×

ТАШАККУЛИ МОДЕЛИ НАВИ МИНТАҚАГАРОӢ: УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРИИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БО ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН

Бозгашт ба мавод

ТАШАККУЛИ МОДЕЛИ НАВИ МИНТАҚАГАРОӢ: УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРИИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БО ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН

ИОМДОА Сиёсат 31-07-2026 ш.Душанбе
ТАШАККУЛИ МОДЕЛИ НАВИ МИНТАҚАГАРОӢ: УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРИИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БО ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН

(Дар ҳошияи  сафари  ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии ғайрирасмии машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон, 30 июл - 1 августи 2026 )

 

          Муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон  имрӯз ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид гардида, аз доираи ҳамкориҳои анъанавии дуҷониба фаротар рафтаанд. Онҳо тадриҷан ба яке аз унсурҳои муҳими меъмории нави ҳамгироии минтақавӣ табдил ёфтаанд, ки дар он муколамаи сиёсӣ, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, шарикии энергетикӣ ва рушди долонҳои нақлиётиву логистикӣ ҳамчун самтҳои калидии ҳамгироии дарозмуддат нақши асосӣ мебозанд.

         Бо ҳамин мақсад роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мулоқоту машваратҳои худро бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев фаъолтар кардаанд. Танҳо дар се соли охир сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ тақрибан 30 маротиба ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намудаанд. Дар ду соли охир бошад, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев низ 16 маротиба ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кардааст.  Сафарҳои афзояндаи Роҳбарияти олии Озарбойҷон ҳамчун меҳмони фахрӣ ифодаи равшани худро пайдо кардааст. Дар чанд соли охир иштироки Президенти Ҷумҳурии Озорбойҷон Илҳом Алиев дар саммитҳои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуданд, нишасти ҳафтуми Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё (CICA), вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар чорабиниҳо, вохӯриҳо дар доираи ИДМ, инчунин баргузории нишасти Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ - SPECA дар Озарбойҷон нишонаи равшани таваҷҷуҳи ҷонибҳост.

         Марҳилаи муҳими рушди ин раванд 7-умин Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки соли 2025 дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, ба ҳисоб меравад. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сарони давлатҳои минтақа қарори таърихӣ қабул карданд, ки тибқи он Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ин шакли ҳамкорӣ ҳамчун иштирокчии комилҳуқуқ ҳамроҳ гардид. Бояд зикр намуд, ки қаблан Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар нишастҳои панҷум дар шаҳри Душанбе ва шашум дар Остона ҳамчун меҳмони фахрӣ ширкат меварзид. Пайвастшавии он пули мустаҳкамеро байни ин ду минтақа эҷод хоҳад кард.

         Шомил шудани Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ин формат инъикоскунандаи ҷуғрофияи нави ҳамкорӣ мебошад, ки дар доираи он Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ ба ташаккули фазои ягонаи эътимоди сиёсӣ, вобастагии мутақобилаи иқтисодӣ ва пайвастагии нақлиётӣ оғоз намуданд. Аз нигоҳи муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамгироии байниминтақавии Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ имрӯз яке аз равандҳои муҳими геоиқтисодии Авруосиё ба шумор меравад, ки ба таҳкими устувории иқтисодӣ, густариши робитаҳои нақлиётӣ ва афзоиши нақши ин ду минтақа дар низоми иқтисодӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

         Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони таъсисёбии Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ яке аз иштирокчиёни фаъоли ин раванд ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон ин минбарро ҳамчун механизми муҳими таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, густариши муколамаи сиёсӣ ва ҳалли масъалаҳои мубрами рушди устувори минтақа арзёбӣ менамояд. Мавқеи Душанбе ба он асос меёбад, ки ҳамгироии минтақавӣ бояд ба принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми соҳибихтиёрӣ, манфиатҳои мутақобила ва ҳамсоягии нек такя намояд.

         Дар ҳамин аснод, бояд зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар таърихи 30 – 31-уми июли соли ҷорӣ баргузор мегардад, сафар намуданд.

         Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, марҳилаи нави рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ байни Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубиро оғоз хоҳад намуд. Ин мулоқот дар шароите баргузор шуд, ки аҳамияти геоиқтисодӣ ва геостратегии ҳамкориҳои байни ин ду минтақа пайваста афзоиш ёфта, зарурати ҳамоҳангсозии сиёсати кишварҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, савдо ва амният бештар эҳсос мегардад.

         Вохӯрии ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 8 октябри соли ҷорӣ дар минтақаи миллии сайёҳии Авазаи Туркманистон баргузор мегардад.

Долонҳои нақлиётӣ ҳамчун асоси пайвастагии минтақавӣ

         Дар рӯзномаи наздикшавии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамгироии нақлиётӣ ҷойгоҳи марказиро ишғол менамояд. Рушди долонҳои муосири нақлиётӣ наздикии ҷуғрофии давлатҳоро ба як манбаи муҳими иқтисодӣ табдил дода, нақши минтақаро дар низоми тиҷорати Авруосиё ба таври назаррас тағйир дод.

         Дар ин замина аҳамияти Долони миёна (Middle Corridor) махсусан афзоиш ёфтааст, ки он ба асоси моддии марҳилаи нави ҳамкории минтақавӣ табдил гардидааст. Ин масир меҳвари алтернативии тиҷорати фароқитъавии байни Осиё ва Аврупоро ташаккул дода, марказҳои истеҳсолӣ ва истеъмолиро тавассути минтақаи баҳри Хазар ва Қафқози Ҷанубӣ ба ҳам мепайвандад.

         Барои кишварҳои иштирокчӣ Долони миёна бартариҳои мутақобилан пурракунандаро фароҳам меорад. Қазоқистон, Озарбойҷон ва Туркманистон мавқеи худро ҳамчун гиреҳҳои калидии транзитии Авруосиё тақвият медиҳанд, дар ҳоле ки Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имкониятҳои нав барои диверсификатсияи масирҳои савдои хориҷӣ ва васеъ намудани дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба даст меоранд.

         Дар як давраи нисбатан кӯтоҳ ҳаҷми интиқол тавассути Долони миёна ба таври назаррас афзоиш ёфта, муҳлати расонидани борҳо хеле кӯтоҳ гардид. Тибқи арзёбии Boston Consulting Group, дар панҷ соли охир ҳаҷми интиқол аз тақрибан 1 миллион тонна дар соли 2021 то 4,5 миллион тонна дар соли 2025 афзоиш ёфтааст.

         Бо вуҷуди ин, истифодаи пурраи иқтидори ин масир то андозае ба рушди меъмории ягонаи нақлиётии Қафқози Ҷанубӣ вобаста мебошад. Дар ин замина ифтитоҳи долони Зангазур аҳамияти махсус пайдо мекунад, зеро он метавонад ба унсури иловагии низоми нави нақлиётии Авруосиё табдил ёбад.

         Яке аз самтҳои муҳими ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва транзит мебошад. Афзоиш додани иқтидори ҳамлу нақли роҳи оҳани Боку - Тбилиси - Карс аз 1 миллион то 5 миллион тонна, баланд бардоштани иқтидори солонаи Бандари байналмилалии тиҷоратии Алят аз 15 миллион то 25 миллион тонна, сохтмони киштиҳои нав барои флоти тиҷоратии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар баҳри Хазар, инчунин татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти амалии Долони миёна-ро боз ҳам бештар намудаанд.

         Ба кор даромадани ин долон имкон медиҳад, ки самаранокии Долони миёна баланд гардида, муҳлати интиқоли борҳо коҳиш ёбад ва робитаҳои Осиёи Марказӣ бо Туркия ва бозорҳои аврупоӣ боз ҳам мустаҳкамтар шаванд.

         Ҳамин тавр, низоми нави пайвастагии нақлиётӣ ташаккул меёбад, ки Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубиро ба як фазои ягонаи ҳамкории иқтисодӣ ва транзитӣ муттаҳид месозад.

         Минтақаи иқтисодии пайвастагӣ: аз гардиши мол то истеҳсолоти муштарак

         Таҳкими пайвастагии нақлиётӣ ба густариши савдои мутақобила, афзоиши фаъолияти сармоягузорӣ ва рушди ҳамкориҳои саноатӣ мусоидат намуд. Дар натиҷа, лоиҳаҳои инфрасохторӣ тадриҷан вазифаи васеътарро иҷро карда, ба платформаи ташаккули фазои ягонаи иқтисодии минтақа табдил меёбанд.

         Ҳаҷми умумии гардиши савдои Ҷумҳурии Озарбойҷон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2025 қариб ду баробар афзоиш ёфта, ба 1,76 миллиард доллари ИМА расидааст, дар ҳоле ки як сол пеш ин нишондиҳанда 936 миллион долларро ташкил медод. Ҳаҷми савдои мутақобила бо Ҷумҳурии Қазоқистон то 670 миллион доллар, бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон то 795 миллион доллар, бо Туркманистон то 208 миллион доллар, бо Ҷумҳурии Қирғизистон то 77 миллион доллар ва бо Ҷумҳурии Тоҷикистон то 13 миллион доллар афзоиш ёфтанд.

         Ҳадафи стратегии ҷонибҳо минбаъд зиёд намудани гардиши савдои мутақобила то 20 миллиард доллари ИМА мебошад. Аммо расидан ба ин ҳадаф на танҳо тавсеаи савдоро, балки гузариш ба шаклҳои амиқтари ҳамкориҳои иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, рушди занҷираҳои минтақавии арзиши иловашуда ва пешбурди маҳсулот дар бозорҳои хориҷиро тақозо мекунад.

         Дар ин замина, Консепсияи таъсиси майдонҳои муштараки истеҳсолӣ таҳти бренди «Made in Central Asia» аҳамияти махсус пайдо мекунад. Амалӣ намудани ин ташаббус ба истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, рушди ҳамкориҳои саноатӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии минтақа дар иқтисоди ҷаҳонӣ равона шудааст.

         Марҳилаи навбатии наздикшавии иқтисодӣ ташаккули механизмҳои сармоягузории муштарак мебошад. Имрӯз байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ шабакаи институтҳои дуҷонибаи сармоягузорӣ таъсис ёфтааст, аз ҷумла: Фонди сармоягузории Қазоқистон - Озарбойҷон бо сармояи 300 миллион доллари ИМА, Фонди сармоягузории Ӯзбекистон  - Озарбойҷон бо сармояи 500 миллион доллари ИМА, Фонди рушди Қирғизистон - Озарбойҷон бо сармояи 25 миллион доллари ИМА фаъолият мекунанд.

         Ин механизмҳо барои маблағгузории лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, энергетика ва бахшҳои технологияҳои пешрафта равона шудаанд. Таъсиси онҳо аз тағйироти сифатии ҳамкориҳои минтақавӣ шаҳодат медиҳад, ки ҳамкорҳоро тадриҷан аз доираи муносибатҳои оддии тиҷоратӣ берун намуда, хусусияти шарикии дарозмуддати сармоягузориро касб намудааст.

         Ҳамкориҳо дар бахши энергетика ва манбаъҳои барқароршавандаи энергетика

         Яке аз муҳимтарин вазифаҳои замони муосир ҷалби сармоягузорӣ ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва густариши ҳамкориҳо дар ин соҳа мебошад. Иқтидори мавҷудаи Ҷумҳурии Озарбойҷон барои амиқтар гардидани чунин ҳамкориҳо имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Ҷумҳурии Озарбойҷон ба рушди ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши энергетикаи барқароршаванда низ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти пайваст намудани низомҳои энергетикӣ, ки моҳи майи соли ҷорӣ ба имзо расид, нахустин қадами муҳим дар рушди ҳамкориҳои кишварҳо дар бахши «энергияи сабз» ба ҳисоб меравад.

Модели нави минтақагароӣ: Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчун фазои ягонаи геоиқтисодӣ

         Муносибатҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дорои дурнамои хеле бузурги рушд мебошанд. Имрӯз Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар таъмини амнияти энергетикии Аврупо саҳми назаррас мегузорад, ҳамзамон ҳамчун кишвари муҳими транзитӣ ва шарики боэътимод миёни Шарқ ва Ғарб, аз ҷумла барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, эътироф шудааст.

         Ба маънои васеъ, ҳамкориҳои байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз ташаккули модели нави минтақагароӣ дар фазои Авруосиё шаҳодат медиҳанд. Бар хилофи шаклҳои анъанавии ҳамгироии минтақавӣ, ки ба таъсиси сохторҳои мураккаби фаромиллӣ асос ёфтаанд, ин равиш пеш аз ҳама тавассути татбиқи лоиҳаҳои мушаххаси мутақобилан судманд рушд меёбад.

         Дар ниҳояти кор, рушди шарикӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танҳо ба тавсеаи муносибатҳои дуҷониба маҳдуд намешавад, балки ба ташаккули конфигуратсияи нави стратегӣ мусоидат мекунад, ки дар доираи он минтақаи баҳри Хазар ба пули муҳими пайвасткунандаи Шарқ ва Ғарб, инчунин байни марказҳои истеҳсолии Осиё ва бозорҳои Аврупо табдил меёбад.

         Маҳз омезиши эътимоди сиёсӣ, пайвастагии инфрасохторӣ, иқтидори энергетикӣ ва мероси муштараки таърихиву фарҳангӣ заминаи заруриро барои табдил ёфтани Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба яке аз гиреҳҳои калидии меъмории ташаккулёбандаи Осиёи Марказии нав фароҳам меорад.

ШАРИФЗОДА Искандар,

ходими илмии шуъбаи ИДМ – и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ