз таъсири ақидаҳои ифротгароӣ равон карда шудааст.

Чӣ тавре зикр намудем, яке аз самтҳои муҳими стратегия пешгирии тундгароӣ ҳамчун идеологияи терроризм мебошад, ки он ба шахсони алоҳида  ва гурӯҳҳое равона карда шудаанд, ки таҳти таъсири ақида ва андешаҳои ифротӣ қарор гирифтаанд. Дар ин самт барномаҳои таълимӣ, фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет, тарғиби арзишҳои таҳаммулгароёнаи динӣ ва ҷалби рӯҳониён, олимон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ карда мешаванд.

Бахши дигари муҳими сиёсати зиддитеррористии Индонезия “дерадикализатсия”-и ҷомеа буда, он ба  муқобили шаҳрвандоне равона шудааст, ки таҳти таъсири идеологияи терроризм ва ифротгароӣ қарор гирифтаанд.  Ин барномаҳо нисбат ба маҳкумшудагон ба ҷиноятҳои террористӣ, аъзои собиқи гурӯҳҳои ифротӣ ва шахсоне, ки таҳти таъсири ақидаҳои тундгароӣ қарор гирифтаанд, татбиқ мегарданд. “Дерадикализатсия” дар барномаҳои худ  кӯмаки равонӣ, машваратҳои динӣ, омӯзиши касбӣ ва мусоидат ба ҳамгироии иҷтимоии ин гурӯҳи одамонро дар бар мегирад. Сарфи назар аз он ки диққати асосӣ барои пешгирӣ аз терроризм, Индонезия нисбат ба ҷиноятҳои террористӣ сиёсати қатъии ҳуқуқиро пеш мебарад. Дар асоси қонунҳои давлат мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ошкор ва пешгирии фаъолияти шабакаҳои террористӣ дорои  ваколатҳои хеле васеъ мебошанд. Бо вуҷуди ин, роҳбарияти BNPT таъкид менамоянд, ки истифодаи қувва ва чораҳои ҷазодиҳӣ бояд танҳо ҳамчун воситаи охирин истифода карда шаванд.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ низ яке аз ҷузъи ҷудонопазири стратегияи зиддитеррористӣ дар Индонезия маҳсуб меёбад. Ин кишвар бо давлатҳои аъзои АСЕАН, созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти амниятии дигар кишварҳо ҳамкории фаъол дошта, дар самти мубодилаи маълумоти иктишофӣ, таълим ва тарбияи кадрҳо ва мубориза бо шабакаҳои террористии фаромиллӣ саҳми бузург мегузорад. Дар солҳои охир Индонезия татбиқи “Нақшаи миллии амал оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизми хушунатомез”-ро идома дода, барои солҳои 2025–2029 барномаи нави стратегиро таҳия ва қабул намудааст. Ҳадафи асосии ин барнома тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротӣ қабл аз табдил ёфтани онҳо ба амалҳои террористӣ ба шумор меравад. Аслан Стратегияи зиддитеррористӣ барои пешгирӣ аз ақидаҳои тундгароӣ буда, тавасути ин чораҳо дар атрофи дерадикализатсия ва ҳамгироии иҷтимоии собиқ ифротгароён амалӣ мегарданд.  Воқеан ҳам Модели Индонезияро метавон ҳамчун  чораҳои ҳуқуқие  арзёбӣ намуд, ки он барои пешгирӣ, маърифатноккунӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеа ҳамчун воситаҳои асосии мубориза бо терроризм равона гардидааст.

Чи тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд таҷрибаи Индонезия дар роҳи мубориза бо терроризм барои бисёр кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои рӯ ба инкишоф аҳамияти амалӣ дошта, хусусияти муҳими модели Индонезия дар он зоҳир мегардад, ки танҳо ба чораҳои қудратӣ такя накарда, балки пешгирии тундгароӣ дерадикализатсия ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандиро низ дар бар мегирад. Яке аз унсурҳои дигари муҳимтарини таҷрибаи Индонезия ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ тавассути Агентии миллии мубориза бо терроризм буда, таҷрибаи мазкур нишон медиҳад, ки мубориза бо терроризм набояд танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошад, балки тамоми сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма низ бояд дар ин раванд саҳмгузор бошанд. Самти дигари муҳими таҷрибаи Индонезия ин истифодаи барномаҳои махсус ба шумор мераванд, ки онҳо ба масъалаҳо ва роҳҳои “дерадикализатсия”-и ҷомеа бахшида шудаанд. Ин барномаҳо барои тағйир додани ҷаҳонбинӣ ва амалҳои шахсони гирифтори ақидаҳои ифротӣ, инчунин мусоидат ба ҳамгироии иҷтимоии онҳо равона гардидаанд. Таҷрибаи Индонезия нишон медиҳад, ки чораҳои иҷтимоӣ, равонӣ ва маърифатӣ метавонанд дар маҷмӯъ барои коҳиш додани хатари бозгашт ба фаъолияти террористӣ, натиҷаҳои мусбат ба бор оранд.

Ҳамчунин, таҷрибаи ҳамкории фаъоли Индонезия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои динӣ дорои аҳамияти хос мебошад. Ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ олимон, рӯҳониён ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротгароӣ барои баланд бардоштани самаранокии сиёсати мубориза бо терроризм ҳамаҷониба мусоидат хоҳад намуд. Ба ибораи дигар дар баробари чораҳои ҳуқуқӣ ва бехатарӣ амалҳои пешгирикунандаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва динии шаҳрвандон таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои давлат бо ҷомеа ва татбиқи барномаҳои “дерадикализатсия” бояд диққати махсус дода шавад.

Тоҷикистон ва Индонезия дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба мубориза бо терроризм ва тундгароиро дар оянда яке аз самтҳои муҳими ҳамкорҳои худ арзёбӣ менамоянд, зеро то ҳол имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ ҳанӯз пурра истифода нашуда, зарурати густариши муносибатҳои амалӣ дар ин самт боқӣ мондааст. Дар иртибот ба ин 31 июли соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Индонезия муҳтарам Ҷоко Видодо пас аз анҷоми мулоқоту музокиротҳои сатҳи олӣ дар ҳузури роҳбарон маҷмуи санадҳои нави ҳамкорӣ аз ҷумла  “Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии мубориза бар зидди терроризм”-и Ҷумҳурии Индонезия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза алайҳи терроризм ва “Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва Маркази гузоришҳои трансаксионии молиявӣ ва аналитикии Индонезия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи маълумотҳои молиявии кашшофии вобаста ба шустушӯи маблағҳо ва маблағгузории терроризм” ба анҷом расонданд. Инчунин ҷонибҳо ба соҳаи амнияти киберӣ, ки вақтҳои охир дар сатҳи баланд баррасӣ шуда истодааст, диққати махсус зоҳир намуданд.

Аз нигоҳи мо омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи Индонезия метавонад барои Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати миллӣ оид ба муқовимат ба терроризм, такмили механизмҳои пешгирии тундгароӣ татбиқи барномаҳои “дерадикализатсия” ва ҷалби фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди мубориза бо ифротгароӣ ҳамаҷониба мусоидат хоҳад намуд.

Аз ин рӯ, истифодаи самтҳои мусбати ин таҷриба метавонад барои такмили низоми миллии муқовимат ба терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварада, ҳамчунин аз таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши мубориза бо терроризм ва экстремизм табодули назаррас намуд. Бо назардошти таҷрибаи Индонезия дар солҳои охир Тоҷикистон як қатор санадҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла “Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021–2025” ва “Стратегияи нави давлатӣ барои давраи то соли 2040”-ро қабул намудааст. Ин санадҳо барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, пешгирии ифротгароӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид оварданд.

Дар баробари ин, Тоҷикистон ташаббускори як қатор иқдомҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм буда, тавассути конференсияҳои “Раванди Душанбе” барои мубориза бо терроризм ва маблағгузории он саҳми худро дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ гузоштааст.

Дар иртибот ба гуфтаҳои боло ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Индонезия бояд на танҳо ба омӯзиши таҷрибаи Индонезия аз ҷониби Тоҷикистон, балки ба мубодилаи мутақобилаи таҷриба ва амалияҳои беҳтарин асос ёфта, аз таҷрибаи Тоҷикистон дар самти таҳияи стратегияҳои миллӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ Индонезия метавонад истифодаи ҳамаҷониба намояд. Дар навбати худ, Индонезия низ метавонад таҷрибаи худро дар самти дерадикализатсия, ҳамгироии иҷтимоӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон пешниҳод намояд. Чунин ҳамкориҳои дуҷониба метавонад ба таҳкими амнияти ҳар ду кишвар ва муборизаи самараноктар бо таҳдидҳои терроризми муосир мусоидат намояд ва робитаҳои сиёсии ду кишварро наздик менамояд.

Соҳиби Баҳруло,

ходими калони илмии Шуъбаи Аврупои

Институти омӯзишии масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон