Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар асари роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои хастанопазири мардуми шарифи кишвар дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ на фақат ҳамчун субъекти комилҳуқуқ мақом ва ҷойгоҳи шоистаро соҳиб гардидааст, балки ба яке аз акторони фаъол ва ташаббускор дар арсаи ҷаҳонӣ низ табдил ёфтааст. Ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» ва аз тарафи СММ бо мамнуният қабул гардидани он гувоҳи гуфтаҳои болоянд. Воқеан, аз тариқи Қатъномаи СММ ба тасвиб расидани ин ташаббусро метавон як рӯйдоди оламшумул ва аз ҷумлаи бузургтарин дастоварди геополитикии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2026 арзёбӣ намуд. Бисёр муҳим аст, ки иқдоми мазкур дар шароити бӯҳрони шадиди низоми либералию неолибералӣ ва авҷи набардҳои иттилоотиву ҳарбӣ дар ҷаҳон сурат гирифта, дар ниҳояти кор мақоми Тоҷикистонро аз як актори минтақавӣ то ба дараҷаи актори глобалии сулҳофар боло бурд ва имиҷи сиёсии онро ба таври назаррас тақвият бахшид.
Иқдоми мазкури Пешвои миллат паёмадҳои мусбат ба бор оварда, аз нигоҳи сиёсӣ арзишманд ва бесобиқа мебошад. Пеш аз ҳама, хотиррасон бояд кард, ки дар шароити фалаҷшавии созмонҳои байналмилалӣ ва буҳрони Шӯрои Амнияти СММ, ки абарқудратҳо қарорҳои якдигарро сарфи назар мекунанд, Тоҷикистон ба ҷаҳон як консепсияи прагматикии озод аз идеологияи маҳдудро пешниҳод намуд. Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда корпояи мушаххас ва муассири муколамаро барои кишварҳои мухталифи ҷаҳон, сарфи назар аз сохти сиёсӣ ва дину фарҳангашон, омода сохтааст ва барои истифода пешниҳод намудааст. Яке аз нуктаҳои муҳим ва арзишманди ташаббуси навбатии Пешвои миллат ин аст, ки бе таъмини сулҳи дарозмуҳлат ҳеҷ як Ҳадафи Рушди Устувори СММ (ба монанди амнияти экологӣ, обӣ ва энергетикӣ) амалӣ намешавад. Ин паёми нек аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон «дипломатияи об»-и худро бо «дипломатияи сулҳ» ба таври ногусастанӣ пайваст карда, як занҷираи устувори сиёсати глобалиро ба вуҷуд овардааст. Ва ин диди нав ва стратегияи воқеӣ дар таҳия ва татбиқи ояндабиниҳои ҳама халқҳо ва миллатҳои ҷаҳон аст. Дар асл, иқдоми мазкур ба низоми ҳуқуқи байналмилалӣ рӯҳияи нав ва нафаси тоза бахшида, масъулияти таърихии давлатҳоро дар баробари наслҳои оянда ва тақдири инсоният мушаххас ва равшан месозад.
Албатта, чунин рӯйдоди бузург ба имиҷи сиёсӣ ва мақоми геополитикии Тоҷикистон бетаъсир нахоҳад буд. Табиист, ки ибтикори навбатии ҷаҳонии Пешвои миллат, чун ҳамеша, сарчашма аз анъаноти миллӣ ва таърихи ғании ниёглнамон мегирад, ки беҳтарин намунааш модели сулҳи тоҷикон ва ваҳдати миллӣ мебошад. Яъне, имрӯз Тоҷикистон бренди миллии худро ба модели ҷаҳонии таъмин ва таҳкикми сулҳи бардавом ва пайваста мубаддал кардааст ва онро ба таври шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Дар натиҷа имрӯз Тоҷикистон худро аз як кишвари «истеъмолкунандаи сулҳ» то ба «содиркунанда ва кафили сулҳи ҷаҳонӣ» муаррифӣ намудааст. Дар маҷмӯъ, чунин иқдом ва мавқеъгирии Тоҷикистон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки роҳбарияти сиёсии кишвар аз имконот ва тавонмандии “нерӯи нарм” пурсамар истифода намуда, ба оламиён паём медиҳад, ки бидуни доштани қудрати бузурги ҳарбӣ ва ё яроқи ядроӣ низ метавон аз тариқи ташаббусҳои созанда ва корбурди прагматикӣ ба сиёсати ҷаҳонӣ ва авзои глобалӣ таъсир расон. Табиист, ки чунин ҳолат сиёсати “дарҳои боз”-и кишварро тақвият дода, онро устувортар ва маҷбултар месозад ва, аз ҳамин тариқ, обрӯю эътибор ва имиҷи сиёсии Тоҷикистон ва Президенти он – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бамаротиб боло мебарад ва мақому ҷойгоҳии шоистаро барои Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалии замони муосир муносиб медонад.
КАРИМОВ Шамсиддин,
сарходими илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
доктори илмҳои сиёсӣ