×

НАҚШИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ ДАР ТАҲКИМИ СУБОТИ ҶАҲОНӢ

Бозгашт ба мавод

НАҚШИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ ДАР ТАҲКИМИ СУБОТИ ҶАҲОНӢ

ИОМДОА Сиёсат 18-08-2026
НАҚШИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ ДАР ТАҲКИМИ СУБОТИ ҶАҲОНӢ

Ихтилофоти геосиёсӣ, талошҳои азнавсозии низоми муносибатҳои байналмилалӣ, мухолифату низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам ва дигар хавфу хатарҳои амниятӣ барои сулҳу осоиши пойдор таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро бар асоси принсипҳои ҳамкорӣ, эҳтироми мутақобила, баробарҳуқуқӣ ва ҳалли осоиштаи масъалаҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ ташаккул ва рушд додааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар тӯли 35 соли Истиқлоли давлатӣ ба дастовардҳои назарраси дохилӣ ва байналмилалӣ ноил гардида, дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ мавқеи фаъолро ишғол менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои муҳимми ҷомеаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати пешгирӣ ва ҳалли онҳо ташаббусҳои мушаххас пешниҳод менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона ва талошҳои пайгирона Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва ҷонибдори ҳалли осоиштаи масъалаҳои глобалӣ муаррифӣ намудаанд. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ва эътироф гардидаанд, аз ҷумла эълони соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза, Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” барои солҳои 2005–2015, эълони соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018–2028, эълони 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036” мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи таҷлили 80-умин солгарди қабули Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии Тоҷикистон - “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036”-ро пешниҳод намуданд. Қабули қатъномаи дахлдор аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аҳаммияти байналмилалии ин ташаббусро бозгӯ намуда, нақши Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ тақвият мебахшад.

Дар шароити мураккабшавии низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва афзоиши таҳдидҳои амниятӣ қабули ташаббуси мазкур саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ мегардад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз ба таҳкими сулҳу субот, ҳамбастагӣ, эътимоди мутақобила ва ҳамкории созанда ниёз дорад. Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда метавонад ҳамчун заминаи муҳим барои густариши муколамаи байни давлатҳо, таҳкими эътимод, пешгирии низоъҳо ва рушди фарҳанги сулҳ хизмат намояд.

Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот ҷойгоҳи меҳварӣ дошта, кишвар пайваста ҷонибдори арзишҳои сулҳ, ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созандаи байналмилалӣ мебошад. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳалли ихтилофҳо тавассути гуфтушунид, муколама ва эҳтироми манфиатҳои тарафайн метавонад барои таъмини сулҳи пойдор заминаи устувор фароҳам оварад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида, тавассути музокироти сулҳ ва муколамаи сиёсӣ роҳи оштии миллӣ ва барқарорсозии сулҳу суботро интихоб намуд. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар ин раванд аҳаммияти таърихӣ дошта, барои таҳкими ваҳдати миллӣ, барқарорсозии давлатдорӣ ва рушди минбаъдаи кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳаммияти на танҳо миллӣ, балки байналмилалӣ низ дорад. Он нишон медиҳад, ки ҳатто дар шароити низоъҳои мураккаб тавассути музокирот, эътимодсозӣ, созиш ва дарёфти манфиатҳои муштарак метавон ба сулҳи пойдор ноил гардид. Аз ин рӯ, таҷрибаи Тоҷикистон метавонад дар омӯзиши механизмҳои пешгирии низоъҳо, оштии миллӣ ва таҳкими сулҳ дар дигар кишварҳо мавриди истифодаи илмӣ ва амалӣ қарор гирад.

Ҳамин тариқ, дар шароити муосир ташаббуси байналмилалии “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036” ба таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва баланд бардоштани масъулияти давлатҳо дар назди наслҳои имрӯз ва оянда равона шудааст. Татбиқи ҳадафҳои ин ташаббус метавонад барои рушди механизмҳои сулҳофарӣ, таҳкими эътимоди байни давлатҳо ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои сулҳу суботи пойдор мусоидат намояд.

Дар маҷмӯъ, ташаббуси мазкур идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббускоронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, саҳми кишварро дар пешбурди арзишҳои сулҳ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар сатҳи байналмилалӣ инъикос менамояд. Таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон ва ташаббусҳои байналмилалии он нишон медиҳанд, ки муколама, эътимод, эҳтироми мутақобила ва ҳамкории созанда аз воситаҳои муҳимтарини таъмини сулҳу суботи пойдор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд.

ФАЙЗУЛЛАЕВА Нигора,

ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ